АЗ ҲАМА ШИРИНТАР ЧИСТ?
БОЛИШТ
Дар кишвари Чин як болишт дар як меҳмонхона хидмат мекард: меҳмонону мусофирон болиштро ба зери сарашонро гузошта хоб мерафтанд.
Аммо болишт бисёр шўху шайтон буд, ҳамин ки меҳмонро ғанаб мебурд ё дар айни ширинии хобаш, якбора шўру валвала мебардошт.
– О, бархез, меҳмон, бархез, ки замин ҷунбид! – дод мезад вай.
Ё ба гўши меҳмон пичиррос мезад:
– Эй мард, бархез, субҳ дамид.
Меҳмон саросема аз ҷой мехест ва ба тарафи
тиреза нигоҳ карда, ҳайрон мешуд: дар осмон ситораҳо ҳанўз чашмак мезананд, яъне шаб нисф ҳам нашудаст ва чизе нафаҳмида, аҷаб коре шуд гуфта, дубора ба ҷойгаҳ медаромад.
Баъзан болишт ба меҳмон чистон ё муаммо гуфта, сари ўро гаранг мекард ё ягон суруди шўх хонда, меҳмони бечораро ба рақсу бозӣ медаровард.
Албатта, болишт хурсанд буд, нороҳату ошуфта шудани одамонро дида, завқ мебурд.
Вале одамон намедонистанд, ки ин ҳама нағмаҳои болишт аст. Онҳо гумон мекарданд, ки хоб диданд, ё дар сарашон ҳамин хел хаёл парваридаанд. Баъзе меҳмонҳо гумон мекарданд, ки девона шудаанд…
Аммо боре ба меҳмонхона мусофире аз роҳи дур омад. Ҳамон шаб дар зери сари вай ҳамин болишти шўхро гузоштанд.
Чӣ шаби пурдаҳшат буд он шаб, вале на барои мусофир, балки барои болишт. Меҳмон як ё ду сол инҷониб сар нашуста будаст. Аз бўйи баду чирки бисёр нафаси болишт дарун зад, дилаш беҳузур шуд. Болои сўхта намакоб, меҳмон ё роҳзан буд, ё сардори дуздон ё ягон айёру дурўғгўй, ки бо хаёлу андешаҳои шум ва орзуҳои бад то субҳидам болиштро азоб дод.
Болишт аз дашному ҳақорат низ пур шуд. Аз афташ, ин марди мусофир дар умраш ба ягон кас як ҳарфи ширин нагуфта будаст. Вай пайваста хуррак мекашид ва дар хаёлу андешааш гоҳо ба анбори ғалла даромадан мехост, гоҳо дари оҳанини хазинаеро шикастанӣ мешуд. Баъзан кадомеро зери мушту лагад мегирифт. Дар ин ҳангом хобу хоболуд болиштро муштборон мекард… Ин мард бадмаст низ буд, ки дар хаёлаш ба ягон ошхона даромада, шароб нўшидан мехост…
Болишт девона шуд. Ин меҳмон як шаби дигар дар меҳмонхона мемонд, зинда мондани болишт дар гумон буд. Хушбахтона, вай субҳи содиқ аз хоб бархесту борхалтаашро гирифту ҳаққи меҳмонхонаро надода, аз тиреза худро берун афканд ва ғайб зад.
Пагоҳӣ соҳиби меҳмонхона ба ҳуҷра даромад ва онро холӣ дид. Албатта, вай ҳамон замон фаҳмид, ки меҳмон гурехтаст.
Бисёр ғусса хўрд.
Аммо болишт хурсанд буд, хурсанд буд, ки меҳмон дигар ба ин тарафҳо намеояд.
Болишт имшаб боз як чизи дигарро низ фаҳмид, фаҳмид, ки бехобӣ чизи бисёр бад будаст, одамонро шабона азоб додану масхара кардан кори аз он ҳам бадтар ҳисоб меёфтаст. Болиш қасам хўрд, сахт қасам хўрд, ки минбаъд ба ҳар меҳмон аз дилу ҷон хизмат мекунад, дар зери сари ў хомўшу ором меистад, намеҷунбад, овоз намебарорад, нарму гарм мешавад.
– Бигузор меҳмон хоби ширин раваду хобҳои хуш бубинад! – хитоб кард вай дар охир.
БУЛБУЛ
Буд набуд, як булбул буд. Вай суруди бисёр медонист ва ҳар гоҳ чаҳ-чаҳ мезад, насими раҳгузар лаҳзае истода гўш медод, гўш дода, ҷонаш роҳат мекард, хурсанд шуда ташаккур мегуфту виз-визкунон садои булбулро ба манзили дигар мебурд.
Рўзе як мард аз забони бод чаҳ-чаҳи булбулро шунида, ба худ гуфт:
– Ин булбулро дошта ба қафас мегирам, агар чунин накунам, номамро тағир медиҳам!
Мард ба манзили булбул омад, дом гузошта, булбулро асир кард ва дар қафас гирифту ба хонааш бурд.
Ҳамсояҳо ва ёру шиносу дўстони мард ба дидану шунидани булбул омаданд. Булбул нағмаҳо мекард, одамон ба ҳавои нағмаи булбул сар ҷунбонда мегуфтанд:
– Бай-бай, – аҷаб булбули ширинадо будаст!
Мард ифтихор карда, курта-курта гўшт мегирифт. Аммо ҳеҷ касс намедонист, ки булбул чиҳо мегўяд. Булбул мегуфт:
– Эй, мардуми нодон, эй ҷоҳилу бехабарон, шаҳри шумо барои ман хушку берўҳ аст, хонаҳои якрангу баланд ва мошинҳои бешуморатон маро дилгир карданд, шумо лоақал ҳаво надоред, ки осону осуда нафас кашам. Равед, боғ бунёд кунед, кўчаҳои худро гулзор кунед, ман манзили камсадою хушҳаво мехоҳам, дар хиёбону гулгаштҳои зебо пар зада суруди нав хондан мехоҳам…
Аммо одамон чизе нафаҳмида, ба чаҳ-чаҳи булбул гўш медоданд ва хотирашон ҷамъ буд, ки мардуми оқилу доноянд. Ҳама сар ҷунбонда мегуфтанд:
– Бай-бай, аҷаб булбули ширинадо будаст...
ГАРДАНИ ЗАРРОФА
Буд набуд, як заррофа буд, почадарозу гардандарозу кутоҳдум.
Заррофа як рўз ташна монда, ба лаби кўл омад. Омаду пойҳояшро васеъ гузошт ва сар хам карда об нўшид.
Ду шағол дуртар истода, об нўшидани вайро тамошо карданд. Баъд, яке гуфт:
– Чӣ фойида аз ин хел гардани дароз?
Бемалол об нўшида наметавонӣ.
Заррофа сар боло кард, нафаси чуқур кашид, вале чизе нагуфт. Пас, дубора сар хам кард, ки ташнагиашро дурусттар шиканад.
Ин лаҳза шағоли дигар вайро масхара кард:
– Пойҳои дарозат барои об нўшидан халал расонданд. Пойҳоятро буридан даркор!
Заррофа ташнагиашро шикасту сар боло кард. Қоматашро рост гирифт. Ба атроф нигарист. Баъд пурсид:
– Об нўшидед?
– Акнун менўшем, – ҷавоб доданд шағолҳо.
ГУНҶИШКАК МАКТАБРАВ ШУД
Буд набуд, як гунҷишкак буд. Гунҷишкак аз тухм баромада, ба воя расида, бори нахуст аз лона сар бароварда, берунро тамошо кард.
Ин лаҳза аз кўча бачаҳо мегузаштанд.
– Инҳо кистанд? – пурсид гунҷишкак аз очааш.
– Инҳо бачаҳоянд, – ҷавоб дод очааш.
– Куҷо мераванд? – боз пурсид гунҷишкак.
– Мактаб мераванд.
– Мактаб чӣ ҷой аст? – ҳайрон шуд гунҷишкак.
Очааш гуфт:
– Дар мактаб хондану навиштанро ёд мегиранд, бозӣ мекунанд, соҳиби ақлу одоб мешаванд...
– Хондану навиштану ақлу одоб барои чӣ даркор аст?
– Барои ҳар чӣ, – фаҳмонд гунҷишк. – Вақте бачаҳо соҳиби ақлу одоб шуданд, ба тарафи мо санг намепартоянд, лонаи моро вайрон намекунанд. Баръакс, барои мо лона месозанду дона мерезанд.
Гунҷишкак хурсанд шуд ва гуфт:
– Ҷойи нағз будаст мактаб. Вақте парончак шудам, албатта, мактаб меравам!
Баъди чанд рўз гунҷишкак парончак шуд.
Албатта, вай боз чанд рўз ҳамроҳи очааш
гаштугузор кард. Дар ин миён тобистон рафту тирамоҳ омад ва тирамоҳ ҳам рафту зимистон омад. Вақте ки зимистон ҳам рафту баҳор омад, гунҷишкак мактаб рафт – дар зери боми мактаб, дар шафати тарнове лона сохт.
Акнун вай ҳар рўз дар мактаб аст!
ГУРГ ВА ШАҒОЛ
Рўзе гург заргўшеро шикор карда, ба сояи дарахте рафт ва ба хўрдан машғул шуд. Аз куҷое шағоле омаду гуфт:
– Эй, бародари гиромиқадри бемислу бемонад ва яктои замон, дар ин бешаи торику ваҳмангез чун ту ягон ҳайвони саховатманд надидам…
Гург сухани шағолро бурида пурсид:
– Ту гурусна ҳастӣ?
– Бале, – ҷавоб дод шағол, – шаш рўз аст, ки луқмае ба даҳон набурдаам.
Гург рўдаву ишкамбаи заргўшро ба шағол дод.
Бори дигар гург дар сояи ҳамин дарахт дароз кашида пинак мерафт, ки шағол омаду гуфт:
– Эй гург, ман тамоми ҷондори бешаро санҷидаму имтиҳон кардам. Дар сари ягон ҳайвон заррае ақлу фаросат нест. Мехоҳӣ туро низ имтиҳон кунам?
Гург пинакашро вайрон накарда, пурсид:
– Маълум, ки имрўз ишкамат пур аст, шағол…
ДАР ХОНАИ ҶАЙРА
Ин воқеа дар беша рўй дод. Ҷайра зодрўз дошт. Вай рўбоҳ, шағол, гург ва заргўшакро ба меҳмонӣ даъват кард. Рўбоҳу шағолу гург ҳозир шуданд, аммо заргўшак дер кард.
– Чаро заргўшак дер кард? – хавотир шуд ҷайра.
– Эҳтимол, раҳгум зад, – ҷавоб дод рўбоҳ.
– Шояд кори зарур баромаду акнун наояд,
– гуфт шағол.
Гург гуфт:
– Вай на раҳгум заду на кори зарураш баромад. Заргўшаки бомаззаро гург хўрдагист.
– Нияти бад накун, – хавотир шуд рўбоҳ. – Заргўшак меояд, албатта, меояд!
– Ҳа, меояд! – хитоб кард шағол. – Ниятро нек кунед.
Аммо ҷайра гуфт:
– Гург заргўшакро чӣ хел мехўрад? Охир, гург ту ҳастӣ ва дар хонаи ман нишастӣ?!
– Э, бубахшед, – шарм дошта узр пурсид гург. – Заргўшак ҳамин замон меояд…
Ҳамин вақт дар кушода шуду заргўшак «Ассалом!» – гуфта, ба хонаи ҷайра даромад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё