Зеҳн

Телефонкасал

БА
Барномасоз14 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Имрўз «беморӣ»-и нав, яъне, «телефонкасал» ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Истифодаи барномаҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ, албатта, аз фоида холӣ нест, вале зарар ҳам дорад.

Дур нарафта, ба хонаи худ, ҳамсояи худ, дохили мусофиркашҳо нигаред, ҳолатҳои аҷибро мебинед. Яке бо телефони мобилиаш дод зада, шунаваандаашро ҳарфи қабеҳ мегўяд, дигаре бо худ раҳ ба раҳ гуфтугў мекунад, сеюмӣ мусиқӣ мешунавад.

Ман ҳуқуқи ба технологияи навин эрод гирифтанро надорам, вале...

Имрўз ба куҷое назар накунед, хурду калон, зану мард, мактабхону наврас ба телефонбозӣ машғуланд. Аз телефонбозӣ вақте надоранд, ки ҳатто ба саволи падару модар ҷавоб гўянд, кореро сидқан ва бехато иҷро намоянд. Бинед, бечораи корафтода пушти дар, сардор машғули телефонбозӣ.

Аз «телефонкасал» чӣ қадар ғоратгариҳо, хонавайроншавиҳо, ангезишҳо, бадбахтиҳои дигар чун заҳрпечак афзоиш ёфтааст. Ба шахси «телефонкасал» гапи ҳеҷ кас таъсир намекунад. Роҳбар ва зердаст, падар ва писар, модар ва духтар, муаллим ва шогирд-ҳама банди телефон. «Телефонкасал» касро фаромўшхотир, камҳунар, беҳуш, гаронгўш, асабонӣ ва камҳавсала мекунад.

Телефони мобилӣ кори касро дар зиндагӣ осон мекунад, вале ин маънои онро надорад, ки шабонарўзӣ ба он машғул шавӣ. Кўдакони 2-3сола чунон майл ба телефон доранд, ки дар ҳайрат мемонед. Падару модар пеши роҳи кўдакашонро гирифтанӣ шаванд, бобо ё модаркалон: «Монед, бозӣ кунад, шумо, хондагиҳо, чӣ шудед, ки ин кўдак шавад», - гуфта монеъ мешаванд. Агар ба хонандаи мактаб муаллимаш насиҳатомез гўяд, ки бачаҷон, ба ҷои телефонбозӣ дуруст кор кардани ҳисобро ёд гир, аз забон ҳиссаҳои нуқтро, аз кимиё формулаҳо ва аз география қитъаҳои оламро омўз, ба падару модараш аз ин «танбеҳ» хабар мебарад.

Имрўз ба мо, одамон, зарур аст, ки ҳам ба муҳити атроф ва ҳам ба технологияи навин ҷиддан муносибат кунем. Агар ба муҳити зистамон хунукназарона муносибат намоем, муҳити зист вайрон мешавад. Ё ба технологияи навин ҳам хуб муомила накунем, «телефонкасал» ба ҷони мо қасд мекунад.

Ҷавонону наврасон, мактаббачаю донишҷўйро лозим аст, ки дониши шифоҳӣ, хаттӣ, зеҳнии хешро пурқувват кунанд, тавассути мутолиаи китоб дониш афзоянд.

«Телефонкасал» на танҳо касали ҷисмонию руҳӣ, балки садамаҳои вазнини зиндагиро низ ба амал меорад. Онҳое, ки зеҳни баланд, дониши хуб доранд, медонанд, ки телефонро чӣ гуна истифода баранд. Вале онҳое, ки соатҳо ба телефонбозӣ машғуланд, имрўз ё пагоҳ ба дарди чашм, хасташавии бадан, вайрон шудани кори асаб, номуътадил шудани кори дил, гардиши хун, бад шудани нафаскашӣ, дарди сар, дилбеҳузурӣ ва таъсири равонӣ мубтало мешаванд. Олимони тиб муайян карданд, ки истифодаи барзиёди телефон, компютер ва телевизор на танҳо ба кўдакон, ба калонсолон низ хатари руҳӣ ва ҷисмонӣ дорад. Таъсири манфии асбобҳои номбурда ба асаби калонсолон 20 дар сад бошад, ба кўдакон 80 дар сад аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2