ТАМОЮЛҲОИ АСОСИИ РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН
Деҳоти Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги табиӣ, демографӣ, иқтисодӣ ва таърихию фарҳангӣ мебошад. Истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, инчунин беҳтар намудани инфрасохтори минтақаҳои деҳот метавонад рушди устувор, сатҳу сифати зиндагии мардуми деҳотро таъмин намояд.
Рушди инфрасохтори деҳот ба омилҳои объективӣ вобаста мебошад, на ба нишондиҳандаҳои ба ихтиёри худ интихобшуда. Дар ин сурат на танҳо шумораи аҳолии деҳот ҳамчун омили объективӣ арзёбӣ мегардад, гарчанде ки аз он қисмати аҳолии ғайриқобили меҳнат, сатҳи даромади воқеӣ ва соҳаи истеҳсолот, балки ҷанбаҳои инфрасохториро низ ҷудо менамояд.
Ҷанбаи аввалӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-лоиҳакашӣ, идоракунӣ ва омодасозии мутахассисонро дар назар дорад, дуюмӣ вазъи дохили соҳа ва иншооту объектҳоро.
Агар бо тарзи дигар гўем, рушди инфрасохтори деҳот ба ҷузъи ҷудонопазири беҳдошти иқтисодӣ табдил меёбад ва мувофиқи он ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаю баландпоя яке аз омилҳои муҳимми рушди соҳа мебошад.
Дар баробари омўзиши масъалаҳои вобаста ба рушди деҳот ва андешидани чораҳои дастгирии иҷтимоии деҳот инчунин қайд кардан лозим аст, ки деҳот ба ғайр аз вазифаи истеҳсолӣ, боз вазифаҳои дигаре низ дорад, ки онҳо ҳам хеле муҳим мебошанд:
- вазифаҳои экологӣ” нигоҳ доштани мувозинат дар табиат;
- вазифаҳои фарҳангӣ ” нигоҳдории арзишҳои маънавӣ, анъана ва урфу одатҳои миллӣ.
Бинобар ин, чи тавр ҳалли худро ёфтани мушкилоти асосии деҳот дар шароити нав, масъалаи муҳимми рўз аст. Ин саволи муҳиммест, ки ҷавоби он натиҷаи пешбурди сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар деҳот мебошад.
Дар асоси ин, дар мақолаи мазкур омилҳои муҳимтарини консепсияи ҷойгиршавӣ ва рушди инфрасохтори деҳот мавриди омўзиш қарор дода шудаанд:
- зиёдшавии шумораи аҳолӣ;
- сатҳи даромади аҳолӣ;
- тахассуси истеҳсолоти кишоварзӣ.
Шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон ба моҳи январи соли 2021-ум 9,5 миллион нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора наздик ба 73,7% дар деҳот умр ба сар мебаранд. Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ аҳолии деҳот беш аз 3,3 миллион нафар афзудааст.
Дар аксарияти шаҳраку деҳот ва ноҳияҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ қисмати бештари аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин бо ҳунармандӣ машғул мебошанд. Масалан, аз давраи қадим дар водиҳои Фарғона ё Вахш маъмулан ҳунарҳои мардумӣ ривоҷ меёфтанд. Бинобар ин, масъалаи рушди шаҳрҳои хурдро баррасӣ намудан лозим аст. Вақте дар хусуси рушди шаҳрҳои хурд сухан меронем, сохтмони воҳидҳои маъмурӣ ё худ дастгоҳи маъмурӣ дар назар нест.
Дар ин ҷо масъалаи таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар назар аст, ки манбаи асосии даромад аз фаъолияти ҳунарҳои мардумӣ буданд. Рушди инфрасохтор на аз рўйи гурўҳи деҳот, балки тибқи ченаки шаҳр сурат мегирифт, яъне мутобиқи тахассуси ин ё он шаҳрак. Ҳамин тариқ, дар баробари тавсеа бахшидан ба шуғли ғайрикишоварзии аҳолӣ, як қисми қувваи корӣ бахши кишоварзиро тарк карданд.
Рушди инфрасохтори иҷтимоиву истеҳсолӣ ва талабот нисбат ба чунин намуди хизматрасонӣ бевосита ба даромади аҳолии деҳот ва сатҳи даромаднокии корхонаҳои кишоварзӣ вобаста мебошад. Бо назардошти ин, таҳқиқоти вазъи молиявию иқтисодии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ тайи солҳои охир анҷом дода мешавад.
Ҳолати айнан ба ин монанд дар фаъолияти аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ мушоҳида мегардад. Бо вуҷуди ин, чунин хоҷагиҳо барои ҷудо намудани маблағ ҷиҳати рушди инфрасохтор қодир нестанд.
Аз таҳлили суръати болоравии музди миёнаи меҳнати як нафар корманди хоҷагии фермерӣ чунин бармеояд, ки гарчанде сатҳи музди меҳнат тамоюли болоравиро касб кардааст (муфассал дар ҷадвали 2), лекин бо назардошти таваррум ва болоравии нархи маҳсулоти хўрокворӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал, қобилияти харидорӣ коҳиш меёбад.
Дар натиҷа, дар буҷети оила ҳиссаи хароҷот барои хўрокворӣ ва хизматрасонии ниёзи аввал боло меравад (дар давраи таҳлилӣ аз 50 то 75 фоиз афзудааст).
Аз ин рў, барои пардохт намудани хизматрасонии иҷтимоӣ маблағи ночиз боқӣ мемонад ва дар натиҷа талабот ба ин ё он намуди хизматрасонӣ коҳиш меёбад.
Тавре аз маълумоти дар ҷадвал пешниҳодгардида бармеояд, музди миёнаи моҳонаи кормандони соҳаи хоҷагии деҳот дар солҳои 1991-2020 зиёд шуда, аз 335 то 572,8 сомонӣ, яъне камтар аз 42 фоиз афзудааст, ки айни ҳол мутобиқан паст мебошад.
Президенти муҳтарами мамлакат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки: «Ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд. Ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд карда, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад».
Ҳамзамон, Сарвари давлат Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдоми мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Ба ақидаи мо даромаднокии аҳолӣ яке аз шартҳои асосии рушди инфрасохтор дар деҳот мебошад.
Даромаднокии аҳолӣ бо нишондиҳандаҳои даромади пулӣ, маҷмўӣ ва захираҳои мавҷуда тавсиф меёбад:
- даромади пулӣ ҳаҷми воситаҳои пулие мебошад, ки он дар ихтиёри оила буда, барои таъмини хароҷоти оила ва пасандоз кардан бе ҷалби маблағ ва қарзи пештар ҷамъовардашуда пешбинӣ шудааст;
- даромади пулӣ аз маблағи хароҷоти оила ва афзоиши дороии молиявӣ дар давоми давраи баҳисобгирии хизматрасонӣ муайян мешавад;
- даромади маҷмўии оила аз маблағи даромади пулӣ, арзиши даромади табиӣ дар шакли маҳсулоти хўрокворӣ ва кумаку имтиёзҳои дар шакли натуралӣ пешниҳодгардида таркиб меёбад;
- захираҳои дар ихтиёрдоштаи оила ҳамчун маблағи даромади маҷмўӣ ва маблағи пулӣ, қарзи пештар ҷалбгардида ҳисоб меёбад (дар ҳаҷми хароҷоти оила дар давоми давраи баҳисобгирии хизматрасонӣ).
Тавре қайд гардид, даромади пулӣ ва хароҷот ба ҳар сари аҳолӣ нишондиҳандаҳои асосие мебошанд, ки сатҳи зиндагии аҳолиро инъикос менамоянд.
Шароити истеҳсолии хоҷагии деҳот низ ба сохтор ва рушди аҳолии деҳот таъсир мерасонанд. Ба таври васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илму техника, механизатсияи хоҷагии деҳот боиси боло рафтани сатҳи умумии фарҳанги кишоварзӣ ва ободонии деҳот мегарданд.
Тибқи арзёбӣ корхонаи кишоварзии дар деҳаи рўйи аз масоҳат миёна ҷойгиршуда метавонад маҳсулоти гаронарзиш истеҳсол намояд, дорои фонди назаррас бошад ва ҳарчӣ бештар ба рушди шаҳраки дар он ҷойгиршуда назар ба корхонаи саноатии дар он ҷо сохташуда барои 200-300 ҷойи корӣ мусоидат хоҳад кард.
Аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ чунин бармеояд, ки фаъолияти объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, сатҳи он бевосита ба рушди устувори бахши кишоварзӣ вобаста мебошад [4, c. 158].
Аз ин рў, вазифаҳои асосии рушди бахши кишоварзии иқтисодиёт инҳо мебошанд:
- мукаммалгардонии сохтори соҳавӣ ва ҳудудии бахши кишоварзии соҳаи иқтисодиёт бо мақсади истифодаи муносиб ва оқилонаи иқтидори табииву иқтисодӣ, пеш аз ҳама захираҳои об ва замин;
- таъмини рушди мутавозуни истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ якҷоя бо бахшҳои дигари иқтисодиёт;
- тавсеаи тағйироти бозорӣ дар деҳот, созмон додани иқтисодиёти серзина ва ташаккулёбии иттиҳодияи воқеии моликон дар деҳот дар заминаи рушди афзалиятноки хоҷагиҳои деҳқонӣ;
- рушди босуръати инфрасохтори истеҳсолӣ, бозорӣ ва иҷтимоии деҳот;
- таъмини беҳбудбахшӣ ба некуаҳволии сокинони деҳот.
Самтҳои асосии амалисозии вазифаҳои номбурда чунин мебошанд:
- созмон додани муҳити рақобатпазир дар байни молистеҳсолкунандагон тавассути рушди афзалиятноки бахши хусусӣ;
- қонунигардонии фаъолияти хоҷагидорӣ;
- истифодаи босамари захираҳои об ва замин;
- афзун намудани самарабахшии истифодаи захираҳо, ба таври васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илму техника;
- тавсеа бахшидан ба иқтидори содиротии бахши кишоварзӣ бо назардошти афзалиятҳои рақобатии он дар бозори ҷаҳонӣ;
- амалигардонии барномаҳои иҷтимоӣ дар деҳот, таъмини шуғли босамар ва некуаҳволии мардум;
- афзун намудани самарабахшии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи истифодаи сарфакоронаи захираҳои моддиву молиявӣ.
Стратегияи рушди бахши кишоварзӣ бештар ба таҳкими минбаъдаи ислоҳот ва тағйироти институтсионалӣ вобаста мебошад.
Дар ояндаи наздик кооперативҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ба таври мувозӣ фаъолият хоҳанд кард. Лекин афзалият ба рушди хоҷагиҳои фермерӣ, инчунин ба кластерҳо ҷудо намудани хоҷагии деҳот, дода мешавад. Бинобар ин, рушди инфрасохтори деҳот бояд ба истифодаи ҳарчи бештари иқтидори чунин шаклҳои хоҷагидорӣ нигаронида шавад.
Лекин хамин нуктаро низ ба назар гирифтан лозим аст, ки кормандони ҳар кадоме аз ин шаклҳои хоҷагидорӣ дар як вақт ҳам ба сифати сармоягузори рушди инфрасохтори деҳот ва ҳам ба сифати истифодабарандаи хизматрасонии ин инфрасохтор амал мекунад.
Ҳамин тариқ, даромаднокии аҳолии деҳот барои таъсисдиҳӣ, фаъолият ва рушди инфрасохтори деҳот ҳамчун асос хизмат мекунад. Ҳангоми банақшагирӣ ва муайян намудани дурнамои рушди инфрасохтори деҳот чунин хусусиятҳои консептуалиро ба инобат гирифтан лозим аст.
Маблағгузории рушди инфрасохтори деҳот аз ҷониби давлат, бо маблағи грантҳо ва сармоягузорони беруна ҳамчун сарчашмаҳои иловагӣ арзёбӣ мегарданд. Маҳз ба ин гуна хусусиятҳои муҳимтарини рушди инфрасохтори деҳот нигаронида нашудан яке аз сабабҳои суст ривоҷ ёфтани инфрасохтори деҳот ба ҳисоб меравад.
Хусусияти дигари муҳимми рушди инфрасохтори деҳот бунёд ва истифодаи ин объектҳо аз ҷониби худи аҳолии деҳот, инчунин ба истифодаи хусусӣ додани объектҳои аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ сохташуда бо таҳияи механизми пешниҳод намудан ё фурўхтани онҳо мебошад.
Ниҳоят, масъалаи андозбандии объектҳои инфрасохтори деҳот бояд таҷдиди назар карда шавад, яъне ба сармоягузорон, инчунин шахсоне, ки объектҳои инфрасохтори деҳотро истифода мебаранд, имтиёзҳои муайяни андоз муқаррар намудан лозим аст. Чунки манбаи асосии даромад дар деҳот маҳсулоти кишоварзӣ ва чорвопарварӣ мебошад.
Тибқи дурнамо шумораи фермерон дар оянда зиёд хоҳад шуд, зимнан, пас аз пандемия бо сабаби ба таври мусбат ҳал шудани масъалаи сармоягузории вобаста ба рушди соҳаи фермерӣ ин ҳолат зудтар сурат хоҳад гирифт. Афзудани шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан аз ҳисоби пайдо шудани оилаҳои нав ба амал меояд. Бо вуҷуди ин, тахминан ними маҳсулоти кишоварзиро хоҷагиҳои номбурда истеҳсол хоҳанд кард.
Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва зиёд шудани даромади онҳо ҳамзамон ба афзун гардидани ҳаҷми сохтмони манзили истиқоматии фардӣ, инчунин зиёд шудани талабот ба хизматрасонии иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард. Рушди ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ бояд якҷоя бо афзун шудани миқдори маҳсулоти истеҳсолшаванда сурат гирад, ки он дар навбати худ ба зиёд шудани ҳаҷми воридоти пулӣ таъсир мерасонад. Афзун гардидани миқдори маҳсулот ба беҳтар шудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, сифат бошад, дар навбати худ ба тахассуси амиқи истеҳсолот ва коркард вобаста мебошад. Аз ин рў, мушкилоти хусусиятҳо ва навъҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда дар ноҳияҳо, бо назардошти шароити иқлим ва талаботи аҳолӣ баррасӣ карда шудаанд.
Талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ пурра аз ҳисоби истеҳсолоти худи онҳо қонеъ гардонда мешавад. Ҳамзамон, ҳаҷми коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам коркардшуда афзун мегардад.
Ба ақидаи мо рушди бахши кишоварзии соҳаи иқтисодиёт пешрафти афзалиятнокро аз ҳисоби омилҳои босуръати рушд пешбинӣ менамояд:
- истифодаи оқилонаи иқтидори табииву иқлимӣ ва иқтисодӣ;
- тавсеаи тағйироти бозорӣ дар деҳот;
- ташаккулёбии бозори мол бо назардошти вазъи талаботу пешниҳодот.
Амалисозии самтҳои тавсияшаванда ва нишондиҳандаҳои рушди бахши кишоварзии соҳаи иқтисодиёт дар оянда, тавре аллакай қайд кардем, пеш аз ҳама тавсеабахшии тағйироти институтсионалӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди макроиқтисодиро бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар деҳот тақозо менамояд.
Рушди шаклҳои гуногуни хоҷагидориро минбаъд бо назардошти маҷмўи омилҳои гуногун, ба таври ихтиёрӣ, бе фишороварӣ амалӣ намудан мувофиқи мақсад хоҳад буд.
Тағйирот танҳо дар он сурат натиҷабахш мегарданд, агар дар заминаи барнома ё бизнес- нақшае, ки дар ҳар хоҷагӣ таҳия мегарданд, амалӣ карда шаванд.
Дар ин маврид бояд кафолати рушди босамар ҳамчун шарт ҳисобида шавад, яъне он чизе, ки дар натиҷаи амалигардонии онҳо ҳаҷми истеҳсолот ва самараи он коҳиш намеёбад.
Муқаррароти муҳимтарини барномавии рушд ва ислоҳоти бахши кишоварзии соҳаи иқтисодиёт барои оянда чунин мебошанд:
- нигоҳдорӣ ва афзун намудани қисматҳои асосии иқтидори захиравӣ дар комплекси агросаноатӣ, дар навбати аввал: хосилхезгардонии замин, истифодаи оқилонаи захираҳои маҳдуди об, технологияи пешрафта ва иқтидори илмиву техникӣ;
- тавсеаи тағйироти институтсионалии ба ташаккулёбии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва моликият, инфрасохтори бозорӣ, муҳити рақобатпазир, рушди соҳибкории хусусӣ дар деҳот равонагардида;
- суръатбахшӣ ба азнавсозии сохторӣ дар бахши кишоварзии соҳаи иқтисодиёт бо назардошти шароити табииву иқлимӣ, эҳтиёҷоту пешниҳоди воқеӣ дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хўрокворӣ, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот;
- рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳот, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот;
- таҳияи механизмҳои босамари дастгирии молистеҳсолкунандагони деҳот.
Ақидаҳои қайдгардидаро ҷамъбаст намуда, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки нуктаҳои муҳимми самти ислоҳот дар бахши кишоварзӣ чунин мебошанд: таъмини баробарии шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ дар деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ. Дар ин маврид ба ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии деҳот ҳамаҷониба муносибат намудан лозим аст, роҳандозии сиёсати сармоягузорӣ, илмиву техникӣ, такмил додани муносибатҳои вобаста ба замин, афзун намудани манфиатдории кормандон ба натиҷаи ниҳоии меҳнат, рушди соҳибкории ватанӣ, ба молистеҳсолкунандагон пешниҳод намудани ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ба маҳсулоти истеҳсолнамуда ва даромади ба дастовардашуда, ҳамзамон фароҳам овардани шароит барои рақобат дар бахши кишоварзии иқтисодиёт.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё