Зеҳн

ТАРБИЯИ КЎДАК МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД

БА
Барномасоз14 сентябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Тарбияи дурусти кӯдак имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар оила кӯдак ба воя расида, ҳисси ҳурмату эҳтиром, меҳру муҳаббат нисбат ба падару модар, калонсолон, ҳамсолон ва дӯстонашро ташаккул медиҳад. Маҳз дар муҳити оила ӯ одобу ахлоқ, рафтори дуруст ва қоидаҳои зиндагӣ дар ҷомеаро меомӯзад.

Тарбияи шоистаи фарзанд вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти бузурги падару модар дар назди ҷомеа мебошад. Вазифа ва уҳдадориҳои онҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба таври мушаххас муайян гардидаанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки агар падару модар дорои фарҳанг ва маърифати баланд бошанд, кӯшиш менамоянд, ки фарзандонашон низ соҳиби дониш, ҷаҳонбинии васеъ ва ахлоқи ҳамида гарданд. Дар ин маврид мутафаккири машҳури Шарқ Муҳаммад Ғаззолӣ фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, пас поёноб низ мусаффо хоҳад шуд».

Дар тарбияи кӯдак кӯдакистон низ нақши муҳим дорад. Вақте ки кӯдак ба муассисаи томактабӣ фаро гирифта мешавад, мураббия бо дарназардошти синну соли ӯ бозиҳои гуногуни шавқовар ва омӯзандаро ташкил менамояд. Ин бозиҳо ба рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ, нутқӣ ва иҷтимоии кӯдак мусоидат мекунанд.

Бозиҳои кӯдакон ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд:

Бозӣ бо бозичаҳо

Ин навъи бозӣ бештар ба кӯдакони синни хурдсол хос мебошад. Ба он шақшақабозӣ, мошинчабозӣ, лӯхтакбозӣ, регбозӣ ва дигар намудҳои бозӣ дохил мешаванд. Чунин бозиҳо ба рушди ҳиссиёт, ҳаракат ва шиносоии кӯдак бо муҳити атроф мусоидат мекунанд.

Бозиҳои тақлидӣ

Дар бозиҳои тақлидӣ кӯдакон фаъолияти калонсолонро бозофарӣ мекунанд. Масалан, нақши ронанда, духтур, омӯзгор, фурӯшанда ва дигар касбҳоро иҷро менамоянд. Ин гуна бозиҳо ҷаҳонбинии онҳоро васеъ намуда, ба ташаккули малакаҳои иҷтимоӣ ва касбӣ мусоидат мекунанд.

Бозиҳои серҳаракат

Бозиҳои серҳаракат ба монанди чашмбандӣ, тӯббозӣ, аскарбозӣ ва дигар намудҳо саломатӣ ва рушди ҷисмонии кӯдаконро тақвият медиҳанд. Ин бозиҳо инчунин ирода, чолокӣ, ҳамкорӣ ва қобилияти фикрронии онҳоро инкишоф медиҳанд.

Бозиҳои дидактикӣ

Бозиҳои дидактикӣ барои рушди зеҳнӣ ва маърифатии кӯдакон аҳамияти калон доранд. Чистонҳо, лото, муаммоҳо ва дигар бозиҳои омӯзишӣ ба рушди диққат, хотира, тафаккур ва нутқи кӯдак мусоидат менамоянд. Ин навъи бозӣ махсусан барои кӯдакони гурӯҳҳои калони кӯдакистон ва хонандагони синфҳои ибтидоӣ муфид мебошад.

Интихоби дурусти бозичаҳо низ аҳамияти калон дорад. Бозича бояд ба синну сол, шавқу ҳавас ва сатҳи рушди кӯдак мувофиқ бошад. Бозичаҳои дуруст интихобшуда на танҳо шавқовар, балки барои рушди ақлӣ, ҷисмонӣ ва эҷодии кӯдак низ муфид мебошанд.

Ҳамин тавр, оила ва кӯдакистон ду муҳити асосии тарбияи кӯдак ба шумор мераванд. Ҳамкории зичи падару модар ва мураббиён барои ба камол расидани фарзандони донишманд, бофарҳанг ва ватандӯст аҳамияти калон дорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2