Зеҳн

ТОҲИР ВА ЗУҲРО

ЗЕ
Зеҳн19 сентябри 2026 · 18 дақиқа хондан

Буд набуд, як подшоҳ буду як вазир. Ҳар ду муддати дароз бефарзанд буданд. Фақат вақте ки мӯи сарашон мошу биринҷ шуда, ришашон ба рӯи синаашон наздик омадан гирифт, занҳои онҳо умедвор гардиданд. Шоҳу вазир аз ин ҳодиса бисёр хурсанд шуда, зуд-зуд базму зиёфат ташкил мекардагӣ, ҳар моҳ як бор — ду бор ба сайру шикор мерафтагӣ шуданд.

Рӯзе онҳо дар як дараи хушманзараи кӯҳӣ шикор карда истода буданд, ки вазир оҳуеро дида таъқиб кард. Оҳу хеле оҳиста мегурехт. Вазир нишон гирифта, тир кушоданӣ шуда дид, ки шиками оҳу калон. Вазир фаҳмид, ки оҳу ҳомиладор аст. Ӯ худ ба худ «зани ман ҳам монанди ҳамин дучон аст, магар куштани он хубӣ нест» гуфта, тир накушоду пас гашт. Подшоҳ ҳайрон шуда пурсид:

— Эй вазир, чаро аз сайд даст кашидӣ?

Вазир воқеаро гуфта дод. Рафтори вазир ба подшоҳ маъқул афтоду онҳо қарор доданд, ки ба ягон ҷои дигар рафта шикор кунанд.

Дар шикоргоҳи дигар якчанд кабкро зада, пар канда, кабоб карда, хӯрда нишаста буданд, ки подшоҳ, оҳуи ҳомиладорро ба хотир оварда гуфт:

— Дӯсти азиз, солҳост, ки ту ба ман аз ёру бародар зиёдтар хизмат мекунӣ, дар ҳалли бисёр масъалаҳои мушкили корҳои давлатӣ ба ман ёрӣ мерасонӣ. Ман қарор додам, ки агар занҳои ҳардуямон писар зоянд, коре мекунем, ки онҳо монанди ману ту дӯстони ҷонӣ шаванд. Агар зани ту духтар зояд, духтарат келини ман, агар зани ман духтар зояд, писарат ба ҷои ман подшоҳ ва духтари ман келини ту шавад.

Ин гап аз таги дили вазир буд, вай бо хурсандӣ ризогӣ доду ҳар ду аҳду паймон бастанд.

Рӯзи дигар хаягирҳо омада хабар доданд, ки чашми занҳои шоҳу вазир равшан шуд. Баъд вазирро бо писар муборакбод карданд. Вазир аз ин хабари нек бисёр-бисёр хурсанд шуда:

— Шукр, сад бор шукр, — гӯён асп давонда, ба хонааш омад. Ба хонааш расида, писарро ба дасташ гирифта бӯса кард, ба диданаш молид ва «чӣ хушбахтист, ки дар зиндагиам рӯи фарзандро медидаам», гуфта писарашро бардошта, ба қасри подшоҳ равон шуд.

Ин вақт подшоҳ аз шикор баргашта буд. Вазир дар як даст писараш ва дар дасти дигараш духтари ба матоъҳои зарбофт печондашудаи подшоҳро гирифта, ба пеши ӯ бурд. Подшоҳ вазирро дида, аз ҷояш хест, бачаҳоро аз дасти ӯ гирифта бӯса кард, сони ба маслиҳати калонсолтарини дарбориён ба писар Тоҳир ва ба духтар Зуҳро ном монд.

Тоҳиру Зуҳро дар дасти мураббиёни кордида тарбия ёфта ба воя мерасиданд. Онҳо ҳамеша, ҳам дар сари дастархон, ҳам дар вақти сайру гашт дар чорбоғи подшоҳ як ҷо буданд ва ҳамеша бо ҳам бозӣ мекарданд. Вақте ки ба синни мактаб расиданд, ҳар дуро дар як мактаб супориданд, ҳар ду ҳамсабақ гардиданд.

Ин воқеа дар дили душманони вазир — падари Тоҳир оташи рашку ҳасадро фурӯзон кард. Дили чун таги дег сиёҳи онҳо аз заҳри қасду ниятҳои бад лабрез шудан гирифт.

Онҳо дар ҳар як мавриди мувофиқ дар назди подшоҳ вазир ва писари ӯро танқид карда, ба таърифи Зуҳро сар мекарданду мегуфтанд:

— Эй подшоҳи аъзам! Духтари дар ҳусн беҳамто ва дар ақлу дониш беназири ту сазовори беҳтарин подшоҳи олам аст, сазовори подшоҳест, ки мамлакатро боз ҳам васеътар, давлататро боз ҳам зиёдтар карда тавонаду ба шуҳратат шуҳрат зам кунад.

Ин гапҳо ба дили подшоҳ беасар намонданд. Вай дар ин бора бисёр фикру хаёл мекардагӣ шуд. Ҳар қадар, ки вай зиёдтар фикр мекард, ҳамон қадар дар атрофи вазир оташи фитна баландтар забона мезад. Рафта-рафта дили подшоҳ аз вазир хунук шуда, дар қасди нобуд кардани ӯ афтод.

Як рӯз дар вақти шикор тири яке аз қарибони подшоҳ «хато хӯрда», байни ду шонаи вазирро шикоф кард. Ҳамон лаҳза чашмони вазир пӯшида шуданду вай дигар рӯи фарзанди азизашро надид.

Подшоҳ дар назди мардум худро «мусичаи бегуноҳ» нишон дода, вазири як вақтҳо аз тахти дил дӯст медоштагиашро бо обрӯю иззати зиёд дафн карда, азо гирифт.

Дар ин вақт дар болои лаби Тоҳир мӯи навсабзи сип-сиёҳ дуд мекард, вай ҷавони нозанин ва зебоқомате шуда буд.

Марги ногаҳонии падараш ҳама гуна хаёлҳои хоми ҷавонро аз сараш дур карданд. Фақат ишқ, ишқи Зуҳрои монанди хирмани гул зебову ботароват, дар дили ӯ ҷӯш мезаду шиддат мегирифт.

Подшоҳ инро медонист. Бинобар ин ба балоғат расидан ва нағз набудани оқибати вохӯриҳои Тоҳиру Зуҳроро баҳона карда, фармон дод, ки онҳоро аз якдигар ҷудо кунанд.

Фармони подшоҳро иҷро карданд. Аммо Тоҳирро тоқати ҷудоӣ набуд. Вай дар гирди қасри подшоҳ мегашту ба умеди дидани маъшуқаи ширинаш ба ӯ муроҷиат карда мегуфт:

Рухи худро намоён кун,

Назар бар ҳоли моён кун,

Ниқоб аз худ парешон кун,

Шавад ҷонам фидои ту.

Аммо садоеро аз Зуҳро нашунида ӯ такрор менамуд:

Эй бути нозанини ман,

Дасти ман асту доманат.

Сарви суманбарини ман,

Дасти ман асту доманат.

Бори ситам шикаст миён,

Тира ба чашми ман ҷаҳон,

Ҷони маро гирифтӣ, ҷон,

Дасти ман асту доманат.

Суруди дилхароши Тоҳир ба гӯши одамон расид. Онҳо дар атрофи Тоҳир ҷамъ шуда, ба ин ҷавони номурод ҳамдардӣ карда, подшоҳи бераҳмро, ки писари вазирашро ба ин ҳол андохта буд, сарзаниш мекарданд.

Шамъ манаст рӯи ту,

Умри манаст мӯи ту,

Ёди ман аст кӯи ту,

Дасти ман асту доманат.

Қиблаи дил сарои ту,

Каъбаи дил ҳавои ту,

Рӯяму хоки пои ту,

Дасти ман асту доманат.

Аҳду вафо намекунӣ,

Тарки вафо намекунӣ,

Ҳеҷ нигоҳ намекунӣ,

Дасти ман асту доманат,

— мегуфт Тоҳир аз он ҷое, ки мебоист Зуҳро дар он ҷо бошад, чашм наканда.

Вақте ки Тоҳири озурдахотир дар гирди қасри шоҳӣ маҳбубаи дилороми худро нидо мекард, подшоҳ дар болои тахти заррини худ нишаста, вакилони яке аз золимтарин ва зӯртарин шоҳҳои ҳамон замон — Қароботурро интизорӣ мекашид. Дере нагузашта, вакилон ҳам омада монданд. Онҳо мактуби Қароботурро ба дасти подшоҳ дода, интизори ҷавоб шуда истодаанд. Дар мактуб чунин навишта шуда буд:

«Чанд вақт боз хостгорҳои ман дар тамоми мамлакатҳои дунё барои ман арӯси мувофиқеро кофта мегаштанд. Кофта-кофта дар ҳеҷ ҷо монанди Зуҳрои ту духтари нозанинро пайдо накарданд. Бинобар ин ман қарор додам, ки духтари туро ба занӣ гирам. Агар розӣ шавӣ, хеш мешавем, агар розӣ нашавӣ, ба ҷанг тайёр бош!»

Подшоҳ хатро хонда, ба вакилон гуфт, ки ду-се рӯз пас ҷавоби мактубро мефиристад. Вакилон рафтанду подшоҳ вазиронашро ҷеғ зада, воқеаро гуфта дод. Вазирон ҳама бо як овоз гуфтанд, ки:

— Қароботур подшоҳи тавоно ва бузург аст. Ин ҳамон подшоҳест, ки давлататонро зиёд, шуҳрататонро афзун карда метавонад.

Ин қарор муддаои дили подшоҳ буд. Вай бо фикри вазирон розӣ будани худро маълум карда, онҳоро ҷавоб доду духтараш — Зуҳроро ҷеғ зада оваронид.

— Духтари азизам, — гуфт, — туро аз тахти дил муборакбод мекунам. Подшоҳи аз ҳама зӯри олам — Қароботур ба ту хостгор фиристодааст. Ту хушбахтӣ, ки зани чунин шоҳи бузург мешавӣ.

— Не, не! — гуфт Зуҳро. — Ман ғайр аз Тоҳир ба ҳеҷ каси дигар намерасам. Ман ӯро дӯст медорам, бо ҷону дилам дӯст медорам, бе ӯ зиндагӣ ба ман талх аст.

Подшоҳ ин гапро шунида, дар хашм шуд. Вай бо қаҳр ба рӯи Зуҳро нигоҳ карда гуфт:

— Ту гапи номаъқул мегӯӣ! Тоҳир кӣ? Як нодони бепадар, вай ба нохуни пои Қароботур баробар шуда наметавонад. Ту беақлӣ накуну ӯро аз хотират барор!

— Раҳм кунед, падари азиз! — гуфт Зуҳро. — Тоҳир ба ҷони ман баробар аст. Агар хоҳед, ки духтаратон бадбахт нашавад, аз ниятатон гардед!

Ин гапҳои духтари ягонаи гадояшро шунида, подшоҳ ба андеша монду гуфт:

— Хайр, духтарам, ту рав, ман фикр карда мебинам.

Зуҳро рафт. Подшоҳ фармон дод, ки вазиронро ҷеғ зананд. Вазирон омаданд. Вай ба онҳо воқеаи рӯйдодаро гуфта дод. Якеҳо гуфтанд, ки:

— Тоҳирро дар назди духтар бад карда, аз шаҳр рондан зарур аст. Баъд аз ин дили Зуҳро аз ӯ хунук мешаваду ба Қароботур не намегӯяд.

Дигарҳо гуфтанд, ки:

— Беҳтараш, Тоҳирро ҷеғ зада, насиҳат додан даркор аст, ки вай аз ин роҳ бо ихтиёри худ гардаду аз ишқи Зуҳрои нозанин даст кашад.

— Хайр, илоҷи ин душвор нест, — гуфт подшоҳ.

Вазиронро ҷавоб дода, Тоҳирро ба назди худ оваронид.

Дили Тоҳир аз чунин илтифоти ногаҳонии подшоҳ пурмед шуда буд, аммо суханони аввалини подшоҳро шунида тарбузи ӯ аз бағалаш афтод.

Подшоҳ ба ӯ таклиф кард, ки аз ишқи Зуҳро дасту умед канда, аз шаҳр баромада равад.

— Не! — гуфт Тоҳир. — Ман то ҷон дар бадан дорам, дар ёди Зуҳро хоҳам буд.

— Ин ба ту муяссар намешавад! — гуфт подшоҳ. — Беҳтараш ба ҷони ҷавонат ҷабр накарда, гуфтаи маро кун!

Тоҳир дар ғазаб шуда гуфт:

— Ту золим, падари маро куштӣ, модари бечораамро бева ва фарзанди ягонаи ӯро ятим кардӣ. Акнун мехоҳӣ ба гапи ту даромада, ман ҳам зинда дар гӯр шавам?! Не, ин хел намешавад!

Подшоҳ беҳад хашмнок шуда, фармон дод, ки ӯро дасту пою чашм баста, ба ягон канори дурдасти мамлакат бурда партоянд ва агар ягон рӯз баргашта биёяд ҳам, ба шаҳр роҳ надиҳанд. Баъд аз ин подшоҳ ду кампири золро ба назди Зуҳро равон карда гуфт:

— Рафта, ба духтарам гӯед, ки Тоҳир ба майли худ аз ишқи Зуҳро даст кашида, дар ҳаққи вай падараш гапҳои нолоиқ гуфта, аз шаҳр баромада рафт.

Кампирон ин хабарро зуд ба Зуҳро расонданд. Зуҳро, ки ба ҳар як хабаре дар бораи Тоҳир бесаброна интизор буд, гапҳои кампиронро шунида, аввал каме ранҷид.

Баъд хислатҳои Тоҳир, муносибати ҳамеша меҳрубонона ва пурнавозиш, дӯстии пурсафои аз бачагӣ дар байнашон ба амал омадаро ба хотир оварда, ба дурустии гапҳои кампирон шубҳа карду қарор дод, ки навмед нашуда интизорӣ кашад.

Подшоҳ бошад, баъд аз ронда шудани Тоҳир хотирҷамъ шуда, ба Қароботур навишт, ки розӣ аст.

Қароботур хурсанд шуда, ба ҳузури подшоҳ омад ва хоҳиш кард, ки Зуҳроро ба ӯ нишон диҳанд.

Зуҳроро оварданд. Рӯи чун моҳ тобон, қомати мавзун ва чашмони шаҳлои пурҷозибаи ӯро дида, ҳуш аз сари Қароботур париду дар дили сиёҳаш муҳаббат лона андохт.

— Ман ин духтари нозанинро мегирам, — гуфт ӯ ба падари Зуҳро, — ва дар ивази ӯ ҳар чӣ хоҳӣ, иҷро мекунам!

Падари Зуҳро хурсанд шуда гуфт:

— Эй подшоҳи олам ва эй султони муаззам, шумо маро бағоят сарфароз кардед!

Ин танҳо чун тири заҳролуд дили поки Зуҳроро ранҷур карданд.

— Ин хел намешавад! — фарёд кард ӯ. — Ман каси дигар — Тоҳирро дӯст медорам. Тоҳир барои ман аз зиндагӣ ҳам ширин ва пурқимат аст.

Подшоҳ гуфт:

— Тоҳир дар ҳаққи ту бисёр гапҳои нолоиқ гуфт, вай туро дӯст намедорад, вай аз ту дилхунук шуда, баромада рафтааст.

— Бовар намекунам! — гуфт Зуҳро, — Тоҳир ин хел одам не.

Қароботур аз ишқи Зуҳро хабардор набуд ва аз ин воқеа огоҳ шуда гуфт:

— Ин тавр бошад, ман чил рӯзи дигар мунтазир мешавам, боварӣ дорам, ки дар ин муддат Зуҳрои нозанин аз Тоҳиру аз муҳаббати ӯ безор мегардад ва маликаи дилороми ман мешавад. Шарт ҳамин!

Подшоҳ ба Тоҳир лаънатҳо хонда, ноилоҷ розӣ шуд ва Зуҳроро ҷавоб дод.

Навкарони подшоҳ Тоҳирро баста, ба як канори дурдасти мамлакат, дар як биёбони беобу бегиёҳ бурда партофтанд.

Зуҳрои бечора, хабар ёфт, ки Тоҳирро ба кадом як биёбони хушку холӣ бурда партофтаанд. Вай ба воситаи канизаконаш аз ҳар як корвон илтимос мекард, ки ҳар куҷо, ки раванд, Тоҳирро ҷустуҷӯ карда, хабарҳояшро гирифта биёранд.

Кори Зуҳро гиря буд, дурдонаҳои ашк дар нӯгҳои мижгони дароз ва дар рӯи монанди барги гул латифу зебои ӯ ҳамеша дурахшон буданд.

Ӯро на хоб буду на қарор, вай ҳасрати дидори Тоҳирро мехӯрду мегуфт:

Хобам намебарад, ки хобат бинам,

Дар курта намеғунҷад тани мискинам.

Не шаб қарор дорам, не рӯзи дароз,

Таҳсин, ки намекафад дили сангинам.

Сорбонҳо суруди дилхароши Зуҳроро дар ҳар ҷо суруда мегаштанд.

Тоҳир бошад, дар ҳамон биёбони хушку хароб гушнаву ташна мегашт. Танҳо муҳаббати Зуҳрои азизаш ба ӯ қувват мебахшид.

Як рӯз аз доманаи як кӯҳ гузашта истода буд, ки навҳаи дилхароши касе ба гӯшаш расид. Марди навҳакунанда гаштаву баргашта номи Тоҳирро такрор мекард. Тоҳир ҳайрон шуда, ба сӯи сароянда шитофт. Наздик шуда дид, ки корвоне мегузараду яке аз корвониҳо Тоҳирро ёд карда, бо оҳанги дилхароше месарояд:

Эй Тоҳири хору зор,

Зуҳро ба ту интизор,

Бо дили пора-пора,

Бо дидаи ба раҳ чор.

Ғами ӯро канор нест,

Дили ӯро қарор нест.

Бахти ӯро барор нест,

Бе Тоҳири дилафгор.

Хоб аз ӯ парида,

Шодӣ аз ӯ рамида,

Қомати ӯ хамида,

Зи кулфати бешумор.

— Одами нек, — гуфт Тоҳир, — аз суруди ту садои дили Зуҳрои меҳрубонамро мешунавам. Гӯй, ки аз куҷо меоӣ ва ин сурудро аз кӣ шунидаӣ?

Корвонӣ ба Тоҳир бо диққат нигоҳ карда гуфт:

— Аз кӣ мегӯӣ? Аз худи Зуҳрои нозанин шунидаам. Вай ба мо фармудааст, ки сар то сари олам гардему Тоҳири азизашро суроғ кунем, агар дар ягон ҷо дида монем, гирифта барем.

Тоҳир хурсанд шуда гуфт:

— Тоҳири хору зор, Тоҳири дилафгор ман ҳастам.

— Ин тавр бошад, — гуфт корвонӣ, — баро, ба ин шутур бишин, мо туро пеши Зуҳро мебарем.

Корвон равон шуд. Чанд шабу чанд рӯз гашта, ба манзили дилхоҳ расиданд.

Омадани Тоҳирро шунида, мурғи дили Зуҳро аз нав зинда шуду вай маҳбуби хаставу беҳол шудаашро ба қаср гирифта бурд.

Тоҳир аз ғамхории доимии маҳбубаи дилоромаш зуд ба худ меомад. Олиҳаи васл ин ду дилдодаи ранҷу азобкашидаро ба оғӯши фораму дилнавози худ гирифт. Аммо бахти Тоҳиру Зуҳро дер давом накард. Ҷосусони Қароботур аз воқеа пай бурда, ба ӯ хабар расониданд. Ҳамон замон Қароботур бо лашкари зиёд ба пеши падари Зуҳро омада, гуфт:

— Тоҳир баргаштаасту чанд вақт боз бо духтари ту айшу ишрат доштааст, агар ҳозир ӯро нест накунӣ, тахту тоҷатро зеру забар карда, ҳам сари туро мегираму ҳам сари духтаратро!

Подшоҳ бисёр тарсид ва ҳамон замон вазиронашро ҷеғ зада маслиҳат пурсид.

— Як илоҷ карда аз Тоҳир халос шудан зарур аст! — гуфт Вазири дасти росташ. — Илоҷи беҳтарин ин аст, ки ба сандуке андохта, ба об равон кунем.

Подшоҳ ин фикрро маъқул донист ва устоҳои сандуқсозро оваронда фармуд, ки як сандуқи калон созанд.

Устоҳо сандуқро буд карда, ба подшоҳ хабар доданд. Подшоҳ фармон дод, ки сандуқро ба лаби дарё баранд. Зуҳро ғамгину маъюс ба лаби дарё ҳозир шуда, бо чашми гирёну дили бирён ба Тоҳир нигоҳ карда гуфт:

Чашми бади кас ҳеҷ ба чашмат нарасад,

Оташ ба вуҷуди ишқи парастат нарасад!

Мардуми ҷаҳон ҳама дуо мегӯянд:

«Ҳар ҷо рафтӣ, ҳеҷ шикастат нарасад».

Тоҳир гашту гуфт:

Зулфи сиёҳат мусалсалои дили ман,

Лаъли лабакат гираҳкушои дили ман,

Ман дил надиҳам ба кас барои дили ту,

Ту дил надиҳӣ, ба кас барои дили ман.

Зуҳро ҷавоб дода, гуфт:

Дарё, ки калон шавад, адояш кӣ кунад?

Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш кӣ кунад?

Ду дил, ки яке шавад, ҷудояш мушкил,

Ҳар кас, ки ҷудо кунад, ба ғам дармонад!

Подшоҳ фармон дод, ки Тоҳирро зудтар ба сандуқ дароранду маҳкам карда, ба об партоянд. Навкаронаш фармони подшоҳро иҷро карданд.

Сандуқ лап-лапкунон рӯй-рӯйи об равон шуд ва дере нагузашта аз назарҳо ғоиб шуда рафт. Рафт, рафт, баъди чанд шабу чанд рӯз аз паҳлуи як нимҷазира гузашта истода буд, ки онро се духтари подшоҳ дида монданд.

Онҳо духтарони подшоҳи ҳамин мамлакат буданду ҳар рӯз ба ин ҷо омада, оббозӣ мекарданд.

— Ҳар кас ки ҳамон сандуқро гирифта барорад, моли сандуқ аз они ҳамон! — гуфт духтари калонӣ.

Ин гапро ҳар се маъқул донистанду духтари калонӣ ба дарё парид. Шино карда, рафта ҳар чанд даст андохт, мавҷи дарё ӯро ба ақиб ронду сандуқро гирифта натавонист. Баъд духтари миёна парид, ин ҳам ҳар чанд кард, гирифта натавонист. Духтари хурдӣ, ки Гавҳар ном дошт, гуфт, ки:

— Апаҳо, шумо аз об бароед, канӣ ман як кӯшиш карда бинам!

Апаҳоаш аз дарё баромаданду ин духтар худро ба дарё партофт. Вай шино карда, ба сандуқ наздик шуда, даст андохт. Гӯшаки сандуқ ба дасташ омад. Гӯшакро маҳкам қапида, сандуқро кашида, ба лаби дарё овард.

Хоҳарон сандуқро аз дарё бароварда, нигоҳ карданд, ки ҳеҷ ҷои мекушодагӣ надорад. Қарор доданд, ки шикананду бинанд, ки дар дарун чӣ ҳаст. Ҳамин вақт аз даруни сандуқ шакур-шукур садо баромада, сарпӯши сандуқ кушода шуд. Диданд як ҷавони нозанине хоб аст, чунон нозанин, ки ҳеҷ мислу монанд надорад.

Даррав ба подшоҳ хабар доданд. Подшоҳ одам фиристода, сандуқро бо ҳамроҳии Тоҳир ба қасраш оваронид. Ба табибон фармуд, ки Тоҳирро, ки бемор шуда буд, табобату парвариш кунанд.

Чанд рӯз гузашт. Тоҳир ҳол гирифт, фарбеҳу тоза шуд, боз ҳам нозанинтар ва зеботар гардид. Баъд аз ин хоҳарон аз маслиҳати кардагиашон подшоҳро хабардор намуданд.

Подшоҳ розӣ шуд, ки Гавҳарро ба Тоҳир диҳад. Тӯй сар шуд. Вале Тоҳир бехабар буд. Тӯй тамом шуду Тоҳиру Гавҳарро ба хонаи подшоҳ ҷудо кардагӣ монда рафтанд.

Тоҳир ба Гавҳар саргузашташро нақл карда дода гуфт:

— Зуҳро нури дидагонам, ақлу ҳушам, хурсандии дилам, орзую умедам аст, ман намехоҳам, ки ба ӯ бевафоӣ кунам!

— Ман туро аз Зуҳро зиёдтар дӯст доштам, — гуфт Гавҳар, — якравӣ накуну муҳаббати аввалини самимӣ ва гарму ҷӯшони маро пешпо назан.

Тоҳир оҳи бадард кашида гуфт:

Бе Зуҳраи ҷон ман ин ҷаҳонро чӣ кунам!

Бе ӯ гули сурхи арғувонро чӣ кунам!

Бе ӯ гули сурхи арғувон бисёр аст,

Дил майл ба ӯ дорад, дигаронро чӣ кунам!

Гавҳар бисёр зорию тавалло мекард, ки Тоҳир ӯро азоб надиҳад. Тоҳир бошад, аз Гавҳар илтимос мекард, ки ӯро ором гузорад, ёди пурсафои Зуҳрои дилоромашро тира накунад. Ҳамин хел то саҳар гапзанон карданд ва қариби рӯз шуда буд, ки хоби Гавҳар бурда монд.

Ҳамон замон Тоҳир хеста, либосашро дигар кард ва роҳи кӯҳу биёбонро пеш гирифт. Рафт, рафт, баъди чанд шабу рӯз ба пойтахти мамлакаташ расид.

Дар ин ҷо ӯ худро ба шакли хизматгор дароварда, канизи Зуҳро шуд. Хурсандии беканор аз нав дили софи ду дилдодаро манзил гирифту онҳоро хушбахт гардонид.

Вале ин дафъа ҳам шодии Тоҳиру Зуҳро дер давом накард. Қароботур аз гашта омадани Тоҳир хабар ёфта, фавран ба пеши падари Зуҳро омада, воқеаро гуфта дод.

Подшоҳ дар ғазаб шуда, ҷаллодонашро ҷеғ зада фармон дод, ки Тоҳирро ёфта ба дор овезанд.

Ҷаллодон Тоҳирро оварда, дар пеши чашми подшоҳу Қароботур ба таги дор бурданд.

Тоҳир ба таги дор мерафту мегуфт:

Зуҳраам, офтоби бахтам, меҳрубонам, алвидоъ!

Нури чашму сабри дил, ороми ҷонам алвидоъ!

Меравам аз ин ҷаҳон бо сад фиғону номурод,

Хуш бимон, хушбахт бош, Зуҳраҷонам алвидоъ!

Зуҳро якчанд рӯз ба хотири Тоҳир либоси сиёҳ пӯшида, азо гирифт. Ғами ёри ҷавонмаргшудааш ӯро чун шамъ об мекард.

Вай чун шамъ об мешуду Тоҳирашро ёд карда, мегуфт:

Тоҷ будӣ бар сарам,

Лола будӣ бар рухам,

Тоҷ афтод аз сарам,

Лола парид аз рухам!

Дод аз дастат, фалак!

Сад дод аз дастат, фалак!

Вай мехост, ки ба сари қабри Тоҳир раҳсипор шавад, аммо бо фармоиши подшоҳ, чил канизак шабу рӯз ӯро посбонӣ мекарданд. Зуҳро илоҷе наёфта, рӯзе либоси сиёҳашро кашида сару либоси идона пӯшид, сару дасту гарданашро пур аз зару зевар карда, ба канизон гуфт:

— Мебинам, ки аз ин хел азо гирифта гаштани ман на ба Тоҳир фоидаву на ба худи ман. Аз ҳамин рӯз сар карда, азодориро бас мекунам, дилам хурсанд шудан мехоҳад, сайри чорбоғ мехоҳад.

Як канизак зуд ба пеши подшоҳ рафта, гапҳои Зуҳроро гуфта дод. Подшоҳ шод шуда гуфт:

— Майлаш, хурсандӣ кунад, сайри чорбоғ кунад.

Зуҳро бо ҳамроҳии чил каниз ба чорбоғи падараш равон шуд. Ба ин тараф, он тарафи чорбоғ сайру гашт карда, баъд ба канизакон рӯ оварда:

— Ман имрӯз ҷудо хурсанд ҳастам, мехоҳам, ки шумо ҳам ман барин хурсанд бошед! — гуфта тамоми зару зевари сару дасту гарданашро ба чор тараф пошида партофт:

— Ана чинда гиред!

Чил каниз ҳамдигарро тела дода, ба чиндан андармон шуданд.

Зуҳро фурсатро ғанимат дониста, ба сари гӯри Тоҳир омад. Вай дар пеши хоктӯдаи қабр нишаста зор-зор гиря карду баъд аз бағалаш ханҷари тезу обдорро бароварда, дили софу некашро пора кард.

Канизакон зару зеварро чида шуда, ин сӯ он сӯро кофта диданд, ки дар ҳеҷ ҷо Зуҳро нест. Доду фиғонкунон пеши подшоҳ рафтанд. Подшоҳ дар ғазаб шуда, ба навкаронаш фармон дод, ки тамоми шаҳрро ҷустуҷӯ карда Зуҳроро ёбанд.

Навкарон кофта-кофта, ба сари қабри Тоҳир омаданд. Диданд, ки Зуҳро ғарқи хун хоктеппаи гӯрро оғӯш карда хобидааст. Зуд рафтанду аз ҳодиса подшоҳро хабардор карданд. Подшоҳ гирёну нолон омад... Аммо гиряи ӯ ҳарчанд, ки дилхарош буд, суде надошт. Вай ду дилдодаи бегуноҳро ба ғаму машаққати зиёд гирифтор карда, акнун азобашро худаш медид.

Зуҳрои нокомро дар паҳлуи Тоҳир дафн кард. Аз рӯзи дафн ду ҳафта нагузашта, одамон омада диданд, ки аз гӯри ҳар ду як буттагӣ гул рӯидаасту гулҳо ба ҳамдигар печидаанд. Мардум ин гулро ошиқи печон ном карданд.

Гули ошиқи печон, ки ҳоло дар ҳама ҷо мерӯяд, аз ишқи Тоҳиру Зуҳро ёдгории ҷовидонӣ аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2