Афсонаҳо
ДУ БУЗИЧА
Буд набуд, ду бузича, ду бузичаи ширмасти шӯхаку чингилапо буд. Ду бузича дар ду канори ҷӯй шодӣ кардаю бозӣ карда, чарида мегаштанд.
— Эй ҷӯра, ба ин тараф гузар; ҳамроҳ бозӣ кунем! — гуфт як бузича.
— Не, ту худат ба ин тараф гузар! — гуфт бузичаи дигар.
— Хайр, ман ба пеши ту мегузарам, — гуфт бузичаи аввал.
— Не, ман ба пеши ту мегузарам! — гуфт бузичаи дуюм.
Ҳамин хел гуфта, ду бузича дар як вақт ба кӯпрук баромаданд. Дар худи миёначои кӯпрук сар ба сар шуданд. Кӯпрук борик буд. Онҳо аз паҳлуи якдигар гузашта наметавонистанд.
— Ту ақиб гард, ман аввал мегузарам! — гуфт як бузича.
— Не ту ақиб гард, аввал, ман мегузарам? — гуфт бузичаи дигар.
Ҳеҷ кадомаш намехост ақиб равад.
— Ба гапи ман надарой, рӯзатро нишон медиҳам! — гуфт як бузича.
— Канӣ зӯр бошӣ як нишон дода бин! — гуфт бузичаи дигар.
Бузичаҳо ҳар ду дар қаҳр шуда, ба ду пои пушташон нимхез шуданду калла ба калла заданд. Калла ба калла заданду ҳар ду якбора ба ҷӯй ғалтида рафтанд.
Ҷӯй чуқур буду обаш тез. Оби тез ду бузичаи ширмасти шӯху чингилапоро гирифта бурд.
ФАРҲОДУ ШИРИН
Як замоне дар яке аз дараҳои хушобу ҳаво ва зеботабиати қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар наздикиҳои деҳаи Қаротоғ Ширин ном духтаре зиндагӣ мекардааст. Ширин монанди гул нозуку дилрабо будааст, чеҳраи ҳамчун хуршеди ҷаҳонҷоб дурахшон, чашмони шаҳлои сеҳрангез, зулфони чингилаи сиёҳи мушкин, қадду қомати зебо доштааст.
Ширин бо падару модари солхӯрдаи худ дар қалъаи бошукӯҳи мустаҳкаме истиқомат мекардааст, ки дар нишебии кӯҳ воқеъ шуда, деворҳояш баланди сангин ва дарвозааш аз пӯлод будааст.
Ширин ҳар пагоҳ аз қалъа баромада, манзараи зебои канори дарё, деҳаи сабзу хуррами Қаротоғ, боғҳои сермеваи атрофи онро бо камоли шавқ тамошо мекардааст.
Ӯро махсусан дарёи шӯхобе, ки аз байни кӯҳҳои дурдасти Ҳисор сар зада, обҳои бисёр чашмаҳои зулолро ба худ гирифта, ба киштзорҳои водии зархези Ҳисор мешитобад, шоду мафтун менамудааст.
Ширин бисёр вақт ба лаби дарё омада, аз ҳавои тозаи атрофи он нафас гирифта, дуру дароз ба ҷасту хези пурмавҷи дарё чашм дӯхта, ба суруди хомӯшнашавандаи он гӯш меандохтааст.
Рафта-рафта овозаи ҳусни беҳамтои Ширин оламро фаро гирифтааст. Аз ҳар тараф хостгорҳои номдор: шоҳону шоҳзодагон, вазирону вазирзодагон омадан гирифтаанд.
Аммо Ширин таклифи ҳамаи онҳоро рад мекардааст. Як рӯз падару модараш маслиҳат кардаанду модараш ба Ширин гуфтааст:
— Духтари азизам, ин хостгорҳо маро ҳам безор кардаанд, ту ҳоло хурд нестӣ, шукр, ки ба синни арӯсӣ расидаӣ. Мо ҳам ба умед фарзанд калон кардем, вақте расидааст, ки туро сурӣ кунему хотирҷамъ шавем.
Ин гапро шунида, Ширин ба фикру хаёли чуқур ғарқ шудааст ва баъди чанд вақт сар бардошта гуфтааст:
— Модарҷон, маро касе ба занӣ мегирад, ки дар давоми як шаб, фақат бо қувваи бозувони худ аз дарё ба қалъаамон об барорад. Танҳо ҳамин хел як паҳлавони меҳнатдӯст замини ташналаби атрофи қалъаи моро обод карда, маро хушбахт карда метавонад.
Падару модараш ин шарти духтарашонро ба хостгорҳо расонидаанд.
Хостгорҳо даст аз домани Ширин кашида, пароканда шуда рафтаанд.
Дар ҳамон наздикиҳо дар яке аз деҳаҳои кӯҳи Фарҳод ном чӯпонписар зиндагӣ мекардааст. Фарҳод боре Ширинро дида, асири ишқи ӯ шуда будааст.
Вале ӯ ба Ширин майл доштани шоҳу шоҳзодагон ва вазиру вазирзодагонро фаҳмида, «Ширин, ин хел одамони номдорро монда, ба ман илтифот мекунад-мӣ?» — мегуфтаасту фақат муҳаббати ӯро дар дили софи худ парварида мегаштааст.
Фарҳод аз шарти Ширин огоҳ шуда, ҳамон замон каланду метини бузурги худро гирифта, ба иҷрои ин шарти душвор миён бастааст.
Қасди Фарҳодро ба гӯши яке аз хостгорҳои Ширин — шоҳзодаи маккору ҳосид Хисрав расонидаанд. Хисрав дар оташи ҷонгудози рашку ҳасад сӯхта, ба сӯи Қаротоғ шитофтааст ва ба иҷрои шарти Ширин ҳаракат кардааст.
Фарҳод, аз ҷое ки баландии дарё бо баландии қалъа баробар мешуд, ба кор шурӯъ мекунад.
Хисрав аз ӯ хеле поёнтар дар наздикиҳои қалъа ҷӯй меканад.
Фарҳод шерона кор карда, дар як муддати кӯтоҳ, ҷӯйи дарозе мекобад ва кӯҳро шикоф карда, ҷӯйро аз кӯҳ гузаронида, ба қалъаи Ширин наздик шудан мегирад.
Аммо шоҳзода Хисрав, ки дар ҳаёти худ, ғайр аз ханҷари тез чизи дигарро ба даст нагирифта будааст, каме ҷӯйро канда, хаставу бемадор мешаваду алак-палак ба тарафи Фарҳод нигоҳ кардан мегирад. Мебинад, ки кори Фарҳод барор гирифта, ба қалъа наздик шуда истодааст ва ана-мана накарда, аз дидори Ширини Ширин шакарком мешавад.
Хисрав маъюсу ноумед шуда, аз кор даст мекашад. Вале истода-истода оташи рашку ҳасад дар синаи ӯ боз ҳам баландтар забона задан мегирад. Вай дар ғазаб шуда, қарор медиҳад, ки Фарҳодро ҳам аз висоли ҷонбахши Ширин маҳрум кунад.
Хисрави маккор роҳи фиребро пеш гирифта, якчанд банд бурё меоваронад ва аз ҷои ба ҷӯйканӣ сар кардааш то наздикиҳои қалъаи Ширин дароз паҳн мекунад. Баъд аз ин як ошнои деринааш — кампири золро ҷеғ зада мефармояд, ки рафта ба Ширину Фарҳод хабар диҳад, ки Хисрав кандани ҷӯйро тамом карда истодааст.
Кампир асо ба даст гирифта, шоду хандон ба пеши Ширин омада мегӯяд:
— Духтари азизам, шоҳзодаи номдор Хисрав шарти туро иҷро карда истодааст. Ана баромада бин!
Маҳтобшаб будааст, бурёҳои дарозу каҷу килеб чидашуда, нури моҳи пурраро акс карда, чун ҷӯй милдир-милдир ҷоришаванда тобиш медодаанд.
Ширин аз девори қалъа нигоҳ карда мебинад, ки дар ҳақиқат ҷӯйи равон ба манзили ӯ наздик шуда истодааст. Хурсанд шуда рӯи пуроҷинги кампирро бӯса мекунаду мегӯяд:
— Эй модари хушхабар, рав, ба шоҳзода Хисрав гӯй, ки агар то саҳар об ба қалъа расад, ман аз они ӯ мешавам.
Кампир маккорона табассум карда, аз қалъа мебарояд ва ларзону асозанон ба пеши Фарҳод омада:
— Ту ҷони беҳуда меканӣ, эй Фарҳод! — мегӯяд ӯ. — Лаби Ширин ба коми Хисрав шуд.
— Чӣ? — мепурсад Фарҳод сари ба обу арақ ғӯтидаи худро боло карда. — Ту чӣ гуфта истодаӣ?
— Лаби Ширин ба коми Хисрав шуд, мегӯям, — ҷавоб медиҳад кампир, — ана нигоҳ кун, — кампир ба сӯи бурёҳо ишора мекунад.
Фарҳод боизтироб нигоҳ карда, тобиши ҷӯйи ба қалъа наздик шудаистодаро мебинад.
— Чӣ, магар Хисрав аллакай об баровард? — мепурсад Фарҳод.
— Бале, баровард! — ҷавоб медиҳад кампири маккора.
Фарҳоди паҳлавон чун шер ғуррид ва чун бед аз шамоли самум ларзид:
— Не, бе висоли Ширин зиндагӣ барои ман заҳр аст! — гӯён бо тамоми қувват метини нӯгтезашро ба пешонааш мезанад ва ҳамон замон ғарқи хун шуда, ба замин меафтад.
Ҳамин вақт маҳтоб дар қафои кӯҳи Қаротоғ мефарояду бурёҳои Хисрав дигар ҷило намедиҳанд ва дар баробари ин, офтоби бахту ҳаёти Фарҳоди паҳлавон дар паси абри тираи рашку ҳасад ғайб мезанад.
Ширин пагоҳии барвақт аз хоб бедор шуда, ба умеди дидани ҷӯйи равони Хисрав хурсандона аз қалъа берун мешавад. Вале баромада, аз ҷӯй осоре намебинад. Дар ҳайрат афтода, он тарафтар меравад, ки чӯпонписар Фарҳод дар лаби ҷӯйи бори бо дастони тавоно кандааш ба хун оғушта шуда хобидааст.
Ҳамин дам фиреби бадкирдоронаи Хисрав ба Ширини нозанин равшан мешавад ва ӯ бо таассуфи зиёд ба сари мурдаи Фарҳоди далер нишаста, зор-зор гиря мекунаду мегӯяд, ки «ба Хисрави фиребгар лаънатҳо хонда, кирдори ӯро ба тамоми халқ эълон кунанд».
Баъд аз ин ҳеҷ кас ба дидори Ширини вафодор расида наметавонад, танҳо муҳаббати Фарҳоди номурод хонаи дили ӯро умрбод манзил мекунад.
БОИ ЗОЛИМ ВА КАЛИ ЗИРАК
Як зан буд. Шавҳараш бармаҳал вафот карда, се писараш ятим монд. Зан хунобаи дил хӯрда, бо чарху дуку захми сӯзан фарзандонашро калон кард. Онҳоро ба воя расиданду охирин торҳои мӯи сари зан ҳам сафед шуд. Рӯзе кампир ба писаронаш гуфт:
— Акнун шумоён калон шудаед, бузбала шудаед, ман бошам пир шудам, дастони бемадорам дигар чарх расида наметавонанд, чашмони хирагаштаам дигар сӯрохи сӯзанро намебинанд, равед, мардикорӣ кунед, нони худро ёфта хӯред.
Писари калониаш ин гапро шунида гуфт:
— Модарҷон, ман тани сиҳат, дастони пурқувват дорам, меравам, мардикорӣ мекунам, ҳар чӣ ёбам, гирифта меорам.
Кампир нон пухта, ба як рӯймол баста ба писараш дода, ӯро гусел кард. Ҷавон рафт, ба як шаҳр расид, суроғкунон ҳавлии як бойро ёфта, дарвозаашро тақ-тақ кард. Бой баромада дид, ки як ҷавон истодааст, пурсид:
— Ба ман чӣ кор дорӣ?
Ҷавон гуфт, ки:
— Ман мардикор ҳастам.
— Ҷуфт ронда метавонӣ?
— Метавонам.
Бой ҷавонро ба хонааш дароварда, гуфт:
— Хуб, ман туро мардикор мегирам, вале як шарт дорам, агар қабул кунӣ, ҳаққи хизмататро нағз адо мекунам, агар қабул накунӣ, ба роҳат рафтан гир.
Ҷавон гуфт:
— Шартатонро гӯед.
— Ман ҳар чӣ фармоям, мекунию хафа намешавӣ, агар хафа шавӣ, гӯшу биниатро мебурам, агар ман хафа шавам, ту гӯшу бинии маро мебурӣ.
Ҷавон каме фикр карда, розӣ шуд. Ҳамон шаб хоб кард, рӯзи дигар бой саҳарии барвақт ҷавонро аз хоби ширинаш бедор карда, якта нон дода, гуфт:
— Хез, вақти кор шуд!
Ҷавон хест, мувофиқи фармоиши бой ба як хар гандум, ба барзаговон юғу сипорро бор карда, ба сари замин равон шуд. Бой ӯро то дарвоза гусел карда, гуфт:
— Ҳамин рӯз ҳамаи ин гандумро ба замин мепошӣ, баъд аз он як хар ҳезум карда гирифта меоӣ!
Ҷавон хуб гуфта рафт. Вай бузбалаи пурқувват ва меҳнатӣ буд, як қисми калони заминро ҷуфт кард, гандумро пошид, ба кӯҳ баромада, як дарахти дулонаро ғалтонда, майда карда, ба хар бор карду ба хонаи хӯҷаинаш омад. Бой баромада пурсид:
— Хайр, монда нашудӣ, хафа нашудӣ?
Ҷавон баъди ин қадар кори зӯр хеле монда шуда буд, вале шартро ба хотираш оварда:
— Не, монда нашудаам, хафа нашудаам, — гуфт.
Рӯзи дигар ҳам бой ӯро барвақт бедор карда, фармоиши дирӯзаашро такрор намуд. Ҷавон гуфтаҳои миёншиканро базӯр иҷро карда, аввали шаб баргашт. Чанд рӯз аҳвол ҳамин буд. Меҳнати зӯр ӯро бемадору беҳол мекард. Як рӯз бевақт шуду вай ҳезум карда натавониста, маъюсу ғамгин ба хонаи хӯҷаинаш омад. Бой баромада дид, ки ҷавон ҳезум наовардааст, дар ғазаб шуда пурсид:
— Барои чӣ ҳезум наовардӣ?
— Бевақт шуд, ҳезум карда натавонистам.
Бой ӯро хеле дашном дода баъд пурсид:
— Хафа шудӣ?
Косаи сабри ҷавон лабрез шуда буд, вай дигар тоқат карда натавониста гуфт:
— Албатта, то кай ба ин азоб тоқат кардан мумкин аст, ту хеле золим будаӣ!
Бой дарҳол гӯшу бинии ӯро бурида, бароварда пеш кард.
Ҷавон бо гӯшу бинии бурида ба пеши модараш омад. Кампир ӯро ба ин ҳол дида, дуди фиғонаш ба осмон печид. Гирёну нола карда пурсид:
— Писари азизам, ба ту чӣ шуд?
Ҷавон воқеаи шударо гуфта дод. Писари миёна аз ин воқеа дар ғазаб шуда гуфт:
— Ту танбалӣ карда, ба ин ҳол афтодаӣ, ман рафта ба ҷои ту хизмат мекунам ва шартҳои бойро иҷро карда, аз ӯ моли зиёд мерӯёнам.
Вай хеста ба хонаи бой равон шуд. Ба хонаи бой расида, дари ӯро тақ-тақ кард. Бой баромада пурсид:
— Ба ман чӣ кор дорӣ?
Писарак гуфт:
— Ман омадам, ки ба ҷои акаам ба шумо хизмат кунам.
Бой дар пеши ӯ низ ҳамон шартро монд. Писарак қабул кард. Вай ҳам ҳар рӯз ба як хар гандум, ба барзаговон юғу сипорро бор карда, ба сари заминки бой равон мешуд, ҷуфт мекард, ҳамаи гандумро мечошид ва бегоҳӣ як хар ҳезум карда бармегашт. Чанд вақт ҳамин хел давом кард. Дар охир, рӯзе баъд аз меҳнати вазнин, ҷавон беҳад монда шуда, ҳезум карда натавонисту ба хонаи бой бе ҳезум омад.
Бой баромада дид, ки хизматгор ҳезум наовардааст, норозӣ шуда гуфт:
— Барои чӣ бе ҳезум омадӣ?
Ҷавон дар ҷавоб гуфт:
— Монда шудам, ба ҳезум кардан мадорам нарасид.
Бой дар ғазаб шуда, ӯро ҳам хеле ҳақорат доду баъд пурсид:
— Хафа шудӣ?
Тоқати ин ҷавон низ тоқ шуда буд, вай дигар сабр карда натавониста гуфт:
— Албатта, чӣ хел аз ин зулму таҳқир кас хафа нашавад!
Бой дарҳол гӯшу бинии ӯро ҳам бурида, бароварда пеш кард.
Ҷавон гирёну нолон ба пеши модараш омад. Фиғони дилхароши кампир баланд шуд, вай ба бинию гӯши буридаи фарзандонаш нигоҳ мекарду мегуфт:
— Хонаат сӯзад бой, рӯзи некиро набинӣ бой!...
Писари аз ҳама хурдии кампир — кал аз воқеа хабардор шуда гуфт:
— Акаҳо, шумоён сустӣ ва нодонӣ кардаед, ман рафта шарти бойро иҷро мекунам. Вай ба «нарав, ту ҳам ба ҳамин ҳол гирифтор мешавӣ, ман чӣ кор мекунам» гуфтаҳои модараш гӯш накарда, баромада рафт. Омада дари бойро тақ-тақ кард. Бой баромада пурсид:
— Ҳа, кал, ба ман чӣ кор дорӣ?
Кал гуфт:
— Акаҳои ман омада, хизмати шуморо ба ҷо оварда натавонистаанд, ман мехоҳам ба ҷои онҳо хизмат кунам.
Бой ҳамон шартҳашро гуфт. Кал қабул кард. Фардо шуд. Бой саҳарӣ калро бедор карда, ба ҷуфтронӣ фиристод. Кал омада, як хар гандуми бойро ба чуқурие рехту баҳузур дар сояи дарахт хоб кард. Бегоҳӣ шуд, кал юғу сипори бойро шикаста, ба хар бор карда, омадан гирифт, омада хӯҷаинашро ҷеғ зада:
— Мана, ҳезум, гиред! — гуфт.
Бой пурсид:
— Эй калҷон, ин ҳезуми қоқро аз куҷо ёфтӣ?
— Ҳамон юғу сипоратонро шикастаму бор карда овардам.
— Барои чӣ ин тавр кардӣ?
— Хӯҷаин, магар хафа шудед?
Бой ғазабашро ба зӯр фурӯ нишонда гуфт:
— Не, хафа нашудаам.
— Хафа нашуда бошед, — гуфт кал, — то пагоҳ як ҷуфту сипори дигар тайёр карда монед!
Кал боз пагоҳии барвақт ба ҷуфтронӣ рафт, гандумро рехта, баҳаловат хобро заду бегоҳӣ юғу сипорро ҳезум карда баргашт. Бой дид, аммо ин дафъа ҳам чизе нагуфт. Як моҳ ҳамин тавр давом кард. Бой тарсида, ҳеҷ хафагӣ изҳор намекард.
Кал худ ба худ мегуфт, ки «ин золим ҳеҷ хафа шуданашро нишон намедиҳад-ку, ман бо ин чӣ кор кунам?». Як рӯз Кал ҷуфт ронда истода фикр кард, фикр карду яке аз барзаговҳои бойро кушт, гӯшташро ба чуволи гандум андохт, ба хар бор кард, юғу сипорро шикаста, ба болои он баста, ба хонаи хӯҷаинаш омад. Бой диду гуфт:
— Эй кал, як барзагови дигар канӣ?
— Онро куштам, — гуфт кал, — гӯшташ дар ин чувол аст, магар хафа шудед?
Бой дандон ба дандон монда гуфт:
— Не, хафа нашудаам.
Кал ҳамин хел ҳар рӯз гандуми бойро мерехт, юғу сипорашро мешикаст, яктагӣ барзаговашро мекушт. Бой дид, ки хонахароб шуда истодааст, ба занаш гуфт:
— Ин кал ҳамаи боигарии моро нобуд кард, охир тоқати ман тоқ мешаваду гӯшу бинии маро ҳам мебурад, ягона илоҷи халосӣ аз дасти ӯ гурехта рафтан аст.
Занаш маслиҳатро маъқул донист. Аввали шаб бою занаш бору бандашонро тайёр карда, чизҳои қиматбаҳояшонро дар як сандуқ андохта, охири шаб гурехта рафтанӣ шуда, хоб карданд.
Кали ҳушёр аз нияти онҳо воқиф шуда, хобашон ки бурд, чизҳои сандуқро бароварда, дар якҷо пинҳон намуду худаш ба сандуқ даромада хоб кард.
Бою занаш нимишабӣ хестанд, бору бандашонро гирифта, роҳи гурезро пеш гирифтанд. Рӯз шуд, монда шуда дар лаби як чашма дам гирифтанд. Бой ба занаш гуфт:
— Чой ҷӯшон, ягон чиз хӯрем.
— Кал мешуд, ҳезум меовард, — гуфт занаш.
Кал ин гапро шунида, аз сандуқ овоз баровард:
— Ман дар ин ҷо, ба хизмататон тайёрам.
Бой ин ҳодисаро дида, дар ғазаб шуда, бо тамоми овозаш фарёд кард:
— Эй кали лаънатӣ, тамоми ғаллаамро барҳам задӣ, ҳамаи барзаговҳоямро куштӣ, як тӯда юғу сипорамро шикаста нобуд кардӣ, боз як сандуқ чизҳои қиматбаҳоямро ғорат намуда, аз қафои мо омадаӣ?!
— Эй хӯҷаин, мебинам, ки хафа шудаед, — гуфт кал.
Бой худдорӣ карда натавониста, боз ҳам баландтар фарёд кард:
— Баъди ҳамаи ин ман хафа нашавам, кӣ хафа мешавад?!
— Ана шартро бой додед! — гуфта кал кордро аз миёнаш кашиду гӯшу бинии бойро бурида партофт ва ба хонаи бой бозгашта омад. Ҳамон моли русткардааш ва чизҳои боқимондаи бойро ғундошта, ба хонааш оварду аз бойи золим интиқоми акаҳояшро гирифта, ба муроду мақсадаш расид.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё