Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·17 рӯз пешНашрия

Галилео Галилей

Галилео Галилей олими итолиёӣ (1564–1642) мебошад, ки дар инкишофи илми нуҷум саҳми арзанда гузоштааст. Ҳамчун намояндаи давраи Эҳё, вай ба таҳқиқи соҳаҳои гуногуни илм машғул буд, вале барои як қатор кашфиётҳояш дар соҳаи астрономия (нуҷум) шуҳратёр гашт.

Вай аввалин шуда,телескоп сохт ва ба воситаи он Моҳро омӯхт. Баъдтар радифҳои Муштарӣ, ҳалқаи Зуҳал ва гардиши Офтобро ошкор намуд. Мисли корҳои илмии олимони дигар, аз қабили Коперник ва Кеплер, назарияҳои ӯ низ эътироф нашуданд.Чандин сол пас инсоният ба кашфиётҳои вай баҳои баланд дод.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.