
Оё медонед
Чун кӯдакон хеле ҳассосу кунҷкованд, суҳбаташон ҳамеша аз суолҳои чуну чаро оғоз меёбад.
Оё сайёраву ситораҳо равшанӣ медиҳанд?
Вақте мо ба осмон менигарем, сайёраҳову ситораҳои шуоъдиҳандаро мебинем. Сайёраҳо барои он шуоъ медиҳанд, ки нурҳои Офтобро акс мекунанд, аммо худи онҳо рӯшноӣ надоранд. Дар асл сайёраҳо ба оина ва ё сатҳи об монанданд; вақте нурҳои Офтоб ба сатҳи онҳо меафтад, онҳо шуоъ медиҳанд ва рӯшноиро «бармегардонанд». Ситораҳо бошанд, худ шуоъ доранд, зеро мисли Офтоб аз маводди сӯзанда иборатанд. Нури ситораҳо то ба Замин масофаеро тай мекунад, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Бинобар ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар асл мо шояд нурҳои ҳазорсолаҳо қабл хомӯшшудаи ситораҳоро мушоҳида мекунем.
Чаро Миррихро сайёраи сурх меноманд?
Агар Миррихро мо тавассути телескоп мушоҳида кунем, сатҳи он ҳамчун ҷисми бузурги сурх ба назар мерасад. Миррих ба Замин наздиктар аст ва дар масофаи 48 миллион километр ҷойгир шудааст. Дар ин сайёра фасли тобистон кӯтоҳ ва зимистонаш дарозу хунук буда, қисми зиёди сатҳи Миррих ях мебандад. Атмосфераи сайёраи мазкур аз газҳои гуногун иборат аст. Зимистон Миррихро абрҳои яхбаста иҳота мекунанд. Ҳарорати он аз –270С то – 1400С тағйир меёбад.
Галилео Галилей
Галилео Галилей олими итолиёӣ (1564–1642) мебошад, ки дар инкишофи илми нуҷум саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчун намояндаи давраи Эҳё, вай ба таҳқиқи соҳаҳои гуногуни илм машғул буд, вале барои як қатор кашфиётҳояш дар соҳаи астрономия (нуҷум) шуҳратёр гашт. Вай аввалин шуда,телескоп сохт ва ба воситаи он Моҳро омӯхт. Баъдтар радифҳои Муштарӣ, ҳалқаи Зуҳал ва гардиши Офтобро ошкор намуд. Мисли корҳои илмии олимони дигар, аз қабили Коперник ва Кеплер, назарияҳои ӯ низ эътироф нашуданд.Чандин сол пас инсоният ба кашфиётҳои вай баҳои баланд дод.
Кураи кайҳонӣ чист?
Кураи (моҳвора)-и кайҳонӣ дастгоҳест, ки дар фазои берун аз атмосфера парвоз мекунад ва ба Замин дар бораи ситораҳо маълумот медиҳад. Барои анҷом додани ин вазифа дар он дастгоҳҳои махсуси назораткунанда насб карда шудаанд. Маҳз ба воситаи моҳвораҳои кайҳонӣ мо баъзе асрори Кайҳонро кашф намудаем.
Сайёраи Зуҳра чӣ гуна аст?
Зуҳра дуввумин сайёраи ба Офтоб наздик буда, ҳарорати он ба 4600С баробар аст. Абрҳое, ки онро иҳота кардаанд, кислотаи ниҳоят тез – кислотаи сулфат доранд. Зуҳра нисбат ба Замин дар гирди Офтоб баръакс давр мезанад. Ғайр аз ин, Зуҳраро метавонем, танҳо субҳгоҳон ва бегоҳӣ мушоҳида намоем. Азбаски субҳгоҳон вай шуоъҳои нисбатан дурахшон дорад, онро шафақи субҳ меноманд. Ба шарофати маҳвораҳои кайҳонӣ маълум карда шуд, ки Зуҳра асосан, аз ҳамворӣ ва ду минтақаи қаторкӯҳ иборат аст ва дар сатҳи он вулканҳои бузурги дорои танӯра ва гудозаҳои сахт низ мавҷуданд. Аз Замин танҳо як тарафи Зуҳра дида мешавад ва мунаҷҷимон онро ҳангоми ба ҳам наздик шудани сайёраҳо мушоҳида мекунанд.
Офтоб чӣ гуна ҳаракат мекунад?
Кайҳон мисли кура (кулӯла) паҳн шудааст ва тамоми сайёраву ситораҳоро ба ҳаракат медарорад. Дар ин раванд Офтоб ҳамроҳи тамоми ҷирмҳои осмонӣ ҷой иваз мекунад. Офтоб дар гирди меҳвари галактика, ки марбути Роҳи Каҳкашон аст, давр мезанад. Ғайр аз ин, Офтоб дар гирди меҳвари худ низ давр мезанад ва ин ҳаракат 25 рӯз давом мекунад. Аз Замин чунин тасаввур мешавад, ки Офтоб ҳангоми ҳаракат дар осмон ҳар рӯз ҳамон як роҳро тай мекунад. Аммо дар асл Замин низ мисли сайёраҳои дигари Манзумаи Офтоб ҳам дар атрофи меҳвари худ ва ҳам дар атрофи Офтоб давр мезанад.
Офтоб аз кадом моддаҳо иборат аст?
Офтоб, мисли тамоми ситораҳои дигар, асосан аз ҳидроген ва ҳелий иборат аст. Ҳидроген сӯзишвориест, ки пас аз сӯхтан ба ҳелий мубаддал мешавад. Ғайр аз ин ду намуди газ, Офтоб унсурҳои зиёди дигар низ дорад, ки ҷинсҳои кӯҳии дар Замин бударо ташкил мекунанд. Азбаски ҳарорати Офтоб ниҳоят баланд аст, онҳо на дар ҳолати сахтӣ, балки дар ҳолати газ вуҷуд доранд.
Ҳарорати Офтоб чӣ қадар аст?
Агар Офтобро ҳамчун кура тасаввур намоем, он гоҳ радиуси он ба 696 000 километр баробар аст, ки ин аз радиуси Замин 109 маротиба дарозтар мебошад. Ҳаҷми он аз сайёраи мо 1.300 000 маротиба калон аст. Вазни он низ аз вазни Замин 133 000 маротиба зиёд аст. Ҳангоми омӯхтани Офтоб олимон қабатҳои зерини онро ба эътибор гирифтаанд: қабати дохилӣ, ки ядро номида шудааст, қабати берунӣ – фотосфера ва сатҳи он, ки фотосфераро иҳота кардааст, хромосфера номида мешавад. Пас аз хромосфера тоҷи Офтоб ҷойгир аст, ки қисми шуоъдиҳандаи Офтобро ташкил мекунад. Қисми дохилии Офтоб – ядроро бевосита мушоҳида кардан аз имкон берун аст, аммо олимон дар натиҷаи таҳқиқот ба воситаи формулаҳои мураккаб муайян намуданд, ки ҳарорати ядрои Офтоб 15 миллион 0С аст. Ҳарорати фотосфера 6 000 0С ва қисми болоии он бошад, 100 000 0С аст.
Манзума (система)-и Офтобӣ чист?
Манзумаи Офтобӣ маҷмӯи сайёраҳое, ки дар мадори Офтоб ҷойгир шудаанд ва ба он тобеъ мебошанд. Шумораи чунин сайёраҳо ҳамагӣ 9-то буда, аз рӯи масофаи ҷойгиршавиашон бо Офтоб онҳоро ба сайёраҳои наздик ва дур ҷудо мекунанд. Инҳо сайёраҳои Уторид, Зуҳра, Замин, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал, Уран, Нептун ва Плутон мебошанд. Ҳар кадоме аз ин нуҳ сайёра ҳам дар гирди меҳвари худ ва ҳам дар гирди Офтоб давр мезананд. Офтоб кашиши гравитатсионӣ дошта, дигар сайёраҳоро намегузорад, ки аз мадораш берун шаванд. Баъзе аз ин сайёраҳо радифи худро доранд. Масалан, Моҳ радифи Замин ба шумор меравад ва он дар гирди Замин давр мезанад.
Телескоп чист?
Телескоп асбобест барои мушоҳида намудани Кайҳон. Он ба воситаи истифодаи линза ва оинаҳои оптикӣ кор мекунанд. Телескопро барои мушоҳида намудани ситораву сайёраҳо ва ҷирмҳои дигари Кайҳон истифода мебаранд. Радиотелескоп барои қабул кардан ва сабт намудани нурпошӣ ва ё мавҷҳои гуногуни ҷирмҳои кайҳонӣ истифода мешавад. Шуоъ ва мавҷҳои мазкур ба воситаи компютерҳои пуриқтидор қабул карда мешаванд ва баъд онҳоро ситорашиносон меомӯзанд. Яке аз чунин радиотелескопҳо дар шаҳри Бонни Олмон ҷой дорад, ки бо ёрии мавҷгири параболӣ шуоъҳои қутрашон 100 метрро қабул карда метавонад.
Кайҳон чандсола аст?
Мунаҷҷими амрикоӣ Эдвин Хаббл суръати тақсимшавии галактикаҳоро омӯхта, ба чунин хулоса омадааст, ки «таркиши бузург» эҳтимол аз 15 то 100 миллиард сол қабл рӯй дода бошад. Ба наздикӣ, гурӯҳи олимони амрикоӣ, пас аз таҳқиқоти солҳои зиёд ва таҳлили маълумотҳои аз кайҳон тавассути телескопи Хаббл бадастомада, тасдиқ карданд, ки Кайҳон 12-миллиардсола аст, яъне он «таркиши бузург» 12 миллиард сол қабл ба вуҷуд омадааст.
«Таркиши бузург» чист?
Мунаҷҷими белгиягӣ Ҷорҷ Ламетр ҳангоми омӯхтани ситораҳо тахмин кардааст, ки 15 миллиард сол қабл Кайҳон хурдтар ва ниҳоят зич будааст. Ин шакли Кайҳонро вай «тухми кайҳонӣ» номида буд. Дар лаҳзаи муайяне андаруни ин «тухми кайҳонӣ» таркиши бузург ба вуҷуд омада, тамоми ҳасти (материя)-и таркиби он бо суръати ниҳоят тез ба ҳар тараф пош хӯрдааст. Галактикаҳои имрӯза натиҷаи ҳамон таркиши азими «тухми кайҳонӣ» мебошанд. Ситораҳои галактикаҳо низ дар навбати худ инкишоф ёфта, оқибат ҳолати имрӯзаро гирифтаанд. Маъмулан барои муайян намудани ин зуҳурот ифодаи англисии Big-Bang-ро истифода мекунанд.
Пеш аз Таркиши Бузург чӣ вуҷуд дошт?
Ин яке аз асрори бузургтарини илм аст. Баъзе фарзияҳои илмӣ пешниҳод мекунанд, ки худи замон бо оғози Коинот ба вуҷуд омадааст. Агар чунин бошад, саволи «Пеш аз Коинот чӣ буд?» метавонад маънои маъмулии худро гум кунад, зеро мафҳуми «пеш» ба вуҷуд доштани замон вобаста аст. Фарзияҳои дигар эҳтимол медиҳанд, ки Коинот аз ҳолати қаблӣ пайдо шудааст. Вале ҳеҷ яке аз ин шарҳҳо ҳанӯз ба таври қатъӣ исбот нашудааст.
Коинот чӣ гуна пайдо шудааст?
Тибқи назарияи Таркиши Бузург, Коинот дар ибтидо бисёр гарм ва зич буд. Баъдан фазо васеъ шуд ва ҳарорати он паст гардид. Бо гузашти вақт зарраҳои бунёдӣ, атомҳо, ситораҳо, галактикаҳо ва сайёраҳо ба вуҷуд омаданд. Муҳим аст бидонем, ки Таркиши Бузург таркиши одии мавод дар фазои холӣ набуд. Худи фазо васеъ мешуд ва ин васеъшавӣ то имрӯз идома дорад. Се далели муҳими илмӣ вуҷуд дорад: Васеъшавии Коинот. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки галактикаҳои дур аз ҳамдигар дур мешаванд. Нурҳои боқимонда аз Коиноти аввалин. Олимон радиатсияи микромавҷии кайҳониро ошкор кардаанд, ки тақрибан 380 ҳазор сол баъд аз Таркиши Бузург пайдо шудааст. Миқдори унсурҳои сабук. Фаровонии гидроген ва гелий бо пешгӯиҳои назарияи Таркиши Бузург мувофиқат мекунад.
Оё Коинот ибтидои худро дорад?
