Зеҳн

Панду андарзҳо

Суханони ҳикматомез, насиҳат ва маслиҳатҳое мебошанд, ки инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи нек ва дониш ҳидоят мекунанд.

1 аъзоаз 28 сентябри 2026
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

МУВОФИҚИ ГУМОНИ БАНДААМ ҲАСТАМ

Мувофиқи ҳадиси қудсӣ Худованди Мутаъол мефармояд: «Гумони бандаам нисбат ба Ман чӣ гунае бошад, Ман низ ҳамон гунаам. Агар ӯ Маро зикр кунад, бо ӯ ҳастам. Агар ӯ Маро дар танҳоӣ зикр намояд, Ман низ ӯро танҳо зикр мекунам. Агар ӯ маро бо ҷамоат зикр кунад, Ман ӯро бо ҷамоати накӯтаре зикр мекунам. Агар ӯ ба Ман як ваҷаб наздик шавад, Ман ба ӯ як зироъ наздик мешавам. Агар ӯ ба Ман як зироъ наздик шавад, Ман ба ӯ як қулоч наздик мешавам. Ва агар ӯ қадамзанон ба сӯйи Ман биёяд, Ман давон ба сӯйи ӯ меравам».

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

АГАР ДАР ҚАВЛАШ УСТУВОР БОШАД

Боре Расули Худо (с) бо асҳоб дар масҷид нишаста буд, ки марде омад ва ба Расулуллоҳ (с) гуфт: — Аз ҷониби ту ба назди мо қосиде омад ва гуфт, ки Муҳаммад (с) фиристодаи Худованд аст. Оё ин дуруст аст? Расули Худо (с) гуфт: — Бале, ӯ дуруст мегӯяд. Мард боз пурсид: — Дар ин ҳол бигӯ, ки замину осмонро кӣ офаридааст? Расули Худо (с) посух дод: — Аллоҳ Таъоло офаридааст! Мард гуфт: — Хуб, акнун аз барои он Офаридгори замину осмонҳо бигӯ, ки магар Ӯ туро ҳамчун паёмбар фиристод? Расулуллоҳ (с) посух дод: — Бале! Мард пурсид: — Қосиди ту мегӯяд, ки мо бояд ҳамарӯза панҷ вақт намоз гузорем, оё ин дуруст аст? Расули Худо (с) гуфт: — Бале, дуруст аст! Мард гуфт: — Ба номи Худое, ки туро ҳамчун паёмбар фиристод, рост бигӯ, оё инро Худованд ба Ту фармудааст? Ҳабиби Худо (с) гуфт: — Бале! Ҳамин тавр ӯ дар мавриди закоту рӯза ва ҳаҷ низ суол кард. Расули Худо (с) дар посухи ин суолҳо мегуфт: «Бале, дуруст аст!» Сипас мард гуфт: — Савганд ба Худое, ки туро бар дини ҳақ фиристод, ин фармудаҳои туро ба ҷо меорам, дар ҳоле ки ба иҷрои на бештар ва на камтар аз ин гуфтаҳо иқдод хоҳам кард. Пас Расули Худо (с) фармуд: — Агар ӯ ин гуфтаҳояшро ба ҷо оварад, аз ҷумлаи наҷотёфтагон хоҳад буд.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

ПАНҶ АМРИ ХУДОВАНД

Рӯзе Расулуллоҳ (с) фармуд: «Аллоҳ Таъоло Яҳё фарзанди Закариёро (а) ба иҷрои панҷ амал маъмур гардонид ва фармуд, ки Бани Исроилро низ ба иҷрои ин амалҳо амр кунад. Чун Яҳё (а) дар иҷрои ин фармон таъхир намуд, ҳазрати Исо (а) ба ӯ гуфт: — Худованд туро ба иҷрои панҷ амал маъмур гардонид ва фармуд, ки Бани Исроилро низ ба иҷрои онҳо амр кунӣ. Эй Яҳё! Фармудаи Парвардигорро иҷро бикун ва ё ман онро ба ҷо оварам. Ҳазрати Яҳё гуфт: — Эй бародарам! Агар ту дар иҷрои ин кор бар ман сабқат бигирӣ, метарсам, ки Худованд маро нобуд бисозад. Сипас Яҳё (а) издиҳоми Бани Исроилро ба Байт-ул-муқаддас ҷамъ оварда, гуфт: — Худованд маро ва шуморо ба иҷрои ин панҷ амал маъмур гардонид; аввал ин ки ибодати Худоро ба ҷо оварем ва ҳеҷ касу ҳеҷ чизеро ба Ӯ шарик муқаррар насозем. Шахсе, ки ба Худо шарик меорад, ҳолаташ ба касе монанд аст, ки аз ҳисоби худ канизе мехарад ва ба ӯ мегӯяд: «Инак, ошёни ман ва инак, кори ту, ки аз иҷрои ину он иборат аст. Кори худро анҷом бидеҳ ва самараашро ба ман биёвар!» Канизи ӯ кор карда, ҳосили меҳнаташро ба бегонае мебарад. Дар ин ҳол, оё шумо мехоҳед, ки канизатон чунин рафтор кунад?! Дуюм ин ки Худованд моро ба адои намоз амр кард ва фармуд, ки ҳангоми гузоштани намоз ба чапу рост нанигарем. Чун Худованд намози он касеро қабул мекунад, ки танҳо ба Ӯ таваҷҷуҳ карда бошад. Сеюм, Ҳақ Таъоло моро ба рӯзадорӣ амр намуд. Мисоли шахси рӯзадор мисоли касест, ки бо худ мушку анбар дорад ва ҳамаи мардум муштоқи бӯйи ӯянд. Ба дурустӣ, бӯйи даҳони рӯзадор дар назди Худо аз бӯйи мушку анбар ҳам хуштар аст. Чаҳорум, Худованд ба садақа додан амр кардааст. Мисоли садақадиҳанда мисоли касест, ки ба дасти душман асир афтодааст ва дар садади ба қатл расидан қарор дорад. Аммо дар ин асно ӯ мегӯяд: «Ман ҳозирам, ки тамоми сарвату дороии худро барои раҳо ёфтан аз ин аҳвол ҳамчун фидя диҳам». Бад-ин минвол ӯ худро аз марг наҷот медиҳад. Панҷум, Аллоҳ Таъоло амр кардааст, ки танҳо дар зикри ӯ бошем. Мисоли шахси зикркунанда ба ҳолати шахсе монанд аст, ки душманон таъқибаш мекунанд ва ӯ аз онҳо гурехта, ба қалъаи бузурге мерасад ва бо қасди ҷон ба саломат бурдан ба он ҷо паноҳ мебарад. Аҳволи банда низ чунин аст, ки танҳо бо зикри Худо метавонад худро аз шарри шайтон муҳофизат кунад. Пас аз баёни ин воқеа Расули Акрам (с) чунин фармуд: — Ман ҳам панҷ амалеро, ки Худованд ҳамаи моро ба иҷрояшон маъмур сохтааст, ба шумо мерасонам: Ба амру наҳйи Худованд гӯш андозед ва онҳоро риоят намоед. Ба роҳбароне, ки масъулияти шуморо ба уҳда доранд, итоат кунед. Дар роҳи Худо бо ҷону молатон ҷаҳд кунед. Ҳиҷратро пос доред ва ҳамеша муттаҳид бошед ва ба доми ифтироқ наафтед, зеро ҳар касе аз доираи уммат андаке дур шавад, то вақти бозгашт, худро аз асли ислом дур месозад. Иҷтинобу саркашӣ аз ҷомеа одати даврони ҷоҳилият аст. Ҳар касе даъвои ҷоҳилонаеро ҳақ пиндорад, худро ба яке аз чоҳҳои дӯзах хоҳад андохт».

0