ОЙИНИ КИТОБ ХОНДАН
Устод Абулфазли Байҳақӣ мефармояд, ҳеч китобе нест, ки арзиши як бор хонданро надошта бошад.
Аммо устод дар садаи 11 мелодӣ мезист, он замон касоне, ки хондаю навишта метавонистанд, нисбатан кам буданд, онон ки ба таълифи китоб машғул буданд камтар. Дар ду забони форсӣ ва арабӣ, ки устод Байҳакӣ балад буд, мехонду менавишт шумораи китобҳои таълифшуда шояд на бештар аз панҷ ҳазор буд ва, албатта, на ҳамаи он ҳам барои ӯ дастрас, чун ҳанӯз санъати чоп ҳам кашф нашуда буд ва қаламрави уд забони арабиву форсӣ хеле густардаю бовусъат…..
Ҳоло ҳамарӯза ба форсию (ба ду ҳуруфи форсию кирилӣ) русӣ (ду забоне, ки бештари мардуми мо балад ҳастанд) садҳо китоб чоп ва мунташир мешавад. Ҳавопаймою мошин ва низ интернет дастрасӣ ба ин китобҳоро осон ва сода кардаанд…. Вале аслан мумкин нест, ки ҳеч китобхоне битавонад ҳатто номи ҳамаи ин китобҳоро бихонад…
Пас, ду нукта муҳим аст, қабл аз ҳама бояд донист, чӣ китобҳоро бояд хонд ва чӣ китобҳоро набояд хонд. Интихоб карда тавонистан бисёр муҳим аст……
Агар нависанда, аз қабл барои хонанда ошно бошад, таълифоти ӯ бо завқаш созгор бошад, сабки ӯро писандад, пас хонанда метавонад китоби тозаи ӯро ҳам бихонад.
Хонандае, ки завқи хуб дорад, завқашро бо адабиёти асил парвардааст, метавонад аз як-ду саҳифаи аввал барои худ муайян кунад, ки давоми китобро бихонад, ё вақташро беҳуда сарф накунад. Аммо хонандаи ҷавон ва камтаҷриба бояд ҳатман аз соҳибзавқон машвара ва тавсия бигирад ва танҳо китоберо бихонад, ки ба рушди маънавиаш мусоидат менамояд, ба завқаш латма намезанад, боиси хароб шудани забонаш намегардад…….
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё