Зеҳн

Панду андарзҳо

Суханони ҳикматомез, насиҳат ва маслиҳатҳое мебошанд, ки инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ, ахлоқи нек ва дониш ҳидоят мекунанд.

1 аъзоаз 28 сентябри 2026
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

БА КОР БИГӮ, ДАРС ДОРАМ!

Шайх Муртазо Ансорӣ, бузургтарин устод ва олими фиқҳ аз яке аз шогирдон пурсид: – Чаро дирӯз дар ҷаласаи дарс ҳозир набудӣ? Шогирд гуфт: – Кор доштам. Шайх фармуд: –  Баъд аз ин ба дарс магӯ, кор дорам; ба кор бигӯ, дарс дорам!

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·11 рӯз пешНашрия

ҚАДАМИ АВВАЛ

Дар як шаҳр ҷавоне зиндагӣ мекард, ки идеяи наве дошт. Ҳар шаб ӯ орзу мекард, вале ҳар саҳар бо худ мегуфт: «Ҳоло вақти мувофиқ нест».  Ӯ метарсид: аз нокомӣ, аз сухани мардум, аз гум кардани вақт. Рӯзе ӯ назди устоди доное рафт ва пурсид: — Вақти беҳтарин барои оғоз кай аст? Устод як дона тухмро ба замин гузошт ва гуфт: — Агар ин тухм имрӯз кошта нашавад, фардо дарахт намешавад. Ҷавон фаҳмид, ки идея низ мисли тухм аст: агар онро имрӯз бо амал якҷо накунӣ, ҳеҷ гоҳ самар намедиҳад. Ӯ ҳамон рӯз қадами аввалро гузошт. Роҳ осон набуд, хатоҳо бисёр буданд, вале ҳар хато ӯро қавитар кард. Пас аз муддате, идеяаш ба стартап табдил ёфт ва барои дигарон ҳам фоида овард. ХУЛОСА: Стартап аз қадами аввал оғоз мешавад, на аз комил будан.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·11 рӯз пешНашрия

ИНСОН ВА ДУНЁ

Падар аз рӯзи душанбе то шанбе хело зиёд кор кард ва хост саҳари якшанбе истироҳат кунад. Ба дасташ рӯзномаеро гирифту ба хондан шурӯъ намуд. Дар ҳамин лаҳза писарчааш омаду гуфт: - Падар, ин ҳафта ба берун ҳам набаромадем, биё ба синамо равем. Падар, ки намехост аз хона барояд, баҳонаеро фикр мекунад. Дар мобайни рӯзнома харитаи дунё чун туҳфа гузошта шуда буд. Падар харитаи дунёро мегираду ба чанд қисмат пора мекунад ва ба писар дода мегӯяд: - Агар ин харитаро дуруст карда, ба итмом расонӣ, туро ба синамо мебарам. Писар розӣ мешавад ва харитаро гирифта ба утоқаш медарояд. Падар худ ба худ мегӯяд, ки ҳатто профессори соҳаи ҷуғрофия то шаб аз ӯҳдаи он намебарояд. Баъд аз чанд лаҳза писар тозон ба назди падар меояду харитаи дурусткардаашро дароз мекунад. Падар дар ҳайрат мемонад ва мегӯяд; - Чӣ гуна дар муддатти кутоҳ дунёро васл карда тавонистӣ? Писар мегӯяд: - Пушти харитаи дунё расми инсон будааст. Онро дуруст кардам ва харитаи дунё ҳам дуруст шуд. Агар инсон дуруст бошад, пас, дунё худ дуруст мегардад. Дунё ба ҳамон зайле мешавад, ки шумо онро месозед.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·11 рӯз пешНашрия

Оҳанпора

Рӯзе донишманде ба шогирдонаш соати кӯҳнаро нишон дода пурсид: — Ба фикри шумо, ин соат чӣ арзиш дорад? Яке гуфт: «Оҳанпора аст». Дигаре гуфт: «Ёдгории гузашта». Донишманд табассум карда гуфт: — Агар ин соат як лаҳза ҳам ақиб монад ё пеш равад, тамоми кори инсон ба бетартибӣ меафтад. Пас, арзиши он дар вақти дуруст аст. Сипас ӯ гуфт: — Вақт мисли ҳамин соат аст. Агар онро эҳтиёт накунӣ, гум мешавад. Агар қадрашро донӣ, туро ба комёбӣ мерасонад. Шогирдон фаҳмиданд, ки вақт сарватест, ки бозпас намеояд. Он рӯз онҳо қарор доданд, ки ҳар лаҳзаи умрро беҳуда аз даст надиҳанд. Хулоса: Касе, ки қадри вақтро медонад, қадри зиндагиро медонад.

0
Панду андарзҳо·Зеҳн·11 рӯз пешНашрия

ДАР БОРАИ ТАРБИЯ ВА ОДОБ

Рӯзе муаллим аз хонандагон пурсид: — Кадом чиз инсонро зеботар мегардонад? Бачаҳо ҳар кадоме ҳар гуна ҷавобе доданд: яке либоси тоза гуфт, дигаре мошини замонавию сарвати зиёдро ном бурд. Ниҳоят, як писарбачаи хоксор оромона гуфт: — Одоб, хондани китоб ва тарбияи хуб. Муаллим табассум кард ва гуфт: — Дуруст гуфтӣ. Либос кӯҳна мешавад, мошин рӯзе кӯҳна ва сарвати зиёд тамом мегардад, аммо хондани китоб, тарбияи хубу одоби накӯ ҳамеша инсонро соҳибқадр нигоҳ медорад. Аз ҳамон рӯз бачаҳо фаҳмиданд, ки мутолиаи китоб, сухани ширин, эҳтиром ба калонсолон ва рафтори нек беҳтарин зебоии инсон будааст.

0