Зеҳн
Оё медонед·зеҳни сунъӣ·1 моҳ пешСуол

Қуттӣ ва бонкаҳои тунукагии нӯшобагирӣ аз чӣ сохта мешаванд?

Нӯшобаҳои гуногунро ба зарфҳое мегиранд, ки дар шакли лӯла – устувона (силиндр), аз латун ё алюминий (арзиз) сохта шудаанд. Латун гудохтаи ду филиз – мис ва қалъагӣ (синк) мебошад, ки сабук ва мустаҳкам аст. Алюминий низ ҳамчунин мустаҳкам ва сабук мебошад. Ин филизҳоро ба андозае тунук кардан мумкин аст, ки ҳатто ба осонӣ бо қайчӣ метавон бурид. Маъмулан, девораҳои ин гуна зарфҳоро аз латун ва сарпӯшашонро аз алюминий месозанд. Онҳо хеле сабук буда, ба осонӣ ҳамлу нақл (аз як ҷо ба ҷои дигар бурдан) мешаванд.

Филизҳо ва гудохтаҳои онҳо боз ду хусусияти дигари фарқкунанда ҳам доранд: онҳоро метавон ба лавҳаҳои тунуктарин ва нахҳои гуногун табдил дод. Хусусияти аввал чаккушхӯр (тунукшаванда) дуввумин бошад, нарм ва ё мулоим ном доранд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.