Зеҳн
Оё медонед·Зеҳн·17 рӯз пешСуол

Ҳарорати Офтоб чӣ қадар аст?

Агар Офтобро ҳамчун кура тасаввур намоем, он гоҳ радиуси он ба 696 000 километр баробар аст, ки ин аз радиуси Замин 109 маротиба дарозтар мебошад. Ҳаҷми он аз сайёраи мо 1.300 000 маротиба калон аст. Вазни он низ аз вазни Замин 133 000 маротиба зиёд аст.

Ҳангоми омӯхтани Офтоб олимон қабатҳои зерини онро ба эътибор гирифтаанд: қабати дохилӣ, ки ядро номида шудааст, қабати берунӣ – фотосфера ва сатҳи он, ки фотосфераро иҳота кардааст, хромосфера номида мешавад.

Пас аз хромосфера тоҷи Офтоб ҷойгир аст, ки қисми шуоъдиҳандаи Офтобро ташкил мекунад. Қисми дохилии Офтоб – ядроро бевосита мушоҳида кардан аз имкон берун аст, аммо олимон дар натиҷаи таҳқиқот ба воситаи формулаҳои мураккаб муайян намуданд, ки ҳарорати ядрои Офтоб 15 миллион 0С аст. Ҳарорати фотосфера 6 000 0С ва қисми болоии он бошад, 100 000 0С аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.