Зеҳн

Ояндаи биржа: вақте марзи бозори сармоя ва крипто аз байн меравад

БА
Барномасоз25 сентябри 2026 · 14 дақиқа хондан

Солҳост, ки ҳангоми суҳбат дар бораи ояндаи биржа бо як саволи такрорӣ рӯ ба рӯ мешавем: оё блокчейн ҷойи биржаро мегирад?

Ба назари ман, ин савол моҳияти масъаларо дуруст муайян намекунад.

Саволи муҳимтар ин аст:

Агар моликият ба дороӣ, муомила, ҳисоббаробаркунӣ, интиқол, ба гарав гузоштан ва ҳатто иҷрои як қисми талаботи назоратӣ дар як зерсохтори муштараки рақамӣ ва барномарезишаванда анҷом ёбанд, он чизе, ки имрӯз «биржа» меномем, чӣ шакл мегирад?

Фикр мекунам, ҷавоби ин савол на дар аз байн рафтани бозорҳои молиявии анъанавӣ аст ва на дар пирӯзии комили ҷаҳони рамзарзҳо(криптовалюта).

Эҳтимол, рӯйдоди муҳимтар ба ҳам наздик шудани ин ду ҷаҳон бошад. Ва дороиҳои ҷаҳони воқеӣ (Real-World Assets — RWA) метавонанд яке аз муҳимтарин пулҳои пайванди онҳо шаванд.

Масъала танҳо рақамӣ шудани биржа нест

Бозори сармоя солҳост, ки рақамӣ шудааст. Фармоиши хариди саҳмияро онлайн сабт мекунем, моликият ба коғазҳои қиматнок дар пойгоҳҳои додаҳо сабт мешавад, муомилаҳо ба таври электронӣ анҷом меёбанд ва қисми зиёди амалиёти бозори сармоя бе коғаз сурат мегирад.

Пас токенсозӣ (Tokenization)-ро набояд танҳо марҳилаи дигари рақамикунонӣ донист.

Фарқи асосӣ дар ҷойи дигар аст.

Дар сохтори кунунии бозорҳои сармоя муомила, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ, сабти моликият, нигоҳдории дороӣ, муқоиса ва мувофиқсозии маълумот ва интиқоли пул одатан дар низомҳо ва муассисаҳои гуногун анҷом меёбанд.

Ин муассисаҳо бояд маълумоти худро бо ҳам мувофиқ кунанд. Аз ин рӯ, қисми муҳими зерсохтори бозори сармоя бар асоси мубодилаи паёмҳо байни низомҳои гуногун сохта шудааст.

Аммо дар сохтори токенишуда худи дороӣ метавонад дар як дафтари кулли муштарак ҷой гирад ва моликияту қоидаҳои интиқоли он қисми сохтори рақамии дороӣ бошанд.

Хазинаи байналмилалии асъор (IMF) дар таҳлили соли 2026 маҳз ба ҳамин фарқ таъкид мекунад: токенсозӣ танҳо равандҳои мавҷударо тезтар намекунад, балки метавонад сохтори эътимод, ҳисоббаробаркунӣ ва идоракунии хавфро дар низоми молиявӣ тағйир диҳад. Муомила, интиқоли моликият ва пардохт метавонанд ҳамзамон ва ба таври атомӣ — яъне ҳамчун як амали ҷудонопазир — анҷом ёбанд (Atomic Settlement).

Ба забони содатар:

Насли пешинаи технология биржаро рақамӣ кард. Насли нав метавонад сохтори биржаро тағйир диҳад.

Вақте дороӣ барномарезишаванда мешавад

Фарз кунем, саҳмия, коғази қиматноки қарзӣ, воҳиди фонди сармоягузорӣ ё ҳатто як қисми дороии воқеӣ дар шакли дороии токенишуда пешниҳод шавад.

Дар чунин шароит токен танҳо нусхаи рақамии санади моликият нест.

Як қисми қоидаҳои марбут ба дороиро низ метавон дар он муайян кард.

Кӣ ҳаққи соҳиб шудан дорад, интиқол дар кадом шароит имконпазир аст, кадом маҳдудиятҳои қонунӣ бояд риоя шаванд, фоида чӣ гуна тақсим гардад ё дороӣ чӣ гуна ҳамчун гарав истифода шавад — ҳамаи инро то андозае дар қарордодҳои ҳушманд (Smart Contracts) татбиқ кардан мумкин аст.

Маҳз дар ҳамин ҷо масъала аз «саҳмия дар блокчейн» хеле васеътар мешавад.

Токенсозӣ метавонад қисматҳои занҷиреро, ки имрӯз барориш, муомила, ҳисоббаробаркунӣ, нигоҳдорӣ, мувофиқсозии маълумот ва ба гарав гузоштанро дар бар мегирад, ба зерсохтори якпорчатар интиқол диҳад.

Хазинаи байналмилалии асъор низ дар таҳқиқоти нави худ дар бораи зерсохторҳои бозори молиявӣ ояндаи эҳтимолиро дар аз байн рафтани пурраи муассисаҳои анъанавӣ намебинад. Ба назари он, эҳтимоли бештар ба пайдоиши модели омехта тааллуқ дорад: як қисми вазифаҳо ба технология ва код мегузарад, аммо бахшҳое мисли идоракунӣ, масъулияти ҳуқуқӣ ва таъмини эътимод ҳамоно бар дӯши муассисаҳои молиявӣ мемонанд.

Ин фарқгузории муҳим аст.

Фикр намекунам, ки блокчейн ҳатман биржа, ширкати брокерӣ, депозитарий ё муассисаҳои молиявиро аз байн мебарад.

Аммо метавонад нақши онҳоро аз нав муайян кунад.

Рӯйдоде, ки дигар танҳо рӯйи коғаз нест

То чанд сол пеш токенсозии бозори сармоя асосан дар доираи лоиҳаҳои озмоишӣ матраҳ мешуд.

Аммо дар соли 2026 нишонаҳои ҷиддитаре дида мешаванд.

Корпоратсияи депозитарӣ ва клирингии ИМА (DTCC), ки яке аз муҳимтарин зерсохторҳои бозори сармояи ҷаҳон аст, моҳи июли соли 2026 эълон кард, ки дороиҳои дар Ширкати депозитарии ИМА (DTC) нигоҳдоришавандаро ба токен табдил дода, бо онҳо дар муҳити воқеии корӣ муомила анҷом додааст. Ин ниҳод ният дорад хизматрасонии токенсозии худро моҳи октябри соли 2026 роҳандозӣ кунад.

17 сентябри соли 2026 Комиссияи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои ИМА (SEC) низ барои озмоиши савдои саҳмияҳои токенишудаи бозори миллии ИМА дар муҳитҳои дохили блокчейн озодкунии муваққатӣ ва шартӣ аз баъзе талабот дод. Ин иқдом нишон медиҳад, ки баҳси токенсозии саҳмияҳо аз сатҳи назариявӣ ба марҳилаи озмоиши сохтори бозор гузаштааст.

Ҳатто Nasdaq моҳи сентябри соли 2026 эълон кард, ки ба ширкати модарии Kraken 100 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Ҳамкории ин ду ширкат рушди зерсохтори саҳмияҳои токенишуда, бозорҳои ҳамеша боз ва пайваст кардани бозорҳои молиявии анъанавӣ ба шабакаҳои ғайримарказиро дар бар мегирад.

Барои ман ин рӯйдодҳо паёми равшан доранд:

Баҳси асосӣ дигар ин нест, ки оё интиқоли бозори сармоя ба зерсохторҳои токенишуда имкон дорад ё не. Масъалаи асосӣ ин аст, ки сохтори ниҳоии ин бозор чӣ гуна тарҳрезӣ мешавад.

Токенсозӣ чӣ қадар бузург хоҳад шуд?

Дар ин ҷо бояд аз муболиға эҳтиёт кард.

Пешгӯиҳои мавҷуда дар бораи ҳаҷми бозори дороиҳои токенишуда хеле фарқ мекунанд.

McKinsey баровард карда буд, ки арзиши дороиҳои молиявии токенишуда, бе ҳисоб кардани рамзарзҳо ва стейблкоинҳо, то соли 2030 метавонад тақрибан ба 2 триллион доллар ва дар сенарияи хушбинона ба ҳудуди 4 триллион доллар расад.

Дар муқобил, Boston Consulting Group (BCG) дар гузориши соли 2026 сенарияи хеле бузургтареро пешниҳод мекунад: дар сенарияи миёна арзиши дороиҳои воқеии токенишуда дар соли 2030 тақрибан 14 триллион доллар баровард мешавад. Худи гузориш таъкид мекунад, ки имрӯз ин бозор нисбат ба бозорҳои молиявии анъанавӣ ҳанӯз хеле хурд аст.

Бинобар ин, рақами дақиқро бо итминон пешгӯӣ кардан мумкин нест.

Аммо барои ман самти ҳаракати сармоягузорӣ ва зерсохтор аз ҳаҷми бозор муҳимтар аст.

Бонкҳо, ширкатҳои идоракунии дороиҳо, биржаҳо, депозитарийҳо, биржаҳои рамзарз ва мақомоти танзимгар ҳама як саволи муштаракро меозмоянд: чӣ гуна дороиҳои молиявии анъанавиро дар зерсохторҳои нав баровардан, муомила кардан ва нигоҳ доштан мумкин аст?

Дар тарафи дигари бозор низ рӯйдоди муҳиме ҷараён дорад

То ин ҷо дар бораи ҳаракати бозори молиявии анъанавӣ ба сӯйи зерсохторҳои блокчейн суҳбат кардем.

Аммо рӯйдоди муҳими дигаре аз самти муқобил низ ҷараён дорад. Биржаҳои рамзарз ба сӯйи бозорҳои молиявии анъанавӣ ҳаракат мекунанд. Ин бахш барои ман шояд ҳатто ҷолибтар бошад.

Биржаи рамзарзи насли аввал вазифаи нисбатан мушаххас дошт:

Харидуфурӯши биткоин ва дигар рамзарзҳо.

Аммо рафтори корбар тағйир меёбад.

Корбаре, ки ба муомилаи шабонарӯзӣ, ҳисоббаробаркунии зуд, хариди ҳиссае аз дороӣ (Fractional Investing), интиқоли озоди дороӣ ва дастрасии ҷаҳонӣ одат кардааст, тадриҷан аз дигар навъҳои дороӣ низ ҳамин таҷрибаро интизор мешавад.

Таҳқиқоти Robinhood дар соли 2026 миёни 6811 сармоягузор ва шахси шавқманд ба сармоягузорӣ дар 14 кишвари Аврупо нишонаи ҷолибе аз ин тағйири интизориҳо пешниҳод мекунад.

Дар ин таҳқиқот 48 фоизи сармоягузорон гуфтаанд, ки ҳадди ақал як бор бо сабаби баста будани бозор натавонистаанд саҳмияи дилхоҳашонро муомила кунанд. Дар байни шахсони шавқманд ба саҳмияҳои токенишуда, 49 фоиз имкони муомила дар ҳар вақт, 45 фоиз ҳаққи хизматрасонии камтар, 40 фоиз имкони хариди ҳиссае аз саҳмия ва 35 фоиз ҳисоббаробаркунии қариб фавриро аз бартариҳои асосии ин маҳсулот донистаанд.

Барои ман ин рақамҳо танҳо аз истиқболи маҳсулоти нав хабар намедиҳанд.

Онҳо дар бораи тағйир ёфтани меъёри интизориҳои корбар мегӯянд.

Сармоягузори насли нав шояд дигар напурсад:

«Чаро биржа бояд шабҳо баста бошад?»

Балки бипурсад:

«Чаро дороии ман бояд ба соатҳои кории як бозор маҳдуд бошад?»

Вақте биржаи рамзарз дигар танҳо биржаи рамзарз нест

Ба маҳсулоти нави чанд платформаи бузург назар кунем.

Kraken ҳоло беш аз 100 саҳмия ва фонди биржавии токенишударо дар шакли xStocks пешниҳод мекунад. Ин дороиҳо дар ҳамон муҳит дар баробари рамзарзҳо муомила мешаванд. Ин маҳсулот дар баъзе бозорҳо имкони муомила берун аз соатҳои анъанавӣ ва интиқол дар дохили блокчейнро фароҳам меоранд. Албатта, ҳамаи ин воситаҳо ҳатман ҳамон ҳуқуқҳои моликияти мустақим ба саҳмияи анъанавиро намедиҳанд ва сохтори онҳо вобаста ба маҳсулот ва қаламрави ҳуқуқӣ фарқ мекунад.

Coinbase низ дигар стратегияи худро танҳо дар атрофи рамзарзҳо муайян намекунад.

Ин ширкат мафҳуми «биржаи ҳама чиз» (Everything Exchange)-ро истифода мебарад ва дар соли 2026 доираи маҳсулоти худро ба саҳмияҳо, воситаҳои ҳосилавии саҳмияҳо, бозорҳои пеш аз пешниҳоди аввалияи саҳмияҳо ва дигар дороиҳо густариш додааст. Дар Британия низ корбарони он метавонанд ҳазорҳо саҳмияро дар ҳамон муҳите муомила кунанд, ки дороиҳои рамзарзӣ ва пули анъанавии худро нигоҳ медоранд.

Robinhood аз самти муқобил ҳаракат мекунад. Ин ширкат, ки аз ҷаҳони хизматрасониҳои брокерии анъанавӣ омадааст, дар баробари рамзарзҳо саҳмияҳои токенишуда ва зерсохтори махсуси блокчейнии худро низ рушд додааст. Моҳи июли соли 2026 он эълон кард, ки нусхаи нави саҳмияҳои токенишуда дар шабакаи Robinhood Chain имкони муомилаи шабонарӯзӣ ва ҳатто истифодаи ин дороиҳоро дар баъзе хизматрасониҳои молияи ғайримарказӣ, аз ҷумла ба гарав гузоштан, фароҳам меорад.

Ба назари ман, ин раванд бисёр муҳим аст.

Як тарафи бозор дороиҳои анъанавиро ба зерсохтори крипто мебарад.

Тарафи дигар таҷрибаи крипторо ба бозори молиявии анъанавӣ меорад.

Ва дар миёни ин ду роҳ дороиҳои ҷаҳони воқеӣ — RWA — ҷой гирифтаанд.

Шояд ояндаи биржаи рамзарз «биржаи рамзарз» набошад

Ба назари ман, бояд таърифи биржаи рамзарзро бозбинӣ кунем.

Агар платформае дар як ҳисоб ба ман биткоин, саҳмияҳо, фондҳои сармоягузорӣ, тилло, коғазҳои қиматноки қарзӣ, дастрасӣ ба бозорҳои хусусӣ ва дороиҳои токенишударо пешниҳод кунад, оё ҳанӯз мантиқӣ аст, ки онро биржаи рамзарз номем?

Ҳамин савол дар самти муқобил низ матраҳ мешавад.

Агар ширкати брокерӣ имкони нигоҳдории рамзарз, муомилаи саҳмияҳои токенишуда, истифодаи стейблкоин барои ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли дороӣ тавассути блокчейнро фароҳам кунад, оё он ҳамоно ширкати брокерии анъанавӣ аст?

Ба назари ман, гурӯҳбандии ширкатҳо аз рӯйи пайдоиши таърихии онҳо тадриҷан маънои худро аз даст медиҳад.

Шояд рақобати оянда дигар байни ширкати брокерӣ ва биржаи рамзарз набошад.

Рақобат байни платформаҳое хоҳад буд, ки метавонанд бо муштарӣ робитаи васеътари молиявӣ эҷод кунанд.

Рафтори сармоягузор низ тағйир меёбад

Дар солҳои аввали рушди бозори рамзарз рафтори аксари корбарон асосан дар атрофи ҳаннотӣ ва муомилаи дороиҳои хавфнок ташаккул ёфта буд.

Аммо экосистема истифодаҳои дигарро низ рушд медиҳад.

Дар пурсиши муштараки Coinbase ва EY-Parthenon, ки моҳи январи соли 2026 миёни 351 сармоягузори ниҳодӣ гузаронда шуд, 85 фоиз гуфтаанд, ки барои идоракунии пардохтпазирӣ ва интиқоли пул аз стейблкоинҳо истифода мебаранд ё ба чунин истифода шавқ доранд. 64 фоизи идоракунандагони дороиҳо ба токенсозии маҳсулоти худ таваҷҷуҳ нишон додаанд ва беш аз 60 фоизи посухдиҳандагон интизор доранд, ки токенсозӣ ба сохтори бозор таъсири назаррас мерасонад.

Ин додаҳо ба танҳоӣ исбот намекунанд, ки рафтори тамоми корбарони крипто тағйир ёфтааст, бахусус аз он сабаб, ки таҳқиқот миёни сармоягузорони ниҳодӣ гузаронда шудааст.

Аммо дар баробари рушди маҳсулоти ширкатҳое мисли Coinbase, Kraken ва Robinhood нишонаи як раванди бузургтар дида мешавад:

Истифодаи зерсохтори рамзарз аз муомилаи рамзарзҳо ба сӯйи зерсохтори умумии хизматрасониҳои молиявӣ ҳаракат мекунад.

RWA маҳз дар куҷои ин раванд ҷой дорад?

Дороиҳои ҷаҳони воқеӣ — RWA — одатан ҳамчун як гурӯҳи нави дороиҳо муаррифӣ мешаванд:

  • Коғазҳои қиматноки қарзии токенишуда.
  • Тилло.
  • Амволи ғайриманқул.
  • Фондҳои сармоягузорӣ.
  • Қарздиҳии хусусӣ.
  • Саҳмияҳо.

Аммо фикр мекунам, агар RWA-ро танҳо як гурӯҳи маҳсулот бинем, қисми муҳимтари масъаларо аз даст медиҳем.

RWA метавонад як қабати пайвасткунанда бошад.

Пайванд байни дороиҳои ҷаҳони воқеӣ ва зерсохторҳои рақамӣ.

Пайванд байни бозори сармоя ва блокчейн.

Пайванд байни ҳисоби брокерӣ ва ҳамёни рақамӣ.

Пайванд байни пардохтпазирии бозори анъанавӣ ва пардохтпазирии дохили блокчейн.

Ва дар ниҳоят, пайваст кардани таҷрибаи корбаре, ки имрӯз барои ҳар навъи дороӣ аз платформаи ҷудогона истифода мебарад.

DTCC низ ҳангоми шарҳи стратегияи худ ошкоро токенсозиро пуле байни бозорҳои анъанавӣ ва рақамӣ меномад. Ҳадафро фароҳам кардани имкони ҳаракати дороиҳои анъанавӣ дар шабакаҳои блокчейн, бо нигоҳ доштани ҳуқуқҳои қонунӣ ва механизмҳои мавҷудаи ҳимоя, медонад.

Барои ман маҳз дар ҳамин нуқта RWA аз як маҳсулоти криптоӣ ба масъалаи тарҳрезии сохтори бозори молиявӣ табдил меёбад.

Дар ниҳоят, ояндаи биржа чӣ хоҳад шуд?

Фикр намекунам, ки биржа аз байн меравад. Аммо гумон мекунам, ки мафҳуми биржа ҳамчун бозори ҷудогона бо соатҳои муайян, зерсохтори мустақил ва маҷмӯи маҳдуди дороиҳо зери фишор қарор мегирад.

Биржаи оянда эҳтимол камтар макони муомила ва бештар қабати таъмини эътимод, пардохтпазирӣ, ташаккули нарх, идоракунӣ ва кафолати ҳуқуқи моликият хоҳад буд.

Нақшҳое мисли назорат, ташаккули нарх, таъмини сифати бозор, ҳимояи сармоягузор, муайян кардани ҳувият, идоракунӣ ва идоракунии хавф ҳамоно бисёр муҳим мемонанд.

Аммо як қисми фаъолиятҳое, ки имрӯз ҷудогона анҷом меёбанд, метавонанд дар зерсохторҳои муштарак ва барномарезишаванда муттаҳид шаванд. Маҳз аз ҳамин сабаб фикр мекунам, ки оянда эҳтимол бештар омехта (Hybrid) хоҳад буд, на пурра ғайримарказӣ:

  • Зерсохтори нав дар паҳлуи муассисаҳои боэътимод.
  • Код дар паҳлуи қонун.
  • Ҳамёни рақамӣ дар паҳлуи ҳисоби брокерӣ.
  • Бозори дохили блокчейн дар паҳлуи мақомоти танзимгар.
  • Дороии токенишуда дар паҳлуи ҳуқуқҳои қонунии дороии воқеӣ.

Корбари оянда эҳтимол бозорро мисли мо гурӯҳбандӣ намекунад

Мо имрӯз бозори молиявии атрофамонро чунин ҷудо кардаем:

  • Биржа.
  • Бонк.
  • Биржаи рамзарз.
  • Платформаи тилло.
  • Идоракунии дороиҳо.
  • Ҳамёни рақамӣ.

Аммо шояд ин гурӯҳбандӣ бештар ба сохтори соҳа тааллуқ дошта бошад, на ба тарзи фикрронии муштарӣ.

Корбар дар ниҳоят як масъалаи одӣ дорад:

«Ман дороӣ дорам ва мехоҳам онро идора кунам».

Мумкин аст бихоҳад як қисми онро ба саҳмияҳо гузорад.

Қисмеро ба фонди даромади собит.

Қисмеро ба тилло.

Қисмеро ба биткоин.

Қисмеро ба қарздиҳии хусусӣ.

Ва шояд фардо қисмеро ба дороии токенишуда.

Барои ӯ саволи муҳим ин нест, ки ҳар кадом ба кадом «соҳа» тааллуқ дорад.

Савол ин аст:

  • Оё метавонам онҳоро бубинам?
  • Бихарам?
  • Бифурӯшам?
  • Интиқол диҳам?
  • Ҳамчун гарав истифода кунам?
  • Ва ҳамаро дар доираи як таҷрибаи ягонаи молиявӣ идора кунам?

Ба назари ман, рақобати ояндаи бозорҳои молиявӣ маҳз дар ҳамин ҷо шакл мегирад.

Гузариш аз биржа ба низоми амалиётии молиявӣ

Тасаввури ман ин аст, ки ғолибони насли ояндаи хизматрасониҳои молиявӣ ҳатман беҳтарин ширкати брокерӣ, беҳтарин биржаи рамзарз ё беҳтарин платформаи сармоягузорӣ нахоҳанд буд. Ғолибон метавонанд ширкатҳое шаванд, ки барои муштарӣ чизе монанди низоми амалиётии молиявӣ (Financial Operating System) эҷод мекунанд.

Як ҳувият.

Як ҳисоб ё ҳамён.

Як робита бо муштарӣ.

Аммо дастрасӣ ба маҷмӯи васеи дороиҳо ва хизматрасониҳои молиявӣ.

Дар чунин муҳит муҳимтарин дороии ширкати молиявӣ дигар танҳо маҳсулоти он нест. Робита бо муштарӣ аст.

Ширкате, ки ин робитаро дар ихтиёр дорад, метавонад тавассути он маҳсулоти гуногунро пешниҳод кунад.

Ва маҳз дар ҳамин ҷо, ба гумони ман, рақобати бозори сармояи анъанавӣ ва платформаҳои рамзарзӣ хеле ҷиддӣ мешавад.

Як роҳ аз ду самт

Агар бихоҳам тамоми он чизеро, ки имрӯз дар бозор мебинам, дар як тасвир ҷамъ кунам, ду ҳаракат ҳамзамон ҷараён доранд.

Муассисаҳои молиявии анъанавӣ ба сӯйи зерсохторҳои рақамӣ, ҳисоббаробаркунии тезтар, дороиҳои токенишуда ва бозорҳои васеътар ҳаракат мекунанд.

Платформаҳои рамзарзӣ низ ба сӯйи саҳмияҳо, фондҳо, воситаҳои ҳосилавӣ, пардохтҳо, бозорҳои хусусӣ ва дигар хизматрасониҳои молиявӣ мераванд.

Ин ду роҳ эҳтимол дар ҷое ба ҳам мерасанд.

Ва RWA яке аз ҷиддитарин имконот барои сохтани ин нуқтаи пайваст мебошад.

Ҷамъбаст: шояд саволи оянда «биржа ё крипто» набошад

Солҳост, ки ду ҷаҳонро муқобили ҳам мегузорем:

Молияи анъанавӣ (Traditional Finance) дар муқобили молияи ғайримарказӣ (Decentralized Finance).

Биржа дар муқобили крипто.

Ширкати брокерӣ дар муқобили биржаи рамзарз.

Аммо фикр мекунам, ки ин дугонасозӣ тадриҷан аҳамияти худро аз даст медиҳад. Зерсохторҳои бозори сармоя як қисми технологияҳоеро қабул мекунанд, ки дар ҷаҳони рамзарз рушд ёфтаанд. Платформаҳои рамзарзӣ низ дороиҳо, маҳсулот ва чорчӯбаҳои бозорҳои молиявии анъанавиро қабул мекунанд.

Бинобар ин, оянда эҳтимол танҳо ба яке аз ин ду ҷаҳон тааллуқ надорад.

Оянда метавонад натиҷаи омезиши онҳо бошад.

Аз ин рӯ, барои ман муҳимтарин савол дар бораи ояндаи биржа ин нест, ки оё биржа ба блокчейн мегузарад.

Саволи муҳимтар ин аст:

Вақте саҳмияҳо, фондҳо, тилло, коғазҳои қиматноки қарзӣ, рамзарзҳо ва дигар дороиҳо дар зерсохторҳои ба ҳам пайваста, ҳамеша боз ва барномарезишаванда муомила шаванд, бозори сармояро чӣ гуна таъриф хоҳем кард?

Ва шояд саволи боз ҳам бузургтар ин бошад:

Дар ҷаҳоне, ки марзи дороиҳои анъанавӣ ва рақамӣ аз байн меравад, робитаи молиявӣ бо муштарӣ дар ихтиёри кӣ хоҳад буд?

Ба назари ман, ҷавоби ин савол яке аз муҳимтарин рақобатҳои соҳаи молияро дар даҳсолаи оянда шакл медиҳад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2