Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·18 рӯз пешСуол

Оё тамоми галактикаҳо якхелаанд?

Дар Дунё галактикаҳо ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ гуногунанд. Онҳо метавонанд шакли эллиптикӣ ё морпеч дошта бошанд ва ё ягон шакли махсусе надошта бошанд. Галактикаҳоро аз ҷиҳати ҳаҷм ба бузург, миёна ва хурд (майда) ҷудо кардан мумкин аст.

Галактикаҳо аз гурӯҳи ситораҳо иборатанд, вале фосилаи миёни онҳо миллиардҳо километр аст. Ситораҳое, ки галактикаро ташкил мекунанд, дар гирди як марказ ё худ меҳвар (ядро) давр мезананд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.