Шод бошам ё қадрдон; бо надоштаҳоям розӣ бошам?
Қадрдон будан ҳамеша ба маънои хушҳол будан нест.
Муддатҳо фикр мекардам, ки агар инсон қадри чизҳои доштаашро бидонад, бояд ҳолаш ҳам хуб бошад.
Вақте нороҳат мешудам, ба шумурдани доштаҳоям оғоз мекардам:
Одамоне, ки дӯстам медоранд, сақфе(шифти хона) болои сарам, ғизое барои хӯрдан, коре, ки дорам ва чизҳое, ки метавонистанд аз ин хеле бадтар бошанд.
Ҳамаи инро медонистам.
Аммо донистани онҳо на ҳамеша ҳоламро хуб мекард.
Гоҳе ҳатто ҳоламро бадтар мекард.
Чун баъд аз шумурдани ҳамаи доштаҳоям эҳсоси дигаре ҳам ба суроғам меомад:
Пас чаро ҳанӯз нороҳатам?
Магар набояд хушҳол бошам?
Ва ҳамин ҷо қадрдонӣ ба ҷойи он ки оромам кунад, ба баҳонае барои сарзаниш кардани худам табдил меёфт.
Ман инро дар зиндагии худам таҷриба кардаам.
Рӯзҳое буданд, ки ҳодисаи бади хосе рух надода буд, касе озорам надода буд ва ҳатто агар зиндагиямро бо зиндагии бисёр одамон муқоиса мекардам, медидам, ки чизҳое дорам, ки метавон барои онҳо шукргузор буд.
Аммо боз ҳам як гаронии номаълум ҳамроҳам буд.
На метавонистам онро дуруст номгузорӣ кунам ва на сабабе барояш пайдо кунам.
Он рӯзҳо агар ба худ мегуфтам: «Ин ҳама чиз дорӣ, чаро нороҳатӣ?», он гаронӣ кам намешуд; фақат як чизи дигар ҳам ба он зам мешуд: эҳсоси гунаҳкорӣ барои нороҳат будан!
Ҳоло фикр мекунам, шояд лозим нест ин дуро муқобили ҳам гузорем.
Метавонам барои он чи дорам, қадрдон бошам ва аз он чи надорам, нороҳат.
Метавонам одамони зиндагиямро дӯст дорам ва ҳамзамон аз танҳоӣ хаста бошам.
Метавонам сақфе болои сарам дошта бошам ва боз ҳам дилам барои хонаи дигаре танг шавад.
Метавонам бидонам, ки бисёриҳо мушкилоти бузургтаре доранд ва бо вуҷуди ин, мушкили худам ҳам бароям воқеӣ бошад.
Ранҷи бузургтари каси дигар ранҷи маро беэътибор намекунад.
Қадрдонӣ набояд эҳсосоти дигари моро ботил кунад.
Агар ғамгинам, лозим нест барои исботи он ки инсони қадрдоне ҳастам, ғамамро инкор кунам.
Агар норозиям, лозим нест фавран рӯйхати чизҳои хуби зиндагиямро пеши худ гузорам, то ҳаққи норозӣ буданро аз худам бигирам.
Шояд битавонам ҳардуро дар канори ҳам дошта бошам:
Инро дорам ва аз он хушҳолам;
Онро надорам ва аз ин нороҳатам.
Ин ду ҷумла душмани ҳам нестанд.
Зиндагӣ ҳам ҳамеша ба мо як ҷавоби ягона намедиҳад.
Гоҳе воқеан чизҳои хубе дорем ва боз ҳам хушҳол нестем.
Ва шояд ин на носипосӣ бошаду на шикаст;
Фақат бахше аз ҳамон зиндагии печидае бошад, ки наметавон ҳамаи эҳсосоти онро бо шумурдани доштаҳо ҳал кард.
Қадрдониро нигоҳ медорам;
Аммо аз худам намехоҳам, ки ба хотири он ҳамеша хушҳол бошам.
Гоҳе дар миёни шумурдани неъматҳо, ёди Неъматдиҳандаро фаромӯш мекунам. Шояд дилам дар баробари шукргузорӣ ба наздикӣ бо Аллоҳ ҳам ниёз дорад. Дар сураи Раъд омадааст: «Огоҳ бошед, ки бо ёди Аллоҳ дилҳо ором мегиранд» (тарҷумаи маънои қисми ояти 28). Ояти 29 низ ба касоне, ки имон оварда, корҳои нек мекунанд, хушбахтӣ ва бозгашти некро мужда медиҳад.
Пас, ҳам қадри доштаҳоямро медонам ва ҳам диламро бо ёди Аллоҳ мепарварам. Агар ғамгин бошам, ғамамро аз Ӯ пинҳон намекунам — бо дуо ба Ӯ рӯ меорам ва аз Ӯ оромиш мехоҳам.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё