Зеҳн

Оё медонед

Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.

2 аъзоаз 20 сентябри 2026
Оё медонед·Ахбор·29 рӯз пешСуол

Аз шиша чӣ тайёр мекунанд?

Бисёр маҳсулоте, ки мо истеъмол мекунем, аз ҷумла, консерваҳо, шарбатҳои гуногун, нӯшобаҳо ва амсоли инҳо дар зарфҳои шишагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Шиша аз ҷумлаи зарфҳоест, ки агар нашиканад, онро дубора истифода кардан мумкин аст. Вале пас аз коркарди шишаҳои шикаста, аз онҳо зарфҳои нав истеҳсол намуда, барои нигоҳдории машруботу нӯшобаҳо истифода мебаранд. Ҳоло дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр нуқтаҳои қабули зарфҳои шишагӣ мавҷуданд, ки вазифаи онҳо ҷамъоварӣ намудану барои коркард фиристодани шишаҳо мебошад.

0
Оё медонед·Ахбор·29 рӯз пешНашрия

Алоҳида ҷамъ овардани пасмондаҳо чӣ зарурат дорад?

Ҳамарӯза мо миқдори зиёди маҳсулотро истифода мебарем, ки дар маҷмӯъ боиси ғуншавии пасмондаҳо ва партофтаҳо, аз қабили қуттиҳои консерва, коғазхалтаҳо, шишаҳо, коғаз, борҷомаву ҷилдҳо ва амсоли инҳо мегарданд. Дар баъзе мамлакатҳо оилаҳои иборат аз чор нафар рӯзе қариб се килограмм пасмондаро ҷамъ меоранд. Тасаввур кунед, ки ҳар рӯз дар шаҳрҳое, ки аҳолиашон чандсад ҳазор ё миллион нафарро ташкил медиҳад, чӣ миқдор пасмонда ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ, пасмондаҳоро доиман коркард намудан зарур аст. Барои ин дар шаҳрҳои замонавӣ ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо пешбинӣ карда мешавад. Яъне партовҳоро вобаста ба қисмати таркибиашон ба намудҳои гуногун: коғазу картон, қуттиҳои консерва, шиша, пластика ва маводди ба тариқи табиӣ коркардшаванда тақсим мекунанд. Баъди муддати муайян, вобаста ба усули таҷзияи биокимиёвӣ, онҳо коркард ё нобуд карда мешаванд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Собун чист?

Собун аз равғани рустанӣ ва ё ҳайвонот бо илова намудани маводди ишқордор – содаи каустикӣ ё калийи ангидриди карбон ҳосил мешавад. Собун дар об ҳал мешавад ва барои тоза кардану шустани либос, дасту рӯй истифода мегардад. Собун чандин аср пеш ихтироъ шуда буд ва истеҳсоли он ҳанӯз дар Мисри Қадим ва тамаддуни бостонии Шарқ маъмул буд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Эйфел

Александр Густав Эйфел муҳандиси фаронсавӣ (1832–1923) лоиҳаи манораеро, ки имрӯз майдони марказии шаҳри Порисро оро медиҳад, кашидааст ва он ба номи ӯ гузошта шудааст. Манораи Эйфел, ки баландиаш 300 м аст, аз қисмҳои обутобёфтаи оҳан, ки бо парчинмех насб карда шудаанд, сохта шудааст. Сохтмони манора соли 1886 оғоз гардид ва дар рӯзи кушодашавии намоишгоҳи байналхалқӣ соли 1889 ба истифода дода шуд. Дар аввал меъморони ҳамон давр ба лоиҳа ва бандубасти манора назари танқидӣ доштанд, вале баъдтар, вақте ки қимати бадеии он собит гашт, онро эътироф карданд. Манораи Эйфел имрӯз яке аз муъҷизаҳои таърихии ҷаҳон ба шумор меравад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Хонаро аз кадом масолеҳ месозанд?

Хонаро аз масолеҳи гуногуни сохтмонӣ месозанд. Кадоми онҳоро интихоб бояд кард? Ин аз ҷои иқомат, иқлим, расму одат ва маблағи дар даст доштаи бинокор вобастагӣ дорад. Маъмулан хонаро аз санг, хишт, семент, оҳан, чӯб, маҳсулоти сафолӣ, шиша месозанд ва барои барқгузаронию изолятсия (рӯпӯш кардан) аз маҳсулоти пластикию синтетикӣ истифода мебаранд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

МАТОЪҲО

Матоъ – ин бо ҳам печидани тору пуди риштаҳои бофташуда мебошад. Агар мо дар бораи наху риштаи бофандагӣ сухан гӯем, калимаи «матоъ»-ро истифода мебарем.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

ДАББОҒИИ ЧАРМ (ПӮСТ) БАРОИ ПОЙАФЗОР

Қабл аз он ки пойафзор истеҳсол карда шавад, пӯсти ҳайвонотро ба ин мақсад омода (коркард) мекунанд. Аввал онро бо белчаи махсус тарошида ҳамвор мекунанд. Сипас, онро ба зарфи устувонашакли чархзананда ҷо карда, ба он об ва намак мерезанд, то даббоғӣ шавад (ош дода шавад). Баъд онро чанд рӯз дам медиҳанд. Вақте ки онро аз зарфи устувонашакл берун оварданд, аллакай пӯст даббоғӣ шудааст. Барои он ки пӯст кашидаву хушк шавад, онро дар бинои барҳаво овезон мекунанд. Сипас онро бо миқроз (қайчӣ)-ҳои махсус бурида, барои дӯхтани пойафзор ба порчаҳо ҷудо мекунанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Пойафзорро аз чӣ медӯзанд?

Пойафзор пойҳои моро аз таъсири обу ҳаво, сардию намӣ ва дуруштиҳои замин ҳифз мекунад. Вобаста ба фаслҳои сол, ҳарорати ҳаво, мавсими хушкӣ ва боришот пойафзори муносиб омода карда мешавад. Барои ин аз ашёи мувофиқ истифода мекунанд. Асосан барои дӯхтани пойафзор чарм (пӯсти ҳайвонот) истифода мешавад. Ҳамчунин барои пойафзордӯзӣ нахҳои бофандагӣ, аз қабили пахта ва нахҳои сунъӣ, пӯст ва чарми табиӣ истифода мешаванд. Маводди резина ва каучук дар пойафзор барои аз борон ва ҳар гуна намӣ ҳифз намудани пой истифода мешавад. Ҳоло маводди зиёди эластикӣ (чандирӣ) ҳам маълуманд, ки хусусияташон аз маводди табиӣ, аз қабили нахҳои бофандагӣ ва маводди чармӣ фарқ намекунанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Истеҳсолоти конвейерӣ чист?

Истеҳсолоти конвейерӣ, ки аз ҷониби Эли Уитни дар асри 18 пешниҳод карда шудааст, як навъи фаъолияти корӣ мебошад. Он имкон медиҳад, ки раванди истеҳсоли маҳсулот беҳтар карда шавад. Яъне дар конвейер ҳар як коргар қисми муайяни корро пайваста иҷро мекунад. Маҳсулот дар конвейер аз дасти як коргар ба дасти коргари дигар мегузарад ва дар охири конвейер маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Либос аз кадом мавод тайёр карда мешавад?

Либос моро аз таъсири сардӣ, нури офтоб ва омилҳои дигаре, ки ба пӯстамон зарар мерасонанд, муҳофизат мекунад. Аз риштаҳои пашмин, пахтагин, абрешимин ва ё нахҳои сунъӣ (нейлон) дар дастгоҳҳои бофандагӣ матоъҳои гуногун мебофанд ва сипас аз онҳо либос медӯзанд. Саноатеро, ки либос истеҳсол мекунад, саноати бофандагӣ меноманд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Дар фабрикаҳо чӣ истеҳсол мекунанд?

Дар фабрикаҳо автомобил, пластмасса, зарфҳои барқӣ, мебел, таҷҳизоти гуногун, риштаҳои бофандагӣ ва ҳазорон намуд чизҳои дигар истеҳсол мекунанд. Мошину дастгоҳҳои зиёде, ки дар корхонаҳо истифода мегарданд, ба воситаи неруи барқ кор мекунанд. Ҳоло дар корхонаҳо технологияи нав – компютеру роботҳо ба таври васеъ истифода мешаванд. Фабрикаҳо маҳсулоти гуногуни истеъмолии аҳолиро истеҳсол мекунанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Масолеҳи табиӣ ва сунъӣ чӣ гунаанд?

Масолеҳи табиӣ аз рустаниҳо (дарахт, пахта ва ғайра), ҳайвонот (пӯст, пашм, пила) ва минералҳои гуногун – ҷинсҳои мухталиф (ангишт, нафт) истеҳсол карда мешаванд. Масолеҳ сунъӣ – ғайритабиӣ мебошанд ва онҳоро аз чизҳои дигар истеҳсол мекунанд. Масалан, сементро аз гил ва оҳак истеҳсол мекунанд, яъне аз чор се ҳиссаи он резаи оҳаксанг ва як қисми боқимонда аз гил иборат аст.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Бозичаҳоро аз чӣ месозанд?

Ҳоло қариб тамоми бозичаҳо аз пластика сохта мешаванд. Пластикаро аз маводди нафтӣ истеҳсол мекунанд. Пластика навъҳои гуногун дорад. Он вобаста ба тарзи истифода ба намудҳои сахт, мулоим, элластикӣ (чандир) ҷудо мешавад. Маводде, ки аз он бозича истеҳсол мекунанд, бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошад. Дар ҷаҳон қонуни ягонае амал мекунад, ки мутобиқи он бояд бозичаҳо ба ҳаёти кӯдакон хатарнок набошанд ва боиси ҳодисаҳои нохуш нашаванд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

ОҲАКСАНГ

Ин навъи ҷинси кӯҳӣ дар сохтмон, махсусан, дар истеҳсоли тахтасангҳои сохтмонӣ ба таври васеъ истифода мешавад. Оҳаксанг — як навъи санги табиӣ аст, ки қисми асосии онро карбонати калсий (CaCO₃) ташкил медиҳад. Оҳаксанг дар табиат бисёр вомехӯрад. Онро барои сохтани семент, оҳак, масолеҳи сохтмонӣ ва баъзе намудҳои қоғази сангӣ истифода мебаранд. «Оҳаксанг сангест, ки дар табиат пайдо мешавад. Аз он сементу оҳак ва бисёр чизҳои дигар месозанд.»

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

КАРБОНАТИ КАЛСИЙ

Ин модда ба таркиби баъзе ҷинсҳои кӯҳӣ дохил мешавад. Мармар низ аз карбонати калсий пайдо шудааст. Карбонати калсий (CaCO₃) — моддаи табииест, ки дар бисёр сангҳо мавҷуд аст. Масалан, оҳаксанг, мармар ва бӯр миқдори зиёди карбонати калсий доранд. Онро дар сохтмон, истеҳсоли семент, бӯр ва ҳатто барои тайёр кардани қоғази сангӣ истифода мебаранд. «Карбонати калсий моддаест, ки дар сангҳо, бӯр ва ҳатто дар пӯсти тухм 🥚 мавҷуд аст.»

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

ҶИСМҲО

Ҷисмҳо аз ҳиссачаҳои хурдтарини ба чашми инсон нонамоён, атомҳо иборатанд. Атомҳо бо ҳам якҷоя шуда, молекулаҳоро ташкил медиҳанд. Моддаҳо вобаста ба он ки атомҳои гуногун доранд ва ё ҳангоми пайвастшавии атомҳо молекулаҳои гуногунро ба вуҷуд меоранд, аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

ФЕРМЕНТОНӢ

Ин тағйирёбиест, ки аксаран дар организмҳои ниҳоят хурд: бактерияҳо, замбурӯғҳо ё хамиртуруш ба вуҷуд меояд. Ин организмҳо дар таркиби шир, мева ва ё дигар маҳсулот, ки дар натиҷаи реаксия аз онҳо шакар ва машрубот ҳосил мегардад, ба вуҷуд меоянд. Дар вақти якҷояшавии он бо шир кислотаи (шир) оксипропинат ҳосил мегардад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Нах чист ва онро аз чӣ истеҳсол мекунанд?

Нах (ришта) масолеҳи мисли мӯй борику дароз мебошад. Риштаро аз нахи маҳсулоти гуногун (пахта, абрешим (пила), канаб ва ғайра) мересанд. Дар навбати худ аз ришта матоъҳои гуногун ва ресмонҳо тайёр мекунанд. Баъзе нахҳо табиӣ мебошанд, зеро онҳоро аз рустаниҳои табиӣ (пахта), пашми ҳайвонот ва пила тайёр мекунанд. Навъҳои дигари нахро нахҳои сунъӣ меноманд, яъне он нахҳоро аз маводди ғайритабиӣ (пластика) тайёр мекунанд. Нейлон, полиэстра ва лайкрҳо аз ҷумлаи чунин нахҳоянд.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Ҷурғот

Дар бисёре аз минтақаҳои Аврупо ва Осиё одамон ба шарофати истеъмоли маҳсулоти ширии дар байни аҳолӣ маъруф, яъне ҷурғот умри дароз мебинанд. Ҷурғотро аз шир ҳосил мекунанд. Шир ба ҷурғот табдил ёфта, турушмаза мешавад.

0
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешСуол

Нон аз чӣ ҳосил мешавад?

Нон як навъи таомест, ки дар тамоми давраҳои тараққиёти ҷомеаи инсонӣ ва тамаддунҳои гуногун вуҷуд дошт. Онро аз орди гандум, ҷав, ҷуворимакка таҳия мекунанд. Барои омода кардани нон аввал ордро бо об омехта мешӯранд ва ба он намак андохта, барои расидани хамир ба он хамиртуруш ҳамроҳ мекунанд. Баъди расидану тайёр шудани хамир онро ба шакли навъҳои гуногуни нон (кулча, фатир, чаппотӣ ва ғ.) дар танӯр ё дастгоҳи барқӣ мепазанд. Вобаста ба сифат ё навъи орд ранги нон сафед, гандумгун, тирарангу сиёҳгуна мешавад.

0