Сайёраи Зуҳра чӣ гуна аст?
Зуҳра дуввумин сайёраи ба Офтоб наздик буда, ҳарорати он ба 4600С баробар аст. Абрҳое, ки онро иҳота кардаанд, кислотаи ниҳоят тез – кислотаи сулфат доранд. Зуҳра нисбат ба Замин дар гирди Офтоб баръакс давр мезанад. Ғайр аз ин, Зуҳраро метавонем, танҳо субҳгоҳон ва бегоҳӣ мушоҳида намоем. Азбаски субҳгоҳон вай шуоъҳои нисбатан дурахшон дорад, онро шафақи субҳ меноманд.
Ба шарофати маҳвораҳои кайҳонӣ маълум карда шуд, ки Зуҳра асосан, аз ҳамворӣ ва ду минтақаи қаторкӯҳ иборат аст ва дар сатҳи он вулканҳои бузурги дорои танӯра ва гудозаҳои сахт низ мавҷуданд. Аз Замин танҳо як тарафи Зуҳра дида мешавад ва мунаҷҷимон онро ҳангоми ба ҳам наздик шудани сайёраҳо мушоҳида мекунанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё