Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

АГАР ДАР ҚАВЛАШ УСТУВОР БОШАД

Боре Расули Худо (с) бо асҳоб дар масҷид нишаста буд, ки марде омад ва ба Расулуллоҳ (с) гуфт:

— Аз ҷониби ту ба назди мо қосиде омад ва гуфт, ки Муҳаммад (с) фиристодаи Худованд аст. Оё ин дуруст аст?

Расули Худо (с) гуфт:
— Бале, ӯ дуруст мегӯяд.
Мард боз пурсид:
— Дар ин ҳол бигӯ, ки замину осмонро кӣ офаридааст?
Расули Худо (с) посух дод:
— Аллоҳ Таъоло офаридааст!
Мард гуфт:
— Хуб, акнун аз барои он Офаридгори замину осмонҳо бигӯ, ки магар Ӯ туро ҳамчун паёмбар фиристод?

Расулуллоҳ (с) посух дод:

— Бале!
Мард пурсид:
— Қосиди ту мегӯяд, ки мо бояд ҳамарӯза панҷ вақт намоз гузорем, оё ин дуруст аст? Расули Худо (с) гуфт:
— Бале, дуруст аст!
Мард гуфт:

— Ба номи Худое, ки туро ҳамчун паёмбар фиристод, рост бигӯ, оё инро Худованд ба Ту фармудааст?

Ҳабиби Худо (с) гуфт:
— Бале!
Ҳамин тавр ӯ дар мавриди закоту рӯза ва ҳаҷ низ суол кард. Расули Худо (с) дар посухи ин суолҳо мегуфт: «Бале, дуруст аст!»

Сипас мард гуфт:

— Савганд ба Худое, ки туро бар дини ҳақ фиристод, ин фармудаҳои туро ба ҷо меорам, дар ҳоле ки ба иҷрои на бештар ва на камтар аз ин гуфтаҳо иқдод хоҳам кард.

Пас Расули Худо (с) фармуд:

— Агар ӯ ин гуфтаҳояшро ба ҷо оварад, аз ҷумлаи наҷотёфтагон хоҳад буд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.