Тоҷикистон
Бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми зиёди иттилоот ва ҷалби муаллифони дорои ихтисосҳои гуногун таҳия намуда, маълумотҳо дар бораи Ватани азизамон
Бибифотимаи Заҳро
Бибифотимаи Заҳро, Ямчин, чашмаи минералии обаш гарм. Тақрибан 83 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар наздикии деҳаи Туғғоз воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3300 метр. Дебиташ 2,5–7,0 литр дар як сония, минералнокиаш – 0,77 грамм дар як литр, ҳарорати обаш +43 °С. Оби чашма тавассути 5 «остин» аз баландии 1–1,5 метр ба ҳавз рехта, «души Шарко»-ро ба вуҷуд меорад. Андозаи ҳавз 3 × 2 × 1 метр. Дар таркиби оби чашма натрий (80,0 миллиграмм дар як литр), калий (8,0 миллиграмм дар як литр), калсий (37,0 миллиграмм дар як литр), магний (20,0 миллиграмм дар як литр), оҳан (0,3 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (40,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (3,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин литий, рух, бром, молибден ва радон (3,5 нанокюри дар як литр) мавҷуданд. Омили асосии муолиҷавӣ оби чашма, ҳавои тозаи кӯҳӣ ва радиатсияи фаровони офтоб аст. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои осоишгоҳи Схалтубои Гурҷистон шабоҳат дорад. Барои табобати бемориҳои узвҳои ҳозима, ҷигар, талхароҳа, банду буғум, устухон, мушакҳо ва амрози занона муфид мебошад. Дар назди чашма барои фароғати истироҳаткунандагон бинои зебое қомат афрохтааст. Чашмаи Биби Фотимаи Захро дар масофаи кӯтоҳе аз деҳаи Ямчуни ноҳияи Ишкошим дар баландии 3,025 метр бо координатаҳои зерини ҷуғрофӣ (36.585934 N, 72.154901 E) ҷойгир аст. Он 83 км аз маркази ноҳияи Ишкошим ва 200 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ ҷойгир аст.Чашмаи гарми Биби Фотима Заҳро мӯъҷизаи табиати хунуки Бадахшон аст. Чашмаи дорои оби софи булӯр, ки аз пиряхҳои қуллаҳои мешоранд дар миёни дарахтон ҷойгир шудааст. Ҳангоми даромадан чашмаи гарм, гуё ҳайкали азими зане намудор мешавад, ки аз сина, шикам ва остинҳояш об меравад. Батни зан раста ба чашма аст. Ҳангоми ворид шудан ба батни кӯҳ ғори обӣ пайдо мешавад, ки ба одамон одатан эҳсосоти гуногун медиҳад. Аз сабаби ҷойгиршавии дар миёни баландкӯҳҳо ва дар наздикии якчанд қуллаҳо, иқлими назди чашма субҳу шом хунук аст ва шамол дар онҷо мевазад. Бо вуҷуди чунии иқлими салқи ҳарорати чашма дар давоми сол 43 дараҷа гарм аст. Мавсими зиёрат табобат ва тамошои чашмаи Биби Фотимаи Заҳро хеле барвақт (аввали апрел) оғоз меёбад ва дар охири моҳи октябр ба охир мерасад. Агар осоишгоҳ ва меҳмонхонаҳо барои қабули сайёҳон дар ҳавои хунук омода бошанд, мавсими истироҳат метавонад аз ду то се моҳи дигар тамдид карда шавад. Чашмаи Биби Фотимаи Захро дар масофаи 200 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, маркази ВМКБ ҷойгир аст. Он дар водии Вахони кӯҳҳои Помири Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Водии Вахон Ишкошим минтақаи зебо ва дастрасест барои сафару тамошш. Чашмаи гарми Биби Фотима-и Заҳро тақрибан 1 км болотар аз Қалъаи Ямчун, ки дар деҳаи Ямчуни Ишкошим воқеъ аст, ҷойгир аст. Ба он тавассути такси ё микроавтобуси маҳаллӣ, ки аз маркази ноҳия ё аз Хоруғ меравад, расидан мумкин аст. Гузашта аз ин, сайёҳ метавонад баъди сафари тӯлони аз ноҳияи Мурғоб ва ё Афғонистон вориди ин макон шавад. Ҷолибтари сафар ба ин макон ҳамроҳи гурӯҳе мебошад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 379.
Андароб
Андароб, чашмаи минералӣ. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, 63 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим, дар шафати роҳи мошингарди Хоруғ–Ишкошим воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2300 метр. Тобистон чашма зери оби дарё мемонад. Дебиташ – 0,2 литр дар як сония, ҳарорати обаш 13,5–14,2 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (551 миллиграмм дар як литр), калсий (195 миллиграмм дар як литр), магний (104 миллиграмм дар як литр), калий (29,0 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1220 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (587 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (310 миллиграмм дар як литр), молекулаҳои диссотсиатсиянашудаи ангидриди карбон (1071 миллиграмм дар як литр), кислотаи силикат (26,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин титан ва мис мавҷуданд. Минералнокии умумиаш – 4,2 грамм дар як литр. Онро метавон барои муолиҷаи бемориҳои илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҳепатит, холецистит, пиелонефрит, касалии қанд ва диатези бавлӣ ошомид. Чашмаи Андароб вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои Ессентуки–17, Зваре (Гурҷистон) ва Севан (Арманистон) шабоҳат дорад. Ангишт Ангишт, чашмаи минералӣ дар 3,5 километр ҷанубу шарқии шаҳри Ваҳдат. Оби минералии ҳидрогенсулфидӣ навъи Сочи – Матсеста. Аз пармачоҳ (умқи 1800 метр) ба миқдори 4 литр дар як сония ҷорӣ аст. Ҳарорати об дар сарчашма 54 °С; минералнокиаш 29 грамм дар як литр; таркибаш хлориди натрий ва калсий дорад; обаш андаке радиоактивӣ аст. Ҳамчун оби шифобахш истифода мебаранд. Анзоб Анзоб, чашмаи хунуки минералӣ, 95 километр шимолтари Душанбе (8 километр шимолтари ағбаи Анзоб), дар сари роҳи Душанбе–Хуҷанд, дар баландии 3179 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 0,5 литр дар як сония, минералнокиаш 1,3 грамм дар як литр. Оби чашма дар таркиби худ гидрокарбонати калсий, магнию натрий дорад. Арзанак Арзанак, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 4 километр шимолтар аз шаҳри Хуҷанд, дар доманаи кӯҳи Мевагул ҷой гирифтааст. Дар мавзее, ки чашма воқеъ гаштааст, мазори қадиме вуҷуд дорад. Оби чашма аз чанд ҷой мебарояд. Гурӯҳи якуми чашмаҳо се ҷои баромад дошта, дебити онҳо 0,45 литр дар як сония ва ҳарорати обашон 17,5 °С аст. Гурӯҳи дуввум як ҷои баромад дорад; дебиташ 1,8 литр дар як сония, ҳарорати обаш 17,2 °С. Таркиби оби чашма аз сулфатҳо, нитратҳо, натрий, калий, калсий, стронсий ва ғайра иборат аст. Барои муолиҷаи амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо нафъ дорад. Аччиқтош Аччиқтош, чашмаи сарди минералии карбонатӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар водии дарёи Аличур (13,5 километр шарқтари хоҷагии «Булункӯл») дар баландии 3960 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ – 0,16 литр дар як сония, минералнокиаш 4,55 грамм дар як литр, ҳарорати обаш 15 °С. Таркиби об аз натрий (1002 миллиграмм дар як литр), калсий (59,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонат (2214 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (298 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (45,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (771 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (77,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (65,0 миллиграмм дар як литр) иборат аст. Оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), пешоброҳа, диабет, роҳҳои нафас нафъ дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби маъдании Боржоми (Гурҷистон) наздик аст. Баршор Баршор, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар ноҳияи Ишкошим, 71 километр ҷанубтари шаҳри Хоруғ, дар баландии 2280 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 0,8 литр дар як сония, ҳарорати обаш 10–15 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (349 миллиграмм дар як литр), калсий (308 миллиграмм дар як литр), магний (77,0 миллиграмм дар як литр), оҳан (10,0 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (354 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (200,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (13,9 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (1013 миллиграмм дар як литр), кислотаи силитсий (109 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин титан, мис, никел, бор, фтор, рух, маргимуш ва молибден вуҷуд доранд. Дар 1 литр об 2,6 грамм намакҳои минералӣ мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба оби чашмаҳои минералии «Ессентуки-17» ва «Ессентуки-4» (Гурҷистон), ҳамчунин Наличевский Камчатка наздик аст. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Аз оби чашма оби маъдании «Бадахшон» истеҳсол мекунанд, ки барои табобати амрози меъда (невроз бо ихтилоли фаъолияти шираҷудокунӣ ва таҳрикии меъда), захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, оризаҳои ҷарроҳии меъда (баъди 2–3 моҳи ҷарроҳӣ), рӯдаҳо (энтерити музмин, энтероколит, проктосигмоидит, тифлит), ҷигар ва талхадон (гепатити музмин, холецистит ва холангит), амрози мубодилаи моддаҳо (диабети қанд, фарбеҳӣ) ва ғайра нафъ дорад. Баҳмир Баҳмир, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 14 километр ҷанубтар аз деҳаи Қизилработ дар баландии 4060 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма аз 10 ҷой мебарояд. Ҳарорати оби чашмаҳои гарм +38 °С, дебиташон 0,4 литр дар як сония аст. Таркиби кимиёвии онҳо аз натрий (829 миллиграмм дар як литр), калсий (96,0 миллиграмм дар як литр), калий (49,0 миллиграмм дар як литр), магний (20,0 миллиграмм дар як литр), ҳидрокарбонатҳо (2349 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силитсий (3,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (33,0 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин литий, радон (1,5 нанокюри дар як литр), рубидий, мис, никел, фтор, маргимуш иборат аст. Миқдори гази карбонат 95,6% ва нитроген 4,4%-ро ташкил медиҳад. Минералнокии умумиашон – 3,9 грамм дар як литр. Оби чашмаро метавон чун обзан (ванна) ва барои ошомидан истифода бурд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Боржоми (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати амрози узвҳои ҳозима ва мубодилаи моддаҳо нафъ дорад. Бахтиёр Бахтиёр, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар хамии Сассиқкӯл, 200 километр шарқтар аз шаҳри Хоруғ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4010 метр. Оби чашма аз 2 ҷой мебарояд. Дебиташ 1,33 литр дар як сония, минералнокиаш 2,71 грамм дар як литр; ҳарорати обаш +8 – +10 °С. Таркибаш аз натрий (374 миллиграмм дар як литр), калсий (130 миллиграмм дар як литр), магний (30,0 миллиграмм дар як литр), гидрокарбонатҳо (1457 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (42,0 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (13,0 миллиграмм дар як литр), ангидриди озоди карбон (584 миллиграмм дар як литр), кислотаҳои силикат (59,0 миллиграмм дар як литр), метаборат (11,0 миллиграмм дар як литр), радон (6,3 нанокюри дар як литр) иборат аст. Барои муолиҷаи илтиҳоби музмини меъда, дарди рӯдаи ғафс (колит), пешоброҳа, диабет, роҳҳои нафас нафъ дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Дилиҷон (Арманистон) ва Аспинадзе (Гурҷистон) наздик аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 378–379.
Абхарв
Абхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 10 километр дуртар аз маркази ноҳия дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма аз се ҷо фаввора мезанад, ки ҳарорат ва дебиташон гуногун аст. Чашмаи якум тақрибан 1 километр дуртар аз резишгоҳи сойи Дараи Намак воқеъ гашта, ҳарорати обаш 13,2 – 14 °С, дебиташ 2,4 литр дар як сония аст. Ду чашмаи дигар дар масофаи 150–300 метр аз резишгоҳи сой ҷой гирифтаанд; ҳарорати оби онҳо + 7 °С, дебиташ 0,3 литр дар як сония аст. Таркиби оби чашма аз катионҳои калсий (433 миллиграмм дар як литр), натрий (222 миллиграмм дар як литр), магний (121 миллиграмм дар як литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (1244 миллиграмм дар як литр), сулфатҳо (667 миллиграмм дар як литр), хлоридҳо (248 миллиграмм дар як литр), ҳамчунин оҳан, никел, рух, маргимуш, радон (4,6 нанокюри дар як литр) ва бром иборат аст. Оби Абхарв барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо нафъ дорад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии курортҳои Хмелницкий ва Балатонфюред (Маҷористон) ва нарзани Кисловодск наздик аст. Авч Авч, чашмаи минералӣ дар соҳили дарёи Панҷ, 26 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2410 метр. Дебиташ – 5 литр дар як сония, ҳарорати обаш 34 – 35 °С. Дар таркиби оби чашма микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол – магний, оҳан, никел, фтор, рух ва бром мавҷуданд. Соли 1895 дар назди чашма ҳаммом сохта шуда буд, ки дар он сарҳадбонон шустушӯ мекарданд. Маълумоти аввалини илмӣ оид ба чашма ба қалами олими шӯравӣ Н. М. Прокопенко (1930) тааллуқ дошта, оид ба он Н. С. Котова низ пажӯҳиш анҷом додааст. Оби чашма газнок буда, миқдори гази карбонати ҳалшуда дар он 80% ташкил медиҳад; бӯи гидрогенсулфид эҳсос карда намешавад, ҳарчанд миқдори он дар таркиби об 61,4 миллиграмм дар як литр аст. Дар таркиби оби чашма литий, оҳан, никел, фтор, рух, бром, радон (2,3 нанокюри дар як литр) низ ёфт шудаанд. Оби чашмаро метавон ошомид, чун обзан (ванна) ва барои ингалятсия, оббозӣ, шустани меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ оби чашма ба оби нарзанҳои сулфатии Кисловодск наздик аст. Соли 1978 дар заминаи беморхонаи ноҳияи Ишкошим шуъбаи физиотерапевтии «Авч» ташкил карда шуд, ки дорои 60 кат мебошад. Оби чашма барои табобати амрози дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, мубодилаи моддаҳо, бемориҳои занона, урологӣ ва ғадудҳои усораи дохилӣ нафъ дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 378.
Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» (идома)
Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ дар водии Ҳисор, 25 км дар самти шимолу ғарбӣ аз шаҳри Душанбе дар баландии 1150 м., дар мавзеи хушманзари қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар назди деҳаи Шоҳамбарӣ ҷой гирифтааст. Дар осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» бемориҳои роҳи меъдаю рӯда ва ҷигар (гастрит, энтерит, колит, холесистит, захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, санги талхадон), амрози силсилаи асабҳои канорӣ, дастгоҳи такяву ҳаракат (ғайрисилӣ), простатит, аъзои ҷинсии занона ва пӯст (себорея, экземаи себореявӣ, экземаҳои музмини хушк, дерматитҳои сабабашон моддаҳои кимиёвӣ, шукуфаи сурх, склеродермия, моҳипӯстӣ, хоришак, кератодермия ва ғайра) табобат карда мешаванд. Осоишгоҳ дорои 500 ҷойи хоб дар масоҳати 17 гектар воқеъ аст. Бори нахуст соли 1952 тавассути пармачоҳҳо оби шифобахши мавзеи Шоҳамбарӣ кашф карда шуда барои табобати мардум ба кор шурӯъ намудааст. Соли 1986 пармачоҳҳои нави оби шифобахш кофта шудаанд. Соли 1990 бинои 5 қабатаи нави осоишгоҳ сохта шуд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 377–378.
Осоишгоҳҳо ва чашмаҳои минералии Тоҷикистон
Тоҷикистон сарзамини обҳои минералӣ аст. Дар ин ҷо беш аз 200 чашмаи минералӣ мавҷуданд, ки дар заминаи бисёри онҳо истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо бунёд карда шудаанд. Аксари ин обҳо хосияти шифобахш доранд. Бемориҳоро бештар бо обҳои минералии зеризаминӣ (оби чашмаҳо, пармачоҳҳо ва ғайра) муолиҷа мекунанд. Чашмаҳои минералии табиӣ дар натиҷаи қабатҳои обдори заминро буридани водиҳо, дара, сой, ҷар ва ғайра пайдо мешаванд. Ҳоло барои муолиҷа обҳои минералии пармачоҳҳои чуқурро низ истифода мебаранд, зеро таркиби кимиёвии онҳо тағйир намеёбад (таркиби оби чашмаҳои минералии табиӣ аз таъсири баъзе омилҳо, масалан, боришот дигаргун мешавад). Танҳо бо обҳои минералие, ки миқдори моддаҳои кимиёвӣ ва хосиятҳои физикиашон мувофиқи меъёр (бо таҷрибаҳои махсуси физикӣ, кимиёвӣ ва ғайра дақиқ карда шудаанд) аст, бемориро муолиҷа мекунанд. Обҳои минералӣ аз рӯи минералнокӣ (миқдори ҳама гуна моддаҳои дар об ҳалшуда, ғайри газҳо), таркиби ионҳо (хлоридӣ, сулфатӣ, натрий, калсий, магний ва ғайра), миқдори газ ва унсурҳои махсус (карбонатӣ, сулфидӣ, йоду бромӣ, хлориди натрий, радиоактивӣ ё радонӣ ва ғайра), инчунин ҳарорат (хунук – то 20 °С, гарм – то 36 °С, сӯзон, ё термалӣ то 42 °С ва ғайра) тавсиф карда мешаванд. Ғайр аз ин, обҳои минералии турш, нейтралӣ ва ишқорӣ вуҷуд доранд. Бо обҳои минералии хлориди натрийдор, ки аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба хилтҳои андомгони одам қариб яксонанд, бемориҳои системаи дилу рагҳо ва асаб, банду буғум, пӯст, бемориҳои занонаро муолиҷа мекунанд. Онҳоро инчунин барои муолиҷаи бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар ва талхароҳаҳо менӯшанд, ҳангоми бемориҳои узвҳои нафас ингалятсия менамоянд. Обҳои минералии карбонатиро барои муолиҷаи бемориҳои дилу рагҳо фаровон истифода мебаранд. Нӯшидани обҳои минералии карбонатӣ (бо мақсади муолиҷа) ба фаъолияти узвҳои ҳозима, хусусан меъда, ҷигар ва гурдаҳо нафъи бисёр меорад. Обҳои минералии сулфидиро одатан, барои қабули ванна кор мефармоянд. Омили асосии табобатии онҳо гидрогенсулфид буда, он тавассути пӯст ба андомгон ворид мегардад. Обҳои минералии сулфидӣ ба гардиши хун, кори системаи асаб, ғадудҳои эндокринӣ таъсири муфид мерасонанд. Омили муолиҷавии обҳои радонӣ гази радиоактивии радон ва маҳсули таҷзияи он мебошад; аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ обҳои радонӣ хеле гуногунанд. Ҳангоми қабули ванна радон асосан дар пӯсти бемор ғун шуда, баъди чанд соат аз андомгони ӯ хориҷ мегардад. Оби радоне, ки барои муолиҷа нӯшида шудааст, аз меъда ба ҷигар, испурч ва дигар узвҳо ва обе, ки ингалятсия карда шудааст, аз шуш ба бофтаҳои рагҳо ва гурда меравад. Радон ба мубодилаи моддаҳо, кори системаи дилу рагҳо, ғадудҳои эндокринӣ, меъда, ҷигар ва ғайра нафъ меорад. Оби осоишгоҳи Хоҷаобигарм радонӣ аст. Обҳои минералии нитрогенӣ (ин обҳо аксаран хеле гарм мешаванд) асосан бо ҳарорат ва таъсири механикии худ (бо ҳубобҳои газ) ба пӯст шифо мебахшанд (ҳангоми қабули ванна). Ин обҳоро инчунин барои дорушӯйии узви иллатноки бадан, ингалятсия, шустани рӯда ва ҳамчун нӯшокии муолиҷавӣ истифода мебаранд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ обҳои минералӣ ба организм таъсири умумӣ (асосан тавассути асаб ва хун) низ мерасонанд. Инчунин ҳарорат ва массаи об, ки ба бадан фишор меорад (фишори оби ваннаҳои муолиҷавӣ, ҳавзҳои муолиҷавӣ ва ғайра гуногун аст), рангу бӯи об (нӯшокии муолиҷавӣ), шароит, муҳлат, суръат ва шумораи қабули ваннаҳо, инчунин ҳолати аввалии андомгон муҳиманд. Табибон ин омилҳоро ба назар гирифта, ба ҳар бемор муолиҷаи алоҳида таъйин мекунанд. Барои муолиҷаи узвҳои дарунӣ обҳои минералиро менӯшанд. Обҳои минералии осоишгоҳҳоро бевосита аз чашма нӯшидан мумкин аст. Дар аксар осоишгоҳҳо павилйонҳои обҳои минералии нӯшокӣ сохта шудаанд, ки барои дар ҳама фаслҳои сол нӯшидани об мусоидат мекунанд. Обҳои минералиро дар шишаҳо низ мегиранд (масалан, обҳои минералии «Шоҳамбарӣ», «Ҳавотаг» ва ғайра). Онҳоро дар заводҳои махсус ва сехҳои муассисаҳои саноати хӯрокворӣ автоматҳо ба шишаҳо мерезанд (бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, тарзи нигоҳдошт ва кашондан). «Баҳористон» «Баҳористон», осоишгоҳ дар вилояти Суғд. 22 майи 2011 дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» сохта шудааст. Масоҳаташ 22 гектар. Масофа аз шаҳри Гулистон то осоишгоҳ – 20 километр. Иқлими маҳал континентӣ ва хушк буда, вобаста ба фаслҳо тағйир меёбад. Ҳарорати миёнаи январ -4 – +1 °С, июл 16–29 °С. Дар ҳудуди «Баҳористон» 5 бинои замонавӣ қомат афрохтааст. Бинои асосии осоишгоҳ 61 утоқи зисти муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ҳамчунин китобхона, сартарошхона, машшотахона, толори билярдбозӣ ва ғайра дорад. Бинои якум аз 46 утоқ иборат буда, дар он 92 нафар ҷой мешавад. Бинои дуввуми осоишгоҳ барои фароғат ва муолиҷа пешбинӣ шудааст. Дар он утоқҳои табобат, ошхона, толори варзиш ва ғайра ҷойгиранд. Бахши муолиҷавии осоишгоҳ аз 5 утоқи муоинаву ташхис ва 17 утоқи табобати бемориҳо иборат буда, барои 96 нафар ҷои зист дорад. Бинои табобатии «Баҳористон» бо таҷҳизоти замонавии физиотерапиягӣ муҷаҳҳаз аст. Дар ин ҷо ба беморон гиёҳчой ва доруҳои наботии тақвиятбахш низ медиҳанд. Дар варзишгоҳ ва толорҳои варзишии «Баҳористон» барои бозии футбол, баскетбол, теннис, оббозӣ ва ғайра шароити мусоид фароҳам овардаанд. Маҷлисгоҳи осоишгоҳ дорои компютерҳои замонавӣ ва васоити электронӣ буда, дар мизи мудаввари он барои 30 нафар ҷои нишаст мавҷуд аст. Дар осоишгоҳ ҳамчунин 2 бинои тобистонӣ (дорои 104 ҷой) сохта шудааст. Омилҳои табобатии осоишгоҳ: гармишифоӣ (лойқашифоӣ, регшифоӣ, мумшифоӣ ва ғайра), барқшифоӣ (муолиҷа бо ултрасадо, электрофорез, индуктотерапия ва ғайра), лазершифоӣ, обшифоӣ (души мудаввар, обзани «марворидӣ», обзанҳои табобатӣ ва ғайра), намакшифоӣ, масҳ (аз ҷумла масҳи барқӣ), сӯзаншифоӣ ва ғайра Воситаи асосии муолиҷа лойқаи шӯри кӯли Сакии шаҳри Саки (Украина) мебошад. Лойқаи кӯл хосса барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, селлюлит, мӯйрезӣ, касалиҳои нохун, артритҳо, остеохондроз, никрис, бенаслии зану мард, сусткамарӣ, простатит, псориаз, шукуфа, кубоз, моҳипӯстӣ, неврит, радикулит, асабдард, дарди нимсара, сарчархӣ, ғамбеморӣ, бехобӣ, назла, гайморит, гулудард, пневмония, бронхит, зиқи нафас, пародонтоз, гингивит, стоматит, ҳепатитҳо, илтиҳоби талхадон, захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта, илтиҳоби рӯда, бемориҳои гӯшу даҳон ва ғайра муфид аст. Осоишгоҳ тамоми сол фаъолият мекунад. «Гармчашма» «Гармчашма», маҷмааи табобату сайёҳӣ. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ гаштааст. Аз осоишгоҳ то маркази ноҳия - 60 километр, то шаҳри Хоруғ - 45 километр. Омили асосии табобатии он оби шифобахши Гармчашма, ҳавои тозаву серуни кӯҳистон ва радиатсияи фаровони офтоб мебошад. Иқлими маҳал континенталӣ ва хушк, тобистон гарм ва зимистон мӯътадил аст. Ҳарорати миёнаи ҳавои июл 31,6 °С, январ - 19,5 °С. Боришоти солона 100 миллиметр. Давраи офтобӣ дар як сол 2500-3000 соатро ташкил медиҳад. Дар ноҳия фасли баҳор аз 3 март оғоз ёфта, то 3 июн, тобистон аз 4 июн то 18 сентябр, тирамоҳ аз 19 сентябр то 19 декабр, зимистон аз 20 декабр то 2 март давом мекунад. Намнокии ҳаво дар як сол ба ҳисоби миёна 43% аст. Соли 1957 дар назди чашма шифохонаи махсус бунёд карда шуд, ки 50 кат дошт. Ба он аз тамоми гӯшаю канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беморон барои табобат меомаданд. Соли 2010 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои шифохона маҷмааи «Гармчашма» сохта шуд ва дар рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Маҷмаа аз 5 бинои нави иловагӣ, варзишгоҳ, иншооти табобатию фароғатӣ, меҳмонхонаи замонавии «Сомон ТМ», майдончаҳои баскетбол, волейбол, теннис, ҷои офтобдиҳии бадан ва ғайра иборат аст. Дар «Гармчашма» асосан бемориҳои пӯст табобат карда мешаванд: псориаз, экзема, нейродермит, склеродермия, хориши умумӣ ва ҷузъии пӯст, ихтиоз, шукуфаи сурх, парапсориаз ва ғайра «Зумрад» «Зумрад», осоишгоҳ дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, дар соҳили дарёи Исфара (дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр), дар нишемангоҳи кӯҳҳои Варорӯд ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 20 гектар. Аз «Зумрад» то маркази шаҳр - 3 километр, то шаҳри Хуҷанд - 110 километр. Иқлими маҳал континенталӣ; тобистон - хушк, зимистон - мӯътадил. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар моҳи июл 26 °С, январ - -2 °С. Мавзеи осоишгоҳ зеботарин гӯшаи шаҳр буда, ба осорхонаи табиӣ монанд аст. Сабаби таъсиси «Зумрад» чашмаи минералии «Оби шифо» аст. Дар ҷои кунунии осоишгоҳ соли 1972 барои кормандони соҳаи кишоварзӣ хонаи истироҳат (150 кат) сохта шуда буд. Соли 1976 онро ба осоишгоҳ табдил доданд (барои 260 нафар дар як баст). Баъди ба истифода додани бинои №1 (соли 1983) адади ниёзмандон ба 380 ва бинои №4 (соли 1987) ба 500 нафар дар як баст расид. Он соли 2015 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зумрад» табдил дода шуд. «Зумрад» дорои 3 бинои иқоматӣ, 2 коттеҷ, 3 бинои табобатӣ (барои 250 нафар дар як соат), қасри «Шифокорон» (дорои 300 ҷой), китобхона, чойхонаи «Сино», Осорхонаи тибби тоҷик (ба номи ташаббускори бунёди «Зумрад» ва аввалин сарвари он Мирзо Олимов), ошхона (дорои 500 ҷои нишаст), толори рақс, қаҳвахона, озмоишгоҳи саририву биокимёвӣ, шуъбаҳои ташхис, дандонпизишкӣ ва ғайра мебошад. Дар «Зумрад» бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардит, атеросклероз, камхунии дил, тромбофлебит ва ғайра), узвҳои такя ва ҳаракат (тарбод, остеохондроз, остеоартроз, остит, бурсит ва ғайра), касалиҳои занона (илтиҳоби бачадон, бенаслӣ, эндометрит, аднексит, колпит ва ғайра), илтиҳоб ва захми меъда, амрози ҷигар, талхадон, гурда, роҳҳои пешоб ва ғайра дармон карда мешаванд. Муолиҷа бештар бо истифода аз оби минералӣ (обшифоӣ), варзиш, парҳез, лойқаи шифобахш, лойқабарқ, озокерит (муми кӯҳӣ), нафталан, барқшифоӣ, магнитшифоӣ, масҳшифоӣ, сӯзаншифоӣ ва ғайра сурат мегирад. Дар маркази варзиши шифоии «Зумрад» 37 намуд дастгоҳҳои муолиҷавӣ, тенниси рӯи миз, биллиард, майдончаи волейболу бадминтон мавҷуданд. «Зумрад» тамоми сол фаъолият мекунад. Соли 2015 «Зумрад» барои сифати олии хизматрасонӣ бо Ҷоизаи байналмилалии тилоии «Quality Summit» (Авҷи сифат) мушарраф гардидааст. Ҳоло дар осоишгоҳ биноҳои нави замонавӣ қомат афрохта истодаанд, ки савияи хизматрасонӣ ба аҳолиро боз ҳам беҳтар менамоянд. «Обигарм» «Обигарм», осоишгоҳест дар шаҳри Роғун. Дар масофаи 100 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Обияйлок ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 1200-1300 метр. Осоишгоҳ соли 1946 дар заминаи чашмаҳои минералии гарм таъсис ёфтааст. Аввал 50 кат дошта, мавсимӣ (фақат тобистон) буд. Ҳоло тамоми сол фаъолият дорад. Моҳҳои май-октябр дар як вақт ба 300 нафар ва дар моҳҳои дигар ба 100 нафар хизмат мерасонад. Маҳалли осоишгоҳ сарсабз буда, дар самти роҳи Помир дараҳои сердолударахт тӯл кашидаанд. Зимистон кӯтоҳ ва нисбатан гарм, вале сербарф аст. Дар давоми зимистон баъзан ҳаво то +13 +17 °C гарм мешавад. Тобистон бештар салқин аст. Намнокии нисбии ҳаво моҳҳои июл 27%, август 20% ва сентябр 23% мебошад. Обҳои минералии осоишгоҳ дар қаъри замин ҷой гирифтаанд. Бино бар ин, ҳарорати онҳо баланд ва минералнокиашон хосса аст. Бо мақсади бештар рӯи замин баровардани оби ҳарораташ баланд, ки ба раванди муолиҷа таъсири мусбат мерасонад, чанд пармачоҳ кофта шудааст. Оби пармачоҳҳо дар шакли обзан (ванна) ва душҳои гуногун истифода мешавад. Муолиҷаро танҳо табиб таъйин мекунад. Дар осоишгоҳ аз аэроҳелиотерапия низ фаровон истифода мекунанд. Усулҳои дигари муолиҷа, масалан, галванизатсия, ионнофорез бо новокаин, калсий, магний ва ғайра, диатермия, дарсонвал, солюкс ва кварс, парафиншифоӣ, варзиши шифоӣ, масҳ, парҳез низ мавҷуданд. Дар «Обигарм» бемориҳои силсилаи асабҳои канорӣ, полиартритҳо (ғайрисилӣ), амрози узвҳои ҷинсии занона, пӯст (экзема, нейродермит, псориаз, склеродермия, моҳипӯстӣ, хоришак, кератодермия, дисхидроз, саглеси музмин), брутселлёз ва ғайра табобат карда мешаванд. «Хоҷаобигарм» «Хоҷаобигарм», яке аз осоишгоҳҳои маъруфи ҷумҳурӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор (52 километр шимолтар аз Душанбе), дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи июл +22 °С); зимистонаш сербарфи мулоим (ҳарорати миёнаи январ -2 °С); боришоти солона 1430 миллиметр. Осоишгоҳ соли 1934 таъсис ёфтааст. Омили асосии табобатии осоишгоҳ обҳои минералии радонии гарм (62-96 °С) мебошанд. Дар ҳудуди осоишгоҳ зиёда аз 40 чашмаи минералӣ мавҷуд аст. Аз соли 1957 дар осоишгоҳ бо мақсади муолиҷа аз оби минералии пармачоҳ истифода мекунанд. Он бештар дар шакли обзан (ванна)-ҳои гуногун ва душ таъйин карда мешавад. Яке аз омилҳои асосии табобатӣ дар осоишгоҳ буғи радону торонӣ ва газҳои гарм мебошад. Миқдори радон дар буғ хеле зиёд аст. Ба андомгон асосан маҳсули таҷзияи он, яъне афканишоти радиоактивӣ таъсир мерасонад (дар сатҳи пӯст то 3-4 соат боқӣ мемонад). Дар таркиби буғ ҳамчунин нуклиди радиоактивии торон (Радон - 220) мавҷуд аст. Тамоми таъйинот аз ҷониби табибон ва ба таври фардӣ сурат мегиранд. Ошомидани оби шифобахшро пеш аз истеъмоли ғизо ё баъди он мефармоянд. Дар осоишгоҳ бемориҳои зер табобат карда мешаванд: амрози гуногуни устухону мушакҳо (артрит ва полиартрити ғайрисилӣ, остеохондроз, спондилез, спондилоартроз, синовити музмин, бурсит, тендовагинит, миозит, миалгия, периартрит, фибромиозит ва ғайра), бемориҳои силсилаи асаб, амрози занона (салпингити музмин, метрити музмин, бемориҳои илтиҳобии аъзои ҷинсӣ, ихтилоли тухмдонҳо, бенаслӣ ва ғайра), бемориҳои дилу рагҳо (эндомикардит, нақси гуногуни дил, атеросклероз, зиқи дил, ғалаёни хун, фишорпастӣ, оризаҳои флебит, тромбофлебит ва ғайра). Дар натиҷаи табобат фишори хун паст, консентратсияи холестерину липидҳои мувофиқи меъёр, В-липопротеидҳо, триглисеридҳо, натрий, оҳан, мис ва силитсий кам, дараҷаи шахшавии хун суст, миқдори фосфолипидҳо, калий ва ғайра зиёд мешавад, фаъолияти гурдаҳо, ғадуди болои гурда, шуш меафзояд. Осоишгоҳ дорои 700 кат мебошад. «Ҳавотаг» «Ҳавотаг», осоишгоҳ дар ноҳияи Истаравшан, дар масофаи тақрибан 25 километр шимолу ғарбтари шаҳр ҷой гирифтааст. Осоишгоҳ дар заминаи обҳои минералӣ, ки ибтидои солҳои 50 асри 20 аз умқи 1300 метр кофта бароварда шудаанд, бунёд гардидааст. Соли 1954 дар ин ҷо бинои обзан (ванна)-ҳоро сохта мутахассисонро ба кор даъват карданд; таъсири обҳои минералӣ ба андомгони одам мавриди омӯзиш қарор гирифт. Минбаъд дар мавзеи пармачоҳҳо озмоишгоҳи замонавии «Ҳавотаг» қомат афрохт. Осоишгоҳ дар доманаи шимолии қаторкӯҳҳои Туркистон дар баландии 600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Маҳалли осоишгоҳро сойи амиқи Шӯрбулоқ бурида мегузарад. Иқлими маҳал континентии шадид аст. Ҳарорати ҳавои июл-август гарм 30-42 °С, сентябр-октябр +20 - +30 °С. Миқдори умумии боришоти солона - 400 миллиметр. Фасли тобистон гарм бошад ҳам, бино бар хушк будани ҳаво тоқатфарсо нест. Намнокии нисбии ҳаво аз июн то сентябр 25-15%, октябр 50-60%-ро ташкил медиҳад. Зуд-зуд шамол мевазад (хусусан тирамоҳу зимистон). Дар осоишгоҳ бемориҳои роҳи меъдаю рӯда (гастрити музмин, колити музмин, гепатохолецистити музмин), силсилаи устухону мушакҳо (полиартрити музмин, остеохондроз), амрози силсилаи асабҳои канорӣ (радикулити музмин, полиневрити музмин, ишиас), бемориҳои занона (эндометрити музмин, бенаслӣ), бемориҳои пӯст (экземаи себореявӣ, себорея, экземаҳои шадид ва зершадид бидуни тарӣ, дерматитҳои пайдоишашон кимиёвӣ, шукуфаи сурх, склеродермия, кератодермия, хоришак, дисҳидроз, саглеси музмин ва ғайра) табобат карда мешаванд. «Ӯротеппа» «Ӯротеппа», осоишгоҳи иқлимиест дар ноҳияи Истаравшан. Соли 1978 таъсис ёфтааст. Дар масофаи 5 километр ҷанубтар аз шаҳри Истаравшан, дар водии Каттасой (баландиаш аз сатҳи баҳр 1010-1050 метр) ҷойгир шудааст. Иқлимаш континентии наздикӯҳист. Ҳарорати миёнаи июл +25,2 °С, январ - 2,4 °С. Боришоти солона 368 миллиметр. Лабораторияи биохимикӣ, шуъбаҳои рентгенологию физиотерапевтӣ, кабинетҳои варзиши шифоӣ, масҳ ва ғайра дорад. Дар «Ӯротеппа» амрози системаи дилу раг, ғалаёни хун (хипертония) табобат карда мешаванд. Ҳавои софи доманаи кӯҳ барои кори тамоми андомгон таъсири муфид мерасонад. «Шоҳамбарӣ» «Шоҳамбарӣ», осоишгоҳ дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор. Дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар баландии 1100-1150 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст (26 километр ғарбтар аз шаҳри Душанбе). Осоишгоҳ соли 1953 таъсис ёфтааст. 2 июли 2021 баъди бозсозӣ номи тозаву замонавӣ гирифт. Феълан ба ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ» табдили ном кардааст. Тобистони маҳал гарм (40-42 °С), зимистонаш камбарф (ҳарорати миёнаи январ - 1°С). Боришоти солона 660 миллиметр. Дар маҳалли осоишгоҳ мавсими гармӣ 270-300 рӯз идома меёбад; гармӣ бино бар чандон намнок набудани ҳаво тоқатфарсо нест. Бинои асосии осоишгоҳ панҷошёна буда, дорои 500 кат, ошхона (бо 200 ҷойи нишаст), маҷлисгоҳ (барои 300 нафар), толори варзишӣ ва солимгардонӣ аст. Бинои муолиҷавии осоишгоҳ дар масоҳати 4336 метри мураббаъ бунёд гардида, аз чор ошёна иборат аст. Дар он ҳамзамон метавонанд то 1000 нафар ба муолиҷа ва фароғат фаро гирифта шаванд. Бинои амфитеатр дорои 560 ҷойи нишаст мебошад. Дар он тадбирҳои фарҳангию фароғатӣ, шабҳои эҷодӣ, барномаҳои консертӣ, тамошои филм дар мониторҳои калонҳаҷм ба роҳ монда шудааст. Дар шафати амфитеатр барои мизоҷон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ 11 дӯкон барои фурӯши дору, гиёҳҳои шифобахш, маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра бунёд шудааст. Сохтмони хатти нави оби нӯшокӣ аз дарёи Чангоб дар масофаи беш аз 10 километр ба роҳ монда шудааст. Оби осоишгоҳ ҷавобгӯи меъёрҳои санитарию беҳдоштист. Омили асосии табобатии осоишгоҳ оби минералӣ буда, он ба рушду инкишофи баъзе бактерияҳои бемориангез таъсири марговар мерасонад. Дар осоишгоҳ бемориҳои роҳи меъдаю рӯда ва ҷигар (гастрит, энтерит, колит, холесистит, захми меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта, --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 373–377.
Бемористони байналмилалии Ибни Сино
Бемористони байналмилалии Ибни Сино, муассисаи ташхису табобатӣ. Сентябри 2009 бо ҷалби табибони ботаҷриба аз кишварҳои Эрон, Олмон, Россия ва Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд (дорои 120 кат). Беморхона дорои бахшҳои ангиография ва ангиопластика, эндоурология, ҷарроҳии гурда ва роҳҳои пешоб, ёрии таъҷилӣ, бемориҳои занона, ҷарроҳии умумӣ, ортопедӣ, ҷарроҳии тармимӣ, даҳонпизишкӣ, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, утоқи рентген ва дорухона мебошад. Беморхона бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони эронӣ ва тоҷик кор мекунанд. Беморхона аз оғози фаъолият ба зиёда аз 18 ҳазор бемор мадад расонидааст; тақрибан 16 ҳазор бемор ҷарроҳӣ карда шудаанд. Дар ҳама бахшҳои бемористон бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ хизматрасонӣ дар сатҳи байналхалқӣ қарор дорад. Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара 22 марти 2014 ба истифода дода шуд. Бино ва таҷҳизоти беморхона ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯст: ангиография, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени Сиремобил камони С, мамография, ортопантомограмма, ултрасадо (Акузон X300), эндовидео, аскулап, дастгоҳи диализ ва ғайра дорад. Беморхона яке аз калонтарин муассисаҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мебошад. Он на танҳо ба аҳолии ноҳия ва вилоят, балки ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ ва хориҷи он хизмат мерасонад. Беморхона шашошёна буда, дорои 105 кат аст. Дар он шуъбаҳои бемориҳои дил, узвҳои дарунии калонсолон ва наврасон, пайвандсозии узву бофтаҳои инсон, ҷарроҳии калонсолон, ҷарроҳии кӯдакон ва урология, бемориҳои амрози занона, таваллуд, наҷот, қабулгоҳ, бунгоҳи шикастабандӣ, дармонгоҳ, озмоишгоҳ, ташхиси шуоӣ ва ултрасадоӣ, тавонбахшӣ ва физиотерапия фаъолият менамоянд. Дар беморхона аз ҷониби доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон тӯли 5 сол бо мақсади таҷриба омӯхтани донишҷӯён зиёда аз 1100 ҷарроҳии пластикӣ (қолабвайронии бинӣ, бинии шикаста, чинҳои рӯй ва ғайра) анҷом дода шудааст. «Истиқлол» «Истиқлол», бузургтарин маркази серсоҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ. 4 марти 2016 бо ташаббус ва дастгирии Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият сар кард. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ аст. Маҷмаа нахустин муассисаи серсоҳаи тиббии кишвар буда, мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст. Масоҳати умумаш 105000 метри мураббаъ. «Истиқлол» аз 38 бинои 1–9-ошёна иборат буда, дорои 650 кат (аз ҷумла 150 кат барои калонсолон, 182 кат барои ҷарроҳии кӯдакон, 213 кат барои дорудармонии кӯдакон, 100 кат барои таваллудхона), зиёда аз 1000 ҳуҷраи тахассусӣ, дармонгоҳ (барои қабули 800 нафар дар як баст), 47 шуъбаи маъмурӣ, ёрирасон ва дармонгоҳ, 50 шуъбаи бистаригардонӣ бо ташхисгоҳ, аз ҷумла шуъбаи наҷот ва муолиҷаи фаврии калонсолон, толорҳои ҷарроҳии асаб, ҷарроҳии умумӣ, ҷарроҳии дилу рагҳо, толори рустанидармонӣ (фитотерапия), маркази иттилоот, китобхонаи электронӣ бо 27 компютери пайваст ба Интернет, таваллудхона, шуъбаи бемориҳои дарунии кӯдакон, шуъбаи бистаригардонии калонсолон, осоишгоҳ, варзишгоҳ ва ғайра мебошад. Дар пойгоҳи марказ бахши ёрии тиббии таъҷилӣ бо 15 адад нақлиёти махсуси муҷаҳҳаз бо асбобу анҷоми замонавӣ, як адад мошини ёрии таъҷилӣ барои кӯдакони навзод ва 3 бригадаи наҷот фаъолият менамоянд. Толори конфронсии «Истиқлол» 260 ва ошхонааш 150 ҷои нишаст дорад. Дар ихтиёри табибон 620 таҷҳизоти муосири ташхису табобат (истеҳсоли Россия, Хитой, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Олмон, Финляндия, Чехия ва ғайра) қарор дорад, ки қодиранд якбора чанд амалиёт ба иҷро расонанд. Масалан, дастгоҳи ангиография ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, касалиҳои занона ва ғайраро иҷро менамояд; дастгоҳи рентгении ададӣ беморро дар як лаҳза аз ташхис мегузаронад. Дар озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои сироятӣ дастгоҳи олмоние насб шудааст, ки дар як соат 96 амалиётро анҷом медиҳад. Заррабини замонавӣ маводди ташхисро 1000–2500 дараҷа калон нишон медиҳад. Дар ҳуҷраи шикастабандӣ дастгоҳе мавҷуд аст, ки табиб дар вақти ҷарроҳӣ беморро аксбардорӣ, ҳамзамон табобат менамояд. Барои бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ дастгоҳе вуҷуд дорад, ки беморро дар як вақт ташхис, беҳис ва муолиҷа мекунад. Дар ҳар ҳуҷраи ҷарроҳии маҷмаа дастгоҳҳои сайёр, масалан, рентгени мобилӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти махсуси ҳифзи навзодони вазнашон то 500 грамм ва интиқоли онҳо ба ҷойҳои дигар мавҷуданд. Дар бинои ташхисгоҳи «Истиқлол» шуъбаи махсуси тибби суннатӣ амал мекунад, ки дар он кӯдакон хатна, гӯш ё бинии духтарон сӯрох карда мешавад. Дар «Истиқлол» ҳамчунин усули тибби фосилавӣ ба роҳ монда шудааст, ки тавассути он табибони маҳалҳои гуногун метавонанд ба ҳамдигар иртибот дошта бошанд ва барои анҷоми ҷарроҳиҳо табодули донишу таҷриба намоянд. Дар бахши гиёҳдармонии «Истиқлол» бо истифода аз гулу гиёҳҳои шифобахши ҷумҳурӣ доруҳои гуногун тайёр карда мешаванд. Фароҳам овардани шабакаҳои худкори идораи иттилоотӣ, таъмини об, газҳои табобатӣ (ҳавои фишурда ва оксиген), дастгоҳҳои ҳавополо, тибби фосилавӣ, Интернет, алоқаи дохилӣ ва шаҳрӣ, радиои дохилӣ, 416 нуқтаи камераҳои мушоҳидаи бевосита ва 602 адад компютер марказро дар ҷумҳурӣ беназир кардааст. Дар пойгоҳи марказ 14 кафедраи соҳавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ ва ғайра фаъолият мекунанд. Саҳни марказро 670 адад дарахту буттаи гуногун ва 10 ҳазор бех гулҳои зебо оро медиҳанд. Лоиҳаи марказро се ташкилоти лоиҳакашии ватанӣ – Корхонаи воҳиди давлатии «Душанбешаҳрсоз», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Саноатсоз» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия намудаанд. Беморхонаи вилоятии клиникии бемориҳои сироятии ноҳияи Данғара 16 июни соли 2021 ба истифода дода шуд. Бинои беморхона бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда, аз 5 ошёна иборат аст. Беморхона дорои 200 кат буда, барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти бисёр дорад. Ошёнаи якуми беморхона аз 18 ҳуҷраи корӣ иборат буда, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функционалӣ, шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва паразитологӣ ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи дуввум 19 ҳуҷраи корию ташхисӣ, шуъбаҳои табобат ва кӯдакона мавҷуданд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ошёнаи чоруми беморхона аз 29 ҳуҷра иборат буда, дар он бемориҳои зардпарвин ва касалиҳои сироятии махсусан хавфнок табобат карда мешаванд. Дар маҷмӯъ беморхона дорои қариб 120 ҳуҷра барои беморон мебошад. Дар асоси лоиҳа дар ошёнаи панҷуми беморхона кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷойгир аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 371–372.
Бемористонҳо
Бемористонҳо муассисаҳоеанд барои дармони беморони бистарӣ. Бемористонҳо ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ мешаванд. Бемористонҳои умумӣ (иборат аз шуъбаҳои гуногун) ва махсус (бемористонҳои касалиҳои сил, бемориҳои сироятӣ, амрози рӯҳӣ, иллатҳои чашм, аз ҷумла барои кӯдакон) низ мавҷуданд. Агар бемористонҳо дар заминаи мактаби олии тиббӣ ё пажӯҳишгоҳ амал кунанд, онҳоро бемористонҳои клиникӣ меноманд. Бемористоне низ вуҷуд дорад, ки ба одамон мувофиқи касбу корашон хизмат мерасонад, масалан, бемористонҳои кормандони роҳи оҳан, милитсия ва ғайра. Бемористонҳо шуъбаҳои қабулгоҳ, муолиҷа, ташхису табобат, лаборатория, дорухона, ошхона, хонаи либосшӯйӣ ва ғайра доранд. Ҳайати кормандон, аз ҷумла табибони бемористонҳо ба миқдори катҳо вобаста мебошанд. Ба қавли ҷуғрофиёдони маъруфи араб Макризӣ нахустин бемористонҳои доимӣ дар замони халифаи умавӣ Валид ибни Абдулмалик (соли 707) бино ёфтаанд. Дар онҳо беморони махав (лепра) бистарӣ карда мешаванд. Дар Андалусия (Испания) бемористонро «молостон» (мористон), дар Миср «мурустон» ва дар Мағриб «мурстон» меноманд. Дар баъзе сарзаминҳо ба бемористонҳо номҳои дигаре низ илова мешаванд. Бемористоне, ки подшоҳи қарахонӣ Туғмоқ Бугро соли 458 ҳиҷрӣ дар Самарқанд бино кардааст, «дорулмарзо» ном дошт. Дар аҳди Салҷуқиён бемористонро «дорулофия» ва «дорушшифо» мегуфтанд. Дар замони туркони усмонӣ вожаҳои «доруссиҳат», «шифохона» ва «теморхона» низ машҳур буданд. Халифаи аббосӣ Мансур соли 148 ҳиҷрӣ Бурҷиси ҳакимро ба Бағдод фаро хонда, дар шаҳраки Карх ба бинои бемористон ва маркази таҳқиқу дармон дастур дод. Табибони ин бемористон дар пешрафти тиб саҳми назаррас гузоштаанд. Овардаанд, ки хазинаи моҳонаи бемористони Саййида (модари Маҷдуддавла) дар Бағдод (соли 304 ҳиҷрӣ ифтитоҳ шуд) ба 600 ва тахсиси моҳонаи бемористони Муқтадирии Бағдод ба 200 динор мерасид. Ба гуфтаи Ибни Абуусайбиа ва Қифтӣ (соли 301 ҳиҷрӣ), дар он давра бо ташаббуси Синон ибни Собит табибон зиндониёнро низ муоина, ташхис ва даво мекардаанд. Ҳамчунин ба деҳоти ҷануби Ироқ бемористонҳои сайёр фиристода мешаванд, ки ба ашхоси ғайримусулмон низ кумак мерасонданд. Барои табобати беморони рӯҳӣ бемористонҳои алоҳида вуҷуд доштанд. Адиби давраи Мутаваккил Мубаррад чунин бемористонро дар дайри Ҳизкил (дар байни Бағдод ва Восит) дида будааст. Тибқи гузориши Яъқубӣ ва Масъудӣ он қадимтарин бемористони рӯҳӣ буд, ки аз бемористони Бетҳлеҳем (Bethlem)-и Лондон (таъсисаш соли 1404) ва бемористони умумии Валенсия (Hospital General Valencia)-и Испания (таъсисаш соли 1409) бартарӣ доштааст. Машҳуртарин бемористонҳои садаи 3 ҳиҷрӣ, ки ба табобати беморони рӯҳӣ сарукор доштанд, бемористонҳои Аҳмад ибни Тулун дар шаҳри Фустоти Миср буданд. Ба гуфтаи Макризӣ дар он бемористон ба маризон либоси махсус пӯшонида, дору ва ғизо ройгон дода мешуд. Дар Андалусия барои ҷудо нигоҳ доштани беморони махав дар беруни шаҳри Қуртуба (Кордова) бемористони махсус сохта буданд. Ба гуфтаи Маққари танҳо дар шаҳри Қуртуба ва ҳаволии он 50 бемористон вуҷуд дошт, ки пас аз тасаллути масеҳиён бар он сарзамин аз байн рафтаанд. Испаниягиҳо бемористони Муҳаммади Панҷум – амири хонадони Насрро, ки соли 777 дар шаҳри Ғарнота (Гренада) сохта шуда буд, ба зарробхона табдил доданд. Мувофиқи тарҳе, ки меъмори фаронсавӣ Гиябӯ бардошта буд, он бемористон бинои дутабақа доштааст. Усмониҳо дар бахшҳои гуногуни артиши худ – қувваҳои ҳарбии баҳрӣ, коргоҳи киштисозӣ ва ғайра низ бемористонҳо сохта буданд. Онҳо ба аҳолии тамоми қаламрави хилофати худ аз Будапешт то Крим ва аз Салоника (дар Аврупои Марказӣ) то Макка, ҳамчунин ба мардуми сарзаминҳое, ки сокинонашон ба дини ислом нагаравида буданд (Белград, Будапешт ва ғайра), кумаки тиббӣ мерасонданд. Бино ба маълумоти асири олмонӣ Ю. Шелтбергер дар замони Боязиди Юлдурум (соли 1400) танҳо дар шаҳри Бурса 8 бемористон вуҷуд доштааст. Дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ то охири асри 19 бемористонҳо ба шакли кунуниашон вуҷуд надоштанд. Соли 1891 дар Бухоро бемористони русию мардуми таҳҷой (барои 30 кат) кушода шуд, ки амбулатория ва дорухона низ дошт. Дар он 2 табиб, 3 фелдшер ва 1 дорусоз кор мекард. Охири асри 19 артиши Русияи подшоҳӣ дар қисмҳои сарҳаддии Хоруғ ва Помир ду шуъбаи қабули беморонро ташкил кард, ки аз онҳо аскарон ва баъдан мардуми бумӣ истифода мебурданд. Беморхонаи аввалин дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон (дорои 40 кат) соли 1913 ба истифода дода шудааст. Дар он 13 табиб ва 32 корманди миёнаи тиббӣ фаъолият дошт. Баъди ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳифзи тандурустӣ рӯ ба пешравӣ ниҳод. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ 22 бемористон фаъолият мекард (990 кат дошт). Баъди дар пойтахт таъсис ёфтани Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (соли 1939) адади бемористонҳои ҷумҳурӣ афзуд. Масалан, соли 1940 дар Тоҷикистон 121 бемористон (бо 4490 кат) вуҷуд дошт, соли 1985 адади онҳо ба 319 (бо 42790 кат) расид (10818 табиб). Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ аксари бемористонҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва дастгоҳҳои компютерӣ муҷаҳҳаз гаштанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 128 бемористони деҳотӣ, 53 бемористони ноҳиявӣ ва 25 бемористони шаҳрӣ фаъолият доранд. Баъзе бемористонҳо ба марказҳои саломатӣ табдил дода шудаанд: Маркази саломатии деҳотӣ – 854, маркази саломатии ноҳиявӣ – 54, маркази саломатии шаҳрӣ – 53 адад. А. Боқизода. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 370–371.
Таъминоти дору
Дар ҷумҳурӣ назорат ва кафолати таъмини давлатии аҳолӣ бо маводи доруии хушсифат, ашёи хоми давоӣ, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, молҳои тиббӣ, маводи санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, санҷиши фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ новобаста ба шакли моликият, таҳия ва пешбурди феҳристи давлатии маводи давоӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст. Дар ин самт мақоми Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ назаррас буда, он фаъолияти дорухонаҳоро ба низом меоварад. Бо мақсади рушди саноати дорусозӣ, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон корхонаи таҳвили рустаниҳои шифобахши «Сариҳосор» ба истифода дода шуд. Он дорои 8 дастгоҳу таҷҳизот буда, аз 15 номгӯи гиёҳҳои шифобахш даво истеҳсол мекунад. Ҳамчунин моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе сехи истеҳсоли дору ва таҳвили гиёҳҳои шифобахши Маркази илмию тадқиқотии фармасевтӣ ба фаъолият пардохт. Дар муассисаи мазкур бори аввал дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғилофак (капсула)-ҳои маводи фаъоли биологӣ, аз шираи камол «Ферулин» ва дар шишаҳо «Шарбати ширинбӯя» роҳандозӣ шуд. Феълан дар ҷумҳурӣ коргоҳҳои фармасевтии ватанӣ – Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Помир», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тиб барои шумо», «Шабнам ШАР», «Ҳаким», «Саҳо», «Авитсенна», «Фармико», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Аввалин» ба истеҳсоли маводи доруворӣ машғуланд. Дорухона, аптека, муассисаи махсуси тиббӣ барои тайёр кардан, нигоҳ доштан ва фурӯши дору, воситаи беҳдорию беҳдоштӣ, обҳои минералӣ, масолеҳи захмбандӣ ва дигар лавозимоти гуногуни тиббӣ. Дорухонаҳои аввалин дар Хитой, Миср ва Рум сохта шудаанд. Асри 8 дар Бағдод дорухона ташкил ёфт, ки муассисаи давлатӣ маҳсуб мешуд. Дар дорухонаҳои он замон озмоишгоҳҳо вуҷуд доштанд, ки доруҳои мураккаб тайёр мекарданд. Чунин озмоишгоҳҳо то асрҳои 19–20 фаъолият карда, баъдтар баробари рушди саноати дорусозӣ аз байн рафтанд. Дар қаламрави Тоҷикистон аввалин дорухонаҳои хусусӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд (1900) ва Истаравшан (1916) ташкил шуда буданд. Ноябри 1923 Шӯрои иқтисодии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Оинномаи раёсати донишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва қоидаҳои Комиссариати халқии ҳифзи тандурустиро қабул кард. Аввалин дорухонаҳои давлатӣ соли 1923 дар шаҳри Хуҷанд ташкил ёфтанд. Октябри 1924 дар шаҳри Душанбе дорухонаи давлатӣ ва нахустин мағозаи беҳдошт ба фаъолият оғоз намуданд. Дорухонаҳои давлатӣ солҳои 1926–29 дар Конибодом, Спитамен (собиқ Нов), Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), Рашт (собиқ Гарм) ва Панҷакент низ ташкил карда шуданд. Дар онҳо зиёда аз 50 нафар дорусоз фаъолият доштанд. Дорусозони аввалини маҳаллӣ (А. Набиев, О. Почочонов, Н. Почочонов) аз Хуҷанд буданд. Онҳо солҳои 1924–28 дар Тошканд таҳсил карда, соҳиби тахассуси ёвари провизор гаштанд. Сентябри соли 1929 дар назди Комиссариати халқии ҳифзи тандурустӣ Раёсати дорухонаҳои тоҷик ва савдои лавозимоти тиббӣ ба кор оғоз кард. Соли 1975 дар шаҳри Душанбе анбори доруҳо ба истифода дода шуд, ки масоҳати умумии он 2500 метри мураббаъ буд. Соли 1980 раёсати дорухонаҳои шаҳри Душанбе ташкил карда шуд. Кормандони дорухонаҳо ба аҳолӣ дору ва дигар васоити тиббӣ мефурӯшанд, рустаниҳои шифобахшро захира мекунанд, ба кормандони тиб доир ба доруҳои нав ва тарзи истифодаи онҳо маълумот медиҳанд. Барои ин дар марказҳои тиббӣ ва шифохонаҳои калон ҳуҷраҳои фармасевтӣ амал мекунанд. Назорат аз болои муҳлати истифодаи адвия, инчунин расондани ёрии аввалин ба касоне, ки ногаҳон бемор ё ба фалокат дучор шудаанд, аз ҷумла вазифаҳои кормандони дорухонаҳо мебошад. Тарзи фаъолияти дорухонаҳо, тартиби қабул, нигаҳдорӣ ва фурӯши дору, инчунин вазифаи кормандони дорухонаҳо тибқи дастури махсус танзим карда мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 2500 (аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе – 502, ноҳияҳои тобеи марказ – 238, минтақаҳои Рашт – 41, Бохтар – 331, Кӯлоб – 243, вилояти Суғд – 564 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 65) дорухонаи хусусӣ вуҷуд дорад. С. Ҷ. Юсуфӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 369.
Тибби мардумӣ (идома)
Тибқи маълумоти дастхатҳои форсӣ-тоҷикӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва юнонӣ гиёҳдармонӣ тӯли 3–5 ҳазор сол усули асосии муолиҷа будааст. Тибби мардумии тоҷикон таърихи ҳазорсола дошта, он донишу таҷрибаи қадимии суғдиён, бохтариҳо ва чандин усулу воситаи муолиҷаи дини зардӯштӣ (бо оташ, хокистар ва ғайра)-ро дар бар мегирифт. Яке аз аввалин манбаъҳои тибби форс-тоҷик китоби муқаддаси Авесто мебошад. Авесто тибро чун василаи солим нигоҳ доштани бадан қаламдод кардааст. Дар он ду самту равияи тиб (ваҳдония ва антропосентрӣ) шарҳ дода шудааст. Дар равияи аввалӣ Худо чун офарандаи бемориҳо ва шифодиҳандаи онҳо зикр ёфтааст. Дар равияи дуюм одам дар маркази диққат аст; ӯ бояд поквиҷдон бошад ва қоидаю дастурҳои Зардуштро иҷро намояд. Бино бар таълимоти зардӯштӣ, Аҳура Маздо (қувваи некӣ) ба воситаи фаришта Айрайман (Ирман) ба беморон дасти ёрӣ дароз мекунад. Сабабгори асосии бемориҳо Ахриман (нерӯи зиштӣ) аст. Дар қисми «Вандидод»-и Авесто гуфта шудааст, ки «Ахриман барои инсон 99999 беморӣ офарид» ва Аҳура Маздо гӯё аз осмон барои инсон 10000 рустании доруӣ фиристод, ки дар атрофи «дарахти ҳаёт» мерӯянд. Бунёдгузори тиб Атрат (Трита) дониста мешуд, ки бемориҳои гуногунро муолиҷа ва маргро аз тани инсон дур мекард. Дар қисмҳои «Ясно» ва «Вандидод»-и Авесто дар бораи табибе сухан рафтааст, ки барои муолиҷаи бемориҳо ва ибодат ҳамчун василаи хушбӯйӣ хаома (хаума)-ро истифода мебурдааст. Табибон бемориҳоро бо усулҳои гуногун табобат мекарданд, ки яке аз онҳо гиёҳдармонӣ буд. Дар Авесто номи беш аз 100 навъи рустании давоӣ, аз қабили канапс, бангҳа, барсам, воҳумана, воҳуманангҳа, виспубиш, гаукерена, воҳушауна, ғиона, ҳадапасапта, испанд, рангҳа, нимата, урвасӣ, шайита, фрасната, ҳаперсӣ ва ғайра зикр шудааст. Хосияти шифобахшии равғани шафтолу, бодом, писта, гул, асал ва қанд низ зикр гаштааст. Авесто дар бораи гиёҳдармонӣ маълумоти ҷолиб медиҳад. Табибони он давр давоҳоро бо роҳи ҷӯшонидану дар сирко, равған ё нӯшокии аз меваи хома (хаума) тайёркарда хобондан (парваридан)-и пӯстлоху реша, баргу поя, мева ва гулу тухми рустаниҳо тайёр мекарданд. Хаома дар байни рустаниҳои доруӣ маъмултарин буд. Онро ҳангоми бемориҳои гуногун ва заҳролудӣ, бо роҳи дар хона дуд кардан истифода мебурданд. Чунин мепиндоштанд, ки шираи хаомаи тару тоза бадани инсонро солим нигоҳ дошта, ба ӯ саломативу неру мебахшад, нӯшобаи рӯҳбахши он беморӣ ва маргро дур мекунад. То ҳол аз меваи хаома дар деҳаҳои водии Зарафшон, ҳамчунин деҳаи Понғози ноҳияи Ашт (дар ин ҷо загоза мегӯянд) ширинӣ тайёр ва чун даво истеъмол мекунанд. Табибони мардумӣ барои аз ҷисми бемор дур кардани неруҳои ахриманӣ аз гил муҷассамаҳои рамзии беморро сохта, дар пеши назари ӯ онҳоро мешикастанд. Баробари пайдоиши дини ислом дар тибби мардумӣ усулҳои табобати динӣ (масалан, чилёсин) ба вуҷуд омаданд. Табибони мардумӣ, маъмулан, аз як авлод буда, пешаи табибиро аз насл ба насл боқӣ мегузоштанд. Ба ақидаи табибони мардумӣ дигаргунии мизоҷ, истеъмоли таоми сард ё туршшуда, гуруснагӣ, пурхӯрӣ, тарс, сармо, гармӣ ва ғайра боиси беморӣ мегардад. Табибони мардумӣ беморонро бо парҳез, рагмолӣ, доғсӯзӣ, ҷарроҳӣ, гармию сардӣ, бо таъсири нури офтоб, рег ва санги гарм, маъданҳои гуногун ва ғайра табобат менамуданд. Онҳо дар муоинаи мариз ва муайян кардани бемории ӯ ҳамеша пайванди узвҳои баданро аз назар гузаронда, паҳлӯҳои муолиҷаро таҳқиқу дақиқ мекарданд. Яке аз чунин табибони мардумӣ Шоҳзода Муҳаммад (1869–1935) буд, ки ба гуфтаи доктори илмҳои тиб Ю. Нуралиев «Намунаи беш аз 100 рустании шифобахшро тартиб додааст, ки хусусияти табобатии зиёда аз 80 навъи онҳо ба қалами ӯ тааллуқ дорад». Натиҷаҳои таҳқиқоту табобати ӯ дар китоби «Тибби Шоҳзодамуҳаммад» ҷамъбаст шудаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон то Инқилоби Октябр тиб комилан дар ихтиёри табибони мардумӣ буд. Онҳоро ба се гурӯҳ – ҷарроҳ, қаҳҳол (табиби чашм) ва табиб (терапевт) ҷудо мекарданд. Табибони мардумӣ вазъи саломатии беморро аз рӯи таносуби чор унсури асосӣ — савдо, балғам, сафро ва хун ташхис намуда, воситаҳои давоиро ба гарму сард ҷудо мекарданд ва ҳангоми таъйини табобат ва парҳез ин хусусияти давоҳоро ба эътибор мегирифтанд. Дар тибби мардумии тоҷикон бисёр усулу воситаҳое низ ба кор бурда мешуданд, ки қисман ё куллан хусусияти рӯҳонӣ (ҷодуӣ ва афсунгарӣ) доштанд. Масалан, дар Дарвоз ҳангоми табобати бемории тосак (дифтерия) ду зоча – мард ва зан сохта, онҳоро бемор мепиндоштанд ва сурудхонону доиразанон онҳоро бурда ба дарёи Панҷ меандохтанд, сипас ба қафо нигоҳ накарда, сӯи деҳа медавиданд. Тӯмору бозубандҳои гуногун низ аз ҷумлаи чунин воситаҳои табобат мебошанд. Яке аз усулҳои маъмули табобат дар пӯст гирифтан ё печондани бемор буд. Барои ин усули муолиҷа пӯсти навзабҳшудаи гӯсфанди сиёҳро истифода мебурданд, зеро гармии он зиёдтар аст. Ин усул дар мавриде истифода мешавад, ки сарчашмаи пайдоиши беморӣ сардӣ бошад. Агар сабаби беморӣ зиёдии гармӣ дар андомгон бошад, беморро ба пӯсти буз мепечонданд. Баъзан ба болои шиками кӯдаки шамолхӯрда пӯсти ба тозагӣ кандаи мурғ гузошта мешуд. Барои табобати газаки занон, ки сабаби безурётӣ мегардид, ба пӯсти навкандаи гӯсфанд ғализаи ҷигар ва талхаи майдакардаи онро мемолиданд. Сипас аз пӯст халта медухтанд. Зан урён ба халта даромада, дар ҷогаҳ хоб мекард ва болояшро гарм мепӯшонданд. Ӯ бояд дар ҳамин ҳолат як шабонарӯз хоб равад. Тибби мардумӣ ҳарчанд то замони мо ба таври куллӣ нарасида бошад ҳам, дар амалияи тибби имрӯза баъзе доруҳо ва усулҳои муолиҷаи онро (пас аз санҷиши дақиқи илмӣ ва безарар буданашон барои андомгони одам) истифода мебаранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 367–368.
Тибби мардумӣ
Тибби мардумӣ — маҷмӯи маълумоту амалиёти гуногун, ки солҳои тӯлонӣ дар байни мардум зимни таҷрибаҳои ҳаётӣ ба амал омада, барои дароз кардани умри инсон, бартараф намудани иллати зоҳирии бадан, ташхис, табобат ва пешгирии бемориҳо истифода мешаванд. Маълумоти мазкур даҳонӣ аз насл ба насл гузашта, дар урфу одат ва мақолу ривоятҳои халқӣ акс ёфтааст. Ҳатто одамони ибтидоӣ роҳҳои халосӣ аз бемориҳоро ҷустуҷӯ мекарданд. Бахши асосии ғизои онҳо решаву поя, мева ва дигар қисмҳои серобу сершираи рустаниҳо буд. Одамони ибтидоӣ батадриҷ истифодаи рустаниҳои «муъҷизакор»-ро бар зидди бемориҳо аз худ карданд. Онҳо узви шикаста ё аз ҷо беҷошударо табобат карда, доир ба хосияти шифобахшии нури офтобу об тасаввурот доштанд. Бемориҳоро бо гиёҳҳо табобат мекарданд; тарзи табобат аз насл ба насл мегузашт. Тадриҷан табибоне пайдо шуданд, ки пешаи онҳо гиёҳдармонӣ буд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 367.
Ҳифзи тандурустӣ
Дар замони Аморати Бухоро ҳифзи тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳамчун системаи давлатӣ вуҷуд надошт. Ҳукумати подшоҳӣ барои хизматрасонии тиббии аҳолии Осиёи Марказӣ ба ҳар сари кас соле 14 тин ҷудо мекард. Оид ба чигунагии ташкили хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар Аморати Бухоро (то соли 1913 қисми марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ, яъне бахши дар ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор воқеъбудаи он то ноҳияҳои водии Рашту Помири Ғарбӣ ҳамагӣ дар он дохил буданд) маълумоти кофӣ дар даст нест. Охири асри 19, дар аморат нахустин муассисаҳои табобатӣ, масалан, дар навоҳии сарҳаддӣ амбулаторияҳои назди қисмҳои беҳдоштии гарнизонҳои ҳарбии рус бунёд шуданд. Дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯзӣ фақат як табобатгоҳи амбулаторӣ барои занон ва бачагон дар Хуҷанд мавҷуд буд, ки сентябри 1886 ба фаъолият пардохт. Дар он то соли 1895 10926 зан ва 7714 кӯдак ба муолиҷаи амбулаторӣ фаро гирифта шуданд. Ба занони ҳомила асосан момодояҳо, ки хеле камшумор буданд, кумак мерасониданд. Масалан, соли 1913 дар вилояти Самарқанд ҳамагӣ 18 акушерзан ва момодоя фаъолият дошт (ба ҳар 56 ҳазор зан як момодоя рост меомад). Дар асоси Қарори Шӯрои генерал-губернаторияи Туркистон соли 1905 дар вилояти Сирдарё 18, Самарқанд – 10 ва Фарғона – 16 қитъаи тиббӣ ташкил карда шуд. Соли 1911 дар онҳо ва дигар муассисаҳои табобатӣ 125 табиб, 184 фелдшер, 74 акушерзан, 35 табиби дандон ва 62 дорусоз кор мекард. Ба ҳар табиб ба ҳисоби миёна 44 ҳазор, ба ҳар фелдшер – зиёда аз 27 ҳазор, ба ҳар акушерзан – 70 ҳазор, ба ҳар табиби дандон – 145 ҳазор, ба ҳар дорусоз – 80 ҳазор аҳолӣ рост меомад. Барои ташкил кардани хизматрасонии тиббӣ соли 1924 Шуъбаи тандурустии Бухорои Шарқӣ таъсис дода шуд, ки аз тариқи Идораи қисми беҳдоштии корпуси тирандози рақами 13 ба аҳолӣ хизмат мерасонд. Соли 1924 ба муносибати ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Шуъбаи тандурустии Бухорои Шарқӣ ба Комиссариати халқии тандурустии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил дода шуд. Нахустин муассисаи табобатӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон амбулаторияи ҷарроҳии чашм буд, ки феврали 1925 дар Душанбе ифтитоҳ ёфт. Амбулатория июни 1925 ба беморхонаи шаҳрӣ табдил дода шуд ва адади кати он аз 8 то ба 33 афзуд. Охири соли 1925 беморхонаи шаҳри Душанбе дорои 45 кат ва аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ (12 кат), чашмпизишкӣ (6 кат), бемориҳои дарунӣ ва зуҳравӣ (9 кат) ва момоиву амрози занона (6 кат) иборат буд. Соли 1928 он ба Беморхонаи ҷумҳуриявӣ табдил дода шуд, ки 125 кат дошт ва аз шуъбаҳои бемориҳои дарунӣ (30 кат), ҷарроҳӣ (30 кат) ва чашмпизишкӣ (5 кат) иборат буд. Соли 1929 дар назди он утоқи рентгенӣ, шуъбаҳои табиатдармонӣ ва эксперти тиббии судӣ ташкил карда шуданд. Соли 1925 дар шаҳри Душанбе бори аввал нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ ташкил шуд, ки аз соли 1926 то 1927 ба 6408 нафар кумак расонид. Он солҳо ба масъалаи ҳифзи модару кӯдак диққати бештар дода мешуд ва соли 1926 аввалин амбулаторияи занона, соли 1927 нахустин машваратгоҳи тиббӣ барои кӯдакон ташкил шуд. Солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ба Тоҷикистон аз ҷумҳуриҳои дигар, бештар аз Россия ва Украина, кормандони тиб фиристода мешуданд. Табибони аввалин А. Н. Гостев, И. А. Петрухин, А. В. Спасская, М. А. Чернилова, С. И. Чумаков, А. М. Дяков (нахустин Комиссари халқии тандурустии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон) ва дигарон буданд. Ба туфайли рушди мунтазами хоҷагии халқ, болоравии фарҳанг ва некуаҳволии одамон, ҳифзи тандурустӣ, илми тиб ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар ҷумҳурӣ бисёр бемориҳои иҷтимоӣ ва сироятию ангалӣ нест шуда, шумораи бемориҳои дигар кам шуд. Баъди таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳифзи тандурустӣ босуръат ривоҷ ёфт. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ 22 муассисаи муолиҷавию пешгирии бемориҳо (бо 990 кат) вуҷуд дошт. Солҳои 30 аввал дар Хуҷанд, баъд дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) техникумҳои тиббӣ ва соли 1939 дар Сталинобод Донишкадаи тиббӣ таъсис дода шуданд. Соли 1943 Донишкадаи тиббиро 125 кас, аз ҷумла 6 нафар тоҷик хатм намуданд. Соли 1940 дар Тоҷикистон 121 беморхонаи дорои 4490 кат, 245 муассисаи амбулаторию поликлиникӣ, 71 машваратгоҳи занона ва дармонгоҳи кӯдакон вуҷуд дошт; табиб 648 ва кормандони миёнаи тиббӣ – 2674 нафар буданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ диққати ташкилотҳои ҳифзи тандурустии ҷумҳурӣ ба масъалаи пешгирии бемориҳои вогир, муолиҷа ва ҳар чӣ зудтар ба сафи артиш баргардонидани ҷанговарони маҷрӯҳу бемор, истеҳсолоти доруҳои зидди бемориҳои сироятӣ ва ғайра равона шуда буд. Дар ҷумҳурӣ чандин ҳоспитал ташкил карда шуд, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷанговар шифо ёфтанд. Муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ солҳои ҷанг ба хизмати тиббии коргарони саноати мудофиа диққати ҷиддӣ медоданд, дар кори табобату пешгирии бемориҳо, аз ҷумла муҳоҷирон, кӯшиш менамуданд. Бо вуҷуди ин, вазъи санитарияи ҷумҳурӣ тағйир ёфт. Теъдоди мубталоёни бемориҳои домана, вабо ва ҳасба афзуд, мубориза зидди бемориҳои сил, узвҳои таносулӣ, чашм ва ғайра басо заиф гашт. Шароити замони ҷанг ба мавзӯи таҳқиқоти илмии соҳаи тиб низ таъсир расонд. Дар ин солҳо асосан ба омӯзиши масъалаҳои тибби ҳарбӣ, аз ҷумла омӯзиши ҷараён ва табобати захм, контузия (зарбзадагӣ) ва оқибатҳои он, инчунин ба ташкили кори дармонгоҳҳои кӯчидагон эътибори ҷиддӣ медоданд. Баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ давраи пешрафту инкишофи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла бахши тиб ва ҳифзи тандурустӣ фаро расид. Ташкили мақомоти идоракунандаи муассисаҳои ҳифзи тандурустӣ, аз рӯи нақшаи маҳаллию минтақавӣ ва истеҳсолӣ, таъсис додани ёрии тиббӣ, муттаҳид кардани бахшҳои назорати санитарӣ ва пешгирӣ, таъсиси институти мутахассисони пешбар (сармутахассисон) ва тадбирҳои дигар ба минбаъд беҳтар гардидани сифати хизматрасонии тиббии аҳолӣ мусоидат намуданд. Дар солҳои баъдиҷангӣ бештар ба масъалаи пешрафти муассисаҳои тиббии кӯдакон ва таваллудхонаҳо, такомули тадбирҳои пешгирии бемориҳо ва пурсамарии фаъолияти тиббию ташхисии онҳо эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Вусъати сохтмони шаҳру шаҳракҳои коргарнишин, маркази ноҳияҳо ва деҳот боиси беҳтар шудани хизматрасонии тиббию беҳдоштӣ ва ҳифзи сиҳҳати аҳолӣ гардид. Дар муборизаи зидди бемориҳои сироятӣ комёбиҳои назаррас ба даст омаданд; бемории вараҷа қариб тамоман аз байн рафт ва бемориҳои сироятии кӯдакон хеле кам шуданд. Солҳои баъдиҷангӣ дар муборизаи зидди бемориҳои сил, узвҳои таносул, чашм ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Таъсис додани муассисаҳои таълимии тиббӣ дар ҷумҳурӣ ба зиёд шудани мутахассисони таҳсилоти олию миёнаи махсуси тиббӣ мусоидат намуд. Солҳои 70-80 асри 20 дар бахши тиб ва ҳифзи иҷтимоӣ пажӯҳишҳои зиёди илмӣ анҷом дода шуданд. Дар ҷумҳурӣ Институти гастроэнтерология, Институти ҳифзи модару кӯдак, Шуъбаи тоҷикистонии Пажӯҳишгоҳи ғизошиносии Қазоқистон таъсис ёфтанд. Соли 1984 дар 6 омӯзишгоҳи тиббии ҷумҳурӣ беш аз 2000 корманди дорои маълумоти миёнаи тиббӣ, дар Донишкадаи давлатии тиббӣ ба номи Абуалӣ ибни Сино тақрибан 600 табиб тайёр карда шуд. Беморхонаҳои бисёр бунёд шуданд, ки на фақат ба сокинони шаҳрҳо, балки ба аҳолии тамоми гӯшаю канори кишвар ёрии тиббӣ мерасонданд. Соли 1984 дар Тоҷикистон 10818 табиб ва 28926 корманди миёнаи тиб кор мекард, 319 беморхона (дорои 42790 кат), 630 амбулаторияву дармонгоҳ вуҷуд дошт. То оғози солҳои 90 дар ҷумҳурӣ 17 диспансери зидди бемории сил, 4 диспансери омосшиносӣ (онкологӣ), 17 диспансери бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ, 9 диспансери рӯҳу асаб, 3 диспансери эндокринологӣ, 6 диспансери тарбияи ҷисмонӣ ташкил шуданд. Шабакаи умури муҳофизати саломатии модар ва кӯдак 19 таваллудхона, 144 шуъбаи таваллуд (бо 6520 кат), беш аз 180 беморхонаю шуъбаҳои бемориҳои кӯдакона, 26 санаторияи махсуси бачагона, 125 ошхонаи маҳсулоти шириро дар бар мегирифт. Ба кӯдакон дар муассисаҳои амбулаторию поликлиникӣ (дар шаҳрҳо аз рӯи 18-21 ихтисос, дар деҳот аз рӯи 6-8 ихтисос) ёрии тиббӣ расонида мешуд. Ба коргарони корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва нақлиёт 11 қисми тиббию санитарӣ (дорои 795 кат), 33 бунгоҳи тиббӣ, 329 қитъаи фелдшерӣ ва 79 қитъаи коргоҳӣ хизмат мекард. Ба аҳолии ҷумҳурӣ 12 дармонгоҳи махсус ва ҳуҷраҳои стоматологӣ ёрӣ мерасонанд. Соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд. Дар кишвар дигаргунсозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ оғоз ёфтанд. Дар ин давра гузаштан аз иқтисодиёти нақшавӣ ва идорашаванда ба муносибатҳои бозоргонӣ хеле душвор буд, зеро харобиҳои ҷанги шаҳрвандиро бартараф кардан лозим меомад. Ноустувории сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, равандҳои демографӣ дар давраи гузариш ба соҳаи тандурустӣ низ таъсири манфӣ расонданд. Ҳолати бамиёномада инчунин паст гардидани вазъи иҷтимоӣ дар муқоиса ба дигар давлатҳо, зарурати ислоҳоти соҳаи тандурустиро ба миён овард, ки чаҳор марҳаларо дар бар мегирифт. Марҳалаи аввал (солҳои 1993-97) ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Вазорати тандурустӣ бино бар нокифоя будани маблағгузории соҳа фаъолияти худро бештар ба кам кардани адади катҳо равона кард. Дар ин давра тавассути тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳифзи тандурустӣ аз дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор гардид. Кумакҳои фаврӣ бо дору, ваксина, воситаҳои банду баст дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ нақши муҳим бозиданд, вале бештари ин кумакҳо хусусияти фавқулода дошта, мурод аз онҳо рафъи оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд. Марҳалаи дуввуми ислоҳоти соҳаи ҳифзи тандурустӣ солҳои 1997-99-ро дар бар мегирифт. Дар ин давра дигаргунсозиҳои соҳа дар шароити нисбатан ором идома ёфтанд. Бори нахуст дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005», «Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997-2001» ва ғайра таҳия ва қабул шуданд. Ин зинаи ислоҳот барои бартараф намудани буҳрони соҳаи тандурустӣ, таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои марбута ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар чаҳорчӯби муайян имкон доданд. Дар ин давра дигаргунсозии маблағгузории соҳа, такмили сохтор ва шабакаи муассисаҳои тандурустӣ, сиёсати доруворӣ, хусусигардонии дорухонаҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ғайра масъалаҳои мубрами рӯз буданд. Марҳалаи сеюми ислоҳоти соҳа солҳои 1999–2006-ро дар бар мегирифт. Соли 1999 лоиҳаҳои нахустини инвеститсионӣ бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки умумиҷаҳонӣ оғоз гардиданд. Аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили ҳолати мавҷудаи муассисаҳои тиббӣ дар саросари кишвар анҷом дода шуд. Бо дастгирии техникии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ таҳия гардид. Вобаста ба шароити зарурӣ ҷалби маблағ аз ҳисоби институтҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ кумакрасон ба миён омад. Лоиҳаи намунавии «Ислоҳоти кумаки аввалияи тиббию санитарӣ», ки соли 1999 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби қарзи дарозмуҳлати имтиёзноки Бонки умумиҷаҳонӣ дастрас шуд (маблағи умумӣ – 6,24 миллион доллари амрикоӣ) дар ду ноҳияи таҷрибавӣ – Варзоб ва Данғара амалӣ гардид. Он нахустин лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаи тандурустии кишвар маҳсуб мешуд. Дар доираи татбиқи лоиҳа барномаҳои таълимии омодасозии табибони оилавӣ, бозомӯзии ҳамшираҳои тибби оилавӣ, стандартҳои муолиҷаи беморӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ғайра таҳия ва амалӣ гаштанд. Лоиҳа инчунин дар татбиқи системаи нави идоракунии иттилооти тандурустӣ ва муҷаҳҳаз кардани соҳа бо компютерҳо, омода намудани табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ аҳаммияти беназир дошт. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур чандин амбулаторияи тибби оилавӣ, Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ ва 26 маркази саломатии деҳот (дар ноҳияҳои Варзоб ва Данғара) сохта, бо таҷҳизоти тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва алоқаи радиоӣ таъмин карда шуданд. Дар ин давраи рушди ҳифзи тандурустӣ «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005–2015» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи 2005 (таҳти №171) қабул карда шуд. Дар доираи татбиқи стратегияи мазкур ба таври таҷрибавӣ маблағгузории сарикасӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Данғара, ки аввалин ноҳияҳои таҷрибавии ислоҳот буданд, ҷорӣ карда шуд. Инчунин, Барномаи кафолати давлатии таъмини кумаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии ноҳияҳои номбурда ва тартиби хизматрасонии тиббии пулакӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ба аҳолии ин навоҳӣ таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни 2004 (таҳти №279) тасдиқ гардиданд. Бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ соли 2003 лоиҳаи Тоҷикистону Швейсария оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ амалӣ карда шуд. Қисмати асосии лоиҳа ба аҳолӣ дастрас намудани хизматрасонии босифати кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, назорати бемории сил ва истифодаи табобати кӯтоҳмуддати он (ДОТС), беҳтар намудани системаи банақшагирӣ, идоракунӣ, мониторинг ва арзёбии умури тиббиро дар назар дошт. Дар пешбурд ва татбиқи дигаргунсозиҳои ҳифзи тандурустӣ Лоиҳаи таҷдиди бахши иҷтимоӣ (№1705, Бонки рушди Осиё), ки солҳои 1999–2004 амалӣ гардид, саҳми назаррас гузошт. Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар 190 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ, 16 беморхонаи марказии ноҳиявӣ, 4 маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилоятҳои Хатлон ва Суғд корҳои сохтмону барқарорсозӣ ба анҷом расида, муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин карда шуданд. Аз соли 2004 аз ҳисоби қарзи Бонки Рушди Осиё (ба маблағи 9,375 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) дар ноҳияҳои таҷрибавии Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ, Рошткалъа, Кӯлоб ва Рашт корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Вазифаҳои асосии лоиҳа созмон додани потенсиали банақшагирӣ ва идоракунӣ, ташкил намудани маркази хариди дору, таҳияи механизми назорат аз болои сифати доруҳо, таъмини аҳолии камбизоат бо хадамоти тиббӣ ва ғайра буданд. Дар марҳалаи сеюми ислоҳоти тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат бахшидан ба дигаргунсозиҳои соҳа кӯшиш ба харҷ дод. Дар татбиқи ислоҳоти соҳа ҳамчунин Маркази идораи лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ (Бонки рушди Осиё), Маркази ҳамоҳангсозии Лоиҳа оид ба ислоҳоти кумаки аввалини тиббию санитарӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ), Лоиҳаи Тоҷикистону Швейцария оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ (Лоиҳаи «Сино»), Лоиҳаи «Здрав Плюс», Хазинаи Оғохон, Хазинаи Глобалӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Лоиҳаи ХОУП, Фонди миллии иҷтимоии инвеститсионии Тоҷикистон (НСИФТ), «Каре интернешнл» ва дигарон саҳм гузоштанд. Дар ин марҳала инчунин ба таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои стратегии соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода шуд, чунончи, қонун ва қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани иҷозатнома ба баъзе намудҳои фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ барои солҳои 2002–2010», Нақшаи стратегӣ «Оид ба солимии репродуктивии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2014» ва ғайра Бори аввал соли 2003 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии тандурустӣ таъсис ёфт. Марҳалаи чаҳоруми ислоҳоти ҳифзи тандурустӣ аз соли 2006 оғоз шуд. Вазифаи асосии он дигаргун намудани сохти идоракунӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ, рушди тибби оилавӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими системаи иттилоотии соҳа ва ғайра буд. Бо мақсади беҳтар кардани вазъи саломатии аҳолӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо санади меъёрию ҳуқуқӣ таҳия намуд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тибби оилавӣ», «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006–2010», «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ бо кумаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2010–2011», «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020», «Нақшаи стратегияи таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020» ва ғайра Бо мақсади таҳкими системаи идораи тандурустӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 665 аз 2 декабри 2009) дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо шуъба ва бахшҳои тандурустӣ таъсис дода шуданд. Дар давраи истиқлол бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва инвеститсионӣ зиёда аз 1258 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гаштаанд. Самти дигари афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ҳамкориҳои судманд бо созмонҳои байналмилалӣ ба шумор меравад. Соли 2012 дар соҳаи тандурустии кишвар намояндагии 16 институти байналмилалии молиявӣ ва 24 ташкилоти байналмилалӣ фаъолият дошт, ки дар маҷмӯъ 31 лоиҳаи инвеститсиониро амалӣ намуданд. Баҳри тарбияи босифати кадрҳои соҳаи тандурустӣ дар давраи сипаригашта дар Тоҷикистон чандин санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд: «Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббию фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар солҳои 2006–2015», «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010–2020» ва ғайра Дастовардҳои олимони тоҷик дар даврони истиқлол назаррас буда, ба баланд бардоштани савияи ташхиси дақиқ бо истифода аз технологияи муосири ҷаҳонӣ ва роҳҳои нави табобат равона шудаанд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ муайян намудани сабабҳои пайдоиши сиррози ҷигар, ҳепатити музмин ва саратони гепатоселюлярӣ дар сатҳи тағйироти генетикии ДНК ва РНК дастрас гашта, ташхиси радиологии изотопии (сцинтиграфии) узвҳои дохилӣ ба роҳ монда шуд. Амалиёти пайванди узвҳо (трансплантология) ва тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ ба роҳ мондани табобати бемории дилу рагҳо, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷоғу рӯй, муолиҷаи саратони сурхрӯда мавриди истифода қарор гирифт. Дар соҳаи акушерӣ, гинекология ва перинатология амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи эндоскопӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра усулҳои нави маблағгузории соҳаи тандурустӣ, маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, пардохти маблағ барои ҳар як ҳолати табобат дар хадамоти бистарикунонӣ, барномаи кафолати давлатии таъмини кумаки тиббӣ ба аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибӣ, барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ, муқаррар намудани нархи хидматрасонии тиббӣ аз тарафи муассисаҳои хусусӣ ва хидматрасониҳои тиббии бомузд татбиқ гашт. Ҳамчунин ворид намудани суғуртаи тиббӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ» дар назар аст. «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020», ки вазифаҳои рушди соҳаро дар даҳ соли оянда муайян намуд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи 2010 (№368) тасдиқ шудааст. Мақсади асосии он таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист ба шумор мерафт. Тоҷикистон баъди дарёфти истиқлол бо мушкилоти ҷиддии марбут ба таъмини дору ва молҳои тиббӣ рӯ ба рӯ гардид. Ба сабаби завол ёфтани системаи давлатии мутамаркизи таҳвили доруворӣ ва коҳиши маблағгузорӣ барои хариди он арзиши доруворӣ якбора афзуд. Вуҷуд надоштани саноати маҳаллии дорусозӣ ба ин раванд сабаб шуд. Дар бозори фармасевтии кишвар шумораи доруҳои бесифат ва барои кормандони тиб ва дорусозон ношинос афзуд. Баҳри аз байн бурдани ин мушкилот ва беҳтар намудани вазъи таъминоти кишвар бо дору Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешид, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул кард. Дар баробари дорухонаҳои давлатӣ дорухонаҳои хусусӣ низ пайдо шуданд. Тӯли солҳои ахир бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва муҷаҳҳаз кардани муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ чорабиниҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Қариб 43% муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ таъмир ва 46 нақлиёти санитарӣ харидорӣ гардид. Бо мақсади саривақт ва самаранок татбиқ гардидани маҷмӯи тадбирҳои соҳавӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи амалигардонии «Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»» қабул ва амалӣ шудааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 15 маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ ва 11 шуъбаи таълимию клиникии тибби оилавии шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд. Бо мақсади босуботии раванди вориднамоии тибби оилавӣ табибон ва ҳамшираҳо омӯзонида шуда, бо борҳалтаҳои тиббӣ таъмин карда мешаванд. Маблағе, ки барои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии соҳаи тандурустӣ ҷудо гардидааст, дар даҳ соли ахир 9 баробар афзудааст. Масалан, агар соли 1998 барои шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар 15,9% аз маблағи умумии соҳаи тандурустӣ ҷудо гардида бошад, пас соли 2018 ин рақам ба 40% расонида шуд. Ҳифзи саломатии модарону кӯдакон яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти тандурустии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои муҳим давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ дар кишвар нишондиҳандаи фавти кӯдакон ва модарон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Масалан, соли 1991 нишондоди фавти кӯдакони синни то яксола баробар ба 40,9 % буд, он соли 2019 ба 14,9% (нисбат ба 1000 тифли зинда таваллудшуда) расид. Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар кишвар муассисаҳои нави дорои таҷҳизоти замонавӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Дар сиёсати ҳирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон мақоми хосса дорад. 28 октябри 2016 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017–2020»-ро қабул кард. Мақсади асосии он баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд буд. Ҳоло дар мамлакат зиёда аз 711 ҳазор нафақахӯр, аз ҷумла 150 ҳазор маъюб, ки беш аз 27 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд, сабт шудаанд. Қариб 15% хонаводаҳо ҳамчун оилаҳои камбизоат аз кумакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ бархӯрдор мебошанд. Дар муассисаҳои будубоши муваққатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 43 адад марказу шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият дорад. Соли 2019 дар дунё бемории COVID-19 хурӯҷ кард. То 13 феврали 2021 дар олам зиёда аз 108 миллион одам ба ин беморӣ гирифтор шуданд. Аз ин миқдор 79 миллион нафар шифо ёфта, 2,3 миллион нафар фавтид. Дар Тоҷикистон барои табобати ин бемории дунёгир беш аз 30 беморхона бо 7000 кат ва 5400 нафар табибу корманди тиббӣ омода гардиданд. Илова бар ин, дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд. 19 марти 2021 дар вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз байн рафтани бемории COVID-19 дар мамлакат иттилоъ дод. Ба ин беморӣ дар ҷумҳурӣ 13 308 нафар гирифтор шуда, аз он 13 218 нафар шифо ёфт, 90 нафар фавтид (2020). Аз моҳи майи 2021 дар ҷумҳурӣ мавҷи дуюми бемории COVID-19 хурӯҷ кард. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то моҳи июл дар ҷумҳурӣ 14592 бемор сабт шудааст. Аз ин шумора 14096 нафар шифо ёфта, 117 нафар фавтиданд. Инчунин 524 472 нафар шаҳрванд ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуд (июли 2021). С. Ҷ. Юсуфӣ. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 362–365.




