Бачаи айёр — Саидмурод Искандарӣ
Замоне дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон писараке бо як модари пираш зиндагонӣ мекарданд. Зиндагонии онҳо хеле фақирона буд.
Дар бисоташон ҳамагӣ як гови пир доштанд.
Шири онро мехӯрданд ва гоҳ-гоҳе фурӯхта орду равған ва қанду намак мехариданд. Писарак кал буд. Сараш мӯй надошт, барои ҳамин ӯро тамоми аҳли деҳа бо номаш Муқим неву Калак ном мебурданд. Ин ном дар аввалҳо, вақте ки Муқим хеле хурд буд, он қадар сахташ намерасид. Чун ба синни ҳаждаҳ расиду як ҷавони тануманд ва баркамоле шуд ва хубу бади зиндагиро акнун сарфаҳм мерафт, бисёр сахт мерасид. Ин ҳолат, ҳарчанд бисёриҳо аз Калак гуфтану муроҷиат намудан ҳарос менамуданд, вале муомила ва рафторашон ҳамон мисли пештара буд. Одамон, ҳатто ҳаққу ҳамсояҳо ҷавонро барои кал буданаш ба маъракаҳо даъват намекарданд. Муқими кал бо ин сабаб ба ягон тӯйю тамошо рафта наметавонист. Ӯ барои деҳотиён нолозим буд.
Рафтор ва гуфтори деҳотиён модару писарро сахт ба изтироб овард. Рӯзе модару писар сари дастархон нишаста, маслиҳат оростанд.
- Модарҷон, ман ҳам акнун марди калон шудам, тамоми кору бори хонаро идора карда метавонам.
- Рост мегӯйӣ писарам. Хеле калонак шудаӣ.
Бояд зан гирӣ. Ман соҳиби як келини қоматбаланду хушрӯяке бошам. Сари туро ҷуфт кардан лозим, вале бо чунин муомила ва муросо оё мо духтар ёфта, тӯй карда метавонем? Туро ба ягон маърака даъват намекунанд. Агар раваду тӯй барпо кунему одамон ба хонаи мо наоянд, пас чӣ мешавад? Ошу нонамон нохӯрда мемонад.
- Рост мегӯйӣ модар, бояд чорае андешем, ки моро ҳам қатори дигарон донанд. Ба тӯйю сур даъват намоянд. Сари дастархонашон роҳ диҳанд.
Ногоҳ ба сари кампир фикре омаду гуфт:
- Писарам, як ба пеши раиси маҳалла рав, маслиҳат пурс, ки чӣ кор кунем? Шояд ягон маслиҳати дуруст диҳад.
Муқим маслиҳати модарро писандида аз хона баромад ва ба пеши раиси маҳалла, марди табаррук бобои Абдухолиқ рафт. Мӯйсафедро ёфт.
- Биё-ку Муқим. Хуб бачаи калон шудаӣ-ку.
Чӣ хизмат афтод, канӣ гап зан.
- Бобо, ҳоҷат ба баён нест, шумо ҳамаашро медонед. Дар деҳа моро касе одам наҳисобида, ҳурмату иззат намекунад, ба маъракаҳо даъват намекунанд. Барои маслиҳат назди шумо омадам.
Бояд чӣ кор кунам, ки ман ҳам қатори одамон эҳтиром дошта бошам ва ба ҳамаи маъракаҳо маро ҳам даъват намоянд.
Мӯйсафед инро медонист, вале танҳо гапи ӯ дар деҳа намегузашт, зеро сокинон аз чандин маҳаллаҳои дуру наздик ва гуногунмиллату гуногуннажод буданд, барои ҳамин табъашон ҳам гуногун. Мӯйсафед барои муайян намудани вазъи зиндагии Муқими кал пурсон шуд:
- Дар хона чӣ дорӣ? Гову молат ҳаст?
- Бале, як гови пир дорем, ки сабаби зиндагии ману модарам ҳамон аст.
- Набошад гӯш кун, ба хона рафта, ана ҳамон говатро кушта, ҳамаи гӯшташро ба дег андохта мепазонӣ ва аҳли деҳаро ба меҳмонӣ даъват менамоӣ. Қавм баъди хӯрдани ошу нон шояд туро ба қатори хеш ворид кунад. Ана, баъд ҳамон рӯз дар хонаат маслиҳат меороем. Ба мардум дарди дилатро мегӯем. Майлаш?
Муқим розӣ шуда, ба хона баргашта, бо модараш маслиҳат орост. Модар гуфт:
- Писарам, ҳеҷ гап набудааст. Бо куштани як гову оши наҳор додан, туро ба қатори хеш дохил гардонанд, ин хеле обрӯи калон аст. Баъд мисли дигарон дар маъракаҳои аҳли деҳа даъват мешавӣ. Бало ба паси як говаки пири нотавон.
Модару писар гуфтаи раиси маҳалларо ба ҷо оварданд. Говро кушта, гӯшташро як кило ҳам намонда ба дег андохтанд ва аҳли деҳаро барои тановул даъват карданд. Одамон омаданд.
Нонашро хӯрданд. Сари дастархон раиси маҳалла эълон дошт, ки маъракаи имрӯзаи Муқим ва модараш ба хотири он аст, ки минбаъд Муқими калро низ ба қатори мардон ҳисобида, ӯро ба тӯйю маъракаҳо даъват намоем.
Ҳама шуниданд ва ин таклифро қабул карданд. Аҳли деҳа хӯрданду рафтанд. Аз гови пир танҳо як пӯст нишона монду халос. Муқим бо шодмонӣ пӯстро гирифта, болои як навдаи дарахти ҳавлӣ партофта, оҳи сабуке кашид. Ӯ хурсанд буд, модар аз ӯ зиёдтар меболид, ки акнун писараш қатори мардони деҳа қадам мегузорад. Дигар ӯро касе ҳам Калак намегӯяд, масхара намекунад. Ба маъракаҳои аҳли деҳа рафта мешинад, шикамсерӣ хӯрок мехӯрад.
Аммо кор ранги дигар нагирифт. Боз маъракаҳо, тӯю худоиҳо барпо мешуданд, вале Калак ба хотири касе намерасид. Касе ӯро ба маъракае даъват намекард. Интизорӣ поён надошт. Муқим ҳар як шанбею якшанберо, ки асосан маъракаҳо дар ҳамин рӯзҳо барпо мешуданд, интизор мешуд, вале ӯро касе даъват намекард. Он замон расм буд, ки ҳар касе ягон маърака меорост, дар ба дари хона рафта, ном ба ном одамонро даъват менамуданд. Аммо ба дари хонаи Муқим касе намеомад. Номашро намегирифт. Ӯ боз мисли солҳои қаблӣ аз маъракаҳо дар канор буд. Ин дафъа барои шӯхӣ ва фиребу найранги ҳамдеҳагон сахт хафа шуд.
Ранҷид. Фикр кард: агар аз деҳа қаҳр карда бароям, ба куҷо ҳам меравам. Модари пиру нотавоне дорам, ин ҷо бесоҳиб. Ин андешаҳо оромаш намегузошт. Акнун аз ҳамон як говаки пирашон, ки ширашро мехӯрданд, бенасиб монда буданд. Муқим фикр карда-фикр карда, як рӯз пӯсти говро гирифта, ба хар бор карду ба роҳ баромад. Хост ӯро ба касе фурӯхта пул ба даст орад. Он замонҳо устоҳои мӯзадӯз аз чарму пӯсти гов кафш, маҳсӣ медӯхтанду ҷуфтгарон барои пайвастани юғу испор аз пӯсти гов ба ҷои банд истифода мебурданд. Муқим ба умеди пайдо намудани харидор шаҳр ба шаҳру деҳ ба деҳ гашт, вале касе намегуфт, ки ба ман пӯст лозим.
Ниҳоят рӯзи дуюм аз саҳрое мегузашт ва дид, ки деҳқоне назди ҷуфти барзаговон ҳайрону музтариб истода, чӣ кор карданашро намедонад.
Муқим аз паҳлуи деҳқон гузаштанӣ буд, ки мард пурсид:
- Чӣ дорӣ ва чӣ мефурӯшӣ?
Муқим ҷавоб дод:
- Пӯсти гов мефурӯшам...
- Бисёр хуб, пӯст ба ман лозим аст. Чанде пештар чарми гардани говон аз юғу испор ҷудо гашту корамро ба анҷом нарасонида, ҳайрон монда буд. Муқим пӯсти говро ба марди ҷуфтгар дода, музд талаб кард. Ӯ гуфт, ки ин ҷо пул надорад, вале метавонад ба ивазаш як халта гандум диҳад.
- Хонаи ман аз ҳамин баландӣ намудор аст, - гуфт деҳқон. - Ана, дар канори деҳа хонаи аввалин хонаи ман аст.
Муқим гуфт: - Агар янгаам бовар накунадчӣ?
Барзгар гуфт, ки зарур шавад, аз ҳамин ҷо ишора мекунам ва овоз баланд мекунам.
Барзгар пӯстро гирифта, пайи таъмири юғу испор гашту Муқим роҳи хонаи ӯро пеш гирифт.
Ба дари хонаи барзгар расида, овоз баланд кард:
- Холаи хонадор, ҳо холаи хонадор!
Зане садоро шунида берун баромад ва Муқим буду шуди гапро ба ҳамсари ҷуфтгар расонд.
- Ана, агар бовар насозӣ, амакам аз болои теппа назора дорад. Зан дид, ки барзгар ҳам ишора карда чизе мегӯяд. Муқим ба ҷойи як халта ду халта гандум талаб намуда, халтаҳоро ба хар бор карда роҳи хонаашро пеш гирифт. Ин ду халта аҳли оилаи онҳоро, ки ҳамагӣ аз ду кас иборат буд, чандин моҳ аз гуруснагӣ мераҳонд.
Вақте ки Муқим ба деҳа расид ва бо хари пурбор аз маркази деҳа мегузашт, бисёриҳо ӯро дида, ҳайрон шуданд. «Калак аз куҷо ризқ ёфта бошад, ки шодона ба хона меравад» - мегуфтанд шоҳидон. Хабари бо гандум баргаштани Калак дар як замон дар тамоми деҳа овозаву дарвоза гашт. Мардон барои донистани вазъи ҳол ба пеши Калак омаданд.
Муқим ҳам акнун хеле пухтаву доно гашта буд.
Фиреби ҳамдеҳагон ӯро айёру зирак гардонда буд. Ӯ низ дар пайи фиреби ҳамдеҳагон афтод. Ба пурсишҳои онҳо иброз дошт, ки дар чандин деҳаҳои ҳамсоя барои барзгарон пӯсти гов лозим будааст. Барои ба даст даровардани пӯсти гови ӯ чандин касон бо ҳамдигар дастбагиребон шуданд. Ба ивазаш ба ман ду халта гандум доданд...
Одамон бовар карданд. Онҳое, ки аз надоштани гандуму орд танқисӣ мекашиданд, ба куштани говҳои худ сар карданд. Говро кушта, пӯсташро гирифта деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр мегаштанд, вале касе ба онҳо эътибор надода, пӯст ҳам намехариданд. Мардони деҳа дарк карданд, ки акнун онҳо ба фиреби Калак афтодаанду боб шудаанд. Қасд карданд, ки якҷоя шуда Калакро зада, мекушанд.
Муқим аз омадани фалокат бохабар гашта, модарашро ҳамроҳи гандумҳо бурда, дар ғоре пинҳон кард ва дар хона интизори мардони деҳа шуд. Рӯзи дигар пайи ҳам мардони пӯстфурӯш ба хонаҳояшон баргашта, аз дурӯғу фиреби Калак шиква намуда, тайёқ ба даст гирифта, сӯйи хонаи Калак рафтанд. Муқим роҳи гурезро пеш гирифт.
Таг-таги теппа ва паҳлуи дарёчае роҳ мепаймуд.
Мардони деҳ аз қафояш.
- Моро фиреб додӣ, акнун ҷазоятро бин! - мегуфтанд аз қафо ва ӯро пайгирӣ мекарданд. Ба сухани Муқим касе гӯш намекард. Муқим мегурехту дигарон аз қафо медавиданд. Дар хамгашти теппае аз сари роҳи Муқим рамаи гӯсфандон баромад. Чӯпоне онҳоро посбонӣ мекард ва давидани ҷавонеро дидаву овози ғиреви дигаронро аз қафо шунида, пурсид:
- Чӣ гап аст, эй ҷавон? Чаро шитоб дорӣ?
Муқим гуфт:
- Ин мардум девона шудаанд. Маро мегӯянд, ки подшоҳ шав, ман не мегӯям, барои ҳамин маро дошта заданӣ ҳастанд. Барои наҷот ёфтан, аз онҳо мегурезам.
Чӯпон гуфт:
- Ту бача, аҷаб марди нодон будаӣ, чаро намехоҳӣ? Ана ман дар ҳамин кӯҳу пушта аз молбонӣ хору зор гашта, безор шудаам. Наход ту подшоҳ шудан нахоҳӣ-ҳа? Набошад ин ҷо биё, либосҳоямонро зуд иваз мекунем. Ту чӯпон мешавию ман подшоҳ. Чӣ гуфтӣ?!
Муқим аз ин ҳолат истифода бурда, зуд байни рама даромаду бо чӯпон либосҳояшонро иваз намуданд. Муқим ба чӯпони ҳақиқӣ монанд шуд ва гӯшае рафта, машғули тамошо гашт.
Чӯпон бошад, бо ивази либосҳояш чеҳраи Калакро гирифту ба пешвози одамон баромад:
- Назанед, ман розӣ. Ман подшоҳ мешавам.
Одамон наздик шуда, акнун дархости «Калак»-ро нағз мефаҳмиданд.
- Чӣ, ту боз подшоҳ шуданӣ? Ҳоло мо ҷазоятро дода мемонем. Дар он дунё подшоҳ хоҳӣ гашт. Тӯдаи одамон ба сари «Калак» бо сангу чӯб зада, ӯро аз пой афтонда, ниҳоят ба ҳалокат расонида, мурдаашро ба оби дарё партофтанд. Қаҳру ғазабашон паст гашта, сӯйи деҳаашон роҳ пеш гирифтанд.
Шомгоҳӣ Муқим бо як рама гӯсфандон ба деҳа омад. Ҳаққу ҳамсоя ва аҳли деҳа Калакро зиндаву соқу саломат дида, ҳайрон шуданд. Охир ӯро зада кушта, ба дарё партофта буданд-ку? Чӣ гуна вай зинда гашта, боз соҳиби ин қадар молу ҳол шудааст? Ин саволҳо мардумро ба ҳайрат андохта, чанд нафар мардонро боз ба дари хонаи ӯ овард.
- Чӣ воқеа шуд, Калак? Мо-ку туро кушта ба дарё андохта будем, вале чуноне ки мебинем, ту соҳиби боигарӣ ва гӯсфанди зиёд шуда баргаштӣ?
Муқим ҷавоб дод:
- Бо Худодода баҳс нашояд. Вақте ки шумо маро кушта ба дарё партофтед, баъди лаҳзае ба ҳуш омада, худро дар об дидам. Даруни об рамаи калони гӯсфандон дар шино буданд ва ман мувофиқи қуввату қудрат гӯсфандонро якто-якто аз дарё ба берун ҳаво дода, то шомгоҳӣ соҳиби ана ҳамин як рамаи калон гаштам.
Ҳайрати одамон боз ҳам афзуд. Зиндаву соқу саломат ва бо гӯсфанди зиёде баргаштани Калак аҳли деҳаро ба дари хонаи вай овард. Ҳама савол медод. Мехост фаҳмад, ки ӯ чӣ гуна бою бадавлат шудааст.
Муқим илова кард, ки ҳамон дарё чунин хосият доштааст ва танҳо ҳангоми нисфирӯзӣ, вақте ки офтоб ба қиём меояд, гӯсфандон намудор мешаванд. Ана ҳамон вақт доштани онҳо осон мегардад.
Мардум бовар намуданд ва гуфтанд, ки ҷойи ин гӯсфандонро нишон диҳад. Калак баён дошт, ки пагоҳ вақте ки ӯ рамаи худро барои обхӯрӣ назди дарё мебарад, тамоми мардони деҳа ҳамон ҷо ҳозир шаванд. Ҳамин ки ӯ ишора намуд, мардон худро ба об андозанд.
Мардони деҳа ба умеди бою бадавлат гаштан фардоро интизор шуданд. Муқим бошад, аз ҳиллаи навбатӣ шодона машғули истироҳат буд.
Рӯзи дигар Муқим рамаро ба чаро бурд ва ба аҳли деҳа гуфт, ки нисфирӯзӣ назди ҳамон дарё, ҷойе, ки ӯро зада-зада ба дарё партофта буданд, дер накарда ҳозир шаванд. Маслиҳат ҳамин шуду Муқим рамаро ба саҳро бурд ва мардони деҳа дар интизори ба қиём омадани офтоб. Нисфирӯзӣ Муқим рамаро аз чаро баргардонда, назди дарё омад. Мардони деҳа, аллакай омадани Муқим ва рамаро интизор буданд. Вақте ки гӯсфандон ба лаби дарё қатор шуда, пайи обхӯрӣ шуданд, акси онҳо дар рӯйи об пайдо гашт ва Муқим огоҳ кард, нигаред, гӯсфандони дохили дарё ҳам ба обхӯрӣ баромаданд. Зудтар ба об дароед. Мардҳо акси гӯсфандонро дар об дида, бовар карданд ва пайи ҳам худро ба дарё партофтанд. Онҳое, ки маҳорати шиноварӣ надоштанду бори аввал ба дарё париданд, мавҷи оби шӯху сармасти дарё онҳоро гирифта бурд. Ғарқ шуданд. Танҳо чанд нафаре ба зӯр ҷон ба саломат бурданд. Муқим боз чолокӣ намуда, лаҳзаи гӯсфанддории мардони деҳа рамаро ҳай карда, ба ҷойе рафт. Зеро оқибати кор боз ба некӣ набуд. Ин дафъа ҷон ба саломат намебурд.
Баъди бозгашти чанд нафар марди деҳа, ки онҳо ҳам бо як азобе аз чанги аҷал халос шуда буданд, хабари фиреб додани Калакро дар тамоми деҳа овозаву дарвоза карданд. Ҳама қасами ҷони ӯро мехӯрданд. Шаб Муқим гӯсфандонро ба ҳамон ғоре, ки модараш пинҳон буд, бурда, шабро он ҷо рӯз кард. Мардуми деҳа тамоми шаб роҳи Калакро пойиданд, вале ӯ наомад. Баъд, аҳли деҳа маслиҳат ороста, хонаи ӯро оташ заданд. Яъне аламашонро аз дару девор ва хонаи ӯ гирифтанд. Танҳо баъди пурра сӯхта хокистар гаштани хонаи Муқим қаҳру ғазаби онҳо андаке паст гардид. Баъд аз ду рӯз Муқим пайдо шуда омад. Дид, ки хонаву ҳавлӣ пурра сӯхта, хокистар шудааст. Аз хона нишоне намонда. Фикр карда, андешае ба сараш омад, ки хокистари хонаҳояшро ба халтаҳо бардошта, ба хар бор карда, ба ҷонибе равона гардид. Занони бевамондаву баъзе ҷавонони сағир ба ҳолаш механдиданд.
Муқим чанд шабонарӯз роҳ паймуда дар роҳ бо корвоне вохӯрд. Соҳибони корвон бар аспу шутуру харон бор доштанд. Муқим низ ба онҳо ҳамроҳ гардид. Раҳораҳ аз як нафар марди корвон пурсид:
- Ба куҷо равонаед?
- Ба дарбори шоҳ, - ҷавоб дод марди ношинос.
- Чӣ бурда истодаед?
- Тангаву тилло, зару зевар ва боз чизҳои қимматбаҳои дигар.
- Хеле хуб, - посух дод Муқим.
- Хайр, пӯшида набошад, Шумо чӣ бурда истодаед? - пурсида монд вакили корвон.
- Ман ҳам барои подшоҳ тангаву тилло бурда истодаам.
- Ин тавр бошад, якҷоя хоҳем рафт.
- Лекин, бори ман андаке нозукӣ дорад ва аз бо шумо ҳамроҳ шудан метарсам, - баён дошт Муқим.
- Чӣ гуна? - ба ҳайрат афтода, пурсид корвончи.
- Ман беҳтарин тангаву тиллоҳоро аз ғоре дарёфтаам, ки то имрӯз дар дасти деву париён будааст. Бо як азобе ба даст овардам. Тангаву тиллоҳои сеҳрнок. Ҳатто маро огоҳ намуданд, ки раваду дар роҳ ягон воқеае рӯй диҳад, яъне касе баланд атса занад ва ё боде барорад, ин тангаву тиллоҳо ҳамон замон ба хокистар табдил меёбанд.
Корвониён ба ҳайрат омада, нақли ӯро шӯхӣ пиндошта, гуфтанд, ки шӯхӣ накун, якҷоя бо ҳам меравем. Роҳ дуру дароз буд. Ҳангоми яке аз ағбаҳои баландро гузаштан, яке аз харҳои корвониён гузида монд ва Муқим ҳамон ҳолат ба гиряву нола даромад:
- Ана, нагуфтам, ҳамаи корамро расво кардед.
Акнун ба шоҳ чӣ мегӯям. Муқим ба халтаи хокистар даст расонда, боз гуфт:
- Ана, бовар намекунед, худатон даст расонда бинед.
Корвониён омада, халтаҳоро даст-даст намуда, ба хокистар будани он боварӣ ҳосил намуда, аз тарс чӣ кор карданашонро намедонистанд. Лаҳзае ба даҳшат афтоданд, ки ин мушкилотро чӣ гуна ҳаллу фасл намоянд.
Муқим бошад, ҳамоно доду фиғон мекард, чора меҷуст.
- Не, ман тамоми воқеаро ба шоҳ нарезондаву начаконда мегӯям. Дигар илоҷ надорам. Ё товони бори маро медиҳед ва ё ман ба шоҳ арз мекунам!
Корвониён ҳам ба изтироб афтоданд. Чӣ кор кунанд? Чӣ чора андешанд? Ниҳоят бо ҳамдигар маслиҳат оростанд, ки агар ин мард ба шоҳ ва ё қозӣ арз намояд, тамоми ҳадяи онҳо ба бод меравад. Онҳоро ҷаримабандӣ мекунанд ва ё ба зиндон меандозанд. Ниҳоят онҳо маслиҳат ороста, аз тангаву тилловориҳояшон як миқдор ба Муқим доданд, то ин ки ӯ ба ҷойе даъво накунад. Муқим зару зевар ва тангаву тилловориҳоро гирифта, ба қафо баргашт ва корвониён ба сӯйи қасри шоҳ роҳашонро идома доданд.
Муқим баъди як ҳафта боз ба деҳа баргашт, хост, ки борашро ба мардум намоиш диҳад. Назди хонаи сӯхта ва қисми боқимондаи хокистар қарор гирифта, ба қавли худаш каме дам гирифтанӣ шуд.
Ҳамсояҳо Муқимро назди ҳавлии қадимааш дида наздаш омаданд, то донанд, ки ӯ боз чӣ мекарда бошад. Онҳо даруни хӯрҷини болои хар овезон буда миқдори зару зевар ва тангаву тиллоро дида, ба ҳайрат афтоданд. Пурсон шуданд, ки Калак ин миқдор боигариро аз куҷо ба даст оварда бошад?
Муқим баён дошт:
- Шумо хонаи маро оташ задед. Ман хокистари онро гирифта ба шаҳр бурдам. Он ҷо хокистар чунон зарур будааст, ки хокистари хонаи маро ана бо ҳамин зару зевар ва тангаҳои тилло харид карданд. Ана, оқибати кори шумо. Ман бо ин боигарӣ, метавонам қасре бино созам.
Аҳли деҳа ин хабарро рост шуморида, зуд ба сӯйи хонаҳои худ давиданд. Дар хонаҳояшон маслиҳат ороста, рӯзи дигар худи онҳо ба оташ задани хонаҳояшон шурӯъ карданд. Деҳа оташ гирифт ва дар бадали панҷ-шаш соат дар деҳа хонаи обод намонд. Ҳама сӯхта, хокистар гашт.
Мардону занон хокистари хонаҳои сӯхтаро халта намуда, ба харҳо бор карда, роҳ ҷониби шарқу ғарб гирифтанд. Раҳораҳ фарёд карда мегуфтанд: - Кӣ хокистар мехарад, биёед, ана хокистари аълосифат. Вале касе ба хокистари онҳо эътибор намедод. Одамон хокистарфурӯшонро девона гумон дошта, аҳамият намедоданд. Ҳамин тавр онҳо деҳа ба деҳаву шаҳр ба шаҳр гашта, дод зада, харидор меҷустанд, вале касе хокистар намехарид.
Онҳо дарк карданд, ки ин дафъа ҳам фиреб хӯрдаанд. Калак онҳоро масхара кардааст. Онҳо аз кардаи худ пушаймон шуда, боз қасд ба ҷони Калак карда, сӯйи деҳаи худ баргаштанд. Вале Муқим аллакай он ҷо набуд. Ӯ тамоми бойигарӣ, гову гӯсфандон ва модари пирашро гирифта ба мулки дигар рафта буд. Ӯ бо ҳамон боигариҳои доштааш метавонист дар мулки дигар ҳам орому осуда зиндагонӣ кунад. Аз ҳама аҷибаш он ки мардуми маҳаллаи нав аз Калаки зирак будану аз маъракаҳо оқиб мондани ӯ бехабар буданд. Муқим дар манзили нав ба зиндагии орому осуда ва серу пур оғоз намуд. Дуои модари пирашро гирифта, ба муродаш расид.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё