Зеҳн

МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТ

БА
Барномасоз16 сентябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Дар адабиётӣ ба соҳаи менеҷмент тааллуқдошта беш аз 300 таърифи менеҷмент вуҷуд дорад. Яке аз таърифҳои ҳозиразамон дар нашри англисии «Маълумотномаи байналмилалӣ оид ба менеҷмент» чунин аст: «Менеҷмент – ин самаранок истифода бурдан ва мутобиқнамои чунин захираҳо, ба монанди сармоя (сармояи истеҳсолӣ, молиявӣ ва инсонӣ) барои бо самаранокии максималӣ дастрас намудани мақсадҳо мебошад». Дар солҳои охир аҳамияти захираҳои иттилоотӣ (маълумотӣ) дар менеҷмент баланд шуда истодааст. Барои ҳамин, ба номгӯи захираҳо инчунин захираҳои иттилоотиро низ илова намуда, таърифи мазкурро васеътар кардан мумкин аст.

Идоракунӣ ва менеҷмент

Истилоҳи «идора» дар забони русӣ «управа» (чораи саришта) маънои қобилияти чизеро саришта карданро дорад. Таърифи пурраи идоракуниро додан душвор аст, зеро ин падидаи хеле мураккабу бисёрпаҳлу ба шумор меравад.

Имрӯз истилоҳи «менеҷмент» ҳамчун санъати идоракунӣ, мудирӣ ва ташкили истеҳсолот; маҷмӯи принсипҳо, усулҳо, воситаҳо ва шаклҳои идоракунӣ таъриф дода мешавад, ки мақсади асосии он баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва афзоиши фоида, таҳия ва татбиқи он мебошад.

Менеҷмент шакли махсуси фаъолияти идоракунӣ мебошад ва пеш аз он ки дар бораи ин мафҳум сухан ронем, бояд бо идоракунӣ шинос шавем.

Мафҳуми луғавӣ ва истифодабарии «менеҷмент» ва «идоракунӣ» дар амалия аз ҷиҳати мазмун ба ҳам наздиканд, вале айният нестанд. Идоракунӣ ин таъсиррасонии системаи идоракунанда (субъекти идоракунӣ) ба системаи идорашаванда (объекти идоракунӣ) бо мақсади ба ҳолати лозима овардани системаи идорашаванда мебошад.

Мафҳуми «идоракунӣ» тафсири васеъ ҳам дошта, дар ҳама навъҳои система (техникӣ, биологӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳоказо) ва тамоми зинаҳои иерархӣ (макро, мезо, микро) истифода бурда мешавад.

Ли Якокка мегӯяд, ки идоракунӣ «ба кор барангехтани одамон аст». Акио Морита менависад, ки бартарафии менеҷерро аз он фаҳмидан мумкин, ки вай шумораи бисёри одамонро чӣ гуна хуб ташкил намуда метавонад ва меҳнати онҳоро якҷоя намуда, то чӣ андоза аз ҳар кадоми онҳо натиҷаҳои беҳтаринро ба даст меорад.

Майкл Мескон мегӯяд, ки идоракунӣ ин раванди банақшагирӣ, ташкил, ангезиш ва назорат мебошад, ки барои муқаррар ва дастрас намудани мақсадҳои ташкилот тавассути одамони дигар лозим аст.

Ва ҳамчунин метавон гуфт: идоракунӣ ин таҳия, қабул ва амалӣ гардонидани қарорҳо дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ташкилот, ки барои дастрас намудани мақсадҳои ба нақша гирифташуда равона карда шудааст, мебошад.

Таърифҳои овардашуда як нуқтаи умумӣ доранд, ки ин таъсири субъекти идоракунӣ бо мақсади муайян ба объекти идоракунӣ мебошад. Умуман, зеро ин фаъолият ба ҳолати лозима овардани ташкилот бо назардошти тамоюлоти инкишофи он ва тағйирёбии муҳит фаҳмида мешавад. Ба ибораи дигар, идоракунӣ бояд тартиботи системаи дахлдор, пуррагӣ, фаъолияти инкишофи муътадилро таъмин намояд.

Идоракунӣ табиӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ мешавад.

1. Идоракунии табиӣ ба равандҳое равона карда шудааст, ки дар табиат ҷараён мегиранд, масалан, инкишофи растаниҳо, ҳаракати об ва ғайра.

2. Ба идоракунии техникӣ идоракунии объектҳои сохта мансуб аст, масалан, идоракунии автомобил, дастгоҳ ва ҳоказо.

3. Объекти идоракунии иҷтимоӣ одамон, муносибатҳо ва рафтори онҳо мебошад. Ҳар инсон хислати инфиродӣ, сифатҳои шахсӣ, хусусиятҳои психологии худро дорад.

Идоракунии иҷтимоиро аз рӯи аломатҳои зерин тасниф намудан мумкин аст:

  1. аз рӯи сатҳ (инсоният, давлатҳо, минтақаҳо, соҳаҳо, ташкилотҳо, қисмҳо (шуъбаҳо)-и онҳо, гурӯҳҳои одамон, шахсон;

  2. аз рӯи соҳа (идоракунии давлатӣ, сиёсӣ, хоҷагӣ ва ҳоказо);

  3. аз рӯи мазмуну мундариҷа (идоракунии умумӣ; идоракунии ташкили равандҳои технологӣ; идоракунии одамон; идоракунии ахборот; идоракунии рафтори корхона дар бозор; идоракунии амалиёт, масалан, идоракунии харид, фурӯш, бастани шартномаҳо, идоракунии молия ва ҳоказо);

  4. аз рӯи манбаи қарорҳои асосӣ - берунӣ (таҳмилшуда) ё идоракунии ташаббусӣ (дохилӣ), ҳамчунин худидоракунӣ;

  5. аз рӯи тарзи амалӣгардонии таъсири идоракунӣ – идоракунии шахсӣ ё ваколатшуда (тавассути миёнаравон, ҳуҷҷатҳо);

  6. аз рӯи усули коркарди қарорҳои идоракунӣ – идоракунии илмӣ (қарорҳо дар асоси тадқиқоти махсус қабул карда мешаванд) ё эмпирикӣ (дар асоси ҷамъбасткунии факту падидаҳои зоҳирӣ);

  7. аз рӯи вобастагии қарорҳои қабулшаванда - идоракунии лаҳзавӣ (бо назардошти ҳолати корҳои пайдошуда) ё стратегӣ, ки амалҳои пешаки банақшагирифтаро амалӣ мегардонад;

  8. аз рӯи тарзи алоқамандӣ бо муҳит - идоракунии мувофиқкунӣ (мутобиқшавӣ ба муҳит) ё рақобатӣ (нуқтаи назари худро бо зӯрӣ гузаронидан);

  9. аз рӯи самт (ба раванд, ба натиҷа, ба пешгирӣ намудани муаммоҳои оянда).

Навъи махсуси идоракунии иҷтимоӣ идоракунии хоҷагӣ мебошад. Он дар робита бо зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти истеҳсолии одамон фароҳам омадааст.

Идоракунии хоҷагӣ ду вазифаро иҷро мекунад:

  1. вазифаи стратегӣ - рушду такмили корхона ва ба ҳолати миқдоран ва сифатан дигар гузаронидани онро таъмин менамояд;

  2. вазифаи фаврӣ (тактикӣ) иборат аст аз:

• таъмини шароитҳои фаъолияти ҷории корхона;

• барқарорсозии мувозинати ҳамеша вайроншаванда дар байни унсурҳои алоҳидаи он, байни он ва муҳити берунӣ;

• ташкили фаъолияти кормандон оид ба дастрас намудани мақсадҳои гузошташуда.

Мафҳуми «менеҷмент», ки онро амрикоиҳо ба муомилоти илмӣ ва амалӣ дохил намудаанд, дар фаҳмиши одӣ маънои қобилияти идоракунанда ба роҳу банақшагирӣ, ташкилӣ, ангезишӣ ва назорати фаъолияти одамони дигар ба мақсадҳои мавриди назар ноил шуданро дорад. Менеҷмент ин идоракунии одамоне мебошад, ки дар як ташкилоти дорои мақсади умумӣ кор мекунанд.

Вале менеҷмент на идоракунии муқаррарии одамон, ташкилот, балки ин идоракунӣ дар шароити бозор, иқтисодиёти бозоргонӣ, яъне дар шароити тағйироти доимӣ ва таваккалӣ мебошад. Бинобар ин, менеҷмент барои фароҳам овардани шароити мусоид (техникӣ, иқтисодӣ, психологӣ ва ғайра) кор кардани ташкилот, барои расидани он ба муваффақият равона карда шудааст.

Ҷузъҳои асосии муваффақият инҳо мебошанд:

  1. тоқатоварии ташкилот дар дурнамои дарозмуддат;

  2. натиҷанокӣ;

  3. самаранокӣ.

Аз ин нуқтаи назар менеҷмент ҳамчун системаи мураккаби маълумоти илмӣ идоракунӣ, таҷрибаи идоракунандагони беҳтарини ҷаҳон ва санъати идоракунӣ фаҳмида мешавад.

Ҳамчун низоми маълумоти илмӣ менеҷмент маҷмӯи фалсафа, моделҳо, стратегия, принсипҳо, усулҳо ва услубҳои идоракунии ташкилот, истеҳсолот ва кормандон бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва афзоиши фоида мебошад.

Ли Якокка, роҳбари машҳури амрикоӣ мисоли менеҷери боистеъдод шуда метавонад. Дар ибтидои солҳои 1980-ум ин «қаҳрамони бизнес» ширкати автомобилсозии «Крайслер»-ро аз ҳалокат наҷот дод. Ли Якокка худро ҳамчун навовари маркетинг нишон дод. Ӯ каме аз маҷмӯи анъанавии дастурҳои идоракунӣ гирифта, ба таҷрибаи шахсии худ ва ҳисси пешакии менеҷер-тоҷир, соҳибкор такя кард. Вай хусусиятҳои менеҷменти самаранокро, ба ибораи дигар, фалсафаи менеҷментро тасвия намуд.

Технологияи менеҷмент

Технологияи менеҷмент низоми усулҳои идоракунии самаранок, усулҳои муайяни гирдоварӣ ва коркарди маълумот, таҳия ва ҷорӣ намудани низоми назорат, принсипҳои муайяни идоракунии ҳайати кормандон мебошад. Барои ҳамин вобаста аз хусусиятҳои ташкилот, идоракунии гуногун истифода бурда мешавад, чунончи: идоракунии бо талабот ва ҳавасмандӣ асоснокшуда; дар асоси санҷишҳои доимӣ; аз рӯи натиҷаҳои фаъолият; аз рӯи мақсадҳои фаъолият ва ғайраҳо. Дар як ташкилот мумкин аст, ҳам технологияҳои алоҳида ва ҳам маҷмӯи онҳо истифода шаванд. Ин ба вазъияти мушаххас вобаста аст.

МОҲИЯТ ВА ПРИНСИПҲОИ МЕНЕҶМЕНТ

Ташкилот низоми ба мақсад нигаронидашуда аст, ки қисми як ё зиёда аз он низоми ба мақсад равонашуда буда, қисми дигари он - одамон мақсадҳои худро доранд.

Технологияи идоракунӣ дар асоси талабот дар сурати набудани нақшаҳои ташкил намудани истеҳсолоту идоракунӣ истифода бурда мешавад; кормандон ба фаъолияти ширкат манфиатдор нестанд ва тез-тез бо роҳбарият ҷанҷол мекунанд; аз кор рафтани кадрҳо зиёд аст. Дар чунин вазъият идоракунӣ ба ҳавасмандгардонии фаъолияти кормандон аз ҳисоби қонеъ намудани талаботи моддӣ (талабот ба ғизо, либос, манзил) ва иҷтимоӣ анҷом дода мешавад. Дар натиҷаи таъмини ҳамаи манфиатҳои корманд маҳсулнокии меҳнат баланд мешавад.

Технологияи дар санҷишҳои доимӣ асосёфта вақте ҷой дорад, ки фаъолияти кормандон ба қадри кофӣ мутобиқат нашудааст; ҳамкории байни кормандон ва шуъбаҳо хуб ба роҳ монда нашудааст; тахассуси кормандон паст аст.

Технология аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар ҳолате истифода бурда мешавад, ки агар дар корхона ҳавасмандгардонии хуб набошад, сиёсати бади фурӯш амал кунад, фаъолияти аксари кормандон бо ҷои корашон маҳдуд шавад. Идоракунӣ танҳо баъд аз гирифтани натиҷаҳо гузаронида мешавад ва дар ин ҳолат тайёрии ташкилӣ ва вазифагӣ ба амал меояд.

Технология аз рӯи мақсадҳои фаъолият дар сурати набудани принсипи ягонаи тартибдиҳии мақсадҳо ва ҳамеша онҳо аз нав дида мешаванд. Дар ин сурат идоракунӣ дар асоси бизнес-план анҷом дода мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2