НЎЪМОН РОЗИҚ - ТЕЛЕФОНИ ЧУМЧУҚ
МУРҒИ МАРҶОН
Мо дорем мурғи марҷон,
Мурғи базебу калон.
Тоҷи сараш аз тилло,
Болу параш хушҷило.
Вай дорад дар пешона,
Холҳои дона-дона.
Ғуд-ғуд-ғуд-ғуд кунад он,
Овозаш ғафси ларзон.
Роҳравиаш бовиқор,
Вай ҷонвари бовиқор.
Майнаю мусичаро
Кафтару чумчуқчаро,
Меҳрубонӣ мекунад,
Нигоҳбонӣ мекунад.
Аз донкоса ба онҳо,
Дон диҳем ҳар гоҳ мо.
Хоҳ бисёру хоҳе кам,
Мехўранд онҳо бо ҳам.
ТЕЛЕФОНИ ЧУМЧУҚ
Дар сари симчўб,
Нишаста чумчуқ,
Бо нўлаш симро
Мезанад туқ-туқ.
Аз боди сармо
Хунук хўрдаст ў,
Ҳоло телефон
Мекунад ҳар сў:
– Чашми ҳама чор,
Ҳама – интизор!
Биё, зуд биё,
Биё, эй баҳор!
ФОТИМАЧУМЧУҚ
Фотимачумчуқакро
Дар болои навдаҳо,
Дидӣ, чуқ-чуқ мегўяд,
Медонӣ чӣ мегўяд?
Як вақте, ким-кай будаст,
Модараш угай будаст.
Бад медидаст вай онро,
Роҳӣ мекардаст ҳар ҷо.
Дар зимистони хунук,
Бо либосҳои тунук,
Об мекашидаст аз ҷў
Аз барои шустушў.
Бо нўлакаш аз хирман
Ҷамъ кардаст як пуд арзан.
Аз лаби баҳри калон,
Ёфта овардаст марҷон.
Вале модари ўгай,
Розӣ не аз кори вай.
Ба ҳар гуна баҳона
Мерондасташ аз хона.
Модари ўгай боре
Фармудаст ба вай коре.
Гуфтааст ў, ки ҳоло
Рафта аз боғи боло,
Чўбчаякеро биёр,
Ба ман ниҳоят даркор.
Аз он орчуқ месозам,
Ба чарх дук месозам.
Чўбе, ки бекаму кост,
На каҷ бошаду на рост…
Чумчуқча сода будаст,
Аз паи чўбча шудаст.
Доимо чўбча кофта,
Аммо онро наёфта,
Ба ҳар шохе нишинад,
Ҳар чўбчаро ки бинад,
Ҷоёи «не» чуқ мегўяд,
Чўби дигар меҷўяд.
Чўби на росту каҷ ку?
Дорад онро ҷустуҷў.
Чумчуқчаи бечора,
То ҳоло ҳам овора.
ТӮЙИ ЗОҒОН ВАЙРОН ШУД
Бисёр зоғон омаданд,
Аз боғу майдон омаданд.
Зоғи сиёҳ, зоғи ало,
Қар-қаркунон аз ҳар куҷо.
Дар барфбозии калон,
Гаҳ пар-парон, гаҳ дав-давон.
Ҳар зоғ аз зоғи дигар,
Хоҳад гузаштан аз пештар.
Дар нўли зоғе панир,
Дар дигаре ними фатир.
Дар сеюмӣ андак хамир,
Сардорашон як зоғи пир.
Олам пури ғавғо бишуд,
Тўйи калон барпо бишуд.
Аз тори тал дар он миён,
Омад шағоле ногаҳон.
Тўйи калон дар як замон,
Вайрон бишуд аз дасти он.
КУ-КУ-КУ
Мусичаҷон ку-ку-ку,
Аз тори бом фаро ку.
Парида о назди ман,
Дар кафам дорам арзан.
Ба ту диаҳам обу дон,
Суруди «Алла»-ро хон.
Шод шавад зочаам,
Хоб равад зочаам.
Кори ман ҷудо бисёр,
Ҳавлиро рўфтан даркор.
Бо сатили гулдорам
Об аз дарё орам.
Бо зочаҷони зебо
Мепазам оши угро.
Дар табақча ба ту ҳам
Оши угро медиҳам.
Биё, биё, ту-ту-ту,
Суруде хон ку-ку-ку.
ЛОНА
Болғаю меху анбўр,
Арраю табар дорам.
Асбобҳои ман бисёр,
Устои пухтакорам.
Тахтаҳоро ба ранда
Суфта кардаму ҳамвор,
Ҳамчун устои гулдаст.
Як лона кардам тайёр.
Дар навдаи зардолу
Мондам лонаи худро.
Фирри парида омад
Дуто чумчуқи зебо.
Дар лонаи гарми худ
Чумчуқҳо лона монданд.
Чумчуқчаҳои зебо
Офарин маро хонданд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё