Зеҳн

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР АШЪОРИ БОЗОР СОБИР

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2026 · 14 дақиқа хондан

Пеш аз он ки сари мавзўи худшиносии миллӣ дар ашъори ин ё он адиб андеша ронем, бояд барои дарки худи мафҳуми худшиносии миллӣ кўшиш ба харҷ диҳем. Оид ба масъалаи худшиносии миллӣ ва ҳувияти таърихӣ аз ҷониби бузургтарин мутафаккирон ва муҳаққиқон андешаҳои гуногун баён шуда, ҳар кадоме худшиносии миллиро ба таври худ шарҳ додаанд. Аз ҷумла Карл Маркс мефармояд: «Худшиносӣ нахустин шарти хирадмандист».

Бидуни ҳама гуна шакку шубҳа равшан аст, ки ҳар миллати ба пояи баланди худшиносӣ расида, шефтаи асолат ва иҷрогари хирад мегардад. Худшиносӣ дар дил эҳсоси эҳтиромро нисбати дигарон меафзояд.

Бузургтарин мутафаккирон зикр кардаанд, ки барои як халқу миллати дигареро шинохтан, аввал бояд худрову халқу миллати хешро шиносем, гузаштаву имрўзаи халқамонро донем, фарҳангу забони модариро эҳтиром намоем. Дар ҳақиқат, агар ба шарҳи мафҳуми худшиносии миллӣ пардозем, бояд, пеш аз ҳама, он чизро донем, ки худшиносии миллӣ ин пос доштани муқаддасоти миллӣ, забони модарӣ, эҳтироми беандоза доштан ба таъриху тамаддуни гузаштаи хеш, расидан ба қадри бузургони гузаштаи адабу фарҳанг, фарзандони фарзонаи миллат, ки барои миллати хеш ҷоннисориҳо кардаанд, мебошад. Урфу одатҳои миллиро пос доштан, ёдгориҳои таърихию фарҳангии хешро ҳифз кардан, ба гузаштаи хеш бо нигоҳи тоза нигаристан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва амсоли ин аз рукнҳои дигари худшиносии миллӣ ба шумор мераванд.

Мавзўи худшиносии миллӣ дар ашъори бисёр шоирони муосири мо ба мушоҳида мерасад, аммо ин мавзўъ дар эҷодиёти Бозор Собир вижагиҳои худро дошта, доманаи ниҳоят фарох дорад.

Устод Бозор Собир дар адабиёти муосири тоҷик як симои шинохта ва барҷаста мебошад, ки тавассути ашъори баландмазмуни хеш дили ҳаводорону дўстдорони шеъри ноби форсиро тасхир кардааст. Ҳар мисраи шеъри устод салосату назокат, балоғату фасоҳати ба худ хосро дорад ва бар асоси гуфтаи баъзе аз аҳли нақд ва таҳқиқ Бозор Собир шоирест соҳиби мактаб ва ҳам сабки эҷодӣ. Дар бораи фаъолияти шоирии ў ва шахсияташ солҳост, ки баҳсу гуфтугўҳо сурат мегирад. Мунаққидони зиёде ашъори шоирро мавриди муҳокима қарор додаанд ва беҳтарин тавсифҳоро ба ў лоиқ донистаанд. Адабиётшинос Асозода Х. дар ин бора зикр мекунад: «Бозор Собирро ба зумраи шоирони маърифатманде, ки аз назарияи шеъру шоирӣ бохабар аст, шомил сохтан баҷост. Ў ба чунин ақида аст, ки назм ҳоло шеър нест, балки пораи насриест, ки ба мисраъ кашида шудааст. Бозор Собир худ шеъри нобу аслӣ мегўяд, ба ин хотир, ки дар назди алоқамандони шеър масъулият ҳис мекунад». Аз ин нигоҳ, устод Бозор Собир дар радифи бузургтарин шоирони муосири тоҷик қарор дорад.

Вақте ки ашъори Бозор Собирро мутолиа мекунем, он ниҳоят рангоранг буда, мавзўъҳои зиёде ба чашм мерасанд, вале мавзўи худшиносии миллӣ яке аз мавзўъҳои меҳварии эҷодиёти шоир ба шумор меравад. Ин мавзўъ дар эҷодиёти шоир ба ҳар тарзеву ба ҳар ранге ҷилва мекунад.

Як чиз мусаллам аст, ки ҳар фарди соҳибмиллат бояд аз таърихи гузаштаи хеш ҳамеша сабақ бигирад. Дар ин росто, таваҷҷуҳи устод Бозор Собирро бештар таърихи фоҷиабори миллати сарсону ҷабрдидаи тоҷик ба сўи хеш мекашад ва ҳангоме ки шоир ба таърихи гузаштаи халқаш назар меандозад, бедарду ҳасрат сухан гуфта наметавонад. Зеро китоби таърихи халқи мо саҳифаҳои рангин аз хун дорад. Аз ин чиз тамоми ҳастии шоир, саропои вуҷудаш ба дард меояду ба рағми он душманоне, ки бар сари миллати мо чунин фоҷиаҳои сангинро бор кардаанд, сахт мешўрад:

Яке бо теғу бо пайкон,
Паи Искандари Мақдуниро бигрифту Юнон рафт,
Яке аз дасти Темурлангу Чингизхон,
Зулоли оби ту дар чашмаҳою хоки ту дар мушт,
Сари худро гирифту Руму Эрон рафт.
Яке гар дар ғарибӣ бенишон гум шуд.
Ба мисли қатрае дар коми регистон,
Дигар бо давлату бе давлати тоҷик,
Баробар дар миёни турку тозӣ бахшу қисмат шуд.
Яъне, ба гузаштаи хеш эҳтиром доштан, таърихи гузаштаи халқи хешро донистан, барои ҳар фарди соҳибмиллат амри зарурӣ аст. Шоир ин нуктаро хеле борикбинона эҳсос мекунад. Дар ин бора муҳаққиқи эронӣ Алиасғари Шеърдўст хеле хуб дар китоби худ «Чашмандози шеъри имрўзи тоҷик» зикр мекунад: «Ёдкарди бошукўҳи қавми тоҷик ва самтҳое, ки тоҷикон дар тўли таърих бартофтаанд, хостгоҳи мавзўии шеърҳои бисёре аст. Дар миёни шоирони тоҷик касеро наметавон ёфт, ки шеърҳое дар ин мавзўъ насуруда бошад. Дар осори Бозор Собир ба намунаҳои дурахшоне аз ин сон бармехўрем. Бозор Собир дар чандин шеър аз шукўҳи асри Сомонӣ ёд мекунад ва андўҳи қавми ситамкашидаашро бозмесарояд. Дар шеъре шоирро дар канори девори Бухоро меёбем, ки лаб ба лаби таракҳои (сўрохҳои) девор ниҳода ва дасти навозиш бар шонаҳои ў мекашад ва андўҳгинона месарояд:

Пуштгардон монда бар саҳроиён то ҳол, Ҳамчунон Исмоили Сомониён то ҳол. Монда аз мушти кулухаш муштҳо то ҳол, Гўиё метарсад аз бепуштҳо то ҳол.

Шоир бо ишорат ва талмеҳоти таърихӣ тасвирҳои зинда ва ҷондоре аз измиҳлол (парокандагӣ) ва суқути таърихии тоҷикон дар баробари дидагони хонанда мегузорад...».

Таърих ҳамеша сарманшаи сабақ бардоштани ҳар халқу миллат барои рўзгори имрўзинаш мебошад. Ба андешаи баъзе муҳаққиқон, дар адабиёти форсии тоҷикӣ шеър гуфтану муваффақ шудан кори басо сангину душвор аст, чунки шуарои адабиёти класикии мо кайҳо бору буни маъниро руфтаву ашъори баландмазмуне эҷод кардаву ба ёдгор мондаанд. Аммо Бозор Собир аз он шоирони муваффақест, ки ҳам дар қолаби шеъри суннативу ҳам шеъри нав хеле хуб қаламфарсоӣ кардааст.

Эҳсоси самимияти баланди ватандўстиву меҳанпарастӣ, эҳтиром ба забони модарӣ ва таърихи гузаштаи халқ, пос доштани урфу одат ва арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба хидмати фарзандони сарсупурдаи миллат ва амсоли ин, бемуболиға аз мавзўъҳои меҳварии эҷодиёти Бозор Собир ба шумор меравад. Шоир Низом Қосим хеле хуб зикр мекунад: «Шеъри Бозор Собир шеъри истиқлолхоҳ ва истиқлолхоҳист, чунки шиораш дар ҳар мавриде сарозод ва вораста будааст. Баъди осори устод Айнӣ маҳз шеъри ў ва чанд тани дигар айнисират буд, ки мардуми моро ба худшиносиву худогоҳии бештаре хонд».

Дар бораи забони модарӣ қисми зиёди шоирони мо шеърҳо эҷод кардаанд, аммо шеъри «Забони модарӣ»-и устод Бозор Собир баъди рўи чоп омаданаш дар ҷомеаи онрўзаи мардуми тоҷик як ғулғулае андохт. Чун сухан аз забон равад, дарҳол ин шеъри устод пеши назарамон ҷилвагар мешавад, ки имрўз чун яшти миллати мо гаштааст. Ҳарчанд ин шеър «Забони модарӣ» унвон дорад, лек дар хеш таърихи басо талху фоҷиабори миллати моро таҷассум кардааст, Шоир дар ин шеъри начандон калон, таърихи чандасраи мардуми тоҷикро бо ҳама шебу фарозаш қариб, ки ғунҷоиш додаст.

Он чиз аён аст, ки халқи тоҷик тақрибан зиёда аз ҳазор сол аз давлаташ маҳрум буд, ба сараш шурўъ аз Ғазнавиён то Манғитиён, хонадонҳои гуногуни турку муғул ҳукмфармоӣ кардаанд, аммо ин халқ несту нобуд нашуд. Ба туфайли забону ба шарофати адабиёташ зинда монд:

Ҳар чӣ ў аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.
Дар ин шеър бори дигар чанд саҳифаи пурифтихори халқи мо, муборизаву заҳматҳои ў, ҷонбозиҳои фарзандони барўмандаш барои бақои миллат, озодиву истиқлолият, шарафу виҷдон, адлу адолат, барои покиза нигоҳ доштани забони модарӣ - нахустунсури пойдорию бақои ҳар халқу миллат ва давлат, аз нав ба таври бадеӣ тасвир гардида, бо як шўру ҳаяҷони хоси шоирона, бо забони шевою образҳои бадеӣ ва бо ҳиссиёти баланди меҳандўстиву миллатдўстӣ ва арҷгузорӣ аз гузаштаи пурифтихори халқ ба ҷилва омадааст. Шоир хеле хуб зикр мекунад, ки муборизаи чандинасраи халқ барабас нарафта, миллати тоҷик имрўз соҳиби давлат ва забони бисёр нобу шево ва ғании гузашта шудааст:

Рўзи ноободиаш тоҷик забон бунёд кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.
Давлате аз ҳарфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки ҳар як мисрааш,
Ҷўяе аз хуни сарбозони ўст,
Тораи нуре аз оташҳои зардуштони ўст.
Аз ин сабаб рисолати бузурги фарзандону ворисони миллат дар он аст, ки забони модарии худ, ин ёдгории беназир ва сарвати гаронбаҳои гузаштагонро, ки бо хуноби ҷигар бунёд шудаву аз имтиҳонҳои вазнини таърих гузаштааст, ҳамеша поку покиза нигоҳ дошта, боз ҳам такмилу инкишоф диҳанд ва ба пояҳои баланд бардоранд.

Аз ин пас устод сарҳади тоҷикро забони тоҷикӣ медонад. Ў бо дилпурӣ зикр мекунад, ки халқи тоҷикро то забонаш зинда аст, маҳв нахоҳад шуд ва то вақте ки миллати мо забони хешро пос медорад, соҳибватан аст:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад ватандор аст ў,
То забондор аст бисёр аст ў.
Дигар аз мавзўъҳое, ки саропои ашъори Бозор Собирро фаро гирифтааст, ин мавзўи Ватан, ҳисси ватандўстию меҳанпарастӣ ва муҳаббат бар Ватан мебошад, ки ин яке аз масоили муҳимтаринест дар роҳи худшиносии миллӣ. Мафҳуми Ватан барои ҳар фарди ватандўст муқаддас аст. Бесабаб мафҳумҳои Ватан ва модарро дар як поя нагузоштаанд.

Мавзўи Ватан қариб дар ашъори ҳамаи шоирон ба чашм мерасад. Шояд шоире набошад, ки барои Ватан шеъре ё ақаллан байте нагуфта бошад. Аммо инъикоси ин мавзўъ дар эҷодиёти Бозор Собир аз вижагиҳои хосе бархўрдор аст ва ҳангоми мутолиаи ашъори меҳании устод Бозор Собир як тафовути чашмрас ба мушоҳида мерасад. Дар ин хусус адабиётшинос Аҳмад Абдуллоев хеле хуб зикр мекунад: «Ватани Бозор Собир аз хасу хор, пайроҳаи пода, чашмаи хурди сари роҳ, нони дегдон, санги мазор, лонаи гунҷишкони шохи дарахтони Файзобод оғоз ёбад ҳам, бо пайроҳаҳои зиёде бар Ватани бузург пайваст аст.

Ҳиссиёти Ватандўстии шоир на ба таври умумӣ, балки ба таври мушахас ҷорӣ мешавад. Васфи хоку хасу хору гиёҳи деҳаи азиз барои ў аҳамияти куллӣ доранд; ба ин тарз вай як гўшаи Ватанро тасвир менамояд ва ин гўша бо Ватани паҳновар тавъам аст.

Дар ҳақиқат шоир дар ашъори ба Ватан бахшидааш, аз умумигўӣ то як андоза ҳазар мекунад. Ў мафҳуми Ватанро хеле муъҷазу мушаххас тасвир менамояд. Барои шоир ҳар сангу хоки Ватан, ҳар гулу гиёҳаш азиз аст. Ў аз Ватан сарват намехоҳад ва бо хасу хори Ватан баробар зиндагӣ кардан барояш бас аст. Ва гўрҳои латтабандиаш «назаргоҳу қаламроҳи» ўянд:

Гўрҳои латтабандиаш назаргоҳи мананд,
Гўрҳои латтабандиаш қаламроҳи мананд.
Ғайр аз он як мушти калтути сари хоки падар,
Андар ин дунё наметарсам ман аз мушти дигар.
Тасвири Ватан дар шеъри «Тоҷикистон»-и шоир ҳам хеле муассир ба риштаи назм кашида шудааст. Истифодаи устодонаи санъатҳои бадеӣ, банду баст, образофарӣ ва ҳамбастагии зичи калимаю вожаҳои эҳсосбарангез, муҳтавои шеърро хеле қавӣ намудааст. Шоир бо як ҳиссиёти беандоза зикр мекунад:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Ҳар куҷое рафтам аз оғўши ту,
Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам,
Пои худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Бар замин афшонда рафтам,
Аз паям то кам нагардад заррае хоки камат.
Вақте шоир пои худро аз хоки поки Ватан афшонда меравад, ки ҳатто як зарраи хоки ўро кам насозад, сухани ў хеле рамзиву табиӣ ба гўши хонанда мерасад. Ё ҷойи дигар мегўяд:

Ҳар куҷое санг дидам,
Даст бурдам бар сараш,
Чун бар сари фарзанди хеш
Гуфтам ўро аз Бадахшон кандаанд,
Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд.
Дар ин ҷо ҳиссиёти беандозаи шоир нисбат ба Ватан бо сухан омезиш ёфта, ба гўши хонанда хеле дилнавозу самимӣ мерасад. Муҳаббату самимияти шоир нисбат бар Ватан хеле қавӣ буда, дар ҳар байту мисраъ ва ҳатто калима ҳис мешавад. Бар сари ҳар санг, чун бар сари фарзанди хеш даст бурдан ва чун тифли ширхоре, ки ўро аз банди пистон кандаанд, хеле самимӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд, ки бешубҳа дар ботини хонанда як муҳаббати беандозаро нисбат бар Ватан бедор месозад.

Шеърҳои дигари ба мавзўи Ватан бахшидаи шоир «Ватан», «Хатти Сурх», «Хонақоҳи ман» ва амсоли инҳо аз ҳиссиёти баланди ватандўстонаи шоир гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин нигоҳ тамоми тору пуд ва вуҷуди шоир бо Ватан пайванди ногусастание дорад.

Як тарафи эҷодиёти Бозор Собирро он шеърҳое ташкил медиҳанд, ки ў ба шахсиятҳои таърихӣ бахшидааст. Намунаи чунин шеърҳо дар эҷодиёти ў хеле зиёд вомехўранд ва устод тимсоли ин гуна шахсиятҳоро бо як бузургӣ ва ҳунари баланд ба риштаи тасвир кашидааст. Яъне, он фарзандони сарсупурдаи миллат, ки барои бақои миллат, истиқлоли милливу фарҳангии мо, барои пойдории Ватан, эҳёи суннатҳои милливу фарҳангӣ, барои рушду инкишофи таъриху тамаддуни миллати мо хизмати ниҳоят бузург кардаанд. Он фарзандоне, ки барои аз байн нарафтани миллат, синаи хеш сипар сохтаву ҷони хеш ба гарав мондаанд. Он фарзандоне, ки баҳри худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик кори бузургеро сомон додаанд ва бар зидди он душманону хоинони миллат, ки миллати моро инкор карданӣ мешуданд, муборизаҳои беамон бурдаанд,

Шоир симои чунин фарзандони фарзонаву сарсупурдаи миллатро хеле ҳунармандона ба риштаи тасвир кашидааст. Ба ин номгў шеърҳои «Теғи Сино», «Фирдавсӣ», «Борбад», «Муҷассамаи Айнӣ», «Ба устод Сотим Улғзода», «Сафаре ба дилҳо» (Бахшида ба устод М. Турсунзода), «Китоби «Тоҷикон» (Бахшида ба академик Бобоҷон Ғафуров), «Аҳмади Дониш», «Ғазои Восеъ», «Барои Лоиқ», «Ба хотири профессор Темур Собиров», «Соядасте ба Муҳаммадҷон Шукуров», «Барои Раҳим Ҳошим», «Қисмати шоир» (Бахшида ба шоири шаҳир Абулқосим Лоҳутӣ) ва монанди инҳоро дохил кардан мумкин аст. Симои чунин шахсиятҳо дар эҷоди ў хеле табиӣ баромаданд ва як тафовути шеъри устод аз дигарон дар ин қисмати шеърҳояш баръало намудор аст.

Воқеан, ба шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ рў овардани адиб бесабаб нест. Корномаи чунин шахсиятҳо дар тафаккури мардум ҳисси миллатдўстӣ, меҳанпарастӣ, инсонпарварӣ, худогоҳиву худшиносиро бедор месозад. Аз ҷумла, шоир дар шеъри «Теғи Сино» ба рағми ҳамаи он бадхоҳон хеле хуб нидо мекунад:

Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,
То ба боми шуҳрати олам гузорад нардбон.
Лек Сино он қадар ин бомро бардоштааст,
Ину он кай метавонад нардбон монад бар он.
Дар замоне, ки баъзе даъвогарон Синоро ҳаммиллати хеш мехонданд, ин шеър ҷавобномаи хубе буд, ки бар даҳони эшон муҳри хомушӣ мезад.
Дар шеъри «Муҷассамаи Айнӣ» бошад, шоир хидмати бузургу фидокоронаи ин шахсияти фарҳангиро хеле хуб ба қалам додаст. Ҷонбозиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар роҳи худшиносии миллию бедории мардум, ба даст овардани мустақилияти давлати тоҷикон, рушду инкишофи забону фарҳанги миллати тоҷик ниҳоят бо санъати баланд тасвир ёфтааст:
Халқ ҳамчун пайкареву пайкаре чун халқ хест,
Кўҳи хоропайкаре дар ҳайкале бедор шуд.
Рўи ў бар сўи мову рўи мо бар сўи ўст,
Халқ дар тимсоли Айнӣ, халқи минбардор шуд.
Шоир дар шеъри мазкур симои ин шахсияти фарҳангиро хеле дилчаспу олиҷаноб тасвир намуда, хидматҳои ўро дар роҳи пуршебу фарози таърихи тоҷикон ба таври мушаххас нишон додааст.

Дар ҳар яке аз ин шеърҳо симои ҳақиқии чунин шахсиятҳоро устод Бозор Собир хеле мушикофона ва бо омезиш бо як салосату назокати сухан ба риштаи тасвир кашидааст. Дар аксари ин силсилашеърҳои устод як навпардозӣ, тозакорӣ, ё тафовуту вижагиҳои чашмрас ба мушоҳида мерасад. Адабиётшинос Худойназар Асозода дар ин бора хеле хуб зикр мекунад: «Махсусияте, ки дар шеърҳои тақдимии Бозор Собир ба мушоҳида мерасад, ҳамбастагии фарди нотакрор бо халқ ва бо замону таърих мебошад. Шоир ҳар касеро ситоиш карда бошад, дар ҳамин партав тавсиф намудааст».

Истифодаи санъатҳои бадеӣ аз қабили ташбеҳу истиора, талмеҳ, тазоду муқобала, муболиға ва амсоли инҳо дар ин гуна шеърҳои шоир хеле олӣ корбаст шудаанд, ки ба сухан обу ранги тозае мебахшанд. Масалан, дар шеъри «Фирдавсӣ», «чун завола суханро сириштан» хеле ташбеҳи олӣ ва нав аст:

Меорам аз навиштагарон ин навиштаро -
Фирдавсӣ чун завола суханро сириштааст.
Бо лаҳҷаи дариву бо хуни Сиёҳвуш
Бар мо калимаҳои шаҳодат навиштааст.
Ба андешаи шоир, чунин фарзандон дар ҳамаи давру замон чун чароғе ҳастанд, ки дар торикиҳо роҳи миллатро равшанӣ мебахшанд ва ўро аз вартаи нобудшавию ноумедӣ берун мекашанд.

Хулоса, оҳанги худшиносиву худогоҳӣ дар шеъри Бозор Собир хеле қавӣ буда, ў дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллати тоҷик тавассути ашъори баландмазмунаш саҳми ниҳоят баланде дорад. Дарунмояи шеъри ў ҳамеша саршор аз ҳувияту ифтихори миллист, ки дар мағз-мағзи ҷонаш ғунҷоиш ёфтааст.

Худшиносии миллӣ воқеан ҳам, чун як рукни ҳастии шинохти ҳар як миллат аст. Дифоъ аз арзишҳои милливу маънавии халқ, ки дар пойдории миллат нақши боризе доранд, бояд рисолати ҳар як эҷодкор бошад, ки инро мо дар ашъори устод Бозор Собир баръало эҳсос мекунем. Шоири асил ба сарнавишти миллати хеш бетафовут буда наметавонад ва табиист, ки ин чиз дар шеъри Бозор Собир хеле барҷаста эҳсос мешавад.

Шеъри Бозор Собир ҳамеша дархўри дарди хонанда буда, дар ифодаи мақсаду ғоя, самимияту нафосати сухан хеле қавӣ аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2