Зеҳн

Наргиси Муродалӣ - Ниқоб

ЗЕ
Зеҳн25 октябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Як рӯбоҳ ҷасуру машҳур шудан хост. Вай ҳилае ба кор бурд. Аз рӯбоҳ ҳайвонҳои беша сахт тарсиданд. Аммо умри дурӯғ кўтоҳ аст. Рӯбоҳ ба даст афтоду шарманда шуд. Шумо, бачаҳои азиз, ин афсонаро хонда, хулосае худро бароред.

Як рӯбоҳ орзу дошт, ки мисли шер далер бошад. Рӯбоҳ фикр карду ба қароре омад, ки ниқоби шер созад. Як ниқоби ваҳмангез: чашмонаш калон-калон, даҳонаш пурдандон, дандонҳояш газ-газон, ёли гарданаш хезон.

Рӯбоҳ коғазу қалам гирифт. Расми булаҷаб кашид, расми шер. Баъд онро ранг карду бурид.

Ба рӯяш часпонду сурудхонон ба беша баромад.

– Акнун ман шер шудам, Нотарсу далер шудам!

Ногоҳ ду харгӯшак аз пеш баромаданд.

Шеррӯбоҳ наъра зад:

– Ҳоло шумо туъмаи ман мешавед!

Харгӯшакҳо тарсиданд, ларзиданд ва ҷаҳида-ҷаҳида гурехта рафтанд.

Шеррӯбоҳ роҳашро давом дод. Аз рӯ ба рӯяш ҷайра, сангпушт ва хукбача баромаданд.

Шеррӯбоҳ наъра зад:

– Ҳозир шуморо як луқма мекунам!

Ҷайра аз тарс мисли тӯб кулӯла шуд. Сангпушт сарашро дарун кашид. Хукча чиррос зад.

Акнун бошандагони беша ҳама ҷо дар бораи шери хашмгин гап мезаданд. Ҳама ба воҳима афтода буданд.

Шеррӯбоҳ дар беша наъразанон ин тарафу он тараф мегашт. Вайро дида, ҳатто гургу шағол тарсида гурехтанд.

– Ман аз ҳама тавонотарам! – хитоб кард шеррӯбоҳ. – Паланги тезчангол ҳам маро дида тарсид. Шояд худи шер ҳам маро дида, дум хода кунад?

Ногоҳ борон борид. Шеррӯбоҳ худро дар паноҳи буттае гирифт. Мунтазир шуд, ки борон мемонаду боз аз таги бутта баромада, ҳайвонҳоро метарсонад.

Бориши борон тамом шуд. Вай боз ба роҳ баромад. Ин бор дар рӯ ба рӯ як шерро дид. Шеррӯбоҳ наъра зад.

Аммо шер гуфт:

–Ту кистӣ? Барои чӣ сару рӯят чиркин?

–Ман шеррӯбоҳам, – ҷавоб дод вай.

–Дуруст, ту рӯбоҳӣ. Лекин аз шериат қариб чизе намондааст. Канӣ, ба оби кӯлмак нигоҳ кун.

Шеррӯбоҳ ба кӯлмаки зери пояш нигаристу ҳуш аз сараш парид. Борон коғазро тар кардаву дарида, рангҳоро шуста буд.

Аз чашмони ало, дандонҳои тез, ёли баланд ному нишоне намонда буд.

Шеррӯбоҳ аз тарс дарақ-дарақ ларзид.

–М-м-ман шӯхӣ к-к-кардам,– гуфт вай.

Шер ба ҳоли ӯ раҳмаш омаду гуфт:

– Ин дафъа ман туро мебахшам. Вале ҳеҷ гоҳ дигаронро фиреб надеҳ.

Дар дилаш ба шоҳи ҳайвонот офарин хонд. Рӯбоҳи ҳиллагар ба худ қавл дод, ки дигар ҳеҷ касро фиреб намедиҳад.

Рӯбоҳ бо сари хам ба хонааш баргашт.

Хонандаи азиз!

Шодем, ки боз як асари тоза мутолиа кардӣ. Офарин! Умедворем, ин китоб ба ту писанд омад. Бовар дорем, ки пас аз хондан нуктаҳои муҳимми китобро баён карда метавонӣ:

1. Муаллифи асар кист?

2. Асар чӣ ном дорад?

3. Асар дар кадом жанр (ҳикоя, афсона, шеър) эҷод шудааст?

4. Воқеа кай ва дар куҷо ба вуқӯъ омадааст?

5. Мазмуни асосии асар дар бораи чист?

6. Симоҳои асосии асар чиҳоянд?

7. Кадом лаҳзаи асар ба ту маъқул шуд?

8. Аз мазмуни асар чӣ хулоса баровардӣ?

Бовар дорем, ба ҳамсинфу ҳамсол, шиносу дӯст ва хоҳару бародаронат дар бораи китоби хондаат нақл мекунӣ ё мутолиаи онро тавсия медиҳӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба