КЕЙС-ВАЗЪИЯТ. РЕСМОНИ СУСТ ОҚИБАТ МЕКАНАД
Зерлавҳаи кейс: Агар гунаҳгорро занӣ, зарбаат ба бегуноҳ ҳам мерасад.
1. Объекти тадқиқот:
Дар тобеияти Сафаров С., директори молиявии ширкати «Капитал» (бизнеси миёна), якчанд корманд, аз ҷумла Икромов И. ва Каримов К.
кор ҳам мекунанд.
2. Вазъият. Дар ширкат бо баҳонаи буҳрони молиявӣ қабули кормандони нав манъ карда шуд. Агар касеро аз кор озод намоянд, дар ҷадвали воҳидҳои корӣ фавран он вазифаи холишударо ихтисор мекунанд.
Дар шуъбаи молиявӣ Икромов И. мутобиқи ӯҳдадориҳои вазифавии худ ҳуҷҷатҳои молиявии воридшаванда ва Каримов К. ҳуҷҷатҳои содиршавандаро коркард менамоянд. Ҳаҷми кори ҳар ду қариб баробар аст.
Икромов аз рӯи виҷдон кор карда, сари вақт аз ӯҳдаи тамоми корҳояш мебарояд, ҳатто чунин ба назар менамояд, ки кораш камтар аст, гарчанде, агар холисона баҳогузорӣ кунем, ин тавр нест. Каримов аз ӯҳдаи вазифаҳои худ намебарояд, чунки бисёр кор кардан намехоҳад. Каримов баъди Икромов, каме пештар аз фарорасии буҳрон ба кор омад. Музди кори Каримов нисбат ба музди аксарияти ҳамкасбонаш бештар аст (дар ширкат ҷадвали мукофотҳо ва мувофиқати аниқи байни андозаи мукофоту мансаб ё меъёри ҳосили кор муқаррар нашудааст). Роҳбарият муҳокимаи андозаи мукофотро рӯирост манъ кардааст, аммо дар шуъбаи молиявӣ, ки он ҷо занон кор мекунанд, ҳама аз сатҳи даромади якдигар огоҳанд. Кормандони ширкат аз дермонии коркарди ҳуҷҷатҳо норозигӣ баён намуда, дар ин хусус аз болои хадамоти молиявӣ ба директори генералӣ Довудов шикоят мебаранд.
Чанде пеш муштариён ҳам аз камбудиҳои ҳуҷҷатнигорӣ сухан оғоз намуданд. Системаи мукофотдиҳӣ дар ширкат тавре ташкил ёфтааст, ки дар сурати мавҷудияти шикоятҳои боасос аз кори ягон корманд тамоми шуъба аз мукофот маҳрум карда мешавад.
Директори молиявӣ кӯшиш кард ба корманди аввалини худ он ҳиссаи корро фармояд, ки дуюмӣ аз ӯҳдаи он набаромада истодааст ва манфиати бевоситаи моддии тамоми шуъбаро баҳона пеш овард. Вале корманди меҳнатдӯст ба ҷои ду кас кор карданро намепазирад, гарчанде бо тахассуси баланди доштааш метавонист аз ӯҳдаи коркарди тӯдаи ҳуҷҷатҳо барояд.
Аз рӯи тахмини вай, агар корманд бо сабаби кори нодурусти ҳамкораш аз як қисми мукофот маҳрум гардад, ин беҳтар аз он аст, ки кори нотамоми дигариро ройгон ба анҷом расонад. Ба ғайр аз ин, андешаи музди бештар гирифтани корманди ноӯҳдабаро шавқу рағбати корманди меҳнатдӯстро фурӯ менишонад. Тадриҷан ин омил ба рағбати кормандони дигари шуъба ҳам таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Кормандони ширкат, ки аз ба таъхир афтидани коркарди ҳуҷҷатҳо норозиянд, аз болои шуъба ба директори генералӣ шикоят мекунанд.
3. Муаммо (ихтилоф).
Шуъбаи молиявӣ кори ғайри самаранок мекунад, аммо қабулкунӣ ё озодкунии кормандон қобили қабул нест. Вобаста ба ин муноқишаи дохилию берунӣ пухта расида истодааст, ки ин боиси хисороти моддии тамоми зинаҳои ташкилӣ шуда метавонад.
4. Қаҳрамонон (нақшу мақоми эҳтимолии онҳо).
• Д. Довудов, директори генералӣ;
• С. Сафаров, директори молиявӣ;
• И. Икромов, корманд;
• К. Каримов, корманд;
• Кормандони шуъбаи молиявӣ, ки дар раванди коркарди ҳуҷҷатҳо ширкат доранд (надоранд);
• Муштариён (1, 2, 3).
5. Қаҳрамони мунтахаб: Директори молиявӣ.
6. Афзалиятҳои қаҳрамони мунтахаб:
Ҳалли вазъияти ҷанҷолӣ бидуни хисороти калон;
Роҳ надодан ба вайроншавии ҷараёни фароҳамшудаи бизнес;
Дар маҷмӯъ нигоҳ доштани бизнеси ширкат.
7. Вариантҳои қарорҳои қаҳрамон, хатару буҷети эҳтимолии онҳо:
Қарори 1. Аз кор озод намудани Каримов К.
Хатар: Ӯ метавонад бо талаби дар кораш барқарор намудан ва (ё) ҷуброн кардани зарари моддию маънавӣ ба суд муроҷиат кунад. Сарбории зиёдатии корӣ ба сари кормандони шуъбаи молиявӣ.
Арзишҳо (чизе, ки ба он итминон ва (ё) боварӣ дорад, на ҳамеша исботшуда ва объективӣ) ва мақсадҳо (ҳолатҳои дилхоҳи дороӣ). Масалан, пул, мол, маълумот, ҳокимият бар одамон, худи одамон, бурд намудани вақт, имкони таъсиррасонӣ ба равандҳо, халосӣ аз ҷазо ва г.
Буҷет: вобаста ба қарори суд.
Оқибатҳои дарозмуддат (давраи пешгӯӣ: як-ду сол): Масъулиятнокии бештар ҳангоми интихоби кормандони нав. Ҷорӣ намудани муҳлати озмоиш - 3-6 моҳ. Гузаронидани имтиҳоноти доимӣ. Кӯшиши ташкили гурӯҳи баландтахассуси ҳамкорон.
Қарори 2. Гуфтугӯ бо кормандон.
Хатар: Эҳтимоли аз кор рафтани як қатор кормандон. Якбора кам шудани теъдоди кормандон.
Буҷет: Хароҷот барои тағйири сохтори шуъбаи молиявӣ.
Оқибатҳои дарозмуддат (давраи пешгӯӣ: як-ду сол): Беҳтар намудани фазои умумӣ дар коллектив. Имкони паст гардидани коэффитсиенти кори иҷрошаванда вуҷуд дорад.
Қарори 3. Тағйир додани системаи ҳавасмандкунӣ: ноаён ҷорӣ намудани баробарӣ, баланд кардани музди кори корманди кӯҳна, агарчи дар шароити буҳрон ин мушкил аст.
Хатар: Бадшавии авзоъ дар шуъбаи молиявӣ.
Буҷет: Хароҷоти музди кори Икромов И.
Оқибатҳои дарозмуддат (давраи пешгӯӣ: як-ду сол): Гум шудани рӯҳияи гурӯҳӣ дар коллектив. Аз кор танг карда баровардани ҳамкорон бо мақсади ба даст овардани ҳиссаи кори онҳо. Ва дар натиҷаи ин, зиёд шудани мукофоти моддӣ.
Қарори 4. Муҳокимаи тартиби барасмиятдарории системаи музди кор дар маҷмӯъ ва хусусан, барои ҳар корманд.
Хатар: Аз байн рафтани масъулияти коллективӣ. Мушкилшавӣ ва таъхири кор.
Буҷет: Зиёдшавии хароҷоти ҷории музди кор. Хароҷоти бештар ҳангоми гузариш ба барномаи нав.
Оқибатҳои дарозмуддат (давраи пешгӯӣ: як-ду сол): Масъулияти бештар нисбати иҷрои ӯҳдадориҳои шахсии худ. Бепарвоии пурра нисбати раванди кор.
Қарори 5. Такмили сатҳи тахассусӣ Каримов муаммои музди кори калонро қисман ҳал намуда, масъулияту самаранокии онро бештар мекунад.
Якбора ба Каримов нишон додани камтаҷрибагии вай ва кордонии директори молиявӣ.
Хатар: Зарба ба иззати нафси Каримов К.
Буҷет: Хароҷоти таълим.
Оқибатҳои дарозмуддат (давраи пешгӯӣ: як-ду сол): Пас аз гирифтани таҳсилоти иловагӣ ва таҷрибаи лозима вай рӯзе лаҳзаи муносиб ёфта, аз кор меравад.
Қарори 6. Бештар намудани кори шуъба. Таҳлили мазмуни ҳисоботи содиршаванда, содагардонӣ ё бекоркунии як қисми онҳо. Бо истифода аз имкониятҳои Excel, 1C, автоматӣ кардани воридоти маълумот ва осонтар намудани кор. Ба корманди дуюм омӯзондани системаҳои коркарди маълумот.
Хатар: Халалдоршавии равандҳои фароҳамомадаи бизнес.
Буҷет: Хароҷоти азнавташкилкунӣ ва омӯзиши шуъбаи молиявӣ.
Оқибатҳои дарозмуддат (давраи пешгӯӣ: як-ду сол): Хизматрасонии мутаҳаррику самаранок. Имконияти халос шудан аз теъдоди муайяни кормандони зиёдатӣ. Аз ҳисоби кормандони ихтисоршуда зиёд намудани ҳаҷми мукофот.
8. Қарори мунтахаб (1-6): қарори шашум (барои чӣ?). Хароҷот пурра пӯшонида шуда, ширкат ба шаклҳои нави ташкили меҳнат мегузарад.
Коллектив побарҷо мемонад. Муносибатҳои байниҳамдигарии дохили ширкат беҳтар мешаванд.
9. Усулҳои назорати иҷрои қарори мунтахаби 6.
Директори молиявӣ якҷоя бо мушовир нақша-ҷадвали ҷорисозии системаҳои нави коркарди маълумотро таҳия мекунанд.
Системаи музди меҳнатро дар шуъба таҷдиди назар карда, музди меҳнатро пурра бо ҳаҷми кори иҷрошуда мувофиқ бояд намуд. Ба ғайр аз ин, масъулияти коллективӣ барои натиҷаи кори тамоми шуъба шакли нодурусти тарғибу ташвиқи кормандони шуъбаи молиявӣ мебошад. Дар ин ҷо ҳар корманд бояд дуруст, бехато кор кунад. Бинобар ин, мукофотҳо бояд инфиродӣ бошанд. Чунончи, ҳар ду корманде, ки ба коркарди ҳуҷҷатҳои молиявӣ кор мекунанду корашон ҳам мазмунан ва ҳам ҳаҷман якхела аст, бояд маоши баробар (баробари корманди якум) гиранд. Аз рӯи натиҷаи кори якмоҳа, дар сурати набудани хатову эродҳо, кормандон бояд мукофоти ҳархела гиранд. Ҳамин тавр, бо ҳамин восита рағбати корманди дуюм ҷиҳати кори беҳтар бедор шуда, омили «беадолатии» музди кор дар фаъолияти корманди якум ҳам бартараф мегардад.
10. Дастовардҳои эҳтимолии захиравии (хусусан молиявии) ин қарорро таҳлил намоед:
Дастовардҳои мусбат, ки заминаи захиравии қаҳрамони мунтахабро васеъ мекунанд.
Музди кори шаффофтару одилона.
Дастовардҳои манфӣ, ки заминаи захиравии қаҳрамони мунтахабро маҳдуд мекунанд.
Имкони баланд шудани музду мукофоти кормандон.
Дастовардҳои мусбату манфиро бо ҳам муқоиса намуда, хулоса бароред.
Зиёдшавии эҳтимолии музд пурра аз ҳисоби афзоиши коэффитсиенти сифату ҳосилнокии меҳнати кормандон ҷуброн мегардад.
Оё ин натиҷа(ҳо)и муайяншуда барои қаҳрамони мунтахаб дастовардҳои нави захиравӣ меоранд? Кадом дастовардҳо? Бо мисол собит намоед.
Омилҳои тарғибкунанда - андозаи музд ба чӣ гуна кор кардан вобастагӣ дорад. Бе меҳнат роҳат нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё