МавзӯъҚисса

Дар замонҳои қадим модару писаре зиндагӣ мекарданд. Писарак ҳанӯз хурдсол буд, ки рӯзе аз хонаи ҳамсоя як тухми мурғ дуздид ва онро ба модараш овард. Модар, ба ҷойи он ки писарашро аз зиштии дуздӣ огоҳ кунад ва ӯро аз ин кори бад боздорад, тухмро аз дасташ гирифт ва чизе нагуфт. Писарак, ки аз модараш ҳеҷ сарзанише нашунид, гумон кард, ки дуздӣ кори баде нест. Чанд рӯз баъд аз ҳамон ҳамсоя як мурғ дуздид ва ба хона овард. Модараш ин дафъа низ ӯро аз кори нодурусташ бознадошт. Ҳамин тавр, писарак оҳиста-оҳиста ба дуздӣ одат кард. Солҳо гузаштанд ва ӯ ба ҷавони тануманду нотарсе табдил ёфт, ки дар тамоми шаҳр ҳамчун дузди машҳур шинохта мешуд. Дар он шаҳр подшоҳе ҳукмронӣ мекард, ки шутурони зиёде дошт. Дар миёни шутуронаш як шутури бисёр зебову гаронбаҳо буд, ки дар тамоми ҷаҳон ҳамто надошт. Рӯзе ҷавон аз назди шутурони подшоҳ мегузашт, ки чашмаш ба он шутури зебо афтод. Шутур ба ӯ чунон писанд омад, ки тасмим гирифт онро бидуздад. Ҷавон, ки дузди нотарсу ботаҷриба шуда буд, гумон мекард, ки ин дафъа низ ба осонӣ ба мақсадаш мерасад. Аммо намедонист, ки шутурони подшоҳро посбонони ҳушёр муҳофизат мекунанд. Шабона пинҳонӣ ба ҷойи нигоҳдории шутурон даромад ва хост шутури гаронбаҳоро бидуздад, вале посбонон ӯро дастгир карданд. Рӯзи дигар дуздро назди подшоҳ оварданд. Подшоҳ, ки аз дуздиҳои зиёди ҷавон ва шикоятҳои мардум огоҳ буд, фармон дод, ки ӯро ба дор овезанд. Ҳангоме ки ҷавонро ба назди дор оварданд, аз ӯ пурсиданд: — Оё пеш аз марг хоҳише дорӣ ё сухане ҳаст, ки мехоҳӣ бигӯӣ? Ҷавон гуфт: — Танҳо як хоҳиш дорам. Мехоҳам пеш аз марг модарамро бубинам. Бо фармони подшоҳ модари ҷавонро оварданд. Модар бо дидани писараш зор-зор гиря мекард. Ҷавон ба ӯ рӯ оварда гуфт: — Модарҷон! Ту барои ман бисёр заҳмат кашидаӣ. Маро калон кардаӣ ва ҳамеша дӯстам доштаӣ. Акнун, ки лаҳзаҳои охири умрам фаро расидаанд, мехоҳам барои қадрдонӣ аз заҳматҳоят забонатро бибӯсам. Модар, ки аз суханони писараш сахт мутаассир шуда буд, гирякунон забонашро берун овард, то писараш онро бибӯсад. Аммо ҷавон ногаҳон бо дандон забони модарашро сахт газид ва онро канд. Модар аз шиддати дард беҳуш шуд. Ҳамаи ҳозирон аз ин рафтори ваҳшиёна ба ҳайрат афтоданд. Подшоҳ бо хашм аз ҷавон пурсид: — Эй бераҳм! Чаро бо модарат, ки барои ту ин қадар заҳмат кашидааст, чунин рафтор кардӣ? Ҷавон ҷавоб дод: — Эй подшоҳ! Вақте ки ман ҳанӯз кӯдак будам, рӯзе аз хонаи ҳамсоя як тухми мурғ дуздида, ба модарам овардам. Агар ҳамон рӯз модарам маро аз ин кори бад бозмедошт ва мегуфт, ки дуздӣ гуноҳу хиёнат аст, шояд дигар ҳаргиз ба моли мардум дастдарозӣ намекардам. Ҷавон бо андӯҳ суханашро идома дод: — Аммо модарам хомӯш монд ва маро сарзаниш накард. Ман гумон кардам, ки дуздӣ айбе надорад. Баъд як мурғ дуздидам, сипас чизҳои дигарро. Оҳиста-оҳиста ба дуздӣ одат кардам ва ниҳоят ба шутурдуздӣ расидам. Акнун мебинед, ки оқибати корам ба куҷо кашид! — Агар модарам ҳамон рӯзи аввал маро аз дуздидани як тухми мурғ бозмедошт, шояд имрӯз ба чунин рӯзи сиёҳ гирифтор намешудам. --- Панди ҳикоят Ин ҳикоят ба мо меомӯзад, ки одатҳои бад аксаран аз корҳои хурду ночиз оғоз меёбанд. Агар инсон дар оғоз аз кори нодуруст боздошта нашавад, мумкин аст оҳиста-оҳиста ба корҳои бадтар даст занад. Падару модар бояд фарзандони худро аз хурдсолӣ ба ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва эҳтироми ҳаққи дигарон тарбия кунанд. Меҳрубонӣ ба фарзанд маънои чашм пӯшидан аз хатоҳои ӯро надорад. Албатта, ҳар инсон барои рафтори худ низ масъул аст ва хатои фарзандро танҳо ба гардани падару модар гузоштан дуруст нест. Хатои хурдеро, ки имрӯз ислоҳ карданаш осон аст, набояд нодида гирифт, зеро фардо метавонад ба мушкили бузурге табдил ёбад.
Боре ба ҳузури Расули Худо (с) як гурӯҳ асир оварда шуд. Дар миёни онҳо зане буд, ки зоҳиран чизеро гум карда, дар пайи ёфтанаш талош мекард. Баногоҳ аз миёни издиҳом кӯдакеро пайдо намуда, дарҳол ба оғӯшаш гирифт ва сару рӯяшро бӯса кард. Расули Худо (с), ки шоҳиди ин манзара шуда буд, ба асҳоб фармуд: — Магар мумкин аст, ки ин зан фарзанди худро ба оташ андозад?! Саҳобаҳо гуфтанд: — На, савганд ба Худо, асло чунин намекунад. Сипас Расули Худо (с) фармуд: — Огоҳ бошед, ки шафқату меҳрубонии Худованд нисбат ба бандагонаш аз меҳру шафқати ин зан нисбат ба фарзандаш чандин маротиб афзунтар аст!
Саҳобагон аз Расули Худо (с) пурсиданд: — Худованд дар кадом вақт ба имдоди бандааш мерасад? Расули Худо (с) фармуд: — Муъмин бародари муъмин аст. Ба бародараш зулм намекунад ва ӯро дар сахтиҳо намегузорад. Ҳар касе эҳтиёҷи бародарашро бароварад, Худованд эҳтиёҷи ӯро мебарорад. Ҳар касе бародари мусулмонашро аз ранҷу машаққат раҳо кунад, Худованд дар қиёмат ӯро аз ранҷу машаққат раҳо мекунад. Ҳар касе айби мусулмонеро пӯшонад, дар қиёмат Худованд айби ӯро мепӯшонад. То даме ки банда ба имдоди бародараш мерасад, Худованд ба имдоди ӯ мерасад.
Расули Худо (с) дар ҳадисе фармуд: «Худованди Мутаъол дар рӯзи қиёмат аз баъзе бандагонаш мепурсад: — Эй фарзанди Одам! Бемор будам, чаро ба аёдатам наомадӣ? Банда мегӯяд: — Худоё, чӣ гуна ба аёдати Ту меомадам?! Ту, ки Парвардигори оламиён ҳастӣ, аз бемор шудан муназзаҳӣ! Худованд мефармояд: — Эй фарзанди Одам, фалон бандаам бемор буд ва ту ба аёдаташ нарафтӣ. Магар намедонистӣ, ки ба аёдати ӯ биравӣ, Маро хушнуд месозӣ?! Сипас ба баъзе бандагони дигар мефармояд: — Эй фарзанди Одам! Ман аз ту таом хоста будам, вале ба Ман таом надодӣ. Банда мегӯяд: — Парвардигоро! Ман чӣ гуна ба Ту таом медодам, ки Ту аз хӯрдан муназзаҳӣ?! Пас Худованд мефармояд: — Фалон бандаам гурусна буд ва аз ту таом хост, аммо ба ӯ таом надодӣ. Магар намедонӣ, ки бо таом додани ӯ Маро хушнуд месохтӣ ва ба ризои Ман мушарраф мегаштӣ. Сипас Худованд ба баъзе бандагони дигар чунин мефармояд: — Эй фарзанди Одам! Аз ту об хостам, аммо ба Ман об надодӣ. Банда мегӯяд: — Худоё! Ман ба Ту чӣ гуна об медодам, ки Ту ба чизе ниёз надорӣ ва аз нӯшидан муназзаҳӣ? Он гоҳ Аллоҳ Таъоло мефармояд: — Эй фарзанди Одам! Фалон бандаи ташнаам об пурсида буд ва ту об надодӣ. Оё намедонӣ, ки агар ба ӯ об медодӣ, Маро хушнуд мекардӣ ва сазовори ризоям мешудӣ».
Дар рӯзи фатҳи Макка Расули Худо (с) хост, ки ба Каъба ворид шавад, аммо калидҳо дар дасти Усмон ибни Талҳа буданд ва ӯ ҳанӯз мусулмон нашуда буд. Паёмбари Акрам (с) барои овардани калидҳо ҳазрати Алиро (р) ба назди Усмон ибни Талҳа фиристод. Чун ҳазрати Алӣ (р) омаду калидҳои Каъбаро пурсон шуд, Усмон гуфт: — Ман ба паёмбарии Муҳаммад бовар надорам, ки калиди Каъбаро ба ӯ диҳам. Калид аз ман аст ва он аз бобоҳоям ба ман мондааст. Ҳазрати Алӣ (р) калидро аз дасти Усмон ибни Талҳа бо зӯрӣ гирифт, зеро бояд фармони Расули Худоро (с) ба ҷо меовард. Сипас ба назди Паёмбар (с) баргашт ва ӯ бо асҳоб вориди Каъба шуданд. Паёмбари Худо (с) ҳамроҳи саҳобагон бутҳои Каъбаро несту нобуд карда, дар пайи ин ду ракъат намози шукр гузоштанд. Дар ин миён амӯи Паёмбар (с) — ҳазрати Аббос (р) талаб намуд, ки калидҳои Каъбаро бо худ бигирад. Дар ҳамин асно ояти каримае нозил шуд, ки ҳукми амонатро муайян мекард. Расули Худо (с) калиди Каъбаро тавассути ҳазрати Алӣ (р) дубора ба Усмон ибни Талҳа баргардонд. Усмон ибни Талҳа дар ҳайрат афтода, пурсид: — Чанде қабл ин калидро аз ман ба зӯрӣ гирифтӣ ва ҳоло бозпас овардаӣ. Сабаб дар чист? — Дар ин хусус оят нозил шудааст, — гуфт Ҳазрати Алӣ (р) ва он оятро қироат намуд: «Ба дурустӣ, Худо ба шумо мефармояд, ки амонатҳоро ба аҳли онҳо адо кунед ва (мефармояд, ки) чун миёни мардум ҳоким шавед, ба ростӣ ҳукм кунед. Ҳар оина некӯ чизе аст, ки Худо ба он ба шумо панд медиҳад. Ба дурустӣ ки Худо Шунавои Биност» (Сураи «Нисо», 4/58). Усмон ибни Талҳа, ки ҳанӯз имон наоварда буд, гуфт: — Ин ҳукме, ки аҳамияти амонатро дар дини шумо муайян мекунад, маро дар ҳайрат гузошт. Маро назди Паёмбар бубар. Усмон ибни Талҳа ҳамроҳи ҳазрати Алӣ (р) ба ҳузури Расули Худо (с) омад ва калимаи шаҳодат ба забон оварда, мусулмон шуд.
Расули Худо (с) ба асҳоб фармуд: «Вақте ки ғизо мехӯред, аввал «Бисмиллоҳ» бигӯед. Агар дар оғоз лафзи «Бисмиллоҳ»-ро фаромӯш кардед, пас бигӯед: «Бисмиллоҳи фӣ аввалиҳӣ ва охириҳӣ» (Дар аввалу охир «Бисмиллоҳ»). Ҳар касе ҳангоми ба хона даромадан ва дар вақти ғизо хӯрдан «Бисмиллоҳ» бигӯяд, шайтон ба қавмаш мегӯяд: «Шумо дар ин ҷо хӯрок намехӯред ва шабона хоб карда ҳам наметавонед». Ҳар касе ҳангоми ба хона ворид шудан «Бисмиллоҳ» гӯяду ҳангоми хӯрдани хӯрок лафзи «Бисмиллоҳ»-ро ба забон наорад, шайтон ба қавмаш мегӯяд: «Хӯрок хӯрда метавонед, вале хоб намекунед». Ва ҳар касе ҳангоми омадан ба хона ва ҳангоми хӯрдани хӯрок «Бисмиллоҳ» нагӯяд, шайтон ба қавмаш фармон медиҳад: «Дар ин ҷо ҳам хӯрок бихӯред ва ҳам хоб кунед».
Соли 1516 вақте Султон Салим Мисрро фатҳ намуд, хилофат аз Аббосиён ба Усмониҳо гузашт. Дар яке аз рӯзҳои ҷумъаи ин даврон дар масҷиди Уммавия намози ҷумъа гузошта мешуд ва Султон Салим дар он ҷо қарор дошт. Волии Шом дар сафи пеш барои Султон саҷҷодае панҳ намуд, ки аз матои қиматбаҳо омода шуда буд ва аз ҷойнамози дигарон фарқ мекард. Бо дидани ин ҳолат Султон волии шаҳрро танбеҳ дода гуфт: — Ин ҷо мавзеи ибодат аст, на қасри подшоҳ! Чун вақти хондани хутба фаро расид, имом ба минбар баромад ва дар хутба номи Султон Салимро зикр намуда, ӯро «Ҳоким-ул-Ҳарамайни Шарафайн» (Ҳокими Макка ва Мадина) хонд. Султон ин суханҳоро шунида, дарҳол аз ҷо бархосту гуфт: — Эй имом, лафзи «Ҳоким-ул-Ҳарамайн»-ро ба «Ходим-ул-Ҳарамайн» (Хидматгори Макка ва Мадина) иваз намо! Ман ҳокими Макка ва Мадина нестам, балки дар он сарзамини муқаддас ходиме ҳастаму бас.
Яке аз орифони бузурги олами ислом Муҳйиддини Арабӣ дар ҳузури мардум ба болои теппае баромада, хитоб намуд: — Эй мардум, он чи шумо мепарастед, дар зери пойи ман аст! Олимони замонаш гӯяндаи ин суханҳоро бо куфр иттиҳом карданд ва ӯро эъдом намуда, ҷанозаашро болои кӯҳе гӯрониданд. Баъдҳо маълум гардид, ки Муҳйиддини Арабӣ дар ҷое қайд кардааст: «Ҳангоме ки «син» ба «шин» ворид мешавад, қабри Муҳйиддин ва мақсадаш рӯшан хоҳад гашт». Бо гузашти солҳо яке аз подшоҳони давлати Усмонӣ Султон Салим Шомро фатҳ намуд ва аз мардуми маҳаллӣ саргузашти Муҳйиддини Арабиро шунида, дар пайи ҷустуҷӯи қабри ӯ шуд. Дар аснои пурсуҷӯ Султон Салим аз ҳар касе қабри Муҳйиддини Арабиро мепурсид, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеовард. Ниҳоят чӯпоне ба Султон гуфт: — Эй Султон, ман ҳам намедонам қабри он бузургвор дар куҷост, вале ҷоеро медонам, ки ҳеҷ як ҳайвоне аз он ҷо намегузарад ва алафҳои он мавзеъро намехӯрад. Бо шунидани ин суханҳо Султон амр намуд, ки ҳамон мавзеъро бикобанд. Вақте замин кофта шуд, аз он ҷо ҷасадеро пайдо карданд, ки бо гузашти даҳсолаҳо ҳеҷ осебе надида буд. Чун маълум гардид, ки ин ҷасади Муҳйиддини Арабӣ аст, бо фармони Султон Салим дар он мавзеъ мақбарае сохта шуд. Вақте Султон сабаби эъдом шудани Муҳйиддини Арабиро пурсон шуд, мардум гуфтанд, ки ӯ дар болои теппае қарор гирифта, чунину чунон гуфта буд ва суханҳояш боиси эъдомаш гардиданд. Бо фармони Султон Салим он мавзеъ ҳам кофта шуд ва аз он ҷо як кӯза тилло пайдо гардид. Пас Султон гуфт: — Шарҳи суханони Муҳйиддини Арабӣ ин аст, ки дар зери пойи ӯ тилло хобида буд. Мардуми замона мақсади ӯро нафаҳмида, ба ноҳақ эъдомаш кардаанд. Ҳамин тавр ду каромати орифи бузург Муҳйиддини Арабӣ ҳам ошкор шуд. Каромати аввал ин буд, ки ӯ бо назардошти симу зари ниҳон ба дунёпарастии инсонҳо ишорат намуд. Дувум, ӯ тақрибан дусад сол пеш аз фатҳи Шом ҳодисаи ба ин мавзеъ омадани Султон Салим ва кашфи турбати худро бо гуфтани «вақте «син» ба «шин» медарояд» хабар дода буд.
Гурӯҳе аз маҷусиён ба Имоми Аъзам чанд суоле доданд. Онҳо таъкид доштанд, ки мо ба Худои шумо бовар надорем ва мехоҳем ба суолҳоямон посухҳои қаноатбахш бигирем. Яке аз онҳо пурсид: — Эй Имом, Худоеро, ки дида наметавонӣ, чӣ гуна парастиш мекунӣ? Имоми Аъзам посух дод: — Агар шумо киштиеро бинед, ки дар миёни мавҷҳои пуртуғёни баҳр бе ягон мушкилӣ шино мекунад, тасаввур карда метавонед, ки он киштӣ бе киштибон аст? Онҳо гуфтанд: — На, ҳаргиз! Сипас Имоми Аъзам гуфт: — Пас бинед, ки курраи Замин монанди киштиест, ки болои як баҳр шино мекунад ва ба ҳеҷ иштибоҳу каҷравие роҳ намедиҳад. Бо вуҷуди ин чӣ гуна метавон гуфт, ки чунин низом худ аз худ амал мекунад? Бешак, Киштибоне ҳаст, ки киштии оламро танзиму идора менамояд. Пас аз ин суханҳои пурмуҳтавои Имоми Аъзам ҳама маҷусиён шаҳодат оварда, мусулмон шуданд.
Дар айёми ҷавонии Имоми Аъзам маҷусие бо нияти тиҷорат ба Басра омад. Дар ин миён ба мардуми он мавзеъ муроҷиат намуда, гуфт: «Ман оташпарастам, зеро оташ вуҷуд дорад ва онро бо чашм дидан мумкин аст. Шумо ҳам он Худоеро, ки мепарастед, ба ман нишон диҳед?! Вале шумо наметавонед, ки Худои хешро ба ман нишон диҳед, чунин Худое вуҷуд надорад. Бузургони худро бихонед. Ман ба онҳо исбот мекунам, ки Худои шумо вуҷуд надорад!» Мардум ба ӯ Абӯҳанифаи ҷавонро нишон дода, гуфтанд: — Гуфтаниҳоятро аввал ба ин ҷавон бигӯ. Агар аз илми ӯ қаноатманд нашавӣ, он гоҳ бузургонамонро даъват мекунем. Маҷусӣ дид, ки Абӯҳанифа ҷавон аст, бо нишони тамасхур гуфт: — Ман бо кӯдакон баҳс намекунам! Вале мардум исрор карданд, ки маҷусӣ пешниҳоди онҳоро қабул намояд ва бо Абӯҳанифаи ҷавон ҳамсуҳбат шавад. Ниҳоят ӯ розӣ шуд ва ҳама қарор доданд, ки субҳи рӯзи дигар дар масҷид мунозира кунанд. Субҳи фардо мардум дар масҷид ҷамъ омаданд. Маҷусӣ болои минбар нишаст ва ҳама ҳамроҳ омадани Абӯҳанифаро мунтазир шуданд. Муддате гузашт, вале Абӯҳанифа ҳозир нашуд. Маҷусӣ аз ин фурсат истифода бурда, чунин гуфт: — Ҷавони донишмандатон ҳаросид! Акнун уламоро даъват кунед! Мардум низ дар хиҷолат монданд, зеро аз Абӯҳанифа чунин амалкардеро чашмдор набуданд. Дар ниҳоят Абӯҳанифа бо гузашти чанд муддат шитобон вориди масҷид шуд ва гуфт: — Бубахшед, ки дер мондам. Дар он тарафи дарё будам. Чун хостам ба тарафи муқобил гузарам, воситае пайдо накардам. Сипас ба дарахтони соҳил гуфтам: «Эй дарахтон! Дарҳол купрук шавед, то аз дарё гузарам!» Онҳо купрук шуданд ва ман ба ин тараф гузаштам. Бо ин сабаб дер мондам. Аз ин суханҳои Абӯҳанифа маҷусӣ қаҳ-қаҳзанон хандиду гуфт: — Бубинед, ки ин ҷавон ҳатто ба ҳамсуҳбатӣ намеарзад. Оё дарахт худ аз худ ба купрук мубаддал мегардад? Абӯҳанифа гуфт: — Агар дарахте ҳам худ аз худ купрук шуда натавонад, пас ин олами бузург чӣ гуна худ аз худ ба низом медарояд? Мардум аз сухани Абӯҳанифа ба ваҷд омада, такбир гуфтанд. Сипас маҷусӣ гуфт: — Хуб, ба ман гӯед, ки чаро Худои шуморо бо чашм дида намешавад? Ҳар чизе ки вуҷуд дорад, ба чашм аён аст. Худои шумо ки аён нест, пас вуҷуд надорад. Абӯҳанифа пурсид: — Шумо ба мавҷудияти ақли инсон бовар доред? Маҷусӣ посух дод: — Албатта, бовар дорам. Абӯҳанифа гуфт: — Ин тавр бошад, ақли худро ба ман нишон диҳед! Маҷусӣ посух дод: — Ақлро нишон додан номумкин аст. — Модоме ки ақли шумо ба чашм аён нест, оё ман метавонам даъво кунам, ки он вуҷуд надорад, — гуфт Абӯҳанифа ва илова намуд: — Пас маълум мешавад, ки ҳастии баъзе мавҷудот ба дидан вобаста нест. Масалан, мавҷудоте ҳамчун ақлу рӯҳ ба чашм ноаён бошанд ҳам, дар мавҷудияташон шубҳае нест. Бо шунидани ин суханҳо мардум боз такбир оварданд. Сипас маҷусӣ пурсид: — Пас бигӯ, ки ҳоло Худои шумо ба чӣ кор машғул аст? Абӯҳанифа посух дод: — Аз минбар поён шавед ва ман дар он ҷо нишаста, ба ин суолатон посух бигӯям. Маҷусӣ аз минбар поён шуд ва Абӯҳанифа ба ҷойи ӯ нишасту гуфт: — Ҳоло Худованд ҷоҳилеро аз минбар фароварду кӯдакеро ба ҷояш шинонд, то ӯ аз ин кӯдак ибрат омӯзад. Маҷусӣ дар назди ақлу хиради Абӯҳанифа мағлуб гашт ва ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуда, калимаи шаҳодат ба забон оварду мусулмон шуд.
Мулҳиде ба назди донишманд омаду пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон бидеҳ! Ва агар ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад? Ҳамчунин, агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Донишманд суолҳои мардро ботамкин гӯш кард ва баъд аз замин хиштпорае гирифту начандон сахт ба сари он мулҳид зад. Аз зарби хиштпора сари мулҳид ба дард омад ва ӯ ҳамоно ба қозӣ шикоят кард. Қозӣ ҳар дуи онҳоро даъват намуда, пурсид: — Чаро ба сари ин мард бо хишт задӣ? Донишманд гуфт: — Аз ман се савол пурсид ва ман бо ин амал ба саволҳои ӯ ҷавоб гуфтам. Қозӣ пурсид: — Чӣ тавр? Донишманд посух дод: — Дар аввал ӯ аз ман пурсид: «Агар Худо вуҷуд дошта бошад, Ӯро ба ман нишон деҳ». Пас, агар сараш ба дард омада бошад, он дардро ба ман нишон диҳад! Сипас аз ман пурсид: «Ҳамаи амалҳоро Худо меофарида бошад, пас чаро гунаҳкор муҷозот мешавад?» Модоме ки ӯ чунин ақида дорад, чаро аз ман шикоят мекунад?! Ҳамчунин аз ман пурсид: «Агар шайтон аз оташ бошад, дар дӯзах чӣ гуна месӯзад?» Пас худи ин мулҳид, ки аз хок офарида шудааст, сараш аз зарби хишт чӣ гуна ба дард омад? Аз шунидани суханони донишманд мулҳид аз даъвояш гашт, қозӣ муътақид шуд ва донишманд раҳо ёфт.
Донишманде азми сафар кард ва ба ҳамсараш гуфт: — Ман ба сафар мебароям. Қабл аз рафтан чӣ қадар озуқа омода намоям? Ҳамсари ӯ зане буд, ки ба Худо таваккалу эътимоди қавӣ дошт. Пас гуфт: — Ризқе мехоҳам, ки то охири умрам кифоят кунад. Донишманд аз ин сухан дар шигифт афтод ва пурсид: — Аз куҷо донам, ки умри ту чӣ қадар аст? Ҳамсараш гуфт: — Ин тавр бошад, ризқу рӯзиямро ба Оне ҳаволанамо, ки дарозии умрамро донад. Аз чунин таваккалу эътимоди қавӣ ҳайрати донишманд афзуд. Ӯ дар ниҳоят барои ҳамсараш озуқае нагузошта ба сафар баромад. Ҳамсоязанҳо аз рафтани донишманд хабардор шуда, аз ҳамсараш пурсиданд: — Шавҳарат чӣ қадар ризқу рӯзӣ гузошт? Ӯ посух дод: — Ҳамсари ман ризқдиҳанда не, балки ризқхӯр аст. Ризқ танҳо аз ҷониби Худованд аст. Инсонҳо танҳо воситаи дарёфти ризқ ҳастанду бас.
