Будан дар дунё вобастагӣ нест.
Рӯзе талбандае ба дидори як сӯфии дарвеш рафт ва дид, ки ӯ бар рӯи тахти махмалин дар миёни хаймаи зебое нишастааст, ки ресмонҳояш ба мехҳои тиллоӣ баста шудаанд.
Гадо чун инҳоро дид, бо овози баланд гуфт: «Ин чӣ ҳол аст, эй дарвеши муҳтарам! Ман бисёр шунида будам, ки шумо аз зуҳду бепарвоӣ ба дунё ном баровардаед, вале акнун бо дидани ин ҳама зебу зинат дар атрофи шумо, комилан ноумед шудам».
Дарвеш табассуме кард ва гуфт: «Ман омодаам, ки ҳамаи инҳоро тарк кунам ва бо ту ҳамроҳ шавам».
Бо гуфтани ин сухан, дарвеш аз ҷо бархост ва ба пайи гадо роҳ афтод. Ӯ ҳатто интизор нашуд, ки попушиҳояшро ба по кунад.
Баъд аз муддати кӯтоҳ, гадо нороҳат шуд ва гуфт: «Ман косаи гадоиямро дар хаймаи ту гузоштаам. Ман бе косаи гадоӣ чӣ кунам? Лутфан каме сабр кун, то ман баргардам ва онро биёрам».
Сӯфӣ боз хандид ва гуфт: «Дӯсти ман, мехҳои тилоии хаймаи ман ба замин фурӯ рафтаанд, на ба дили ман. Аммо косаи гадоии ту то ҳол туро таъқиб мекунад».
Будан дар дунё вобастагӣ нест. Вобастагӣ он аст, ки дунё дар зеҳн ҷой бигирад. Ва ҳар гоҳ ки дунё аз зеҳн нопадид шавад, онро варстагӣ меноманд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё