Зеҳн

Зиндагиҳои нозиста

БА
Барномасоз28 сентябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Солҳои пеш, дар як нишасти хонаводагӣ, бо лаълии чой ба меҳмонон хизмат мекардам. Эҳтимол бо ворид шудани нобаҳангомам суҳбати калонсолони хонаводаро ҳам халалдор карда будам. Амаки падарам идомаи баҳси ҷориро ба ман равона карда гуфт:

«Ҷони амак, ман дар зиндагиям ҳеҷ гоҳ қарори нодуруст нагирифтаам. Агар ба ҷавониам баргардаму ҳама чизро аз аввал оғоз кунам, маҳз ҳамин роҳро меравам ва ҳамаи қарорҳои то имрӯз гирифтаамро боз ҳам мегирам».

Гарчанде он вақт навраси мактабхон будам ва таҷрибаи зиёди зиндагӣ надоштам, ин сухан ба назарам хеле аҷиб намуд.

Аз вафоти амаки падарам — он боғбони намунавӣ ва заминдори сарватманд — солҳо гузаштаанд. Ҳар бор бо хотираи нек аз ӯ ёд мекунам, ҳамон сухани ноошнояш низ ба ёдам меояд. Зеро ман комилан баръакси ӯ ҳастам: ҳеҷ гоҳ мисли амакам дар роҳи муваффақият бо суръат пеш нарафтаам. Ба ҳар роҳе қадам гузоштаам, ё ба чоҳ афтодаам, ё сарам сахт ба девор бархӯрдааст!

Аз ҳамин сабаб, агар бо хотира ва таҷрибаи имрӯзаам ба кӯдакӣ баргардам, дар зиндагӣ роҳи комилан дигареро интихоб мекунам ва дигар он қарорҳои нодурустро намегирам.

Ин қарорҳои нодурустам ҳатман аз бемантиқӣ ё ҳавасбозӣ набуданд. Бисёре аз онҳоро бо назардошти имкониятҳои доштаам гирифта будам. Баъзеашон аз нотавонӣ ва зери фишори хонавода буданд. Гоҳе ҳам аз он сабаб чунин интихоб мекардам, ки ҷуръати таваккал карданам кам буд.

Аммо ҳамаи он қарорҳо ба роҳҳое бурданд, ки ё аз сабаби вазъияти кишвар ба бунбаст расиданд, ё бо шавқу ҳаваси аслиам мувофиқ набуданд ва аз идомаашон даст кашидам.

Аз ҳамин сабаб баъзан фикр мекунам, зиндагие, ки гузарондаам, ҳатто барои таҷриба андӯхтан ҳам арзиши бознигарӣ надорад, чӣ расад ба он ки мисли амакам бо ифтихор аз он сухан гӯям!

Дар асл, бештар дар бораи зиндагии нозистаам фикр мекунам: ҳамаи он қарорҳое, ки нагирифтам, ва роҳҳое, ки нарафтам.

Бо ҳасрат ба марҳилае аз зиндагӣ расидаам, ки ҳар инсони одӣ метавонад ба он бирасад — ҳатто касе, ки дигарон ӯро ноком намешуморанд. Дар ин марҳила инсон зиндагии зистаашро бо зиндагии нозистааш муқоиса карда, бо афсӯсу ҳасрат гумон мекунад, ки дар он зиндагии дигар ҳатман муваффақтар, хушбахттар ва муҳимтар мебуд.

Аммо оё аслан муқоисаи зиндагии зиста ва нозиста дуруст аст?

Ба гумонам, не!

Агар аз роҳи зиндагии нозистаамон ҳам мерафтем, ҳатман аз як инсони одӣ хеле муваффақтар, хушбахттар ё муҳимтар намешудем. Вале бо неруи хаёлу орзупарварӣ ба он зиндагӣ ҷилои зиндагии ормониро мебахшем. Дар ҳамин ҳол, зиндагии зистаамон дар миёни воқеият, бе рангу ороиши хаёл, ҷараён дорад. Аз ин рӯ, ҳамеша ҳасрати нозистаҳоро мехӯрем.

Шояд талхтарин ҳақиқат барои мо — одамони одӣ, комилталабони хаёлпараст — ин бошад, ки бипазирем: дар роҳи он зиндагии ормонии нозиста ҳам ҳамин гуна мебудем ва эҳтимол дастоварди чандон чашмгире нишон намедодем.

Аммо ғайр аз зиндагии нозистаи гузашта, дар оянда ҳам зиндагии ҳанӯз нозистае пеши рӯямон аст. Мутаассифона, ин рӯзҳо бо густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ба одамони одиву нокоммонанди мо орзуҳои фиребанда мефурӯшанд ва хаёлҳои беҳудаамонро дар бораи оянда бештар мекунанд:

«Ман корманди одӣ бо маоши ҳадди ақал будам. Ҳоло нигоҳ кунед: мошини баландгузари “Мерседес-Бенс” дораму сад коргар зери дастам кор мекунанд! Ҳамаи ин аз шарофати курсҳои устод Шашма аст!»

«Ман дар панҷоҳуҳафтсолагӣ хостам ва тавонистам! Ҳамшираи шафқат будам, вале бо машваратҳои хуби муассисаи “Худкорчӣ” тавонистам донишҷӯи тиб шавам!»

«Ман бо ришта мӯйи рӯй тоза мекардам. Фақат хостам — ва ҳоло кошонаи бошукӯҳи зебоии “Қасри Нур”-ро харидаам ва ҳар рӯз сад арӯс муштарӣ дорам! Аз курси “Занон” сипосгузорам!»

Аз ин гуна сафсатаҳо кам нестанд. Ҳам шумо бисёр дидаед, ҳам ман.

Албатта, рӯҳияи мусбат доштан ва дар сар орзуҳои ширини ояндаро парваридан бад нест. Аммо бояд эҳтиёт кунем, ки ин хаёлҳои ҷолибу ширин моро аз чашидани таъми гаси зиндагии воқеие, ки ҳоло дар ихтиёр дорем, маҳрум насозанд.

На тахтаи орзуҳо, на қоидаҳои «Клуби соати чори саҳар», на ин омӯзгорону курсҳои интернетӣ пайроҳаи танги зиндагии моро ба шоҳроҳи зиндагии одамони муваффақ наздиктар намекунанд.

Мо, одамони одӣ, агар бихоҳем ва ирода дошта бошем, танҳо як роҳи наҷот дорем — ҳамон роҳе, ки Саъдии Шерозӣ чандин аср пеш гуфтааст:

Нобурда ранҷ, ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2