Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·16 рӯз пешСуол

Оё сайёраву ситораҳо равшанӣ медиҳанд?

Вақте мо ба осмон менигарем, сайёраҳову ситораҳои шуоъдиҳандаро мебинем. Сайёраҳо барои он шуоъ медиҳанд, ки нурҳои Офтобро акс мекунанд, аммо худи онҳо рӯшноӣ надоранд. Дар асл сайёраҳо ба оина ва ё сатҳи об монанданд; вақте нурҳои Офтоб ба сатҳи онҳо меафтад, онҳо шуоъ медиҳанд ва рӯшноиро «бармегардонанд».

Ситораҳо бошанд, худ шуоъ доранд, зеро мисли Офтоб аз маводди сӯзанда иборатанд. Нури ситораҳо то ба Замин масофаеро тай мекунад, ки ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Бинобар ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар асл мо шояд нурҳои ҳазорсолаҳо қабл хомӯшшудаи ситораҳоро мушоҳида мекунем.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.