Зеҳн

ШОҲИМАРДОН ИДИЗОДА - ЧИСТОНҲО

БА
Барномасоз18 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Як ҳайвони хушбурут,
Ошиқи ширу қурут.

Гурба

Гарданкаҷи лабхалта,
Хаммиёни думкалта. -

Шутур

Якто ҷуфти даҳанвоз,
Иштиҳошон ба овоз.

Гӯшҳо

Аҷаб зебо хонача,

Девори он аз химча.

Қафас

Сурху мазза шакарин,

Ҷойи ӯ зери замин.

Лаблабу

Шаб ҳама шаб пурҷилост,

Рӯз омад, он дар куҷост?!

Ситора

Мечархонӣ бо ду по,

Мебарадат ба ҳар ҷо.

Дучарха

Як ҳалқаи сарбаста,

Аҷаб, он пардапӯш аст.

Рӯзи тӯю хурсандӣ

Ҷойи он дар сари даст.

Дойра

Ҷонвари гардандароз

Роҳравии он баноз.

Заррофа

Гар бувад гарму нарму гуворо,

Берун орад аз сурохӣ морро.

Сухан

Номаш номи ду ҳайвон,

Таъми асал дорад он.

Харбуза

Хоначаҳои қатор,

Раҳ мераван мӯрчавор.

Вагонҳои қатора

Аҷаб парандаи боб,

Тар нашавад он дар об.

Мурғобӣ

Хонаҳошон бедолон,

Модарашон саробон.

Орувони асал

Саҳар рӯяш ба офтоб,

Нисфирӯзӣ инчунин.

То бегаҳ ончунон аст,

Шаб рӯ орад бар замин.

Офтобпараст

Сар назанӣ дар баҳор,

Меравад то ба Ҳисор.

Ток

Дар боло бошад камон,

Тирҳои он дар поён.

Мижгону абрӯ

Кораш бошад моломол,

Суфта кунад бе малол.

Дарзмол

Одам бошад ҳамномаш,

Шоҳона аст мақомаш.

Шер

Болаш чархи гардон аст,

Наъразан дар осмон аст.

Чархбол

Аз санг ба санг медавад,

То мапзилаш меравад.

Сангодавак

Қабат-қабат либосаш,

Хеле хубу қашанг аст.

Бошад аҷоибаш ин

Ҷумла қабат якранг аст.

Карам

Шаш тори мӯи дароз,

Бо ҳам баробару соз.

Ангушт агар расонӣ,

Бо ҳам бароранд овоз.

Сози мусиқии тор

Ҷомаи ӯ пурхор аст,

Эҳтиёт з-он даркор аст.

Хорпушт

Бошадӯ дар такопӯ,

Маҳсули ранҷаш дору.

Оруи асал

Парпеч асту кӯдак не, -

Кокул дорад лухтак не.

Ҷуворимакка

Аз чӯби беду тирак,

Бобом тарошад ...

Курчак

Аломати савол ӯст,

Аммо олоти пакӯст.

Бобоҷони деҳқонам

Аз ҷон варо дорад дӯст.

Дос

Дави давон медавад,

Рави равон меравад.

Хору хаси роҳҳоро

Осонакак мерӯбад.

Шамол

Аз чуби туту арча

Бобом тарошид...

Чумча

Панҷ бародар бар ба бар,

Дар хизмати як нафар.

Панҷ ангушт

Нашуд гар ҳаллаш осон,

Илоҷаш ёбад дандон

Гиреҳ

Дар ғаму шодӣ чандон,

Берун равад аз макон.

Ашк

Раҳкушою раҳбанд аст,

Раҳбандияш бе банд аст.

Чароғаки раҳнамо

Қимат наяст он қадар,

Ҷои он болои сар.

Тоқӣ

Ҷисмаш чу банде тобад,

Чуп оби ҷӯ шитобад.

Бинмой аз он ту ҳазар,

Зеро бошад пурхатар.

Мор

Чор по дорад ҳайвон не,

Роҳравиаш аён не.

Дар он шинӣ пайваста,

Асло нагардад хаста.

Курсӣ

Аз химчаи туту бед

Бордон созад мӯсафед.

Сабад

Бар поён дар шитоб аст,

Болоравеш азоб аст.

Оби ҷӯ

Ҳар кӣ дорад аз ӯ кам,

Шарики ӯ бувад ғам.

Тамиз

КАБЛ

Дар ғаму шодӣ чандон,

Берун равад аз макон.

Ашк

Раҳкушою раҳбанд аст,

Раҳбандияш бе банд аст.

Чарогаки раҳнамо

Қимат наяст он қадар,

Ҷои он болои сар.

Тоқӣ

Ҷисмаш чу банде тобад,

Чуп оби ҷӯ шитобад.

Бинмой аз он ту ҳазар,

Зеро бошад пурхатар.

Мор

Чор по дорад ҳайвон не,

Роҳравиаш аён не.

Дар он шинӣ пайваста,

Асло нагардад хаста.

Курсӣ

Аз химчаи туту бед

Бордон созад мӯсафед.

Сабад

Бар поён дар шитоб аст,

Болоравеш азоб аст.

Оби ҷӯ

Ҳар кӣ дорад аз ӯ кам,

Шарики ӯ бувад ғам.

Тамиз

Як қутии сарбаста,

Тирезаю дарбаста.

Гар ту варо кушоӣ,

Андар дами сармоӣ.

Яхдон

Аз наи лаби дарё

Бобоям бофад...

Бурё

Шаб ӯ дарояд аз дар,

Берун барояд саҳар.

Хоб

Умре дуто ҳамсоя,

Намешаванд якҷоя.

Чашмон

Як даҳони бедандон,

Аҷали латтааст он.

Қайчӣ

Офтобро аввал монем,

Ба-ро баъди ӯ хонем.

Осонакак номашро

Мехонему медонем.

Офтоба

Обаш диҳӣ нахӯрад,

Гар надиҳӣ, мемурад.

Моҳӣ

Меравад ҷаста-ҷаста,

Асло нагардад хаста.

Қурбоқа

Каҷмокаҷ аз Лахшу Ванҷ

Тозон равад сӯи Панҷ.

Дарё

Як хонаву якто дар,

Меҳмонакон бар ба бар.

Даҳону дандонҳо

Тафсонтар аст аз оташ,

Аммо набошад дудаш.

Офтоб

Мекашад андар худ дар,

Хушку тарро чуп аждар.

Оташ

Садсолаю саломат,

Хам набвад онро қомат.

Арча

Дувоздаҳ аппа, хоҳар,

Аз як падару модар.

Солу моҳ

Интизорат пушти дар,

Аз сари шаб то саҳар.

Попӯш

Бошад бо ту равона,

Аз кӯча то ба хопа.

Соя

Дар як сол ин бобоҷон

Як борак гардад меҳмон.

Бобои барфӣ

Дузди даруни хона,

Медуздад мағзу дона. .

Муш

Оташ андар миёна,

Дорад зи об парвона.

Самовор

Худаш табақӣ,

Ҷома варақӣ.

Пиёз

ТЕЗГӮЯКҲО

Як чалак пур аз чалпак,

Пур аз чалпак як чалак.

Дар як дара сад бара,

Сад барра дар як дара.

Даҳто даҳ сад мешавад,

Сад даҳто даҳ мешавад.

Даруни ғоре мор аст,

Море даруни ғор аст.

Сад допа дар як хопа,

Дар як хона сад дона.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2