Абрҳо аз чиҳо иборатанд?
Абрҳо аз заррачаҳои ниҳоят хурди бухори об иборат мебошанд. Бухори об аз қатраҳои хурди заррамонанд иборат буда, дар болои дарё, кӯл ва баҳрҳо, инчунин рӯи баргҳои рустанӣ (шабнам) ва дар вақти нафасгирии мавҷудоти зинда пайдо мешаванд.
Ин заррачаҳои хурдтарин хеле сабуканд ва ҳаво онҳоро мебардорад. Аммо, вақте ки ин заррачаҳо сард мешаванд ва бо ҳам омехта мегарданд, онҳоро дигар ҳаво бардошта наметавонад. Дар натиҷа онҳо дар шакли борон, жола ва барф ба замин мерезанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё