Зеҳн
Дунё·Дунё·19 рӯз пешНашрия

БОЛАЗЗАТТАРИН ТАОМ

Рӯзе писари Луқмони Ҳаким ба падараш савол дод:

     - Падарҷон, шумо аз ҳама ҳакимтаред, мехоҳам бифаҳмам, ки кадом таом дар дунё болаззаттарин аст?

   Луқмони Ҳаким чунин ҷавоб дод:

  - Иштиҳо.

   Писараш:

  - Ман ба ин бовар намекунам. Охир иштиҳои кас ба гуфти мардум ба хӯрок вобаста аст. Чӣ қадаре ки хӯрок болаззат бошад, иштиҳо ҳам ҳамон қадар фаровонтар мегардад. Луқмон:

  - Бале, писарам, - ҷавоб гардонида, дигар доир ба он савол ҳарфе назад. Вале пас аз чанд вақт Луқмони Ҳаким писарашро  ҳамроҳи худ гирифта ба шикор мебарояд. Бегоҳӣ пеш аз сафар Луқмон ба ҳамсараш фармуд, ки ҳамчун тӯша барои онҳо зағораи (нони) арзанӣ тайёр намояд. Субҳидам оилааш нони зағораро ба халтаи шикорӣ андохта, падару писарро ба шикори сайд равон кард. То бегоҳ падару писар дар марғзор машғули шикор шуданд, ягон бор таом нахӯрданд. Бегоҳӣ ҳар ду назди чашмае нишаста дам гирифтанд. Падар зағораро аз халта бароварда, ба болои локиш гузошт ва ҳар ду ба хӯрдан шурӯъ карданд. Писари гуруснааш зағораро бо иштиҳои хеле баланд мехӯрд. Пас аз хӯрдани таом ӯ ба падараш савол кард:

  - Ин қадар хӯроки аҷоиб, кас дар дунё аз ин хӯроки болаззатро то имрӯз надидааст.

   Луқмон худро ба сукунат андохта, чизе ба писараш нагуфт. Чанд рӯз пас ҳамсари Луқмон ба болои дастархон зиёфат ва неъматҳои зиёдеро гузошта, падару писарро ба хӯроки нимрӯзӣ даъват кард. Онҳо бо иштиҳои том таомҳои якуму дуюмро истеъмол карданд. Баъдтар модараш ба болои дастархон зағораи арзаниро гузошт ва ба аҳли оилааш гуфт:

    - Марҳамат, агар маъкул шавад, ба шумо ҳатман аз ин зағора метавонам, андозае бозпасин бидиҳам. Писари Луқмони Ҳаким он зағораро ба даҳон гирифт ва табъаш якбора хира шуда қариб буд, ки хӯроки хӯрдаашро бипартояд. Вале бо як ҳоле худро аз партофтан раҳо дод:

   Луқмон ин аҳволро дида пурсид:

   - Чӣ шуд, зағораи болаззати таърифиатро намехӯрӣ?

   Писараш:

   - Акнун ман иқрор шудам, ки аз иштиҳо болаззаттар дигар чизе нест...

1. Саволи писар ва посухи Луқмони Ҳаким.

2. Ба ҷавоби падар розӣ нашудани писар.

3. Ба сафар баромадани падару писар.

4. Зағораи арзаниро таъриф кардани писар.

5. Хирагии табъи писари Луқмони Ҳаким баъди бори дуюм хӯрдани он зағора.

6. Ба ғалати хеш иқрор шудани писар.

Луғат:

Локиш – маконе, ки як ҷониб девора дорад ва ҷониби дигар надорад.

Бозпасин – охирин.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.