Мо Коинотро чун маҷмӯаи ҳамаи он чизе, ки мавҷуд аст, муайян менамоем. Бисёр олимон нисбат ба пайдоиши он назарияҳояшонро пешниҳод кардаанд. Онҳо чунин мепиндоранд, ки Коинот абадан вуҷуд надошта, оғози пайдошавии худро дорад. Таҳқиқоти ситораҳо ва галактикаро ба асос гирифта, муҳаққиқон чунин қайд карданд, ки онҳо аз ҳамдигар бо суръати баланд ҷудо мешаванд. Ин ҳолат имкон медиҳад, тахмин намоем, ки замоне онҳо бо ҳам пайваст будаанд. Таҷрибаи шарҳу эзоҳи он, ки дар аввал Коинот чӣ гуна буд, шабеҳи он аст, ки ба рӯи пуфаки аз ҳаво пуркарда баъзе доғҳои на чандон калон нақшу нигор мекунанд. Вақте ки пуфакро дам мекунанд, фосилаи байни доғҳо зиёд шуда, доғҳо калонтар шудан мегиранд. Дар ин таҷриба доғҳо галактика ва дам кардани пуфак васеъшавии Коинотро нишон медиҳад.
Астролог (ситорашинос)
Донишмандест, ки ба илми астрология, шуғл дошта, эътиқоди ба ҳаёти инсон таъсир доштани ситораҳоро, барои пешгӯӣ кардани тақдири ояндааш ба асос мегирад. Астроном (мунаҷҷим) Олимест, ки ба илми астрономия, яъне ба омӯзиши ситораҳо, сохту ҳаракати онҳо ва ғ. машғул аст. Нимкура Яке аз нимаи кура (доира), ки ба ду қисми баробар тақсим карда шудааст. Кураи Замин ба ду нимкура – Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҷудо мешавад. Туманнокӣ (туманпора) Унсури астрономии омехта, ки берун аз системаи Офтобӣ ҷойгир шудааст. Заррача Ҷисми бениҳоят хурд
Кадом галактика ба Роҳи Каҳкашон наздиктар аст?
Ба сайёраи мо галактикаи наздиктарин Андромеда мебошад, ки якҷоя бо Роҳи Каҳкашон ва пайвастшавии 20 галактикаи дигар бо номи Гурӯҳи маҳаллӣ таркиб ёфтааст. Вай аз Замин дар масофаи беш аз ду миллион соли нур ҷойгир шуда, шаклан ба галактикаи печдор (морпеч) шабоҳат дорад. Онро аз Нимкураи Шимолӣ дидан мумкин аст. Ситораҳои асосии он идомаи бурҷи галаситораи Пегас мебошанд.
Чаро «Роҳи Каҳкашон» меноманд?
Дар шабҳои торик ва осмони соф мо метавонем рахи сафеду туманмонандеро дар осмон бубинем. Ин нур аз ситораҳои бешумор ба вуҷуд меояд, ки аз сабаби дурии зиёд ба чашми мо якҷоя менамоянд. Он чизе, ки мо мебинем, қисми галактикаи худи мост. Оё медонед? Роҳи Каҳкашон тамоми Коинот нест. Дар Коинот галактикаҳои бешумори дигар низ вуҷуд доранд ва ҳар кадоми онҳо метавонанд миллиардҳо ситора дошта бошанд. Масалан, галактикаи Андромеда яке аз ҳамсояҳои бузурги Роҳи Каҳкашон мебошад.
Роҳи Каҳкашон чист?
Роҳи Каҳкашон (Milky Way) галактикаи азимест, ки Офтоб, Замин, дигар сайёраҳои низоми офтобӣ ва миллиардҳо ситора дар дохили он ҷойгиранд. Маълумоти ҷолиб дар бораи Роҳи Каҳкашон Шакл: Мормонанд (спиралӣ), бо шохаҳои бузурги ситораҳо. Шумораи ситораҳо: Тақрибан 100–400 миллиард. Қутр: Тақрибан 100 ҳазор соли рӯшноӣ. Ҷойи Офтоб: Дар шохаи Орион, тақрибан 26 ҳазор соли рӯшноӣ дуртар аз марказ. Ҳаракат: Офтоб бо тамоми низоми офтобӣ тақрибан дар 230 миллион сол як бор маркази галактикаро давр мезанад.
Оё тамоми галактикаҳо якхелаанд?
Дар Дунё галактикаҳо ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ гуногунанд. Онҳо метавонанд шакли эллиптикӣ ё морпеч дошта бошанд ва ё ягон шакли махсусе надошта бошанд. Галактикаҳоро аз ҷиҳати ҳаҷм ба бузург, миёна ва хурд (майда) ҷудо кардан мумкин аст. Галактикаҳо аз гурӯҳи ситораҳо иборатанд, вале фосилаи миёни онҳо миллиардҳо километр аст. Ситораҳое, ки галактикаро ташкил мекунанд, дар гирди як марказ ё худ меҳвар (ядро) давр мезананд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё