Асосҳои барномасозиро омӯзед, на фреймворкҳоро
Мо, барномасозон, чизҳои навро дӯст медорем ва бисёре аз мо аз аввалин касоне ҳастем, ки технологияҳои навро қабул мекунанд. Вақте технология ё абзори наве муаррифӣ мешавад, зуд ба он рӯ меорем, то санҷида бинем. Дарсҳоро меомӯзем, чанд лоиҳаи сода, мисли «Hello World», месозем ва аз ин эҳсоси хуб пайдо мекунем, зеро фикр мекунем чизи наверо омӯхтаем.
Аммо мушкил дар он аст, ки қисми зиёди дониш дар соҳаи нармафзор умри кӯтоҳ дорад. Бисёр фреймворкҳо одатан дар давоми 2 то 5 сол ба авҷи маъруфияти худ мерасанд. То замоне ки шумо дар як технология маҳорати баланд пайдо мекунед, шояд он аллакай кӯҳна шуда, ба қатори технологияҳои меросӣ — Legacy — гузашта бошад.
Бо пайдоиши абзорҳои тавлиди код бар асоси зеҳни сунъӣ, ин раванд боз ҳам тезтар шудааст. Имрӯз бисёр одамон бо технологияҳое код менависанд, ки ҳеҷ гоҳ онҳоро дуруст наомӯхтаанд: танҳо бо ёрии зеҳни сунъӣ ва бе дарки амиқи абзорҳо ва мафҳумҳои паси онҳо.
Баръакс, касоне, ки барои омӯхтани мафҳумҳои бунёдӣ ва асосҳо вақт сарф мекунанд, метавонанд технологияҳои навро хеле зудтар аз худ кунанд, зеро принсипҳои зербиноии онҳоро мефаҳманд.
Аз ин рӯ, ба ҷойи он ки ҳар моҳ саросемавор аз паси омӯхтани фреймворки нав равем, беҳтар аст вақти бештарро ба омӯхтани чизҳое бахшем, ки тағйир намеёбанд.
Дар идомаи мақола ин мавзӯъҳоро баррасӣ мекунем:
- Умри фреймворкҳо кӯтоҳ аст: фреймворкҳои маъруф одатан пас аз чанд сол ҷойи худро ба навъҳои навтар медиҳанд, аммо мафҳумҳои бунёдӣ пойдор мемонанд.
- Чаро асосҳо муҳиманд? Забонҳо ва абзорҳо тағйир меёбанд, аммо мафҳумҳое чун номгузории дуруст, қолабҳои тарроҳӣ ва дарки тарзи кори системаҳо ҳамеша корбурд доранд.
- Зеҳни сунъӣ ниёз ба дониши бунёдиро бештар кардааст: AI метавонад код тавлид кунад, аммо наметавонад қарорҳои меъморӣ қабул кунад ё талаботи мураккаби тиҷоратро дуруст дарк намояд.
- Барномасозони муваффақ танҳо мутахассиси абзор нестанд: касоне, ки системаҳо ва асосҳои муҳандисии нармафзорро амиқ мефаҳманд, ба технологияҳои нав осонтар мутобиқ мешаванд.
- Қоидаи 80/20 дар омӯзиш: қисми бештари вақти омӯзиш бояд ба мафҳумҳои бунёдӣ бахшида шавад; фреймворкҳоро метавон дар ҷараёни кор омӯхт.
Акнун ба баррасии ин мавзӯъҳо мегузарем.
Умри фреймворкҳо кӯтоҳ аст
Агар муддати зиёд дар соҳаи нармафзор фаъолият карда бошед, ҳатман шоҳиди пайдоиш ва аз истифода баромадани фреймворкҳои зиёде шудаед. Фреймворкҳое чун GWT, Apache Tapestry, Backbone.js ва Knockout.js замоне хеле маъруф буданд ва барномасозон барои омӯхтани онҳо вақти зиёдеро ба хондани ҳуҷҷатгузорӣ сарф мекарданд. Аммо имрӯз бисёре аз онҳо дигар ҷойгоҳи пешинаи худро надоранд.
Баррасии раванди маъруфияти фреймворкҳои JavaScript аз ҷониби Stack Overflow низ ҳамин ҳолатро нишон медиҳад. Фреймворк одатан дар давоми чанд сол марҳилаҳои рушд, авҷи маъруфият ва сипас коҳиши истифодаро мегузарад. Масалан, тақрибан соли 2011 фреймворкҳое чун Backbone, Knockout ва Ember интихоби маъруф буданд, аммо баъд аз чанд сол вазъ тағйир ёфт ва ҳатто нусхаи аввали Angular низ дигар дастгирӣ намешуд.
Технологияҳо аз ҷиҳати дарозии умр низ фарқ мекунанд. Одатан забонҳои барномасозӣ беш аз 10 сол, пойгоҳҳои додаҳо тақрибан 7 то 10 сол ва фреймворкҳои бекенд тақрибан 3 то 5 сол пойдор мемонанд. Давраи маъруфияти фреймворкҳои фронтенд бошад, ҳатто метавонад ҳамагӣ тақрибан 18 моҳ бошад.
Баррасии умри муфиди код низ ҳамин равандро тасдиқ мекунад. Таҳлили беш аз 26 лоиҳаи дорои рамзи кушода нишон додааст, ки умри миёнаи муфиди тағйироти код тақрибан 3,33 сол аст. Дар ин миён фреймворкҳои фронтенд, монанди Angular, умри хеле кӯтоҳтар доранд, дар ҳоле ки технологияҳое чун Linux пойдории бештар нишон медиҳанд.
Ҳар қадар ба қабатҳои болоии технология наздиктар шавем, суръати тағйирот бештар ва умри абзорҳо кӯтоҳтар мешавад. Аз ҳамин сабаб, сарф кардани вақт барои мафҳумҳое, ки дар паси ин абзорҳо қарор доранд, аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Чаро мафҳумҳои бунёдӣ муҳиманд?
Вақте мафҳумҳои бунёдиро хуб мефаҳмед, дар асл бо принсипҳо ва ғояҳое шинос мешавед, ки дар паси фреймворкҳо ва забонҳои гуногуни барномасозӣ қарор доранд. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо технологияҳои нав чандиртар бошед. Ҳатто вақте фреймворк маҳдудият дорад ё ниёзи шуморо қонеъ карда наметавонад, шумо метавонед роҳи ҳалли муносиб пайдо кунед.
Забонҳои барномасозӣ аз ҳам фарқ мекунанд, аммо бисёр мушкилот дар ҳамаи онҳо монанданд. Номгузории нодуруст дар ҳар забон мушкил эҷод мекунад. Фреймворкҳо тағйир меёбанд, аммо қолабҳои тарроҳӣ ҳамоно корбурд доранд. Технологияҳо ва маҷмӯи абзорҳои нармафзор гуногунанд, вале мафҳумҳое чун ҳамзамонӣ, сохторҳои додаҳо, системаҳои тақсимшуда ва меъмории тоза дар ҳамаи онҳо муҳиманд.
Донистани асосҳо ёрӣ медиҳад, ки аз фреймворкҳо беҳтар истифода баред. Зеро шумо танҳо дастурҳои як дарсро иҷро намекунед, балки медонед, ки дар паси парда чӣ мегузарад ва чӣ гуна абзорро ба ниёзи худ мутобиқ кардан мумкин аст.
Масалан, веббарномаеро тасаввур кунед, ки корбарон метавонанд дар он тасвир боргузорӣ карда, бо дигарон мубодила кунанд. Фарз мекунем ин барнома бо фреймворки маъруфе, монанди Ruby on Rails, сохта шудааст. Шояд дар оғоз онро бо ёрии зеҳни сунъӣ ё бо суръати баланд таҳия карда бошед ва ҳама чиз хуб кор кунад. Аммо бо зиёд шудани корбарон мушкилоте чун сустшавӣ ва афзоиши сарбории система пайдо мешаванд.
Дар ин марҳила роҳи ҳалро танҳо аз ҳуҷҷатгузории фреймворк ё абзорҳои тавлиди код пайдо карда наметавонед. Шумо бояд бидонед, ки код дар зерсохтор чӣ гуна иҷро мешавад, сабтҳои рӯйдодҳо — логҳо — чӣ гуна хонда мешаванд ва сарчашмаи мушкили асосӣ кадом қисми система аст.
Барномасозе, ки мафҳумҳои бунёдиро медонад, метавонад нуқтаҳои маҳдудкунандаи кори системаро пайдо кунад ва роҳҳое чун истифодаи CDN, беҳсозии коркарди тасвирҳо, илова кардани кеши муносиб ё тағйир додани тарзи нигоҳдории додаҳоро пешниҳод намояд.
Дар ниҳоят, ҳалли мушкилоти мураккаб аз пайравӣ ба ҳуҷҷатгузорӣ ё истифодаи абзорҳои зеҳни сунъӣ ба даст намеояд, балки аз дарки амиқи тарзи кори системаҳо сарчашма мегирад.
Оё мафҳумҳои бунёдиро тавассути фреймворкҳо омӯхтан мумкин аст?
Албатта, фреймворкҳо метавонанд роҳи хубе барои омӯхтани баъзе мафҳумҳои асосӣ бошанд. Масалан, омӯхтани Ruby бо Rails метавонад шуморо бо мафҳумҳое чун ACID ва ORM шинос кунад. Кор бо React бошад, метавонад баъзе ғояҳои барномасозии функсионалиро омӯзонад.
Аз тарафи дигар, ҳеҷ кас ҳама чизро аз сифр ва танҳо бар асоси назария намеомӯзад. Барномасозон дар муҳитҳое меомӯзанд, ки имкони озмоиш ва зуд дидани натиҷа вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, таърифи «мафҳумҳои бунёдӣ» на ҳамеша комилан равшан аст. Баъзеҳо онро танҳо алгоритмҳо ва риёзиёт медонанд, дар ҳоле ки дигарон муҳандисии нармафзор, тарроҳӣ, санҷиш, ба муҳити корӣ баровардан ва давраи ҳаёти нармафзорро низ ҷузъи он мешуморанд.
Пас, марзи байни мафҳумҳои бунёдӣ ва фреймворкҳо ҳамеша равшан нест. Ҳадаф ин нест, ки фреймворкҳоро канор гузорем. Мо бояд дар баробари истифодаи абзорҳо, принсипҳоеро низ омӯзем, ки бо тағйир ёфтани технологияҳо ҳам арзиши худро нигоҳ медоранд.
Зеҳни сунъӣ аҳамияти мафҳумҳои бунёдиро бештар кардааст
Бо назардошти он ки имрӯз абзорҳои зеҳни сунъӣ қисми назарраси кодро тавлид мекунанд, шояд гумон кунем, ки омӯхтани мафҳумҳои бунёдӣ дигар чандон муҳим нест. Аммо воқеият баръакс аст. Сабаб сода аст:
Зеҳни сунъӣ код тавлид мекунад, аммо масъулияти он код бар дӯши шумост.
Ёварони барномасозии зеҳни сунъӣ барои тавлиди коди такрорӣ, пешниҳоди қолабҳо ва кумак дар навиштани дастурҳои дуруст хеле муфиданд. Аммо аз шароит ва заминаи лоиҳа дарки амиқ надоранд.
Зеҳни сунъӣ дар ҷаласае, ки роҳбарон дар бораи хароҷот ва самаранокии система қарор қабул мекунанд, ҳузур надорад. Намедонад, ки низоми хизматрасонӣ ба муштариён бояд бо сатҳи хеле баланди дастрасӣ тарҳрезӣ шавад, дар ҳоле ки шояд чанд соат аз дастрасӣ берун мондани панели дохилӣ қобили қабул бошад. Ҳамчунин наметавонад мақсади воқеии ҷумлаҳое чун «барнома бояд зуд кор кунад»-ро бифаҳмад: шояд мақсади роҳбар ин бошад, ки «хароҷоти зерсохтор бояд паст бимонад».
Зеҳни сунъӣ метавонад код нависад, аммо наметавонад тамоми робитаҳо ва қарорҳои паси як системаро дарк кунад.
Хатарҳои ин масъала дар омор низ дида мешаванд. Қисме аз коди тавлидкардаи зеҳни сунъӣ метавонад мушкилоти амниятӣ дошта бошад ва бидуни бозбинии дақиқ эҳтимоли боқӣ мондани хатоҳо дар он бештар аст. Аз ин рӯ, коди тавлидкардаи AI бояд бо ҳамон диққате баррасӣ шавад, ки коди навиштаи барномасози навкор баррасӣ мешавад.
Ба ҳамин сабаб, малакаҳое чун ислоҳи хатоҳо, бозбинӣ ва санҷидани дурустии коди тавлидкардаи зеҳни сунъӣ аҳамияти бештар пайдо кардаанд. Дуруст анҷом додани ин корҳо бе заминаи қавӣ дар барномасозӣ ва муҳандисии нармафзор имконнопазир аст.
Бе донистани мафҳумҳои бунёдӣ, баррасии коде, ки зеҳни сунъӣ навиштааст, хеле душвор хоҳад буд. Шумо наметавонед дуруст муайян кунед, ки чаро барнома кор мекунад, дар кадом ҳолат метавонад аз кор монад ё чӣ гуна бояд онро барои шароити нав тағйир дод.
Дар давраи зеҳни сунъӣ арзишмандтарин барномасозон касоне нестанд, ки беҳтарин промптҳоро менависанд. Арзишмандтаринҳо касонеанд, ки медонанд дар паси парда чӣ мегузарад, метавонанд натиҷаи AI-ро беҳтар кунанд ва онро дар баробари мушкилоти оянда устувор гардонанд.
Ин нуктаро фаромӯш накунед: истифодаи зеҳни сунъӣ бе донистани мафҳумҳои бунёдӣ метавонад ба ҷойи кумак ба як хатар табдил ёбад.
Ба мутахассиси ҳамаҷониба табдил ёбед
Таърихи таҳияи нармафзор борҳо як раванди монандро нишон додааст. Вақте технологияи нав муаррифӣ мешавад, бисёриҳо гумон мекунанд, ки он ҷойи малакаҳои пешинаро мегирад. Аммо дар аксари ҳолатҳо натиҷа дигар будааст.
Барномасозони забони ассемблер замоне фикр мекарданд, ки компиляторҳо ҷойи онҳоро мегиранд. Аммо компиляторҳо ба онҳо имкон доданд, ки дар сатҳи баландтари абстраксия кор кунанд ва нармафзори мураккабтар созанд. Муҳандисони зерсохтор низ замоне нигарон буданд, ки ҳисоббарории абрӣ ҷойҳои кориашонро аз байн мебарад. Аммо дар амал он боиси пайдоиши лоиҳаҳо, ширкатҳо ва имкониятҳои нави корӣ шуд.
Зеҳни сунъӣ низ ҳамин роҳро тай мекунад. Осонтар шудани воридшавӣ ба барномасозӣ маънои бениёз шудан аз малакаро надорад, балки ниёз ба малакаҳои амиқтарро бештар мекунад.
Вақте AI қисми бештари коднависиро анҷом медиҳад, нақши инсон бештар ба корҳое равона мешавад, ки дарк ва қабули қарорро талаб мекунанд:
- Дарки системаҳо.
- Қабули қарорҳои меъморӣ.
- Барқарор кардани тавозун байни интихоби роҳҳои гуногун.
- Фаҳмидани ҳадафи воқеии паси талабот.
Яке аз шарҳҳои ҷолиби ин масъала парадокси Ҷевонс — Jevons Paradox — аст. Уилям Ҷевонс соли 1865 мушоҳида кард, ки бо зиёд шудани самаранокии муҳаррикҳои буғӣ дар истифодаи ангишт, истеъмоли ангишт кам нашуд, балки афзуд. Сабаб ин буд, ки самаранокии бештар барои ин технология корбурдҳои нав ба вуҷуд овард.
Ҳамин ҳолат дар ҷаҳони технология низ дида мешавад. Бо коҳиш ёфтани хароҷоти истифодаи моделҳои зеҳни сунъӣ, ҳаҷми истифодаи онҳо ба таври назаррас афзудааст, зеро ширкатҳо метавонанд AI-ро дар бахшҳои бештар истифода баранд.
Дар давраи зеҳни сунъӣ барномасозони муваффақ бояд бештар ба мутахассиси ҳамаҷониба — Expert Generalist — монанд бошанд. Яъне шахсе, ки танҳо як абзор ё забони муайянро намедонад, балки дар бораи системаҳо, меъморӣ, муошират, тиҷорат ва қарорҳои муҳандисӣ дарки васеъ дорад.
Expert Generalist касе нест, ки аз ҳама чиз андаке медонад. Ӯ муҳандисест, ки метавонад ба масъалаи мураккаб ворид шавад, сохтори системаро зуд дарк кунад, нуқтаҳои муҳимро пайдо намояд ва бе вобастагии зиёд ба дигарон роҳи ҳалли муносиб пешниҳод кунад.
Барои ба чунин барномасоз табдил ёфтан, бояд малакаҳое чун тафаккури системавӣ, тарҳрезии меъморӣ, муоширати муассир, дарки тиҷорат, масъулиятшиносӣ ва қобилияти баррасиву арзёбии коди тавлидкардаи AI-ро инкишоф диҳем.
Дар ниҳоят, зеҳни сунъӣ ҷойи барномасозонеро намегирад, ки асосҳоро медонанд. Он бештар барномасозонеро дар хатари аз даст додани ҷойгоҳашон қарор медиҳад, ки танҳо ба абзорҳо вобастаанд.
Қоидаи 80/20 дар омӯзиш
Аммо вақти омӯзишро чӣ гуна идора кунем? Як роҳи амалӣ ин аст, ки 80 дарсади вақти омӯзишро ба мафҳумҳои бунёдӣ ва 20 дарсадро ба фреймворкҳо, китобхонаҳо ва абзорҳои нав бахшем.
Сабаб сода аст. Шумо эҳтимол фреймворкҳоро дар ҷараёни кори воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои лоиҳаҳо меомӯзед. Аммо касе дар муҳити кор ба шумо асосҳои тарҳрезии система, навиштани коди тоза ё қолабҳои системаҳои тақсимшударо намеомӯзонад. Омӯхтани ин мафҳумҳо бештар ба кӯшиши шахсии шумо вобаста аст.
Ҳангоми омӯхтани технологияи нав беҳтар аст ба таъсири Линди — Lindy Effect — диққат диҳед. Ин мафҳум мегӯяд: ҳар қадар технология ё ғоя муддати бештар истифода шуда бошад, эҳтимоли пойдор мондани он дар оянда бештар аст.
Технологияҳое чун C, SQL, HTTP ва REST таърихи чандиндаҳсола доранд, аммо ҳамоно дар қисми бузурги соҳа истифода мешаванд. Баръакс, фреймворки наве, ки имрӯз хеле маъруф шудааст, шояд пас аз чанд сол ҷойгоҳи худро аз даст диҳад.
Аз ин рӯ, шитоб кардан барои омӯхтани ҳар абзори нав на ҳамеша қарори дуруст аст. Вақт беҳтарин полоишгар аст. Ба омӯхтани мафҳумҳое вақт сарф кунед, ки дар лоиҳаҳо, дастаҳо ва соҳаҳои гуногун истифода бурда мешаванд.
Мафҳумҳои бунёдии арзанда барои омӯзиш
- Алгоритмҳо: асоси ҳалли масъалаҳо дар барномасозӣ мебошанд. Дарки мураккабии вақтӣ ва хотиравӣ ба шумо ёрӣ медиҳад, ки дар бораи роҳҳои гуногуни ҳал қарорҳои беҳтар қабул кунед.
- Сохторҳои додаҳо: донистани он ки кай бояд аз Hash Map, дарахт, навбат ё сохторҳои дигар истифода бурд, фарқи байни кодеро, ки танҳо кор мекунад, ва кодеро, ки самаранок ва қобили тавсеа аст, муайян мекунад.
- Тарроҳӣ ва меъмории нармафзор: мафҳумҳое чун MVC, фарқи меъмории микросервисӣ аз монолитӣ, принсипҳои SOLID ва тарроҳии модулӣ ба шумо кумак мекунанд, ки системаҳои нигоҳдориашон осон созед. Фреймворкҳо тағйир меёбанд, аммо асосҳои тарроҳии хуб устувор мемонанд.
- Қолабҳои тарроҳӣ: фреймворкҳо меоянд ва мераванд, аммо қолабҳое чун Observer, Strategy ва Factory дар технологияҳои зиёде дида мешаванд. Шинохтани ин қолабҳо имкон медиҳад, ки сохтори фреймворкҳои гуногунро зудтар дарк кунед.
- Қолабҳои системаҳои тақсимшуда: дар ҷаҳони микросервисҳо ва системаҳои Cloud Native мафҳумҳое чун теоремаи CAP, мувофиқати ниҳоии додаҳо — Eventual Consistency — ва таҳаммулпазирӣ ба хатоҳо аҳамияти зиёд доранд.
- Санҷиши нармафзор: қобилияти навиштани санҷишҳои муносиб, дарки пирамидаи санҷиш — Test Pyramid — ва шиносоӣ бо TDD ба шумо эътимод мебахшанд, то кодро бе тарс тағйир диҳед ва беҳтар созед.
- Тарҳрезии система — System Design: яке аз муҳимтарин малакаҳо дар сатҳҳои аршад буда, дар сохтани системаҳои бузург ва қобили миқёспазирӣ нақши муҳим дорад.
- Коди тоза — Clean Code: навиштани коде, ки барои одамон ва барномасозони оянда фаҳмо бошад, малакаест, ки арзиши он дар тӯли фаъолияти касбӣ бештар мешавад.
Китобҳое, ки арзиши хондан доранд
Агар ният доред мафҳумҳои бунёдиро амиқ омӯзед, ин китобҳо аз манбаъҳои пойдори соҳаи муҳандисии нармафзор мебошанд:
- The Pragmatic Programmer, навиштаи David Thomas ва Andrew Hunt. Дар бораи тафаккури муҳандисӣ ва сохтани нармафзори босифат.
- Code Complete 2, навиштаи Steve McConnell. Яке аз манбаъҳои фарогир дар бораи раванди сохтани нармафзор.
- Designing Data-Intensive Applications, навиштаи Martin Kleppmann. Дар бораи тарзи кори системаҳои тақсимшуда, нигоҳдории додаҳо, транзаксияҳо ва миқёспазирӣ.
- Design Patterns: Elements of Reusable Object-Oriented Software, навиштаи Gang of Four. Китоби классикӣ дар бораи қолабҳои тарроҳии нармафзор.
- Introduction to Algorithms (CLRS). Яке аз манбаъҳои муътабартарин барои омӯхтани алгоритмҳо.
- Clean Code, навиштаи Robert C. Martin. Китобе дар бораи навиштани коди хонданбоб ва нигоҳдориаш осон.
Ҷамъбаст
Дар ҷаҳони босуръати технология аз паси ҳар фреймворк ва абзори нав рафтан метавонад моро аз омӯхтани чизҳои муҳим дур кунад. Фреймворкҳо умри кӯтоҳ доранд ва технологияи маъруфи имрӯз шояд пас аз чанд сол ҷойгоҳи худро аз даст диҳад. Аммо мафҳумҳое чун алгоритмҳо, сохторҳои додаҳо, меъмории нармафзор, тарҳрезии система ва асосҳои муҳандисии нармафзор ҳамоно арзиши худро нигоҳ медоранд.
Зеҳни сунъӣ низ ин ҳолатро тағйир надодааст, балки аҳамияти онро бештар кардааст. AI метавонад дар навиштани код кумак кунад, аммо дарки система, қабули қарорҳои меъморӣ ва муайян кардани мушкилоти мураккаб ҳамоно ба дониш ва таҷрибаи инсон ниёз доранд.
Беҳтарин роҳи омӯзиш барои барномасоз омезиши шинохти абзорҳои муосир ва амиқ омӯхтани мафҳумҳои бунёдӣ аст. Фреймворкҳоро омӯзед, аммо нагузоред, ки онҳо ҷойи асосҳоро бигиранд. Касе, ки заминаи қавӣ дорад, метавонад ҳар технологияи навро зудтар омӯзад ва ба тағйироти соҳаи нармафзор мутобиқ бимонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё