Зеҳн

Гаҳворабандон

БА
Барномасоз16 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Фирӯзa додарaкaшро хобондa буд, ки очааш аз дap дaромад. Фирӯзa ба истикболи ӯ ба долон баромад ва ангушташро ба лабаш бурда бо овози паст гуфт: — Хомӯ-ш-ш… Яъне овоз набароред, то додаракаш бедор нашавад. Бо вуҷуди ин модар бо навозиш гуфт: — Қадатба мурам, духтари хонабону бачапои оча. Духтару оча ба ошхона рафтанд. Модар халтаи бозориро рӯи миз гузошту сабзавоту меваҳои овардаашро ҷудо-ҷудо берун овард. Себу шафтолуеро ба Фирӯзa дароз карда, гуфт:

— Шуста бихӯр. Фирӯзa меваҳоро шуста хӯрд, пас ба модараш рӯ овард:

— Оча, акнун ман ба кӯча бароям, майлаш?

— Майлаш, ҷони оча, бирав, ба дугонаҳоят бозӣ бикун. Фирӯзa ба кӯча баромад, ки духтарҳо ба назар наменамояндy танҳо писарҳо даву тоз доранд. Ӯ сӯи бинои баланд нигарист, то бубинад, ки аз кадомаш касе сар баровардааст. Зеро ҳамеша аз панҷараҳо яке аз дугонаҳояш машғули назораи атроф мешуданд. Ҳакқонӣ, аз панҷараи ошёнаи якум чеҳраи дугонаи қаринаш Маҳбубаро дила он сӯ шитофт. Чашми дугонаҳо бо ҳам хӯрданд ва Фирӯзa бо ишораи даст Маҳбубаро берун хонд.

Маҳбуба табассум дар лаб:

— Мо имрӯз гаҳворабандон дорем, — гуфт.

— Маро хабар намекунӣ? — пурсид Фирӯзa.

— Биё, омадан гир, — меҳмоннавозона даъват намуд Маҳбуба.

Фирӯзa интизори ин даъват буд, ки ба роҳрави дугонааш шитобон даромад. Маҳбуба дугонаашро истиқбол намуда, ба назди хоҳараки навзодаш, ки дар хонаи хоб рӯи кат мехобид, ҳидоят намуд.

— Ниничаро чӣ ном кардед? — пурсид Фирӯзa.

— Отаам мегӯяд, ки Мунира, очаам Муаттар ном карданӣ, — гуфт Маҳбуба.

— Ба ту кадомаш писанд?

Маҳбуба китф дар ҳам кашид, яъне ӯ бетараф асту ба вай фарк надорад кадоме аз номҳои отаву очааш интихоб карда қабул мешавад.

— Мунира хушрӯву гуфтанаш осон, — маслиҳат дод Фирӯзa, — ту отаатро ҷонибдорӣ бикун.

Маҳбуба табассум карду ҳарфе нагуфт. Аз ошхона бӯи равгани догу чалпак ба димоғ мезад.

— Очаат чалпак мепазанд-а? — пурсид Фирӯзa — бӯяш хуш аст.

— Чалпакҳоро очаам пухта шаванд. Хурсандмомо меоянд, ниничаро ба гаҳвора мебандем. Баъд ман ба ҳамсоягон чалпак мебарам, — гуфт Маҳбуба.

— Ба хонаи мо ҳам мебарӣ?

— Ҳо мебарам.

Ин вақт нинича овоз дода бедор шуд ва даҳонашро калон кушода, ҳамёза кашид. Дугонаҳо ҳаракати ниничаро бо завқ тамошо мекарданд. Вай дасташро аз парпеч берун оварда ба рӯяш бурд ва рӯйҳашро мехарошид, ки Фирӯза гуфт:

— Нинича, дастатро кушодӣ? Рӯятро наҳарош, биё, ман дастатро даруни парпеч бубандам.

Ӯ парпечро кушод, ки тар аст.

— Э-ҳа, парпечи тоза даркор, — гуфт Фирӯза чун одами кордон.

Ва яке дар паҳлӯи кат гаҳвораро дида хурсандона нидо кард:

— Дугон, — ӯ ба Маҳбуба муроҷиат намуд: — ниничаро ман ба гаҳвора мебандам. Дар гаҳвора бароҳат мехобад, тагаш тар намешавад. Очаam гаҳвораро «хоначеки бароҳат» мехонад. Ҳузури ҷони бача будааст.

Маҳбуба чӣ гуфтанашро намедонист. Охир ба вай аз ҷониби очааш ин хел фармоиш нашудааст. Модар аз Маҳбуба танҳо хоҳиш кард, ки то анҷоми пухтупаз назди хоҳаракаш бишинад. Аммо Фирӯза ба майли дугонааш ҳам нанигариста болопӯши хушранги гаҳвораро кушод ва дид, ки рахти хоби нинича омода аст. Ҳатто барои ба ҷо овардани таомули маросими гаҳворабандӣ қайроксанги хурдакаки суфта, оина, шона, гӯгирду пахта ва дар паҳлӯи гаҳвора дар лаълӣ чормағзу шириниҳо гузошта шудаанд. Фирӯза мақсади гузошта шудани ҳамаи ин чизҳоро ҳангоми маросими гаҳворабандонии додаракаш дидаву дар зеҳнаш сахт нақш бастааст ва возеҳ дар ёд дошт. Ӯ ин лаҳза худро дар ҷои Хурсандмомои мутасаддии ин маросим гузошта аввал даст ба омин кушод ва ғуҷӯрсозан гуфт: — Иллоҳо, ба ҳамин кӯдаки навзоди мо умри дарозу ризқи фароғ ато бикун. Ҳамроҳи отаву очааш бедарду беранҷ ба камол бирасон. Рахти хобашро бароҳат соз, аз балоҳову офатҳо эмин нигаҳ дор, омин!

Пас пахтаро зарра-зарра сар то пои гаҳвора гузошта, оташ дода гуфт: — Ҷину ачинаҳо дур шавед, соҳиби ин хона омад, дур шавед, дур шавед, ҷину ачинаҳо сӯзеду нобуд шавед!

Маҳбуба ба ҳаракатҳои дугонааш бо ҳайрат чашм медӯхт. Ҳамин ки оташаки заррачаҳои пахта хомӯш гаштанд, ӯ аввал оиначаро ба даст гирифта ба ҳар канори гаҳвора мегузашту аз Маҳбуба мепурсид: — Ин ҷо монем, майлаш?

Маҳбуба аз ҳайрат гӯё шах шуда буд, ки овоз намебаровард.

— Ӯ гаранг, «не» бигӯ охир, таомул ҳамин хел аст, — дугонаашро ҳушёр кардан хост Фирӯза.

— Не, не, — садо баровард Фирӯза.

Фирӯза баъди оинача шонаву корд ва қайроксангро низ бо навбат дар ҳар канори рахти хоби нинича мегузошту майли дугонаашро мепурсид:

— Ин ҷо монем, майлаш?

Навбат ба рахти хоб хобондани нинича расида буд, ки модари Маҳбуба аз ошхона назди духтаракон омад.

— И-и, шумо, тирмизакҳо чӣ кор карданӣ?

Ӯ шитобон аз дасти Фирӯза ниничаро гирифт, гӯё вайро духтаракон ба ҷоҳ меандохта бошанд.

— Ба гаҳвора бастанӣ будам, — гуфт Фирӯза бепарво.

— О ҳоло вайро мо ба гаҳвора набастем, — гуфт модар.

— Оча, ман ба вай гуфтам, ки ҳозир Хурсандмомо омада ба гаҳвора мебанданд. — Ана дидӣ, гапамро гӯш накардӣ, — сӯи дугонааш ситезид Маҳбуба.

Фирӯза озурдадил қадам аз остона берун ниҳод.

— Бишин, ҳамин замон Хурсандмомо меоянд, маросими гаҳворабандиро тамошо мекунӣ, — гуфт модар.

Аммо Фирӯза азми рафтан дошт. — Бишин охир, очам туро ҷанг накарданд, — аз дасти дугонааш кашид Маҳбуба.

Ин асно занги дар садо дод ва Маҳбуба сӯи дар шитофт, то дарро кушояд. Хурсандмомо омада буд. Вай соҳибони хонаро бо меҳмони нав муборакбодӣ намуда баъди нишастан даст ба омин кушода дуои дурударозе хонд ва ниничаро ба даст гирифта пурсид: — Ин лӯлидухтарро чӣ ном кардед?

— Очаам Муаттару отаам Мунира ном доданӣ,

— пешдастӣ намуда посух дод Маҳбуба. Фирӯза ҳанӯз дар турми дар рост меистод. На рафтанашро медонисту на нишастанаш. Хурсандмомо ӯро дида гуфт:

— Момоқиз, чаро он ҷо ятимак барин истодай? Биё ин ҷо бишин.

— Момаҷон, вай ниничаро ба гаҳвора мебаст, ки очам аз дасташ гирифтанд. Ароз карда рафтагӣ, бишин гӯям ҳам, ин ҷо истодааст, — гуфт Маҳбуба.

— Ароз накардаам, — гуфт Фирӯза ва наздик омада, дар гӯшае нишаст.

— Ароз накун, духтари ширин. Ин лӯлидухтарро ба гаҳвора мебандем, шумо тамошо мекунед. Боз расму русуми ба гаҳвора бастан дигар-дия, ҷони момо.

Пас ӯ ниничаро аз бозувонаш гирифта пасту боло ҳам карда афшонд ва дасту поҳояшро алоҳида-алоҳида кашид, гӯшашро низ танбеҳ медида бошад, ки сахт-сахт молиш дода кашид. Сарашро байни ду кафаш гирифта молиш дод. Дасту пойҳоро ба ҳам расонда гуфт:

— Момоқизам, ниничаро ана ҳамин тавр дастаку пояк мекунанд. Дугонаҳо ҳар амали моморо ҳам бо завқ ва ҳам бо ҳарос тамошо мекарданд. Кампир ниничаро дар паҳлӯи худ рӯи парпечаш хобонда рӯпӯши гаҳвораро кушод ва он корҳои чанд лаҳза пеш ба ҷо овардаи Фирӯзаро такрор намуд. Фирӯзаю Маҳбуба ба якдигар нигариста қикирсозанон механдиданд. Маҳбуба моморо нихта карда гуфт:

— Момаҷон, Фирӯза шумо барин ҳамаи ин корҳоро ба ҷо овард.

— Вай хурдтараки калон коре-е. Аллакай ёд гирифтай. Ту духтари кистӣ?

— пурсид Хурсандмомо.

— Момаҷон, шумо додараки маро ҳам ба гаҳвора бастед, — гуфт Фирӯза.

— Хонаи мо ҳам дар ҳамин бино, дар долони дигар. Очаам Ситора ном дорад, отама Абдураҳим мегӯянд.

— Ҳа, ҳа, дар ёдам ҳаст. Ту балоча ҳама кори маро тағи чашм кардай-да. Хайр, иллоҳо ба пирӣ расонад туро. Расму русуми аҷдодиро ёд гиред, хуб аст.

Пас Хурсандмомо ниничаро ба гаҳвора бубаст ва дар болоҷӯби он чормағзу наботро бо қайрокча шикаста мегуфт:

— Ниничаро, агар ҳамсоя ногаҳон тук-тук бизананд, натарс, отаат дарро сахт бикӯбад, натарс. Апаат дар хона бо дугонааш талотӯп бикунад, натарс.

Маҳбубаю Фирӯза чормағзҳои шикастаро аз гирду пеши гаҳвора чида ду кафашонро пур карданд. Баъди ин аз болои гаҳвора ширинӣ рехтанд. Духтаракон чормағзро ба доман рехта, қандчинӣ карданд. Кор бо ин тамом набуд. Модари Маҳбуба дар бари гаҳвора нишаст ва Хурсандмомо нонеро бо асалу маска андуда ба даҳони ӯ бидошт ва модар онро газид, духтаракон нонро аз даҳони ӯ гирифта рӯ-рӯи хона гирд мегаштанд, то якдигарро бидоранд. Фирӯза, ки духтараки зираку чобуку чаққон аст, дугонаашро хеле аз пасаш давонд. Оқибат Маҳбуба дугонаашро даст гирифт ва ҳарду нишаста нону чормағзу ширинӣхӯрӣ карданд. Нони асалу маскаандуда бо чормағзу қанд аҷаб ширину гуворо буд…

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2