Зеҳн

Панду андарзҳо

Суханони ҳикматомез, насиҳат ва маслиҳатҳое мебошанд, ки инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи нек ва дониш ҳидоят мекунанд.

1 аъзоаз 28 сентябри 2026
Панду андарзҳо·Аиъша·29 рӯз пешНашрия

ШИКАСТАНИ БУТҲО АЗ ҶОНИБИ ИБРОҲИМ ЪЛАЙҲИ-С-САЛОМ

Яке аз рӯзҳо дар деҳае, ки Иброҳим (а) зиндагӣ мекард, рӯзи ид фаро расид. Мардум ҳама хушҳолӣ мекарданд. Ҳамаи мардум аз хонаҳояшон барои гаштугузор берун баромаданд. Кӯдакҳо низ барои сайру тамошо берун рафтанд. Озар падари Иброҳим (а) ҳам ҳамроҳи мардум ба гашту гузор баромад ва ба писараш Иброҳим (а) гуфт: “Ту ҳамроҳи мо ба тамошо намеравӣ?” Ҳазрати Иброҳим (а) “Ман каме беморам” гуфт. Мардуми деҳа ҳамагӣ ба сайру тамошо баромаданд, аммо Иброҳим (а) дар хона худаш танҳо монд. Иброҳим (а) ба бутхона омад ва гуфт: “Оё гап намезанед?! Оё сухани маро гӯш намекунед?! Марҳамат, хӯрданӣ ва нӯшиданиҳо дар пешатон тайёр аст. Чаро намехӯред ва наменӯшед?!” Ҳарчанд Иброҳим (а) сухан мегуфт ва бутҳоро ба хӯрдану нӯшидан таклиф мекард, аммо онҳо хомӯш буданд. Зеро он бутҳо аз санг сохта шуда ва гап задан наметавонистанд. Иброҳим (а) боз такрор кард: "Шуморо чӣ шудааст, ки гап намезанед?!" Аммо бутон ҳамоно хомӯш буданд ва гап намезаданд. Дар ҳамин ҳолат Иброҳим (а) аз хомӯшии бутҳо ба ғазаб омад ва табари калонеро гирифту ба шикастани онҳо сар кард. Вай ҳамаи бутҳоро шикаст, магар як бути калонро боқӣ гузошт ва табарро бар гарданаш овезон кард

1
Панду андарзҳо·Аиъша·29 рӯз пешНашрия

НАСИҲАТИ ИБРОҲИМ ЪАЛАЙҲИ-С-САЛОМ БА ПАДАРАШ ОЗАР

Иброҳим (а) доим падарашро насиҳат карда мегуфт: “Эй Падарҷон! Чаро ин бутҳоро мепарастед?! Эй Падарҷон! Чаро назди ин бутҳо саҷда мекунед?! Эй Падарҷон! Чаро ҳоҷатҳоятонро аз ин бутҳо мепурсед?! Охир, ин бутҳо гап задан ва гӯш кардан наметавонанд-ку! Охир, инҳо зарар ва фоида расонидан наметавонанд-ку! Эй Падарҷон! Чаро назди ин бутҳо таом мегузоред?! Охир, онҳо хӯрдан ва нӯшидан наметавонанд-ку!” Озар падари Иброҳим (а) аз ин суханони фарзандаш ба ғазаб меомад, аммо ҳақ будани онро намефаҳмид. Иброҳим (а) ҳамчунин ҳамдеҳагонашро насиҳат мекард, лекин онҳо ҳам аз суханони Иброҳим(а) қаҳрашон меомад ва ҳақ будани онро намефаҳмиданд. Як рӯз Иброҳим (а) худ ба худ гуфт, акнун ман ин бутҳоро бо дастони худам мешиканам, ана баъд ин мардум арзандаи парастиш набудани бутҳоро мефаҳманд.

1
Панду андарзҳо·Аиъша·29 рӯз пешНашрия

ПИСАРИ ОЗАРИ БУТТАРОШ

Озар як писари бисёр боақлу тамйиз дошт. Номи писараш Иброҳим (а) буд. Иброҳим (а) медид, ки мардуми он деҳа ба назди бутҳо рафта, саҷда мекунанд ва онҳоро мепарастанд. Иброҳим (а) медонист, ки ин бутҳо аз санг сохта шудаанд, медонист, ки онҳо гап задан ва гӯш кардан наметавонанд, медонист, ки онҳо зарар ва фоида расонидан наметавонанд. Иброҳим (а) медид, ки гоҳе пашшаҳо омада, бар рӯйи он бутҳо мешинанд, вале бутҳо он пашаҳоро аз рӯйи худ дур кардан наметавонанд, мушҳо омада хӯроки назди бутҳо гузоштаи мардумро мехӯранд, аммо бутҳо мушҳоро аз ин кор манъ кардан наметавонанд. Иброҳим (а) дар ҳайрат монда, худ ба худ мегуфт: “Чаро ин мардум бутҳои беҷонро мепарастанд ва чаро ҳоҷатҳояшонро аз онҳо мепурсанд”?

1
Панду андарзҳо·Аиъша·29 рӯз пешНашрия

Тарбия

Олимони соҳаи педагогика бар ин назаранд, ки тарбия ба соҳаҳои гуногун ҷудо шуда, якеи он бо номи “Тарбияи синну солӣ” шинохта мешавад. Вазифаи ин соҳа аз он иборат аст, ки ҳар синну сол ба эътибори фарқи ҳолатҳои психологӣ-равонӣ барнома ва равишҳои ба худ хоси тарбиявӣ дошта, он барнома ва методҳо аз якдигар ба пуррагӣ фарқ мекунанд. Бар асоси ин назария, омода кардани барномаҳо, услубҳо ва асарҳои тарбиявӣ барои ҳар синну соле шарт ва зарур аст. Бояд эътироф кард, ки дар ҷомеаи мо майдони фаъолиятҳои тарбиявӣ аз ин гуна барномарезиҳо ва корҳои илмии нишонрас холӣ аст. Бале, бо дигар забонҳо ва дар дигар минтақаҳои дунё коршиносон дар ин соҳа корҳои назарӣ ва амалии хуберо анҷом додаанд, вале боз ҳам он чи барои мо тоҷикон зарур аст, ҳанӯз баҳсу талоши зиёд металабад. Агар наврасони ҷомеаи моро маҳрумтарин табақаи ҷомеа аз барномаҳои тарбиявӣ ҳисобем, шояд хато нагуфтаем. Ҳанӯз барои бо ғизои маънавӣ пур кардани руҳу равони онҳо корҳои хеле кам сурат гирифтааст. Барои мисол кадом рисолаҳои тарбиявӣ, китобчаҳои қиссаву ҳикоёти пурмаънову таъсирбахш ва филмҳои тасвирии кӯдаконаро метавон ном бурд, ки холигии ин соҳаро ба таври матлуб пур карда тавонад?! Ҳол он ки асарҳои дар гузашта аз тарафи донишмандону адибони форсу тоҷик оиди мавзӯъҳои тарбиявӣ таълифгашта камназиранд. Навиштаҳои Муслиҳуддин Саъдии Шерозӣ дар “Бӯстон” ва “Гулистон”, нигоштаҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон”, дурдонаҳои гаронбаҳои ҷамъовардаи Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дар “Маснавии маънавӣ” ва дигар соҳибқаламони форсу тоҷик далели гуфтаҳои болост. Вале омилҳои зиёд сабаби дурӣ ва бехабарии аксари ҷавонон аз ин мероси пурғановат гаштааст. Бо камоли таассуф, майдони таълиф дар самти тарбияи насли наврас холӣ буда, пур сохтани он меҳнати зиёдеро талаб мекунад. Имрӯз бештари хурдсолони мо шефтаи тамошои филмҳои тасвирии “Маша ва хирс”, “Том ва Ҷеррӣ” ва ғайра ҳастанд, дар ҳоле ки он ғизои маънавие, ки мебояд аз хурдсолӣ ба вуҷуди тифл ворид гардад, аз ин филмҳои тасвирӣ ба даст намеояд. Ғайр аз ин ва аз ҳама муҳимтар тамошои ҳар гуна филмҳо ва хондани китобчаю рисолаҳои ҳикоёт ва афсонаҳо аз нигоҳи психологӣ-равонӣ ба ҳолати равонии кӯдак таъсири нек ё бади худро мегузорад. Бояд волидон ва мураббиҳо дар ин мавзӯъ аз эҳтиёти сахт кор гиранд. Аз ҷумлаи қоидаҳои соҳаи тарбия он аст, ки вақте чизеро аз касе мехоҳед манъ кунед, бояд ивазашро омода созед. Манъ кардан ва дар айни замон холӣ мондани зеҳн ва вақти шахс аз машғулият хатои ҷиддӣ аст.

0