Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·17 рӯз пешСуол

«Таркиши бузург» чист?

Мунаҷҷими белгиягӣ Ҷорҷ Ламетр ҳангоми омӯхтани ситораҳо тахмин кардааст, ки 15 миллиард сол қабл Кайҳон хурдтар ва ниҳоят зич будааст. Ин шакли Кайҳонро вай «тухми кайҳонӣ» номида буд.

Дар лаҳзаи муайяне андаруни ин «тухми кайҳонӣ» таркиши бузург ба вуҷуд омада, тамоми ҳасти (материя)-и таркиби он бо суръати ниҳоят тез ба ҳар тараф пош хӯрдааст.

Галактикаҳои имрӯза натиҷаи ҳамон таркиши азими «тухми кайҳонӣ» мебошанд. Ситораҳои галактикаҳо низ дар навбати худ инкишоф ёфта, оқибат ҳолати имрӯзаро гирифтаанд.

Маъмулан барои муайян намудани ин зуҳурот ифодаи англисии Big-Bang-ро истифода мекунанд.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.