Табдилшавии ҳолати об
Дар мавсими сармо шишаҳои тиреза баъзан хира мешаванд ва ҳарчанд онҳо рӯшноиро гузаронанд ҳам, ба берун нигоҳ карда, чизеро дидан душвор аст. Чунин ҳолат барои он рух медиҳад, ки бухори ҳавои хона ба сатҳи ниҳоят сарди шиша бархӯрда, ба қатраҳои хурди об табдил меёбад. Чунин табдилшавии газ ба моеъ конденсатсия ва ё моеъшавӣ ном дорад.
Тавре ки ёдовар шудем, тирезаҳо барои он арақ мекунанд, ки ҳавои гарми хона ба сатҳи хунуки шиша бармехӯрад.
Обро ба ягон зарф рехта, бе сарпӯш онро ба яхдон гузоред. Пас аз чанд соат он ба яхпора табдил меёбад.
Он зарфро аз яхдон гирифта ба рӯи миз гузоред; пас аз чанд соат ях аз нав об мешавад.
Баъд он обро ба чойҷӯш рехта, онро ба оташдон гузоред. Пас аз муддате об ҷӯшида, бухор мешавад.
Ҳамин тавр, дар як муддати кӯтоҳ шумо се ҳолати табдилшавии обро мушоҳида мекунед: моеъ, сахт ва газ. Табдилшавии ҷисм аз моеъ ба сахт – сахтшавӣ, аз сахтӣ ба моеъ – гудохташавӣ ва аз моеъ ба газ – бухоршавӣ номида мешавад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё