Тавонгарӣ ба ҳунар аст, на ба мол
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Ҳунаре неҳ, ки диҳад симу зарат,
Ҳунари аз дилу ҷон ранҷбарат.
Ҳунар сармояи гаронбаҳоест, ки онро бо ҳеҷ дороиву сарват ва симу зар наметавон иваз кард. Ҳунар ба инсон бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад ва зиндагиро зебоӣ мебахшад. Шахси боҳунар ба дарахти пурсамаре монанд аст, ки меваҳои болаззату ширин медиҳад. Ӯ ҳамчунин дарёеро мемонад, ки оби зулолу гуворояш ташнагонро сероб месозад.
Заҳмату кору ҳунар касро намоянд номдор,
Олиҳиммат кас зи ҳастии ҳунар мумтоз шуд.
Барои шахси ҳунарманд ҳар дақиқаи умр ғанимат аст. Ӯ вақтро самаранок истифода мебарад ва намегузорад, ки лаҳзае беҳуда гузарад. Аз донае хирман месозад, аз матое ҷома медӯзад ва аз гуле гулзор меофарад. Бо дастони моҳиру меҳнатофарини худ бинандаро ба ҳайрат меорад. Маҳсули кори ҳунармандони асилро дида, бешубҳа, ба маҳорати онҳо баҳои баланд медиҳем. Аммо чунин маҳорату обрӯ бе меҳнату заҳмати зиёд ба даст намеоянд. Барҳақ гуфтаанд:
Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад,
Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.
Самараи меҳнат танҳо маош нест, балки андӯхтани таҷриба ва такмили ҳунар низ мебошад. Омӯхтани ҳар ҳунар душвориҳое дорад, ки гоҳе касро дилгир месозанд. Барои паси сар кардани онҳо сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ зарур аст. Ҳар касе, ки дар ин роҳ устувор мемонад, метавонад соҳиби ҳунар гардад. Омӯхтани ҳунар инсонро соҳибтаҷриба, воломақом ва бообрӯ месозад. Тавре бузургон гуфтаанд: «Ҳунар давлати поянда ва чашмаи зоянда аст».
Ҳунарманди асил бо маҳорати худ метавонад дар шароити гуногун роҳи рӯзгузаронӣ пайдо кунад ва камтар дастнигари дигарон бошад. Ҳунар сармояест, ки ҳамеша ҳамроҳи инсон мемонад. Ҳунарманд ба ҳар куҷое равад, метавонад бо меҳнату маҳорати худ ризқу рӯзӣ ба даст орад. Илова бар ин, бо офаридаҳои арзандааш шуҳрат ва қадру манзалат пайдо мекунад.
Шахсе, ки дар андешаи устувор сохтани пояҳои зиндагии худ аст, ҳамеша пайи омӯзишу ҷустуҷӯ мешавад. Ӯ мекӯшад чизеро омӯзад, ки ба такмили маҳораташ мусоидат кунад. Ҳангоми анҷом додани кор барои дигарон ҳам ба онҳо манфиат мерасонад ва ҳам худаш таҷрибаи тоза меандӯзад.
Ба гуфти Кайковус: «Мардуми бехирад мардумони бесуданд, чун муғелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд мекунад, на дигаронро». Ҳар инсон меъмори зиндагии хеш аст ва метавонад бо кӯшишу омӯзиш шахсияти худро ташаккул диҳад. Ин пешрафт ба хираду дониш ва меҳнати ӯ вобаста мебошад.
Дар дунё каси беайб нест, аммо инсон бояд барои ислоҳи камбудиҳои худ ва омӯхтани ҳунар кӯшиш кунад. Ҳунар дар баробари ахлоқи нек боиси эҳтирому эътибор мегардад. Ҳамнишинӣ бо дӯстони донишманду ҳунарманд низ ба пешрафти инсон мусоидат мекунад, зеро аз онҳо метавон таҷриба омӯхт ва дар роҳи камолот қадам гузошт.
Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,
Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.
Ҳунарманд, агарчи камбудиҳое дошта бошад, метавонад бо дастранҷи худ дигаронро мафтун созад. Офаридаҳои ӯ бинандаро ба андеша водор мекунанд: чӣ гуна инсон бо сабру заҳмат ва маҳорати худ чунин асари ҷолибе ба вуҷуд овардааст?
«Бекорӣ — вабои тан аст», — мегӯянд. Аз ин рӯ, вақтро бояд қадр кард ва барои омӯхтани донишу ҳунар истифода бурд. Ҳунари воло муҳитро зебо ва ҳунармандро соҳибэҳтиром мегардонад. Ҳунаромӯз дар ҳар шароит мекӯшад чизе омӯзад, маҳорати худро сайқал диҳад ва бо меҳнаташ ба атрофиён суд расонад.
Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргарест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш ба дилҳо роҳ меёбад. Ҳар ҳунарманди асил сабку маҳорати хоси худро дорад ва маҳз ҳамин хусусият ба дастовардҳои ӯ арзиш мебахшад. Аз ин рӯ, омӯхтани ҳунар, қадр кардани меҳнат ва пайваста такмил додани маҳорат аз роҳҳои муҳими расидан ба зиндагии шоиста мебошанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё