Оё Коинот ибтидои худро дорад?
Мо Коинотро чун маҷмӯаи ҳамаи он чизе, ки мавҷуд аст, муайян менамоем. Бисёр олимон нисбат ба пайдоиши он назарияҳояшонро пешниҳод кардаанд. Онҳо чунин мепиндоранд, ки Коинот абадан вуҷуд надошта, оғози пайдошавии худро дорад. Таҳқиқоти ситораҳо ва галактикаро ба асос гирифта, муҳаққиқон чунин қайд карданд, ки онҳо аз ҳамдигар бо суръати баланд ҷудо мешаванд. Ин ҳолат имкон медиҳад, тахмин намоем, ки замоне онҳо бо ҳам пайваст будаанд.
Таҷрибаи шарҳу эзоҳи он, ки дар аввал Коинот чӣ гуна буд, шабеҳи он аст, ки ба рӯи пуфаки аз ҳаво пуркарда баъзе доғҳои на чандон калон нақшу нигор мекунанд. Вақте ки пуфакро дам мекунанд, фосилаи байни доғҳо зиёд шуда, доғҳо калонтар шудан мегиранд. Дар ин таҷриба доғҳо галактика ва дам кардани пуфак васеъшавии Коинотро нишон медиҳад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё