Зеҳн

Се ҳикоя — Саидмурод Искандарӣ

БА
Барномасоз18 сентябри 2026 · 22 дақиқа хондан

Саидмурод Искандарӣ

НИШОНА

Модбузи чанбаршохи кабудчарангро дар хонаи Содиқино қариб ҳама дӯст медоштанд.

Агар ба кампири Зебӣ барои ҳар сол дугоник зойиданаш маъқул бошад, ба набераи ҳаштсолааш Содиқҷон гапфаҳмию зиракии буз хеле маъқул буд. Аксар вақт пеш-пеши пода мерафт. Чолокӣ карда, худро ба ҳар бармолу ёлаҳои сералаф расонда, шикамашро сер мекард. Кампир ҳар бегоҳ қариб як коса шир медӯшид. Ҳангоми чаро, ҳамин ки овози подабон баромад, ӯ аз роҳгардӣ истода, оҳанги гапро гӯё гӯш мекарда бошад, гӯшҳои худро каме сих намуда, ба тарафи овоз менигарист ва аз як гапи подабон ё ба қафо мегашт ва ё дар ҷояш чарида меистод: Ана, ҳамин бузи зираки Зебихола як рӯз аз пода барнагашт. Рӯз бегоҳ шуд. Офтоб ба паси кӯҳ панаҳ гардид. Пода аз чаро баргашт, ҳамаи бузу гӯсфандон омаданд, вале аз бузи кабуд дарак набуд. Кампир чун ҳаррӯза сатилчаи ширдӯшиашро гирифта, дар оби ҷӯй шӯста, тоза кард.

- Содиқҷон, шаб шуду аз бузат дарак не.

Дилам дар хавотир. Сари сина шуда буд, боз дар кадом кӯҳу пушта назойида бошад? Ку, набераи ширин, то болотари деҳа рафта хабар гир, - гуфт ба наберааш.

Содиқ ба роҳ даромад.

- Торик нашуда баргард, боз натарсӣ, - аз ақиб, аз паси дарвоза шунида шуд овози кампир.

Содиқ бо роҳи байни деҳа то гардишгоҳи подачаро рафт, вале дар роҳ бо ягон буз вонахӯрд. «Шояд дар назди чашма бошад?» - фикр кард роҳравон. Одамон бузҳои гумшудаи худро аксар вақт аз ҳамон ҷо меёфтанд. Дар он ҷо ҳамагӣ як хирманҷо барин сиёҳзамине буд, ки аз нами оби равони чашма, баъди ҳар ду-се рӯз ба сабзазор табдил меёфт. Алафҳои гуногуни серғизо мерӯид. Чашмони зираки бузҳо ба ҳамон кабудизор меафтиду бо ҳазор эҳтиёткорӣ, вале чаққонӣ худро ба он камари кӯҳ гирифта, алафҳои серғизоро мазза карда мехӯрданд. Содиқ бо умед он тараф рафт.

Дараро гузашта, ба камари кӯҳ расид. Оби чашма ба сангҳо бархӯрда, ба поён мерехту дар оғӯши дара акси садо меёфт. Ин ҳолат гӯё чашма нею дили кӯҳ месуруд. Ба атроф синчакорона назар андохт ва бодиққат ба шарфаи оби чашма гӯш дод, ки шояд баробари садои чашма боз овози ягон чизи дигаре ҳам расад. Одати бузи онҳо ҳамин хел. Агар одамро медид, маос мезад. Атроф, аллакай хеле торик шуда буд. Пардаи торикӣ торафт поён мехамид. Бинобар ин, акнун сиёҳии ҳар ҷо - ҳар ҷо истодаи сангҳои дар камари кӯҳ часпидаро аз чизи зинда фарқ кардан душворӣ мекард.

Камари чашмаро гаштаю баргашта аз назар гузаронд. Ногоҳ аз камари кӯҳ садои маоси буз ба гӯшаш расид. Синчакорона ба тарафи овоз нигарист. Базӯр сиёҳиеро дид, ки дар зери теғаи камари сангин, ки он ҷоро асосан барои аз боду борон паногоҳ доштанаш калф ҳам мегӯянд, рост меистод. Шарфаи ҷаҳиши оби чашма имкон надод, ки овозро нағзтар гӯш карда шиносад, вале чӣ гуна ранг доштани бузро ҳам надонист. Танҳо аз овозаш шинохт, ки он ҷо дар ҳақиқат, бузе ҳаст. Аммо ба он ҷо баромадан хеле душвор буд. Хусусан, дар торикӣ кори ҳазл не. Охир, он камари кӯҳ аз замин қариб чил метр баландӣ дошт. Дид, ки аз дасташ коре намеояд, ин ҷо истоданаш бефоида, қафо баргашт. Ба даромадгоҳи деҳа нарасида, аз пеш бибиаш баромад.

- О, ту куҷо даромада рафтӣ? Дидӣ, ки торик шуд, зуд баргардӣ, намешавад?!

- Мома, дар камари чашма овози бузро шунидаму нашинохтам, мумкин бузи худамон бошад, - барои таскини дили ӯ гуфт Содиқ.

- Хайр, ҳеҷ гап не. Пагоҳ, саҳар катӣ мековем. Ризқамон бошад, ёфт мешавад.

Онҳо ба хона баргаштанд, вале тамоми шаб хобашон набурд. Дар сари Содиқ ҳазор фикру хаёл чарх мезад. «Шояд он ҷо зойида бошад.

Агар бузамон ба дасти ягон гурги гурусна афтад-чӣ?» Пагоҳӣ, ҳамин ки чашми рӯз кафид, момою набера ба кофтукови бузи кабуд баромаданд.

Рост ба камари кӯҳ рафтанд. Ҳамин ки ба назди чашма расиданд, ҳуш аз сарашон парид.

Дар замин бузи кабуд ва аз ӯ як чанд қадам дуртар гурги бӯри азимҷуссае мехобид. Аввал хуб тарсиданд, баъд кампири Зебӣ оҳиста-оҳиста қадам гузошта, ба пеши буз рафт. Содиқ ҳам наздик шуд. Тамоми бадани буз пӯсткандаю хунолуд ва як шохаш шикаста. Ҳар ду ҳайрон гаштанд. Дар чашмони кампир ашк ҳалқа зад. Гӯё гиря кардан мехосту вале наметавонист, ё аз наберааш шарм медошт, ё ин ки аз бедор шудани гург метарсид. Аммо гург тамоман намеҷунбид, маълум, ки кайҳо мурдааст. Кампир бо як дасташ аз нӯги рӯймолаш дошта, оби чашмонашро пок карду бо дасти дигараш аъзои бадани бузро хабар гирифт. Буз намеҷунбид. Танҳо чашмони кушодаи ӯ ало-було шуда боло, ба сӯи камари кӯҳ менигаристанд.

- Вой бузаки вафодорам, - оҳ кашида, гуфт кампир, - мурдааст-чӣ?!

Ногоҳ садои паст-пасти маъ-маъ-маъи бузғолае кампирро ба худ овард. Дар камари кӯҳ, зери он теғаи санге, ки бегоҳӣ Содиқ суроби бузеро дида буд, бузғолаи хурдакак истода, ин тарафу он тараф дод мезад.

- Маъъа - боз шунида шуд. Ин дафъа ӯро баръало диданд. Нури офтоби нав аз паси кӯҳ баромада, ки як доман рӯшноии худро ба камари кӯҳ нисор мекард, ранги бузғоларо хубтар нишон дод ва маоси навбатии ӯ гӯё кампиру набераро каме ба худ оварда бошад, он сӯ чашмак зада нигаристанд.

- Содиқҷон, тезтар баро, метавонӣ? - дасташро ба сари наберааш гузошта, гуфт кампир, бачаяки бузамон. Оҳ, бечора, он ҷо чӣ кор мекунад? Хайрият, вай ҳам наафтодааст.

Содиқҷон аз шодию ҳаяҷон, аз тарси он ки мабодо бузғола ҳам ба ҷарӣ наафтад, бо азобе ба камари кӯҳ часпида баромад. Бузғоларо ба бағал гирифт, аммо дар бозгашт ба ӯ хеле душвор шуд. Илоҷи сангеро дошта фаромадан надошт, зеро бо дастонаш бузғоларо медошт.

Бо даъвати кампир Салими шикорчӣ ба ёрӣ омад. Ӯ марди чаққону зираке буд. Ба боло баромад. Бузғоларо аз дасти Содиқ гирифта, ба гирду атрофи камари кӯҳ ва сонӣ ба ҷарӣ дурудароз нигарист ва чизеро пай бурд, ки «ҳа, ҳамааш маълум»- гуфту бачаро таъкид кард, ки эҳтиёткорона аз паси ӯ фаромадан гирад.

Зебихола бузғоларо ба оғӯшаш гирифта, гӯё чизи аз ҳама азизашро ёфта бошад, ба канораш сахт ҷафс кард ва аз пешонаи бузғолача ду-се маротиба бӯсид. Ҳар се бузро гӯронда, ба хона баргаштанд.

- Имшаб дар камари кӯҳ ҳодисаи аҷибе рух додаст, - дар роҳ гап сар кард Салим-амак.

Содиқҷону момояш бошанд, бодиққат ба даҳони ӯ нигариста гӯш медоданд, ки чӣ мегӯяд.

- Бузро касали бачазойӣ гирифтаасту худро бегоҳӣ ба камари кӯҳ задаст. Шабона бошад, гурги бӯр бӯй гирифта, ба ин ҷо омадааст. Дар хоки намноки паси теғаи санг ҳам пайи пои гург асту ҳам аз буз. Ба гумонам, буз барои ҳимояи бачааш ба ҷанги гург баромадааст.

Онҳо хеле задухӯрд намудаанд. Ниҳоят ҷарии бетаг онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардааст.

Бузғолаи бечора бошад, аз шири модараш ба серӣ нахӯрда ятим мондааст...

Кампир аз ҳалоки бузи кабудаш дарундарун месӯхт, вале як гӯшаи дилаш аз гапҳои гуфтаи Салим-амак ва ё аз ёфтани бузғола бошад, ки каме равшан гардид. Ба ҳар ҳол, ҳам Содиқу ҳам кампири Зебӣ хурсанд буданд, ки аз бузи кабуди бахосияташон якто нишонае мондаасту баъди якчанд сол аз ин зот наслҳои нав пайдо шуда, оғилашон пур-пури буз мешавад.

ИМТИҲОНИ КАЛТА

Ба Калта ҳавасам меомад. Аҷаб саги доною зирак. Кампири Обида аз ин саги хизматрасонаш басо хурсанд буд, ки ӯро нағз тарбият мекард. Нону шир медод. Ба ростӣ, Калта дастёри беминнати кампир буд. Кампир боғи калоне дошт. Он ҳар сол ҳосили фаровоне медод. Ҳамин ки ангуру чормағзҳои кампир мепухт, саг ҷои худро иваз мекард. Аз ҳавлӣ ба боғ мекӯчид. Ҷои хобу хураш он ҷо мешуд.

Акнун ба боғ даромада бин, Калта рӯзатро сиёҳ мекард. Гӯё боғи худаш бошад. Баъзан бачаҳои шӯх нияти ангурдуздӣ карда, назди боғ ҷамъ мешуданд, вале ҳанӯз ба девор часпам - начаспам Калта бохабар шуда, ба ҳуҷум тайёрӣ медид. Аккоси бадҳайбати ӯ гурдаи касро мекафонд. «Беҳуда Калта наномидаанд, ӯро», мегуфтанд одамон.

Афти лублӯндаю мӯйҳои сип-сиёҳи Калта аҷаб воҳимаангез буданд.

Кампир аз Калта дилпур буда, парвои боғ надошт. Нағз медонист, ки ҷое Калта бошад, на парандае пар мезанаду на чарандае худро нишон медиҳад. Бинобар ин, гоҳ-гоҳ ба Калта хӯрок оварда, ангур мечиду боз боғро ба саг месупорид. Ман, ки ҳамсояи Обида-хола будаму гоҳ-гоҳ ба хонааш меҳмон мешудам, хислати сагашро медонистам. Аз обу нон ва меваҳои кампир ҳам чашида будам, вале на Калта ба ман кор дошту на ман ба Калта.

Танҳо ҳар бори ба хонаи кампир рафтан, Калта маро бо нигоҳи айёронааш гусел мекард. Гӯё ишораи фармони кампир буд, ё ба гапҳои мо гӯш меандохт. Ба фикри ман бошад, сарфаҳми сӯҳбати мо рафта, неку бадро ҳис менамуд.

Боре бачаҳои деҳа дар бораи боғи Обидахолаю саги вафодори ӯ сухан ронданд.

Таърифи бачаҳо меарзид, вале ман якравӣ карда:

- Хайр-чӣ, ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест! Саг одат кардааст, - гуфтам ба бачаҳо. Пас ба Анвар рӯ оварда гуфтам:

- Агар ба ту ҳам нону оби тайёр ва боғи пурмеваро супоранд, гардан метобӣ? Не, албатта! Ҳам мехӯрию ҳам мехобӣ...

Бачаҳо завқ карда хандиданд, вале гапи ман ба Анвар таъсир кард, ки хашмгинона гуфт:

- Беҳтараш ба худат гӯй! Ман мисли тарсончаку танбал нестам!

Баҳси мо тӯл кашид ва дигарон низ ҳамроҳ шуданд. Барои боғи ҳамсояву саги бегона қариб занозанӣ кардем...

- Ҳамааш гапи пучу бефоида, - ҳамаро хомӯш карданӣ шуда, дод зад Зоҳид. Ӯ нисбат ба ҳама калонсолу пурқувваттар буд. Каме ором гаштем.

- Биёед, бачаҳо, месанҷем, - ниҳоят гуфт ӯ.

- Чиро? - суол доданд чанде аз бачаҳо.

- Сагро-дия, боз чиро мешуд. Санҷидан даркор, ки саг чӣ гуна хизматгор аст. Яъне ба боғ даромада ангур овардан лозим.

Ана, ҳамин тавр, масъалае ба миён омад, ки онро бояд касе ҳал мекард, аммо касе ҷуръат накард. Чӣ бояд кард, мегуфтам худ ба худ.

Дароям ё не? Охир, Калта маро мешиносад, наход аккос занад? Бар замми ин, ман бояд шартро мебуридаму аз хиҷолат халос мешудам.

Бинобар ин, ман мебоист даромада сагро фиреб медодаму бағаламро пури ангур карда мебаромадам.

- Хуб, ман ба боғ медароям, - гуфтам, худро нотарсу ҷасур нишон доданӣ шуда.

Ҳама ҳайрон монда, сӯи ман нигаристанд.

Бо эҳтиёт ба девор часпидам. Ба назарам чунин менамуд, ки чашмонам дар пешониам ҷой гирифта бошанд. Ба сӯи боғ нигаристам.

Хушаҳои калон-калони ангур, ки аллакай пухта, зардчатоб гаштаанд, аз шӯълаи офтоб ялаққос мезаданд. Пас, ба атроф нигаристам, хушбахтона, Калтаи боғбон наменамуд. Ҳаллос зада худро ба боғ партофтам ва оҳиста-оҳиста сӯи буттаҳои ток хазидам. Бачаҳо ба девор часпида ба маҳорати ман менигаристанд.

Хӯшаҳои аввалинро кандам. Баргҳои ток пури чанг буданд, ки каме чанг бархост. Баъди сечор бори нафаскашӣ атсаам омад. Биниамро бо дастонам маҳкам пӯшонидам, вале чанг корашро кард, ки атса задам. Ин дам аккоси Калта баромад. Ӯ бошитоб аз ҳавлӣ баромада худро ба боғ зад. Ман худро ба замин пахш кардам. Чӣ ҳам мекардам? Акнун аз дасти ӯ халосӣ набуд.

Калта ҳарсосзанон аз болои тани ман ҷаҳида, ба девори бачаҳо нишаста ҳуҷум кард.

Аз тарс қариб шах шуда будам. Хостам дод занам, вале даҳонам кушода намешуд. Бо як азоб гарданамро тоб дода, ба ақиб нигаристам.

Бачаҳо гӯё аз аккоси саг аз девор парида рафта бошанд, ки касе ба чашм наменамуд. Калта бошад, аз поёни боғ давр зада, беист аккос мезад. Хайрият, ки ба ман наздик нашуд.

Вагарна аҳволи ман чӣ мешуд, Худо медонад.

Кампир ҳам расида омад.

- Эҳ, ин тӯӣ, писарам? Қандата хӯр! Шарм намедорӣ, як бачаи капа-калону боз дуздӣ мекунӣ? Агар ангур хоҳӣ, аз дар даро. О, ман ба ту борҳо нагуфтаам? Писарам, мева хоҳӣ, омада пурс.

Ман аз тарси сагу аз шарманда шуданам, ҳанӯз ҳам дар замин менишастам.

Кампир ба нею нестон ва хоҳиши ман нигоҳ накарда, бағаламро аз ангур пур кард.

Аз дастам гирифта, ба беруни дарвоза баровард. Дар назди дарвоза бачаҳо ғун шуда, роҳи маро мепоиданд, ки баробари кушода шудани дарвоза чаппак зада хандиданд. Ман аз шарм ба замин менигаристам, вале бағали пурангурам намуда меистод.

Кампир бори дигар аз тахтапуштам тела дода гуфт:

- Рав, писарам, бо ҷӯраҳоят хӯр, вале дигар дуздӣ накун!

Шумо ҳам бачаҳо, ангур хоҳед, ана аз ин дарвозаи тайёр оеду монед, - даст сӯи дарвоза бурда нишон дод кампир. Дигар ҳарфе нагуфта, ба ҳавлӣ даромад.

Овози Калта дигар шунида намешуд.

НОМИ САГЧА ДИГАР ШУД

Сагчаро ёфтанам нағз дар хотирам ҳаст.

Охир, чӣ тавр фаромӯш кунам? Ба ростӣ, ин сагча не, як балоча. Боз чунон нағмаҳое бофта мебарорад, ки мондан гиред, вале ба ҳамаи ин додарам Ҷамшед сабабгор шуд, бале. Умуман, бо фармони ӯ сагча ёфт шуд. :

Як рӯзи баҳорон буд. Дар зери суруди борони баҳорӣ хоб рафтан чӣ кайфияте дорад.

Ана, он рӯз ҳам борони майда шибир-шибир меборид. Ман нимхоб будам ва ин суруди аллаи баҳориро, ки бом бо ҳамовозии борон месуруд, бо навозиш гӯш мекардам... Гоҳ масти хоб мешудам ва гоҳе аз гулдурроси пурзӯри раъду барқ бедор мегаштам. Аммо бом ҳамоно месуруд ва аллаи он тарси дили маро боз мерабуд. Ин дам ба гӯшам аз хонаи дигар гиряи додарчаам Ҷамшед расид. Як-ду дақиқа мунтазири он шудам, ки шояд модарам ба наздаш даромада гаҳвораашро ҷунбонад ё маконад:- Аммо кӯдак беист гиря мекард.

Ноилоҷ аз зери кӯрпаи гарм хеста, он сӯ давидам. Кӯдак танҳо буд ва даруни гаҳвора дасту по ҷунбонда гиря мекард, аз модарам бошад, дарак набуд. Аз тиреза ба рӯйи ҳавлӣ нигаристам, сонӣ «оча» гӯён дод задам, аммо модарам наменамуд. Хайр чӣ, мумкин ба хонаи ҳамсоя рафта бошад? Ҳозир меомадагист.

Охир, ман ҳам бачаи хурд не-ку, як кӯдакро ором карда натавонам, гӯён ӯро аз гаҳвора кушодам ва чочаки ширхӯрии ӯро ёфта, ба даҳонаш мондам. Ҷамшеди хурдакак аввал чочакро як-ду бор лесиду бемаззагии он ба дилаш зад, ки боз ба гиря даромад. Гиряаш ба алам буд, маълум, ки ман ӯро фиреб карда истодаам. Не, нашуд, хап намекунад. Ӯро болои кӯрпачаи мулоим хобонда ба берун тохтам, то модарамро ҷеғ зада биёбам. Дар берун ҳамоно борон меборид. Ҳанӯз то дарвоза нарасида, модарам даромада омад.

- Эй, зор монад, ҳамин гови Ало, боз аз пода гурехта омадааст. Баргардонида бурдам, подабонро низ таъкид карда омадам.

Сару либоси модарам шип-шилта шуда буд. Аз либосҳояш об мечакид. Модарам дигар ҳарфе нагуфта ба хона даромад. Ман ҳамоно дар назди дарвоза хаёлолуд меистодам. Аз чӣ бошад, ки нисбат ба гови Ало, ки дар оғоз ба модарам ва ман хеле маъқул буд, акнун адоватам меафзуд. Бар замми ин, модарам он қадар бекор не, ки рӯзи дароз аз паси ин гови беақл давида гардад. Худи ман ба ҳамаи корҳо қодирам. Ба модарам ёрӣ мерасонам. Падарам низ аз ман розӣ мешавад. Ҳоло бошад, бо мошини боркашиаш ба сафари роҳи дур рафта буду аз одати бади навпайдокардаи Алои таърифӣ бехабар, вагарна адабашро медод.

Лекин ҳар кор ҳадду ҳудуд доштагист-дия, гуфта худро таскин додам. Ҳамин лаҳза аз беруни дарвоза нолиши ким-чизе ба гӯшам расид. Аз дарвоза берун баромадам. Дар бехи девори ҳамсоя сагчае, ки ман ӯро аз нолишу инҷ-инҷаш дидам, меистод. Сагча чунон хурд ва ба обулой олуда гардида буд, ки ҳар як бинандаро раҳмаш меомад. Кадом ноинсофе ӯро ба берун партофтааст, хулоса кардам худ ба худ.

- Боз ҳамон Самар набошад? Маълум, худи худаш, сагашон кучукчаҳои бисёре зойдаасту ана ин баднамояшро, ки касе нахаридааст, аламаш омада аз дар пеш кардааст, - бо боварӣ гуфтам худ ба худ ва сагчаро бо ду даст эҳтиёткорона гирифта ба хона овардам.

Модарам дида чизе нагуфт. Зуд бо оби ширгарм сагчаро шустам, лойи баданаш тоза шуда, ӯ рангу намуд даровард. Сагчаи зебо будааст. Пешонааш ало, дигар тамоми аъзои баданаш бо мӯйи навбаромадаи сип-сиёҳ пӯшонида шуда буд. Модарам Ҷамшедро маконида истода, ба кори ман бо диққат менигарист. Аз нигоҳаш пай бурдам, ки ана ҳоло аз ман мепурсад: «Хайр, акнун бо ӯ чӣ кор мекунӣ? Ё ба ту сагча чӣ лозим?» ва вақте ки ман аз набудани нисфи думи сагча шикоят кардам, модарам дилаш шӯрида:

- Як саги бедум овардам, гӯй - гуфт ва илова кард, - сагчаи ҳалол набудагист, набошад ӯро ба кӯча бароварда мепартофтанд?

Гапи модарам ҷон дошт. Дар чунин рӯзи боронӣ ва каме хунук, албатта, сагчаро барои он ба кӯча ронда буданд, ки аз ӯ халос шаванд.

Хунукӣ ба сагча хеле таъсир карда буд, ки ҳамоно дир-дир меларзид. Ӯро назди печка гузоштам. Дили ман акнун барои бедумии ӯ месӯхт. Ба ростӣ, саги бедум ба кӣ даркор?!

Дар деҳаи мо сагҳои вафодор кам набуданд, вале ҳамаи онҳо дум доштанд. Баъд, агар рафтаву сагчаи ман ҳам вафодор шавадчӣ?

Вале ба ҳар ҳол ӯро саги бедум мегӯянд.

Ана ҳамин лақаби мондаи модарам сабаб шуду дар хона ҳам падар ва ҳам модар, ҳатто ҷӯраҳои ба хонаи мо омада, ки номи сагчаи маро шунида буданд, онро саги бедум ном мебурданд.

Номи муносиб, вале хандаовари ӯ овоза мешуд. Баъдтар барои кӯтоҳии ном сагчаро на танҳо «саги бедум», балки «Бедум» ном мебурданду халос. Аввал, ин ба ман алам мекард, охир соҳиби ин саги бедум ман будам, вале баъдтар ба ин ном худи ман ҳам одат кардам. Баъди ёфтани сагча кору бори ман низ дигар шуд. Ба сагча нигоҳубин мекардам ва Бедум рӯз то рӯз калон мешуд. Бо ман низ одат кард, аз пасам тохта мегашт. Ба ивази меҳрубониҳоям бошад, баъзан пеши поям худро ҳалқавор партофта, лабонашро мелесид.

Гумон мекардам, ки гузаштаашро ба хотир меорад.

Мумкин ҳамин тавр ҳам бошад.

- Охир, ҳайвон ҳам ҳиссиёт дорад, хубу бадро фикр мекунад ва ҳатто баъзе ҳодисаҳоро пешакӣ медонад, - мегӯянд.

Мо бо Бедум ҷӯраи ҷонӣ шудем. Дар яксолагӣ аллакай мазмуни баъзе калимаҳоро мефаҳмид. Баъзе фармонҳоро иҷро мекард, хусусан гапҳои «хап шав», «сур кун», «тарсон», «ин ҷо биё», «рав»-ро тез аз худ кард.

Якҷо ба тамошо мебаромадем. Акнун тамоми талу теппа, деҳа ва кӯчаҳоро омӯхта буд. Роҳи хонаро бехато меёфт. Ба одамон аҳамият намедод. Агар касе ба сӯяш санг ҳаво медод ё партофтанӣ мешуд, намегурехт, як аккос мезад, ки аз он ҳама рамуз мегирифтанд:

«кордор нестам, кордор нашав», - мегуфт. Санг ба замин меафтиду саг оромона боз бо роҳи худ мерафт. Умуман, сагча мувофиқи орзуи ман баромад. Дар ҳавлӣ посбони ягона ба ҳисоб мерафт. Шабона ягон саги бегона ё гурбае ба ҳавлӣ наздик шуда наметавонист, вале баҳудаву беҳуда аккос намезад.

Акнун падару модарам аз сагчаи ёфтаи ман дигар норозигӣ намекарданд. Сагча калон шуда, ба як гуфтан дастёри вафодор ва беминнати хонадон гардида буд. Яъне, рӯзҳои навбати подабонӣ бо мо ҳамкорӣ мекард, шабона посбонӣ.

Айёми тобистон фаро расид. Баъди анҷоми соли хониш дар мактаб ҷамъомади хотимавӣ барпо гардиду мо ба таътили тобистона баромадем. Ҷӯраҳоям хурсанд буданд, ки акнун ба лагерҳои истироҳатӣ мераванд. Маро бошад, аз хона иҷозати рафтан намедоданд, чунки дар хона кор бисёр. Бар замми ин, баъзе шабҳо модарам танҳо мемонд. Боре илтимос намуда будам ва падарам ба ман ваъдаи ба тамошо бурданро дода буданд, вале акнун дудила.

Ҳамин тавр, он рӯз фикркунон ба хона меомадам. Модарам бо Ҷамшед, ки навакак роҳгардон шудааст, завқида аз дарвоза берун шуданд ва маро дида, модарам хурсандии худро пинҳон карда натавонист, ки гуфт:

- Саидҷон, акнун ба лагер меравӣ, ман розӣ.

- Чӣ тавр? Падарам низ ризоянд магар? - аз шодӣ саволборон намудам.

- Ҳа, писарам, ба ҷойи худ ёрдамчии хубро монда меравӣ. Мо аз ин ҳам хурсанд.

Маълум шуд, ки худи ҳамон рӯз гови Алоямон чашми подабонро хато карда, сӯйи хона гурехтааст, вале Бедум ҷазояшро додааст.

Яъне говро то худи пода суронда бурдааст, ки ин лаҳзаро падарам дида хуб хандидааст. Ман низ аз нақли ин воқеа завқ бурдам, Бедум бошад айёрона ба ман нигариста гӯш медод ва хоксорона думи калтаи худро ҷумбонда, гоҳ ба ману гоҳ ба модарам менигарист. Ё гуфтанӣ буд, ки «барои ризогии шумо кори аз дастам меомадагиро мекунам».

Шомгоҳӣ ману Бедум назди дарвоза интизори омадани бузу гӯсфандон ва гови Ало истодем. Баъзе молҳои роҳгумзада, ки бо бузу гӯсфандони мо ҳамроҳ шуда вориди хона шудан мехостанд, назди дарвоза шах мешуданд. Афту андоми Бедумро дида, қафо мегаштанд. Гӯсфандони худамон бошанд, ки аллакай бо саг одат карда буданду Бедум низ онҳоро мешинохт, бепарвоёна вориди оғил мешуданд. Гови Ало ҳам омад, вале чашмони ӯ ҳоло ҳам беҷо менамуд. Маълум, ки Бедум ӯро сахт тарсондааст. Ин буд, ки ба Бедум каҷ-каҷ нигоҳ карда, аз дарвоза гузашт. Бедум бошад, аз паси гов нигоҳ карда монд, гӯё гуфтанӣ буд, ки «минбаъд гурехта бин, ҷазоятро медиҳам!».

Ба ростӣ, ин ба гови Ало сабақ шуд ва одати бадашро партофт ва ман ҳамроҳи як гурӯҳ ҳамсинфонам ба истироҳатгоҳ рафтам.

Дар лагери пионерӣ дувоздаҳ рӯз истироҳат намуда, падару модарам, додарчаам Ҷамшед ва ҳатто Бедумро ёд кардам ва вақте ки ба хона баргаштам, аз омадани ман ҳама хурсанд шуданд, хусусан, додарчаам. Модарам ҳар замон таърифи Бедумро мекард. Сагча бошад, дар паҳлӯи ман дароз кашида, фукашро боли поям монда, бӯй мекашид.

- Ҷонвар вафодор будааст, - гуфт модарам ба сӯйи Бедум нигариста, - туро ёд кард, ки чанд рӯз обу нони соз нахӯрд. Шабона низ деҳаро давр зада мебаромад ва улос мекашид.

Аз таърифу тавсифи модарам курта-курта гӯшт мегирифтам ва фахр мекардам, ки сагчаи аноӣ не, балки доноеро ба хона роҳ додаам.

Баъд ҳамааш натиҷаи тарбияи ман, гуфта мемондам. Ҳафтае нагузашта, боз воқеае рӯй дод, ки Бедум бофаҳмию вафодории худро нишон дод.

Як бегоҳӣ гови Ало моро боз ташвиш дод.

Ҳаво торик мешуд, аммо аз гов дарак не.

Подабонро ёфта пурсидам. Гуфт, ки тамоми рӯз гови Ало дар пода буд, вале чаро намекард, касал барин менамуд. Теппаи деҳа, ки қариб сесад метр баландӣ дошт, барои чаро чандон ҷойи мувофиқ набуд.

Ҳама ҷояш пур аз ғору ҷар. Бар замми ин, воҳимаи подабон «касал барин менамуд», ба дили мо воҳимаи дигареро ҷой кард. Ману падарам ва Бедум ба кофтукови гови Ало баромадем. Ба теппа часпидем. Бедум моро дар қафо монда, чобукона ҷаҳида-ҷаҳида аз назар ғоиб шуд.

Пардаи торикӣ торафт ғафстар мешуд.

Атрофро акнун базӯр медидем. Ҳар дам дар сангтӯдаҳо пешпо мехӯрдем. То нисфи теппа баромадем ва андаке монда ҳам шудем, вале ҳар ду хомӯшона боло мебаромадем. Садои қадаммонӣ ва гоҳ-гоҳе садои ғелиши сангҳо ба гӯш мерасид.

- Бедум, ҳо Бе-ду-м, - ҷеғ задам сагчаро, аммо хомӯшӣ. Танҳо акси садои ман аз теппаи муқобил баргашта омад. Хеле боло баромадем, ногоҳ аз тарафи чапи теппа садои аккоси саг баромад. Овози Бедум буд ва мо он сӯ шитофтем. Наздиктар рафта дидем, ки Ало ба шикам хобида, тани гӯсолачаи навзодашро мелесид. Бедум бошад говро ёфта, шинохтаасту акнун онро посбонӣ дорад.

- Қандата зан, Бедум, раҳмат ба ту, - падарам сари сагчаро сила карда монд, - вагарна дар ин торикии шаб хеле саргардон мешудем.

Падарам гӯсоларо пеши бағал гирифту ман бошам говро ҳай карда, ба хона баргаштем.

Модарам аз хушпаёмии Бедум хурсанд шуд.

Барояш аз шири Ало зиёфат кард.

Меҳри мо нисбат ба Бедум рӯз то рӯз зиёд мешуд ва ҳама аз ӯ розӣ будем.

Баҳори дусолагиаш Бедум тамоман бофаҳм ва хеле калон гашт. Акнун ӯро ба ҳар ҷо бурдан хуб набуд. Баъзе кӯдакони шӯх ба сӯйи ӯ санг ҳаво медоданд, вале тарсидани баъзеҳо низ дар гумон. Барои ҳамин бо худ қарор додам, ки минбаъд Бедумро байни одамон намегардонам.

Ҳамин тавр ҳам шуд, ҳангоми ба бозӣ рафтан, бо баҳонае чашми Бедумро хато карда, аз хона мебаромадам. Як рӯз таътили баҳорӣ буд, мо ҷӯраҳо дар паҳлуи гулбоғи мактаб ба футболбозӣ сар кардем. Тӯб ҳарзамон аз шиғаки пасти гулбоғ он сӯ ғелида байни гулҳо меафтод. Бачаҳо шитобон худро ба он ҷо мезаданд. Эҳ, агар посбони мактаб бобои Назар ҳозир шуда, ин ҳодисаро медид, ҷазояшонро медод. Ману Содиқ аз поймолкунии гулҳо шикоят кардем, вале бачаҳои бепарво мегуфтанд:

- Ҳамин гулҳо ба кӣ даркор? - Ҳеҷ кас намедонад, парво накунед!

- Бозиатонро донед-е!

Ҳамин тавр, дар ҳар ҷаҳиши тӯб гулҳои чанде пеш аз зери барфи зимистон бедоршуда боз ба хоби абадӣ мерафтанд.

Ногоҳ чашмам ба роҳ афтод, ки Бедум тозон ба сӯйи мо меомад, гӯё ӯро касе ҷеғ задаасту ба ин бачаҳои шум ҷазои сазовор доданист. Бедум аввал ба назди ман, пас ба майдон тохта баромад. Бачаҳое, ки бо Бедум шинос набуданд ва хислати ӯро намедонистанд, аввало тарсиданд. Баъд оромона, бе ҳаёҳуй тӯб меронданд. Вале Бедум ҳамоно мисли довари мусобиқа аз паси тӯб гоҳ ин сӯ ва гоҳ он сӯ медавид. Ҳозирон ин манзараро дида завқ мебурданд. Чанд нафар бачагони хурдсол, ки гирди майдон нишаста бозии бачаҳо ва тӯббозии сагро тамошо доштанд, ба сагча офарин мегуфтанд ва завқ бурда, ба ҳаракатҳои Бедум қарсак мезаданд. Бедум акнун гирдогирди майдон медавид, ӯ намехост, ки тӯби бачаҳо аз майдон берун равад, махсусан, тарафи гулзор. Акнун Бедум нақши ҳимоятгарро иҷро мекард. Дар ин ҳолат бозии бачаҳо авҷ гирифт ва ҳам гулзор аз поймолшавӣ эмин монд. Баъди омадани Бедум дигар тӯб вориди гулзор намешуд ва ин кор қариб ҳар рӯз такрор меёфт.

Хизмати Бедум ба ҳама писанд афтод.

Бачаҳо ба қароре омаданд, ки минбаъд сагчаро Бедум не, балки Донояк ном гузоранд. Дар хона низ падару модарам аз ин номгузорӣ хурсанд шуданд.

Дар ҳақиқат, сагчаи ёфтаи ман саги донояк ва вафодор аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2