Тарбия
Олимони соҳаи педагогика бар ин назаранд, ки тарбия ба соҳаҳои гуногун ҷудо шуда, якеи он бо номи “Тарбияи синну солӣ” шинохта мешавад. Вазифаи ин соҳа аз он иборат аст, ки ҳар синну сол ба эътибори фарқи ҳолатҳои психологӣ-равонӣ барнома ва равишҳои ба худ хоси тарбиявӣ дошта, он барнома ва методҳо аз якдигар ба пуррагӣ фарқ мекунанд.
Бар асоси ин назария, омода кардани барномаҳо, услубҳо ва асарҳои тарбиявӣ барои ҳар синну соле шарт ва зарур аст. Бояд эътироф кард, ки дар ҷомеаи мо майдони фаъолиятҳои тарбиявӣ аз ин гуна барномарезиҳо ва корҳои илмии нишонрас холӣ аст. Бале, бо дигар забонҳо ва дар дигар минтақаҳои дунё коршиносон дар ин соҳа корҳои назарӣ ва амалии хуберо анҷом додаанд, вале боз ҳам он чи барои мо тоҷикон зарур аст, ҳанӯз баҳсу талоши зиёд металабад.
Агар наврасони ҷомеаи моро маҳрумтарин табақаи ҷомеа аз барномаҳои тарбиявӣ ҳисобем, шояд хато нагуфтаем. Ҳанӯз барои бо ғизои маънавӣ пур кардани руҳу равони онҳо корҳои хеле кам сурат гирифтааст. Барои мисол кадом рисолаҳои тарбиявӣ, китобчаҳои қиссаву ҳикоёти пурмаънову таъсирбахш ва филмҳои тасвирии кӯдаконаро метавон ном бурд, ки холигии ин соҳаро ба таври матлуб пур карда тавонад?! Ҳол он ки асарҳои дар гузашта аз тарафи донишмандону адибони форсу тоҷик оиди мавзӯъҳои тарбиявӣ таълифгашта камназиранд.
Навиштаҳои Муслиҳуддин Саъдии Шерозӣ дар “Бӯстон” ва “Гулистон”, нигоштаҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ дар “Баҳористон”, дурдонаҳои гаронбаҳои ҷамъовардаи Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ дар “Маснавии маънавӣ” ва дигар соҳибқаламони форсу тоҷик далели гуфтаҳои болост. Вале омилҳои зиёд сабаби дурӣ ва бехабарии аксари ҷавонон аз ин мероси пурғановат гаштааст.
Бо камоли таассуф, майдони таълиф дар самти тарбияи насли наврас холӣ буда, пур сохтани он меҳнати зиёдеро талаб мекунад.
Имрӯз бештари хурдсолони мо шефтаи тамошои филмҳои тасвирии “Маша ва хирс”, “Том ва Ҷеррӣ” ва ғайра ҳастанд, дар ҳоле ки он ғизои маънавие, ки мебояд аз хурдсолӣ ба вуҷуди тифл ворид гардад, аз ин филмҳои тасвирӣ ба даст намеояд. Ғайр аз ин ва аз ҳама муҳимтар тамошои ҳар гуна филмҳо ва хондани китобчаю рисолаҳои ҳикоёт ва афсонаҳо аз нигоҳи психологӣ-равонӣ ба ҳолати равонии кӯдак таъсири нек ё бади худро мегузорад.
Бояд волидон ва мураббиҳо дар ин мавзӯъ аз эҳтиёти сахт кор гиранд. Аз ҷумлаи қоидаҳои соҳаи тарбия он аст, ки вақте чизеро аз касе мехоҳед манъ кунед, бояд ивазашро омода созед. Манъ кардан ва дар айни замон холӣ мондани зеҳн ва вақти шахс аз машғулият хатои ҷиддӣ аст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё