ТАШАККУЛИ НИЗОМИ МИЛЛИИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР САТҲИ РУШДИ ИЛМИЮ ТЕХНОЛОГӢ
Ҷорӣ намудани инноватсия дар иқтисоди миллӣ ва таъсир расонидан ба он яке аз омилҳои асосии бехатарии иқтисодӣ маҳсуб меёбад, ки ҳамаи ин ба маърифати иқтисодӣ иртибот дорад.
Дар замони муосир барои фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ то андозаи муайян шароит муҳайё карда шудааст. Сиёсати имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои тараққикарда, ба ташаккули низоми миллии инноватсионии худ равона шуда, дар сатҳи рушди илмию технологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ қарор дорад. Бо назардошти вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, дар кишвар шароити хуби табииву иқлимии инноватсионӣ вуҷуд дорад. Барои рушду тараққӣ додани фаъолияти инноватсионӣ, ки ҷузъи пайвандкунандаи илм ва истеҳсолот мебошад, шароит фароҳам гардида, соҳаи иқтисодиёт тадриҷан ба некуаҳволии халқ таъсири бештар расонида истодааст.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти доимии инноватсионӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба болоравии некуаҳволии халқ вобастагии калон дорад. Аз ин рў, фаъолияти инноватсионӣ неруи сохтори истеҳсолот ва тиҷораткунонии коркардҳои инноватсионӣ мебошад. Дар мамлакат барои пешрафти илму техника, ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ ва гузариши давра ба давра ба роҳи инноватсионии рушд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ”, аз 16 апрели соли 2012, No822 ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, No277 қабул гардида, такмили иқтисодиёт ва гузариш ба роҳи инноватсионии рушд яке аз самтҳои стратегии мамлакат дар замони муосир дониста мешавад.
Дар даврони истиқлолият Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии ихтироъкорон, навоварон, таҷдиди соҳаи илм ба самти масъалаҳои муҳими инноватсионӣ чораҳои судманд андешида, бобати расидан ба ҳадаф, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум пайваста дар талошу такомул қарор дорад. Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” оварда шудааст: “Инноватсия – навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор, хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияҳои пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад”. Яъне, инноватсия дар иқтисодиёт ҳамчун қобилият ва ҳавасмандгардонии фаъолияти иқтисодӣ, ҷустуҷў ва истифода бурдани натиҷаҳои тадқиқот, идеяи нав дар фаъолият ва ихтирооти навро истифода бурдан бо истифодаи комёбиҳои илм ва технологияҳо мебошад. Ин маънои онро дорад, ки системаҳои равандҳои инноватсионӣ аз донишҳои илмӣ ва технологияҳои нав асос ёфта, бояд дар рушди модели иқтисодӣ ҳамчун усули нав хизмат расонанд. Ба ибораи дигар: “Инноватсия хусусияти ҷудонашавандаи иқтисодиёти муосир мебошад”.
Ҳамзамон бо ин, иқтисодиёти ватанӣ бояд бо роҳи инноватсионӣ табдил гардад ва сиёсати нави иқтисодӣ бо роҳи илм ва истеҳсоли технологияҳои олӣ тадбиқшаванда бошад. Мақсад ин аст, ки рушди бахшҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҷузъҳои инноватсионии фаъолияти онҳо бо ҷорӣ намудани омилҳо дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ муайян карда шавад. Бинобар ин, ишора шудааст: “Корхонаҳое, ки захираҳои табииро бештар истифода намебаранд, ба натиҷаи мувозинати молиявӣ таъсири манфӣ мерасонанд”.
Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бо мақсади рушди иқтисодӣ низоми нави технологиро ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ноил шудан ба ҳадафҳои инноватсионӣ ва ташкили рақобатпазирии иқтисодӣ, лоиҳаҳои инноватсионӣ, фонди инноватсионии Тоҷикистон, фондҳои инноватсионии вазоратҳо ва дигар мақомоти идораи давлатӣ, захираҳои қарзии бонкҳо, сармоягузории хориҷӣ, маблағҳои вомбаргӣ ва манбаъҳои дигаре, ки ҷалби онҳо ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат намекунанд, ташкил карда шудаанд.
Аз ин рў, идоракунии татбиқи барнома ва назорати рафти иҷрои чорабиниҳои он ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегардад. Назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро бошад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд лоиҳаи инноватсионии худро пешкаши Ҳукумат намояд, ки ин натиҷаи неруи зеҳнии онҳо ба ҳисоб меравад. Тавре дар қонун оварда шудааст: “Лоиҳаи инноватсионӣ натиҷаи неруи зеҳнии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аст, ки ба истифодаи ғояҳои нав мусоидат намуда, бо мақсади рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таҳия мегардад”. Дар моддаи 5-и ҳамин қонун омадааст, ки мазмуни асосӣ ҷорӣ намудани идеяи нав, тадқиқотҳои илмӣ-амалӣ, ҷорӣ кардани усулҳои нави идоракунӣ, кашшофӣ, такмилдиҳии кору хизматрасониҳо дар ҷараёни фаъолият, инноватсия ё навоварӣ ном бурда мешавад.
Дигар намуди фаъолияти инноватсионӣ ин ислоҳот ворид намудан ба низоми андозбандии ҷумҳурӣ мебошад, ки онро андозбандии имтиёзнок ё ҳавасмандгардонии андозбандӣ гуфтан мумкин аст. Аз ин рў, барои фаъолсозии навовариҳо аввал ислоҳоти низоми андозбандӣ зарур аст. Метавон гуфт, ки андозбандии имтиёзнок ҳамчун ҳавасмандгардонии инноватсионӣ ба соҳибкорони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми андозбандӣ кардани фаъолияти соҳибкорони ватанӣ хусусиятҳои фаъолияти истеҳсолот кам ба назар гирифта мешавад. Пас, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳангоми ҳисоби андозҳо ба хусусиятҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва имтиёзҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд ва онҳоро ба инобат гирад.
Замони муосир тақозо мекунад, ки татбиқи инноватсияҳо дар ҳамаи марҳилаҳо аз истеҳсолот то истеъмолот ба назар гирифта шавад. Ҳамчунин бояд гуфт, ки инноватсия чун қувваи асосӣ барои рақобатпазирӣ ва рушди устувори кишвар, бунёди заминаҳои нав дар истеҳсолот мусоидат мекунад. Дар ин маврид қайд шудааст: “Дар айни замон самаранокии фаъолияти инноватсионии ширкат мавҷудияти системаи хуби сармоягузорӣ, қарздиҳӣ ва андозбандиро муайян карда, дар соҳаи инноватсионии рушди илм фаъолият мекунад”.
Дар шароити иқтисоди инноватсионӣ ва рушди афзалиятҳои рақобатпазирии корхонаҳо навовариҳо нақши муҳим бозида, вазифаҳои асосии ҳар як корхона ҳам интихоби самтҳои афзалиятноки инноватсионӣ мебошад. Бояд гуфт, ки равандҳои рақобатпазирӣ, ташаккулёбии корхона, тағйироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ба навоварӣ мусоидат мекунанд. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки корхонаҳое, ки навовар нестанд, ба шакли нав ва мутобиқ ба талаботи замони муосир фаъолият намебаранд, зуд аз бозор берун мешаванд. Онҳо ҷойи худро дар бозори рақобатпазирӣ гирифта наметавонанд ва ин ҳама ба пешравиҳои фаъолияти корхона таъсири манфӣ мерасонад.
Дар корхона инноватсия ҳамчун қобилияти ҳавасмандгардонии иқтисодӣ фаҳмида мешавад. Пеш аз ҳама, тарзи нави фикрронӣ дар бораи тиҷоратеро, ки боиси пеш бурдани афзалиятҳои рақобатпазирии корхонаҳо ва амалгардонӣ дар бизнес, идоракунии бозор ё истеҳсолот мегардад, яке аз самтҳои инноватсия низ мешуморанд. Бинобар ин, “Шарти зарурии дар иқтисодиёт истифодабарии комёбиҳои илм ва техника фаъолияти навҷорисозии субъектҳои хоҷагидор мебошад. Ин моҳияти объективӣ ва асоси рушди фаъолияти навҷорисозӣ (инноватсионӣ), ташаккул додани менеҷменти раванди навҷорисоз, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навигариҳои илмӣ-техникӣ ва ташкилию технологиро муайян месозад”.
Фаъолияти инноватсионӣ ташаккулдиҳандаи равандҳои истеҳсолот ва ҷорӣ намудани навгониҳо дар фаъолияти субъектҳои истеҳсолот ва фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ мебошад. Аз ин рў, истифодаи техника ва технологияҳои навин асоси рушди устувори иқтисодии корхона ба ҳисоб рафта, дар истеҳсолот ба воситаи ба молҳои истеҳсолшудаи инноватсионӣ ҷорӣ карда мешавад.
Дар баробари ин, самти асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарватҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд, ки барои коркарди онҳо маблағҳои хеле калон лозим аст. Ҷиҳатҳои мазкурро ба инобат гирифта, М. Оймаҳмадов қайд мекунад: “Пешрафти илму техникии нимаи дуюми асри ХХ боиси кашфиёт ва истифодаи васеи навъҳои фулузоти камёб гардид”. Мутахассисони ватанӣ даҳсолаи охир конҳои зиёдеро пайдо карданд, ки барои коркард ва рушди иқтисодиёти кишвар ҷиҳати мусбӣ дорад. Ҳатто дар корхонаҳои истеҳсолии захираҳои зеризаминӣ ҳам фаъолияти инноватсиониро метавон пеш бурд.
Имрўз мавҷудияти захираҳо масъалаи муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, бобати коркарди он дар истеҳсолот аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ шудааст. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки ҳангоми коркарди он, бо вуҷуди шароити душвори иқтисодӣ, иқтисодиёти инноватсионии ҷумҳурӣ хеле рушд меёбад. Ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст, барои беҳтаргардонии фазои соҳибкорию сармояи мустақими хориҷӣ мусоидат карда, дар оянда метавонад афзоиши ҳаҷми сармоягузориро зиёд намояд. Тавре дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат қайд кардаанд: “Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 30 миллард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст”. Дар пайравӣ ба ин раванд моро зарур аст, ки барои беҳсозии фазои сармоягузорӣ лоиҳаҳои сармоягузориро оид ба истихроҷи коркарди канданиҳои фоиданок бештар намоем, чунки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар зинаи гузариши иқтисоди бозоргонӣ қарор дошта, бо бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва инноватсионӣ тамоми монеаҳои иқтисодӣ бардошта шуда истодаанд. Метавон гуфт, ки ояндаи наздик яке аз давлатҳои саноатии тараққикардаи ҷаҳон гардад.
Бозсозиҳои иқтисодӣ дар соҳаи инноватсия айни ҳол давом дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комёбиҳои инноватсионӣ ноил гардида истодааст. Дохилшавии технологияҳои навин аз кишварҳои тараққикарда, боиси пешрафти илму техника ва асоси рушди устувори иқтисоди инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Захираҳои заминиро, ки бойгарии давлат аст, метавон бо технолгияҳои навин коркард кунем.
Технологияҳои муосир ба тамоми самтҳои иқтисодиёт, аз ҷумла, коркарди захираҳои заминӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои маъданӣ, оҳангудозӣ равона шуда, онҳо ба таври бефосила ба истеҳсолот дигаргунӣ ворид менамоянд. Агар чанд муддат пеш тасаввур кардан душвор буд, ки молҳои бафурўшгузошташудаи корхонаи истеҳсолӣ кам ба назар мерасад, ҳатто камёфт буданд, пас имрўз ба воситаи технологияҳои нав ба нави муосир молҳои нав ба зуҳур омаданд. Аз ин рў, асри ХХI-ро бо пешрафти техника ва технологияҳои инноватсионӣ асри пурасрор номидан мумкин аст.
Дар замони ҳозира, масъалаҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сиёсати инноватсионии пешрафтаи Ҳукумат фаҳмида мешавад, ки бо сабаби маҳдудияти имкониятҳои захиравӣ мавқеи пешравиро ишғол наменамояд. Давлат кўшишҳои худро оид ба роҳҳои пешрафти инноватсия дар иқтисодиётро дида баромада, дар стратегияи худ ҷой кардааст. Дар ин маврид омадааст: “Муайян кардани афзалиятҳои миллии рушди илмӣ-техникӣ дар як самт масъалаи ҳам сиёсӣ, ҳам иқтисодӣ ва ҳам илмӣ ба ҳисоб меравад”.
Илми имрўзаи иқтисодӣ инноватсияро дар вусъат бахшидани донишҳо ва имкониятҳои нав, такмилдиҳии идеяҳо, ташкилу дарёфти фоидаҳои иқтисодӣ ва механизмҳои асосии рақобатнок тақозо менамояд. Ташаккул ва ба тадриҷ расидани низоми инноватсионӣ дар иқтисодиёт аз баланд бардоштани савияи донишҳои мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсионӣ бо назардошти хусусиятҳои он мебошад. Омўзиши равандҳои инноватсионӣ дар иқтисодиёт басо мураккаб буда, пеш аз ҳама, ба неруи зеҳнии мутахассис вобастагӣ дорад. Диққати махсус ба самти инноватсионии иқтисодӣ масъалаҳои асосиии низоми иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар навбати худ сиёсати иқтисодиро талаб мекунад.
Масъалаҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ-техникӣ ва инноватсионӣ дар марҳилаи мазкур зарурати мавҷуд будани низоми инноватсионии миллиро бояд фаро гирад ва зарур аст, ки барои пешрафти иқтисодиёти инноватсионии мамлакат ҳам ба мутахассисон ва коршиносон такя намуд, зеро танҳо коршиносон риштаи илми инноватсияро мавриди таҳлил қарор дода метавонанд.
Симои бузурги менеҷмент Ҳенри Форд чунин ақида дорад: “Одамони бештар боистеъдод боқимонда шароити ҳаётро сабук намуда, ҷамъиятро пеш мебаранд”.
Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки маориф, илм ва технологияҳои инноватсионӣ, ки асоси калиди ҳамаи муваффақиятҳои иқтисодии субъектони иқтисодӣ мебошанд, самаранокӣ ва рақобатпазирии онҳоро дар бозори истеъмолӣ нишон медиҳад. Дар кишварҳои рушдёфта фаъолият бештар бо роҳи иқтисоди инноватсионӣ нигаронида шудааст, ки ин дар шароити муосир хеле зарур аст.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт вазифаи душвор аст, зеро вазъи иқтисодиёти дохилӣ на он қадар пешрафта мебошад. Дар ин баробар, дар иқтисодиёти дохилии кишвар вазъи ноустувории саноати истеҳсолӣ ва кишоварзӣ, иқтидори илмию техникӣ ва сифати хизматрасонӣ кам ба назар мерасад. Барои баланд бардоштани иқтисодиёти дохилии кишвар танҳо навъҳои нави маҳсулот ташкил кардан даркор ва нисбати нархҳои он чораҳои зарурӣ андешидан лозим меояд, то ки иқтисодиёти дохилиро такмил диҳанд. Зеро ҳадаф аз технологияҳои истеҳсолӣ ин истеҳсоли маҳсулоте, ки талаботи инсонро қонеъ карда тавонад, мебошад.
Бояд гуфт, ки инноватсия ба фаъолияти бахшҳои асосии иқтисодиёт, бо назардошти нуктаҳои муҳимтарини фаъолияти молиявӣ ва иқтисодӣ таъсири худро расонида, натиҷаҳои назаррас медиҳад. Бо вуҷуди ин, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, чун қоида, хатари иқтисодиро бартараф намуда, самаранокии иқтисодиро ба вуҷуд меорад. Яъне, рушди инноватсионӣ омили асосии рушди рақобатпазирӣ мебошад.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат дар асоси омўзиши муҳити иқтисодӣ дар муассисаҳою ташкилотҳо тағийротҳои инноватсионӣ оғоз гардида истодаанд. Ҳатто маҳфилҳо барои фаъолияти инноватсионӣ дар дохили муассисаҳои олии ҷумҳурӣ ташкил карда шудаанд, ки боиси ҳавасмандгардонии шаҳрвандон, ихтироъкорон ва довталабон мебошад. Барои ислоҳоти иқтисодӣ дар давраи муосир фаъолияти инноватсионии иқтисодӣ ҳалли проблемаи баланд бардоштани фаъолияти иқтисодиёт мебошад. 28 соли таҷрибаи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад, ки ташкилотҳои ватанӣ дар ҳоли рушди инноватсионӣ қарор доранд.
Яке аз роҳҳои рушди инноватсионӣ дар иқтисодиёти кишвар ин ҷорӣ намудани инноватсия дар механизми андоз мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори захираҳои табиии пурқувват ва гуногунҷабҳа буда, корхонаҳои истеҳсолии он метавонанд, аз ин захираҳо истифода баранд ва ҳаҷми зарурии истеҳсоли худро таъмин намоянд. Дар ин баробар, давлат имкони паст кардани андозро бояд ба корхонаҳои истеҳсолии захираҳои табиӣ пешниҳод намояд, зеро коҳишёбии андоз боиси зиёд гардидани корхонаҳои истеҳсолӣ мегардад.
Айни замон оид ба механизми андозбандӣ ҷиҳати пешбурди фаъолияти корхонаҳои ватанӣ бо роҳи инноватсионӣ тадбирҳои мушаххас дида мешавад.
Хуллас, бо мақсади ноил шудан ба муваффақиятҳо ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт дар фаъолияти инноватсионӣ бо дарназардошти пешравиҳои илму техника, ки талаботи давру замон аст, кўшиши бештаре бояд ба харҷ дод.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё