Зеҳн
Оё медонед·Ахбор·1 моҳ пешНашрия

Нах чист ва онро аз чӣ истеҳсол мекунанд?

Нах (ришта) масолеҳи мисли мӯй борику дароз мебошад. Риштаро аз нахи маҳсулоти гуногун (пахта, абрешим (пила), канаб ва ғайра) мересанд. Дар навбати худ аз ришта матоъҳои гуногун ва ресмонҳо тайёр мекунанд.

Баъзе нахҳо табиӣ мебошанд, зеро онҳоро аз рустаниҳои табиӣ (пахта), пашми ҳайвонот ва пила тайёр мекунанд.

Навъҳои дигари нахро нахҳои сунъӣ меноманд, яъне он нахҳоро аз маводди ғайритабиӣ (пластика) тайёр мекунанд. Нейлон, полиэстра ва лайкрҳо аз ҷумлаи чунин нахҳоянд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.