Марде зиндагии худро аз ҳисоби ҳезумкашӣ пеш мебурд. Ӯ ибодаташро ба ҷой меовард ва ба ҳеҷ кас коре надошт. Дар ҳамсоягии онҳо деҳае буд, ки аҳолии он ҷо дарахтеро муқаддас шумурда, парастиш мекарданд. Рӯзе ҳезумкаш худ ба худ андеша кард: «Чӣ мешавад, агар дарахти муқаддаси онҳоро аз барои ризои Худо решакан намуда, ҳамчун ҳезум дар бозор фурӯшам. Дар ин ҳол маблағ ҳам ба даст меояду қавме ҳам аз куфр наҷот меёбад». Ӯ бархосту бо қасди решакан кардани он дарахт ба роҳ баромад. Дар роҳ бо марде рӯ ба рӯ омад, ки сурати зишту рангу рӯйи пажмурда дошт. Марди зиштрӯ аз ҳезумкаш пурсид: — Ба куҷо меравӣ? Ҳезумкаш посух дод: — Барои буридани дарахте меравам, ки мардум онро ба Худо шарик оварда, парастиш мекунанд. Сипас мард гуфт: — Ман Иблисам ва намегузорам, ки ту он дарахтро бибурӣ! Ҳезумкаш аз ин сухан ба ғазаб омад ва хост Иблисро ба қатл расонад. Ӯ ба Иблис ҳамла оварда, онро ба замин афтонд ва ба гарданаш ханҷар гузошт. Дар ин ҳол Иблис гуфт: — Ту маро кушта наметавонӣ, чун Худованд то рӯзи қиёмат ба ман фурсат додааст. Хубаш биё, бо ту шартномае бандем. Ман ҳар рӯз ба ту як тангаи тилло медиҳам ва ту аз буридани он дарахт даст мекашӣ. Туро бо ин ки мардум гуноҳ содир мекунанд ё савоб мегиранд, чӣ корест?! Маблағро бигир ва аз пайи зиндагии худ бишав! Ҳезумкаш розӣ шуд ва Иблисро аз дами теғ раҳо кард. Иблис ба ӯ гуфт, ки ҳар субҳ чун аз хоб бихезад, аз зери болинаш тилое хоҳад ёфт. Ҳамин тавр ҳезумкаш аз буридани дарахт даст кашида, ба хона баргашт. Пагоҳӣ аз хоб бархеста, аз зери болинаш тангаи ваъдагиро пайдо намуд ва ниҳоят хурсанд шуд. Рӯзи дигар чун аз хоб хеста, ба зери болинаш назар кард, тангаи дигаре наёфт. Ӯ беҳад дар ғазаб шуда, боз бо қасди буридани он дарахт ба роҳ афтод. Ин бор ҳам бо Иблис рӯ ба рӯ шуд ва бо хашму ғазаб ба ӯ гуфт: — Эй лаин! Маро фиреб додӣ! Ҳезумкаш бо гуфтани ин суханҳо ба Иблис ҳуҷум кард. Вале ин бор Иблис ӯро ба замин афтонд. Марди сода ҳайрон шуда, ба Иблис ботааҷҷуб нигарист. Иблис тамасхуромез гуфт: — Эй содалавҳ! Имрӯз дар муқобили ман коре аз дастат намеояд, чун ҳоло барои ризои Худо наомадаӣ! Дирӯз, ки ба хотири ризои Парвардигор ба буридани он дарахт азм намудӣ, на танҳо ман, балки тамоми шайтонҳои рӯйи замин ҳам муттаҳид шуда, ба ту ҳамла мекарданд, мағлуб меафтоданд. Ҳоло бошад дарахтро на аз барои Худо, балки барои он буридан мехоҳӣ, ки туро аз тилло маҳрум сохтам. Аз ин рӯ мағлуб шудӣ ва наметавонӣ ба мақсад бирасӣ.
Рӯзе Луқмони Ҳаким бо писараш аз деҳае ба деҳаи дигар сафар мекарданд. Онҳо танҳо як хар доштанд, ки борҳояшонро мекашид. Дар роҳ роҳ душвор буд ва онҳо аз байни биёбону кӯҳҳо мегузаштанд. Дар роҳ баъзан душворие пеш меомад — масалан, як қисми роҳ санглох буд ё ҳаво хеле гарм мешуд. Писари Луқмон дар ҳар як чунин лаҳза каме нороҳат мешуд ва мегуфт: — «Падарҷон, чаро роҳи мо ин қадар душвор аст? Чаро ин қадар гармӣ ва хастагӣ мекашем?» Луқмон ҳеҷ чиз намегуфт, танҳо бо табассум сар ҷунбонда, роҳашро давом медод. Ниҳоят, онҳо ба чашмаи оби софу зулоле расиданд, ки дар соҳили он дарахтони калони сояафкан мерӯиданд. Онҳо дар он ҷо таваққуф карданд, то каме истироҳат кунанд ва об нӯшанд. Луқмон аз халтаашон каме нон ва намак баровард ва ба писараш дод, то бо оби чашма бихӯранд. Писари Луқмон нонро бо намак хӯрд ва гуфт: — «Падарҷон, оби ин чашма чӣ қадар ширин аст! Аммо агар бо ин нон каме гӯшт ё ғизои беҳтаре медоштем, боз ҳам беҳтар мешуд. Ин таом хеле содда аст». Луқмон ба писараш нигарист ва пурсид: — «Эй писарам, агар аз ту бипурсанд, ки беҳтарин ва боарзиштарин неъмати дунё кадом аст, чӣ мегӯӣ?» Писари нозук каме фикр карду гуфт: — «Шояд сарват, хонаи зебо, аспу чорво ё хӯрокҳои лазиз бошад». Луқмон сар ҷунбонд ва гуфт: — «На, писарам. Беҳтарин ва бузургтарин неъмати Худованд дар ин дунё тандурустӣ ва осоиш аст. То замоне ки инсон тандуруст аст ва дар фароғат зиндагӣ мекунад, шояд қадри онро надонад. Аммо ҳар касе, ки бемор шавад ё ба мушкилие рӯ ба рӯ гардад, мефаҳмад, ки саломатӣ аз ҳама гаронбаҳотар аст. Баъд аз он, Луқмон илова кард: — «Писарам, ҳеҷ гоҳ аз душвориҳои хурди роҳ нороҳат нашав ва ҳеҷ гоҳ неъматҳои дар даст доштаатро хурд машумор. Шукргузорӣ калиди хушбахтӣ аст. Касе, ки ба он чӣ дорад шукр мекунад, ҳамеша шодмон аст, аммо касе, ки доимо шикоят мекунад, ҳатто дар беҳтарин шароит низ худро камбағал ва бадбахт ҳис мекунад». Ин суханон дар дили писар таъсири амиқ гузоштанд ва ӯ дигар ҳеҷ гоҳ аз душвориҳои хурд шикоят накард.
Дар як деҳаи зебо писараке бо номи Одил зиндагӣ мекард. Одил писари хуб буд, аммо баъзан фаромӯш мекард, ки ба калонсолон салом диҳад ё ҳангоми суҳбат одоби муоширатро риоя кунад. Рӯзе Одил ба боғи бобои худ рафт. Бобояш дар дасташ як сабад себи сурхи ширин дошт. Одил давида омад ва бе ҳеҷ гап дасташро ба сӯйи сабад дароз карда гуфт: — Бобо, ба ман себ диҳед! Бобояш табассум кард ва сабадро каме ақиб кашида, оҳиста гуфт: — Одилҷон, медонӣ, себҳои ин боғ хеле ширинанд, аммо онҳо танҳо ба кӯдаконе супорида мешаванд, ки калиди калимаҳои сеҳрноки одобраро медонанд. Одил ҳайрон шуда пурсид: — Калиди калимаҳои сеҳрнок? Онҳо кадомҳоянд? Бобо пурсид: — Вақте ба касе наздик мешавӣ, аввал чӣ мегӯӣ? Ҳангоми хостани чизе чӣ мегӯӣ? Ва вақте чизе мегирӣ, чӣ мегӯӣ? Одил як лаҳза фикр кард ва шармсор шуда сарашро хам кард. Ӯ фаҳмид, ки чӣ хатое кардааст. Сипас бо овози мулоим ва табассум гуфт: — Ассалому алейкум, бобоҷон! Лутфан, ба ман ҳам як себ медиҳед? Бобояш шод шуда, себи аз ҳама калону сурхро ба ӯ дод. Одил себро гирифта гуфт: — Ташаккури зиёд, бобоҷон! Бобояш сари Одилро сила карда гуфт: — Офарин, писарам! Одоб ва салом бузургтарин зебоии инсон аст. Калимаҳои «Ассалому алейкум», «Лутфан» ва «Раҳмат» дили ҳамаро шод ва роҳҳоро кушода мекунанд. Аз ҳамон рӯз инҷониб Одил ҳамеша бо ҳама боэҳтиром ва боодоб суҳбат мекард ва дар деҳа ҳама ӯро дӯст медоштанд. Панди қисса: Инсонро одоб зебо мекунад. Саломи босамимият, эҳтироми калонсолон ва истифодаи калимаҳои хуш дилҳоро ба ҳам наздик месозад.
Модарро эҳтиёт ва эҳтиром кунед, дӯст доред, ки онҳо сарчашмаи муҳаббати ҷовидонаанд. Юсуфҷон Аҳмадзода Шип-шип... Шип-шип... Ба гӯшам шарфаи по мерасад, шарфаи форам. Гоҳ аз дур ва гоҳ аз наздик. Ман гӯш бар он медиҳам. Шип-шип... Шип-шип...
Огоҳиҳои инсон Муртазо Мутаҳҳарӣ Инсон ҳам худогоҳ аст ва ҳам ҷаҳоногоҳ ва дӯст медорад аз худ ва аз ҷаҳон огоҳтар гардад. Расидан ба камолу пешрафту саодати ӯ вобаста ба ин ду огоҳӣ аст. Аз ин ду огоҳӣ кадом аз назари аҳамият дар дараҷаи аввал аст
Фазлиддин Муҳаммадиев. «Дар он дунё», яке аз беҳин офаридаҳои муаллиф ва хонданитарин қиссаҳои адабиёти имрӯзи тоҷик мебошад, ки шуҳрати нависандаву адабиёти муосирамонро ҷаҳонӣ гардонидааст.

Рӯзе марди сарватманде зиндагӣ мекард, ки рамаҳои зиёди гӯсфанд дошт. Ӯ чӯпоне дошт, ки марди бисёр некӯкор, ростқавл ва парҳезгор буд. Чӯпон ҳар рӯз гӯсфандонро медӯшид ва тамоми ширро, бе он ки чизе аз он кам кунад, назди соҳибаш меовард. Аммо соҳиби
Ҳикояти пандомӯз дар бораи ҳирсу тамаъ ва оқибати молпарастӣ Рӯзе ҳазрати Исо (алайҳиссалом) бо марде ҳамсафар шуд. Онҳо муддате роҳ рафтанд ва ниҳоят гурусна шуданд. Вақте ба деҳае расиданд, ҳазрати Исо (а) ба ҳамсафараш гуфт: — Бирав, барои хӯрдан
Рӯзе шайх Абӯтуроб ҳамроҳи дӯстону шогирдонаш аз Макка берун омад. Дар роҳ ба ҳамроҳонаш гуфт: — Шумо бо роҳи асосӣ биравед, ман бошам, аз роҳи Табук меравам. Ҳамроҳонаш гуфтанд: — Эй шайх, ҳаво бисёр гарм аст! Чаро мехоҳӣ аз чунин роҳи душвор биравӣ? Абӯтуроб ҷавоб дод: — Чораи дигаре нест. Аммо шумо, вақте ба шаҳри Рамла расидед, ба хонаи фалон дӯстамон биравед ва дар он ҷо меҳмон шавед. Ҳамроҳонаш мувофиқи гуфтаи шайх роҳи худро идома доданд. Вақте ба шаҳри Рамла расиданд, ба хонаи ҳамон дӯст рафтанд. Соҳибхона онҳоро бо меҳрубонӣ истиқбол гирифт ва барои меҳмонон чор порча гӯшти бирён овард. Ҳамин ки онҳо хостанд хӯрок бихӯранд, ногаҳон парандаи шикорие аз осмон поён омад ва яке аз порчаҳои гӯштро бо чанголҳояш гирифта, парвоз кард. Ҳамроҳони шайх аз ин ҳодиса ҳайрон шуданд, вале гуфтанд: — Маълум мешавад, ки он порчаи гӯшт рӯзии мо набудааст. Сипас се порчаи боқимондаро хӯрданд. Ду рӯз гузашт ва Абӯтуроб низ ба назди онҳо расид. Ҳамроҳонаш аз ӯ пурсиданд: — Эй шайх! Дар ин роҳи дарозу гарм чӣ гуна сафар кардӣ? Оё дар роҳ чизе барои хӯрдан пайдо намудӣ? Абӯтуроб ҷавоб дод: — Дар тамоми роҳ чизе наёфтам, ғайр аз он ки фалон рӯз парандае аз осмон як порча гӯшти бирёнро ба пеши ман андохт. Ман онро гирифтам ва хӯрдам. Ҳамроҳонаш бо шунидани ин сухан дар ҳайрат монданд ва гуфтанд: — Эй шайх! Пас мо бо ҳам хӯрок хӯрдаем! Зеро ҳамон рӯз, ки мо дар Рамла меҳмон будем, парандае аз осмон фуруд омад ва як порча гӯшти бирёнро аз пеши мо рабуд. Акнун маълум шуд, ки он гӯшт ба ту расидааст! Абӯтуроб гуфт: — Сидқ чунин аст! Панду ҳикмати ҳикоят Ин ҳикояти ирфонӣ ба мо се маънои муҳимро мерасонад: Рӯзӣ аз ҷониби Худованд аст. Дар ҳикоят таъкид мешавад, ки он чӣ барои инсон муқаррар шудааст, метавонад аз роҳе, ки интизор надорад, ба ӯ бирасад. Таваккал ба Худованд. Абӯтуроб дар роҳи душвор ба Худованд таваккал мекунад ва дар нақли ҳикоят ризқи ӯ ба таври ғайриодӣ мерасад. Сидқ ва ихлос. Дар истилоҳи тасаввуф «сидқ» танҳо ростгӯӣ нест, балки ростии дил, самимият дар имон ва устуворӣ дар роҳи Худовандро низ ифода мекунад. Маънои калимаҳои душвор Асҳоб — ҳамроҳон, дӯстон ва ёрон. Ҷода — роҳи калон, роҳи асосӣ. Табук — номи маҳал ва минтақае дар шимолу ғарби Арабистон. Рамла — номи шаҳре дар Фаластин. Фурӯд омадан — дар ҷое таваққуф кардан, меҳмон шудан. Заған (мушгир) — парандаи шикорӣ. Бирабуд — зуд гирифта бурд. Сидқ — ростӣ, самимият ва садоқат. Хулоса: «Рӯзии ҳар кас ба ӯ аз роҳе мерасад, ки баъзан ҳатто тасаввурашро намекунад».
Рӯзе донишҷӯи некӯкоре, ки зиндагии бисёр камбағалона дошт, ба дари хонаи марди сарватманд, вале бахиле рафт. Донишҷӯ дарро кӯфт. Вақте соҳиби хона берун омад, бо эҳтиром гуфт: — Эй хоҷа! Шунидаам, ки ту як қисми молу сарвати худро барои кӯмак ба ниёзмандон ҷудо кардаӣ. Ман низ шахси ниёзмандам ва дар зиндагӣ ба мушкилоти сахт дучор шудаам. Умед дорам, ки ба ман ҳам ёрӣ мерасонӣ. Марди бахил, ки намехост аз молаш чизе бидиҳад, баҳонае ёфту гуфт: — Дуруст шунидаӣ. Ман як қисми моламро барои кӯмак ҷудо кардаам, аммо онро танҳо ба одамони нобино медиҳам. Ту бошӣ, чашмони бино дорӣ! Донишҷӯ аз ин сухан ранҷид, вале бо оромӣ ва зиракӣ ҷавоб дод: — Эй хоҷа! Ту хато мекунӣ. Нобинои ҳақиқӣ ман ҳастам! Марди сарватманд ҳайрон шуд ва пурсид: — Чӣ гуна? Магар ту намебинӣ? Донишҷӯ гуфт: — Ман аз он ҷиҳат нобино ҳастам, ки аз Худованд, ки рӯзидиҳандаи ҳақиқии ҳамаи бандагон аст, рӯй гардонда, барои ёрӣ хостан ба дари шахси бахиле монанди ту омадаам! Ин суханро гуфту рӯй гардонд ва аз он ҷо рафт. Марди сарватманд аз шунидани ин ҷавоби пурмаъно сахт таъсир ёфт. Вай фаҳмид, ки бо бахилии худ чӣ гуна дили як шахси ниёзмандро озурдааст. Дарҳол аз паси донишҷӯ давид ва гуфт: — Эй ҷавон! Баргард! Ман аз сухани худ пушаймонам. Ҳар чӣ мехоҳӣ, ба ту медиҳам! Аммо донишҷӯ дигар барнагашт. Ҳарчанд марди сарватманд аз ӯ хоҳиш кард, ҷавон пешниҳоди ӯро қабул накард ва роҳи худро идома дод. Панду ҳикмати ҳикоят Ин ҳикоят ба мо чанд дарси муҳим меомӯзад: Бахилӣ хислати нописанд аст. Сарват вақте арзиш пайдо мекунад, ки инсон аз он барои корҳои нек ва ёрӣ ба ниёзмандон истифода барад. Шарафи инсон аз молу сарват болотар аст. Донишҷӯ бо вуҷуди ниёзмандӣ нахост барои гирифтани кӯмак таҳқир шавад. Худованд рӯзидиҳандаи ҳақиқист. Инсон метавонад аз дигарон ёрӣ бихоҳад, аммо набояд умеди худро танҳо ба дасти мардум бандад. Сухани ҳақ метавонад дили инсонро дигар кунад. Ҷавоби донишҷӯ сабаб шуд, ки марди бахил аз рафтори худ пушаймон гардад. Маънои калимаҳои душвор Толибилми солиҳ — донишҷӯи некӯкор ва парҳезгор. Бахил — шахси хасис, касе, ки аз додани мол худдорӣ мекунад. Арбоби истеҳқоқ — шахсоне, ки сазовори гирифтани кӯмак ҳастанд. Мустаҳиқ — ниёзманд, сазовори ёрӣ. Фурӯмонда — дармонда, гирифтори мушкилӣ. Раззоқи ҳақиқӣ — Худованд, ки рӯзии ҳамаи мавҷудотро мерасонад. Мутаассир шуд — таъсир гирифт, дилаш нарм шуд. Дараҷаи қабул наёфт — хоҳишаш пазируфта нашуд. Хулоса: «Бойигарии ҳақиқӣ дар бисёрии мол нест, балки дар саховатмандӣ ва бузургии дил аст».
Рӯзе падару писареро назди ҳоким оварданд, то онҳоро ҷазо диҳанд. Ҳоким фармон дод, ки аввал падарро сад зарбаи чӯб зананд. Ҷаллодон падарро ба замин хобонданд ва ба задани ӯ оғоз карданд. Падар бо вуҷуди дарди сахт ҳатто як бор ҳам оҳ накашид ва нола накард. Ӯ ҳамаи сад зарбаро бо сабру таҳаммул тоқат намуд. Сипас навбати писараш расид. Ҳамин ки ҷаллод аввалин зарбаи чӯбро ба тани писар зад, падар ногаҳон ба нолаву фарёд даромад. Ҳоким аз ин ҳолат ҳайрон шуд ва пурсид: — Эй мард! Туро сад зарбаи чӯб заданд, аммо ҳатто як бор оҳ накашидӣ. Акнун ба писарат ҳамагӣ як зарба заданд, чаро ин қадар нолаву фарёд мекунӣ? Падар бо дили пурдард ҷавоб дод: — Эй ҳоким! Он сад зарбае, ки ба ман заданд, ба тани ман мерасид ва ман метавонистам дардашро таҳаммул кунам. Аммо акнун чӯб ба ҷигари ман мерасад. Чӣ гуна метавонам дарди ҷигарамро таҳаммул кунам?! Панду ҳикмати ҳикоят Ин ҳикоят муҳаббати бепоёни падар ба фарзандро нишон медиҳад. Падар тавонист дарди сад зарбаи чӯбро таҳаммул кунад, аммо аз дидани азоби фарзандаш тоқаташ тамом шуд. Дар ин ҷо калимаи «ҷигар» ба маънои фарзанди азиз омадааст. Дар адабиёти тоҷик фарзандро «ҷигарбанд» мегӯянд, зеро ӯ мисли порае аз ҷону тани падару модар азиз аст. Ҳикоят ба мо меомӯзад, ки баъзан дидани ранҷи шахси дӯстдошта аз таҳаммул кардани дарди худи инсон душвортар аст. Хулоса: Дарди танро метавон таҳаммул кард, аммо дарди фарзанд ба дили падару модар мерасад.
Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Баъди 20 сол ба хона баргашт Соли 1975 ҳангоми ҷанг дар Камбоҷа як сарбози ветнамӣ чунон захми вазнин бардошт, ки ўро мурда пиндоштанд. Вай дар лазарет мехобид, кӣ буданашро дар ёд надошт. Падараш нома гирифт, ки фарзанди ў дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудааст. Вале сарбози “кушташуда” ҳеҷ ба мурдан тан намедод. Баъди ба по хестан, саросари Ветнамро қадам зад. Орзуи ягонааш ҳамин буд, ки рўзе хотирааш барқарор мегардад. Боре қаландарвор ба зодгоҳаш ворид гашт, вале деҳаро нашинохт. Аммо ўро рафиқони бачагиаш шинохта, ба назди модараш оварданд. Вақте ки модари 72- сола ба гардани писараш дастонашро ҳалқа баст, хотираи сарбоз ҳамон лаҳза – баъди гузашти 20 сол барқарор шуд.
«Нон ҳам нону мағзреза ҳам нон» – ба эҳтироми нон чунин гӯяд халқ. Вале ин «Мағзреза» аз чанд мағз таркиб ёфта: мағзи сар, мағзи устухон ва мағзи дил.

Китоби мазкур асари бадеии Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо ва навиштаҳои муаллиф пешниҳоди хонандагон гардидаанд.

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Рӯзе шогирде пас аз солҳои зиёд таҳсил кардан, хондани тафсир, ҳадис ва илмҳои динӣ назди устодаш омад. Бо хушҳолӣ гуфт: — Устод, таҳсиламро ба поён расондам. Агар иҷозат диҳед, мехоҳам ба байни мардум равам ва бо илме, ки омӯхтаам, онҳоро ҳидояту
Дар таърихи башарият ҳеҷ гоҳ шаҳри аз Бобил машҳуртаре набуд. Танҳо номи он тасаввуроти сарват ва шукуфоиро ба вуҷуд меорад. Ганҷҳои он беинтиҳо буданд. Одами муосир беихтиёр чунин як шаҳри бошукӯҳро тасаввур мекунад, ки дар боғҳои биҳиштӣ ғарқ шуда,
Дар сари корвони худ Шарру Нада, як савдогари Бобил, бо ифтихор савор мешуд. Ӯ либосҳои зеборо дӯст медошт ва акнун дар тан либоси бошукӯҳу зебо дошт. Вай аспҳои зеборо низ дӯст медошт ва худро дар болои аспи пурқувваташ бо ифтихор нигоҳ медошт. Ба ӯ
Панҷоҳ тангаи тилло! Дар ҳамёни Родан, найзасози Бобил, ҳеҷ гоҳ ин қадар тилло набуд. Усто хушҳолона аз кӯчаи марказӣ гузашта, аз қасри подшоҳ дур мешуд. Тилло дар ҳамёнаш бо ҳар қадам ҷарангос мезад ва ин ширинтарин мусиқие буд, ки ӯ дар умраш шунида
— Агар байни як халтаи вазнини тилло ва тахтаи гилине, ки дар он суханони оқилона нақш бастаанд, интихоб медоштед, кадомашро афзал медонистед? Чеҳраҳои хастаи шунавандагон, ки дар торикии шом боз ҳам тиратар ба назар мерасиданд, бо шавқ равшан
Агар инсон хушбахт бошад, вай дар ҳама чиз хушбахт аст. Ӯро ба Фурот бипартоед ва ӯ ҳатман бо гавҳаре дар даст аз об берун хоҳад омад. Орзуи бахт абадӣ ва вайроннашаванда аст. Сокинони Бобили қадим орзуи муваффақиятро мекарданд, чунон ки ҳамзамонони мо
Шуҳрати Бобил сол то сол бештар мегардид. Асрҳо гузаштанд, аммо мо то ҳол дар бораи он ҳамчун яке аз сарватмандтарин шаҳрҳои замони қадим ҳарф мезанем ва ганҷҳои он то ҳол хаёлотро ба ваҷд меоранд. Аммо Бобил на ҳамеша чунин буд. Сарвати он натиҷаи
– Бубахшед, бародар, аз роҳ мегузаштам, дар кӯча ин гов меистод, магар аз шумо нест? – гуфт марде, ки дар бар либоси тозаю озода пӯшида буд ва ресмони говеро дар даст дошт. – Не, мо гов надорем, – ҷавоб дод марди камбағале, ки ҳамеша ба доштаи худ бо шукргузорӣ зиндагӣ мекард. – Ман ба маҷлис хеле шитоб дорам. Ин гов то омадани соҳибаш ба хонаи шумо истад. Агар соҳибаш ҷустуҷӯ карда ояд, ба ӯ медиҳед. Нагузоред, ки ба ягонҷо рафта монад то ки соҳибаш ҷустуҷӯ карда овора нашавад, – гуфт он мард. – Хуб, ака, майлаш. Агар соҳибаш биёяд, номи шуморо мегӯям. Инсони хеле хубе будаед, – гуфт марди камбағал. – Майлаш, номи маро гӯед. Агар касе пурсида наояд, худам говро гирифта мебарам, гӯён хандид он шахс. – Хуб, ака… «Агар дӯсти падараш ба ӯ амак бошад, якто гов ҳадя кунад ҳам иҷрои ҳаққи дӯстиву ҳам саховат мешавад-да», – андешид марди фақир. «Боз роҳҳои саховатро ҷӯё шуда ёбад мешавад ку» аз фикр гузаронд ӯ. Субҳи рӯзи дигар, марде, ки бо шукргузорӣ зиндагӣ мекард, дар назди дарвозааш як коғазеро ёфт. Дар он навишта шуда буд: «Гове, ки дирӯз ресмони онро ба шумо супорида будам, аз они худатон будааст. Ин тӯҳфаи Парвардигор ба шумост, ки боз соҳибаш ҷустуҷӯ карда меояд гӯён мунтазир нашавед. Гов муборак бошад, дӯстам!»
Шабҳое ҳастанд, ки гузашта мисли сояи дарахтони балут бар рӯи хотир меафтад. Номи ман Элеллена Уитмор аст ва рӯзе буд, ки ҷомеаи Вирҷиния маро ҳукм кард: «Занӣ, ки ба шавҳар рафтанаш номумкин аст». Дар ҳаштсолагӣ, вақте аспам тарсидаву маро ба замин
Писаре чанд вақт буд, ки аз Модараш дур буд. Модар ҳар рӯз ба писараш занг мезад ва мегуфт писарам зуд биё пеши ман, ки ман хеле туро ёд кардаам. Писар ҳар рӯз Модарашро фанд мекард ва мегуфт: Модар пагоҳ меоям, пагоҳ меоям. Ҳар рӯз ин гапро мегуфт, вале
Замоне, дар як деҳаи дурдаст, писарбачае бо номи Юсуф зиндагӣ мекард. Ӯ писари меҳрубон, вале каме беандеша буд. Гарчанде намоз мехонд ва дӯстдори амали нек буд, борҳо калимаҳое мегуфт, ки дағал ва сахт буданд. Ӯ гумон мекард, ки ҳар гапи гуфтанӣ, агар
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Мехрубонии Шуморо ёд кардам, Модарҷон. Хушзабонии Шуморо ёд кардам, Модарҷон... Модарҷони азизам. Ман менависам бароятон. Дар шабҳои ғариби дар ёди Шумоям. Боз менависам аз бароятон сатрҳои сипосу эҳтироми хешро. Нимаи шаб нишаста ёдатон мекунам.
Нақл аст, ки Нуҳ ибни Марям, қозии шаҳри Марв буд. Ӯро духтаре буд, бузургони шаҳри Марв духтарро хостгорӣ мекарданд, аммо қозӣ хостгорҳоро рад мекард. Вай мегуфт, ки ман духтарамро танҳо ба ҷавони парҳезгор медиҳам ва барои духтараш ҷавони муносиб
Устоде, дар дарси дин ба толибилмони мактаби миёна, ки тақрибан синфҳои 7–8-тум буданд дарсро оғоз кард. Мавзӯъ: Имон ба малоикаҳо буд. Устод ба тахтаи синфӣ номи мавзӯъро навишт ва шурӯъ кард ба таърифи малоикаҳо. Малоикаҳо ҳамеша ва ҳаммавақт дар зикру
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ҷавондухтари ятиме, ки ғайр аз модараш касе надошт, шавҳар кард. Бадбахтона, шавҳараш ниҳоят марди дуруштхӯй буд ва дар ҳаққаш хеле зулму ситам мекард. На танҳо шавҳараш, ҳатто аҳли оилааш низ бо ӯ муомилаи бад мекарданд, шабу рӯз мисли хидматгор кор
