ШОИРИ ШОИРОНИ АСРҲО ВА НАСЛҲО
Нависанда: Устод Абдунабӣ Сатторзода
Адабиётро худи адибон, чи дар гузашта ва чи дар замони муосир, маъмулан ба «кохи баланд» (Фирдавсӣ), «гулистони ҳамешахуш» ва «бӯстон» (Саъдӣ), «баҳористони бехазон» ва «равзаи биҳиштойин» (Абдурраҳмони Ҷомӣ) ва ё мисли Пушкин ба «пайкараи зебои беҳамто» монанд мекунанд ва дар он ҷойи шак нест. Аммо ман вақте ки имрӯз ба пасманзари таърихи чандинҳазорсолаи адабиёти гузашта ва муосири форсии тоҷикӣ нигоҳ мекунам ва намояндагони барҷастаи онро як-як пеши назар меоварам, ин адабиёти мондагор мисли силсилакӯҳи тӯлонӣ ва намояндагони нобиғааш монанди қуллаҳои осмонбӯси он менамояд. Қуллаҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Иқбол, Халилуллоҳи Халилӣ, Нодири Нодирпур, Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ, Маҳмуди Давлатободӣ ва дигарон аз замин ба само саркашидаанд ва аз дуриҳои дур аз вуҷуди бузургвори худ гувоҳӣ медиҳанд.
Аз ин миён қуллаи Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ яке аз баландтарин ба шумор меравад. Бино бар шаҳодати аввалин ношир ва муҳаққиқи Девони Ҳофиз Муҳаммади Гуландом, ки аз дӯстони наздик ва ҳамзамонони шоир буд, «равоҳили ғазалҳои ҷаҳонгираш дар аднои муддате ба ҳудуди ақолими Туркистон ва Ҳиндустон расида ва қавофили суханҳои дилпазираш дар ақалли замон ба атроф ва акнофи Ироқайн ва Озарбойҷон кашида…
Самоъи сӯфиён бе ғазали шӯрангези ӯ гарм нашудӣ ва базми подшоҳон бе нуқли сухани завқомези ӯ зебу зиннат надоштӣ, балки ҳою ҳуи мастон бе валвалаи шавқи ӯ набудӣ ва суруди руди майпарастон бе ғулғулаи ишқи ӯ равнақ наёфтӣ».
Шоир, ориф ва суханшиноси бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-ул-унс» аз номи яке аз азизони силсилаи хоҷагони нақшбандия фармудааст, ки «ҳеч девон беҳ аз Девони Ҳофиз нест». Агар ин гуфта ҳақиқат намедошт, талош барои гирдоварии девони шоир дуруст дар ҳамон соли марги ӯ (792/1390) оғоз намегадид.
Ҳофизшиноси эронӣ Алии Мирансорӣ аз «ҳузури наздик ба 1700 нусхаи хаттии Девони Ҳофиз дар муҳити форсизабонон» (Нусхаҳо ва шарҳҳои Девони Ҳофиз//Ҳофиз (зиндагӣ ва андеша), Теҳрон, 1391/2012) дарак медиҳад ва илова мекунад, ки «бар пояи феҳристҳои мавҷуд, шумори махтутоти Девони Ҳофиз, дастикам, дар кутубхонаҳои Эрон ва дар қиёс бо нусхаҳои хаттии осори дигар бузургони адаби форсӣ, дар мартабаи нахуст аст ва пас аз он ба тартиб осори бузургоне чун Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Низомии Ганҷавӣ, Аттор ва Саноӣ қарор дорад». Ба мушоҳидаи ин пажӯҳишгар, котибон ҳама, бидуни истисно, бо ифтихор номи хешро дар анҷоми нусха «ба унвони имзои котиб» қайд мекардаанд ва саҳҳофон «орзу доштаанд то дар партави ҷовидонагии номи Ҳофиз номи хешро ҷовидон созанд». Ҳам ҳамин муаллиф таъкид намудааст, ки дар миёни тамоми нусхаҳои мавҷудаи мероси хаттии гузаштагони мо «нусхаҳои Девони Ҳофиз камтар осеб дидаанд» ва сабабашро дар он дидааст, ки мардум онро «дар канори Қуръони маҷид ва дар баробари дидагони худ қарор медоданд».
Девони Ҳофиз на танҳо дар миёни мардумони форсизабон, балки дар кишварҳои дигари Шарқ, аз қабили Шибҳи Қораи Ҳинд, Туркия ва мамлакатҳои араб низ шуҳрати тамом дошт. Ба ин мавҷуд будани нусхаҳои хаттии зиёди Девони ӯ дар ин сарзаминҳо, пайдо шудани силсилаи шарҳҳои боарзиш ба он, нашр ва таҳқиқи он, ҳамчунин тарҷумаҳои гуногуни шеъри Ҳофиз ба забонҳои урду, панҷобӣ, синдӣ, ҳиндӣ, пашту, балучӣ, арабӣ, туркӣ, ӯзбакӣ, озарӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ, доғистонӣ, болқарӣ, гурҷӣ, арманӣ ва ғ., тақлид ва пайравиҳо далели равшан бар он мебошад.
Зиндаёд Шокир Мухтор, ки тамоми умр бо омӯзиши робитаҳои адабиёти форсии тоҷикӣ бо Ғарбу Шарқ машғул буд, ба хулосае омадааст, ки: «Миёни шуарои форсигӯйи Ховар нест суханваре, ки Девони Ҳофизро гаштаю баргашта қироат накарда ва аз ин ё он байт, фикр ва образҳои ғазалиёти ӯ баҳраманд нагардида бошад» (Шокир Мухтор. Нури Ҳофиз (ё худ назаре ба нуфӯзи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар шеъри ҷаҳон) // Шокир Мухтор. Мақолот. Душанбе: «Матбуот», 2001).
Агарчи ғарбиён ба тарҷумаи шеърҳои ҷудогонаи Ҳофиз аз асри ХVII сар карда буданд, шуҳрати воқеии ин шоири бузурги Шарқ метавон гуфт, ки пас аз чопи тарҷумаи комили Девони Ҳофиз аз тарафи шоир ва тарҷумон Йозеф фон Ҳаммер Пургштол ба забони олмонӣ дар соли 1812 ва хосса баъд аз бо шӯру ваҷд пазируфта шудани он аз тарафи «фарди аввали адабиёти олмонӣ… ва яке аз чанд нобиғаи шеъри дунё» (Муҳаммадалӣ Исломии Надушан. Чаҳор сухангӯи виҷдони Эрон: Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Саъдӣ), Теҳрон, 1381/2002, шоири бузурге мисли Иоҳан Волфҳанг Гёте ва дар пайравии Ҳофиз офаридани асари машҳури ӯ «Девони шарқии шоири ғарбӣ» (номи нахусташ «Маҷмӯъаи ашъоре ба шеваи Муҳаммад Шамсиддини Ҳофиз, сарояндаи бузурги форсӣ») оғоз гардид.
Ин тарҷумаи олмонӣ дар марҳалаи аввали шиносоии ғарбиён бо шеъри Ҳофиз замина барои тарҷума ба забонҳои дигари ғарбӣ, аз он ҷумла ба русӣ, чехӣ ва ғ. шуд. Ба шарофати тарҷумаи ғазалиёти Ҳофиз ба забонҳои ғарбӣ (олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ, испонӣ, лаҳистонӣ ва ғ.) навъи ғазал ба адабиёти ғарбӣ роҳ ёфт ва касоне мисли шоирони олмонӣ Август фон Платен ҳамасри Гёте, Фридрих Рюккерт ва Ҳуфмонстол пайдо шуданд, ки «ҳаммонанди ғазалҳои Ҳофиз» (Ҳасани Накӯрӯҳ. Тарҷумаҳои олмонии ашъори Ҳофиз// Ҳофиз (зиндагӣ ва андеша). Теҳрон, 1391/2012) бо риояти лафзу маънии он, аз ҷумла қофия ва радиф шеър гуфтаанд.
Эътирофи нобиғаи адабиёти ҷаҳонӣ Гёте низ тасдиқ бар ин падидаи адабӣ мебошад. Ӯ гуфта буд, ки «ба ростӣ девона мешавам, агар барои таскини ҳаяҷони худ ба гуфтани ғазал оғоз нанамоям».
Физикдони рӯйиҷаҳонӣ Алберт Эйнштейн гуфтааст, ки «ман ҳар вақт аз кори рӯзона хаста мешавам ва бар он чи бар дунё ва башар мегузарад, ранҷ мебарам, даст ба домони Ҳофизи Шероз мешавам» (Дуктур Ковуси Ҳасанлӣ. Чашмаи хуршед. Бозхонии зиндагӣ, андеша ва сухани Ҳофизи Шерозӣ, Шероз: «Навид», 1385 /2006).
Ховаршиноси номии инглис Виллиам Ҷонз ба дӯсташ навиштааст, ки «Канти азизам, ман бо мутолиаи ашъори Ҳофиз ба хоб меравам ва бо мутолиаи он аз хоб бармехезам» (Ҳамон ҷо).
Ховаршиноси номии фаронсавӣ Блоше дар «Феҳрасти дастхатҳои форсии Китобхонаи миллии Порис» аз мавҷуд будани 48 нусхаи хаттии Девони Ҳофиз маълумот додааст.
Адиб ва донишманди номии Эрон доктор Парвиз Нотили Хонларӣ соли 1971 пас аз сафари хеш ба Тоҷикистон ва иштирок дар ҷашни бузургдошти Ҳофиз сафарномаи пур аз меҳру муҳаббат ба мардуми тоҷик ва сарзамини онро зери унвони «Аз шаҳри Ҳофиз то диёри Рӯдакӣ» навишт ва дар он аз ишқу алоқаи фавқулодаи тоҷикон ба Ҳофиз ва шеъри ӯро чунин ба қалам оварда буд: «Аммо дилбастагии тоҷикон ба шеъри Ҳофиз агар бештар аз эрониён набошад, камтар нест. Ҳамаи эшон лоақал чанд шеъре аз ин шоири ҷодусуханро азбар доранд. Гуфтанд, ки он ҷо ҳам дар замонҳои гузашта ва дар мактабҳои қадим хондан ва навиштанро бо шеъри Ҳофиз меомӯхтаанд ва баъзе аз модарони тоҷик Девони Ҳофизро барои таяммун ва табаррук зери болиши кӯдакони худ мегузоштаанд. Хулоса он ки Ҳофизро, агарчи зодгоҳи ӯ ва маҳалли зиндагониаш садҳо фарсанг аз он ҷо дур аст, шоири миллии худ мешуморанд ва ин баҷо ва сазовор аст. Зеро ки марзҳои сиёсӣ ғайр аз марзҳои фарҳангӣ аст» (Доктор Парвиз Нотили Хонларӣ.
Ҳафтод сухан, ҷилди аввал, Шеър ва ҳунар. Теҳрон, 1367/1986).
Ба ҳамин монанд суханҳоро донишманди маъруфи эронӣ доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб низ, ки бо Хонларӣ ҳамсафар буд, гуфтааст ва бар он ақида аст, ки маҳбубияти беандозаи Ҳофиз дар миёни мадуми тоҷик «аз ҳамон рӯзгори шоир оғоз шуд» (Абдулҳусайни Заринкӯб. Бо Ҳофиз дар диёри Рӯдакӣ // «Садои Шарқ», 1971, №6).
Дарвоқеъ, агар ба қавли шоири номии тоҷик Мирзо Турсунзода бигӯем, «мардуми тоҷик дар байни ҳама китобҳо Девони Ҳофизро китоби муқаддастарин мешуморид» (Мирзо Турсунзода. Ғазалсарои бузурги Машриқ // Маҷ. «Садои Шарқ», 1971, №4).
Ба шаҳодати академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ «Шеъри Ҳофиз ҳамсайри тамоми умри Айнӣ, ба истилоҳ, аз гаҳвора то тобут будааст. Ин факти ҳаёти устод Айнӣ ба назари мо маънои рамзӣ дорад. Халқи мо як умр бо шеъри Ҳофиз мезист. Мардум ба дунё омада шеъри Ҳофизро мешуниданд ва то дами охир онро мехонданд. Ҳиссиёти мухталиф, ҳаяҷони пурҷӯш. Фалсафаи зиндагии халқ бо сухани олии Ҳофиз ифода мешуд. Шеъри ӯ ба зисту маишати мардум ончунон сардароварда буд, ки худ ба як ҷузъи муҳимми ҳаёти ҷамъият табдил ёфта буд» (Муҳаммадҷон Шукуров. Оинаи дилҳо // Муҳаммадҷон Шукуров. Пайванди замонҳо ва халқҳо Душанбе: «Ирфон», 1982).
Байтҳои зерини Мӯъмин Қаноат низ ин қазияро тасдиқ мекунанд:
Агар дар хонаи тоҷик тамоми чиз ночиз буд,
Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё Девони Ҳофиз буд…
Агар бо номи Ҳофиз мешудӣ дар хонаи тоҷик,
Баногаҳ қаср мешуд аз карам вайронаи тоҷик.
Ёдам меояд, бори нахуст номи Ҳофиз ва шеъри ӯро аз мӯйсафеди ҳамдеҳаамон амаки Маҳмадлатифи Карим шунида будам. Он кас саводи андак доштанд ва чаканафурӯшӣ мекарданд. Аз бозори Панҷакент мол (сӯзану ришта, шонаву сақич ва ғ.) меоварданд ва дар деҳа мефурӯхтанд. Солҳо баъд дарк кардам, ки чаро Ҳофиз ва шеъри ӯ на танҳо дар миёни аҳли савод ва мактабу мадрасахонда, балки дар байни мардумони одии тоҷик низ беш аз ҳамаи шоирони дигар шуҳрат ва маҳбубият дорад.
Боиси ифтихор аст, ки тоҷикон ин ишқу алоқаи фавқулодаи худ ба Ҳофизи бузургвор ва шеъри мондагорашро дар даврони инқилобҳои рангбаранги ду асри охир низ нигоҳ доштанд ва нагузоштанд, ки онро пастиву баландиҳои замона коста гардонанд...
Сирри шуҳрати беандозаи ин «мумтозтарин, маҳбубтарин ва мардумитарин» (Муҳаммадамини Риёҳӣ) «шоири соҳир» ва шеъраш ва муҳаббати фавқулодаи тоҷикон ва миллатҳои дигари дунё дар чист? Чаро «Нагуфтӣ кас ба ширинӣ чу Ҳофиз шеър дар олам»? Чаро «ҳеч девон беҳ аз Девони Ҳофиз нест»? Чаро Гёте навиштааст, ки «агар рӯзе дунё ба сар ояд, эй Ҳофизи осмонӣ, орзу дорам, ки танҳо бо ту ва дар канори ту бошам, ҳамроҳи ту бода нӯшам ва чун ту ишқ варзам, зеро ин ифтихори зиндагӣ ва мояи ҳаёти ман аст»? Чаро алломаи ҳиндӣ Шиблии Нӯъмонӣ, донандаи хуби адабиёти ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ машварат додааст, ки: «Гар худовандӣ ҳавас дорӣ дар иқлими сухан, Бандагии Ҳофизи Шероз мебоист кард»? Чаро шарқшиноси номии англис Эдвард Браун, муаллифи китоби машҳури «Таърихи адабии Эрон» бовар бар он дорад, ки «Ҳофиз баргузидатарин, номитарин ва беҳтарин шоири адабиёти форсӣ, устоди фанонопазир ва беназири ғазал аст»? Чаро адиби ғарбӣ Ҳенри Бромс ба хулосае омадааст, ки «агар бигӯем, ки дар дунё одаме ёфт намешавад, ки шеъри Ҳофизро шунуфта волаи он нагардад, хато нахоҳем кард»? Чаро шоири номвари австролиёӣ Пал Смит эътимод бар он дорад, ки «аз оғози хилқати башар то ба имрӯз дар ҳеч забоне, ҳеч шоире по ба арсаи вуҷуд наниҳодааст, ки битавонад бо Ҳофиз баробарӣ кунад»? Чаро устоди забоншиноси амрикоӣ Тедеско «шоире бузургтар аз Ҳофиз»-ро тасаввур накардааст ва гуфтааст, ки «гумон надорам шоире бузургтар аз ӯ дар вуҷуд омада бошад?»
Дар ҳофизшиносии умумидунёӣ шуморе аз донишмандон кӯшиш намудаанд, ки ба ин савол ҷавоб бигӯянд, рамзи ҷовидонагии ӯро боз намоянд ва то андозае ба он муваффақ ҳам гардидаанд, мисли Иоҳан Волфҳанг Гёте («Тавзеҳот бар ғазали Ҳофиз», 1815), Муҳаммад Муин («Нуктадоне базлагӯ чун Ҳофизи ширинсухан», 1319/1940), И.С. Брагинский («12 миниатюр», 1966), Абдулҳусайни Заринкӯб («Аз кӯчаи риндон», 1356/1977), Манучеҳри Муртазавӣ («Мактаби Ҳофиз», 1365/1986), Асғари Додбеҳ («Шарҳе бар Ҳофиз, пироста аз латофатҳо», 1365/1986), Насруллоҳ Пурҷаводӣ («Ринди Ҳофиз»,1367/1988), Баҳоуддини Хурамшоҳӣ («Ҳофизнома», 1367-68/1988-89), Муҳаммадалӣ Исломии Надушан («Моҷарои поённопазири Ҳофиз», 1368/1989), Муҳаммадамини Риёҳӣ («Гулгашт дар шеър ва андешаи Ҳофиз», 1374/1995), Сируси Шамисо («Сабкшиносии шеър», 1374/1995), Тақии Пурномдориён («Гумшудаи лаби дарё, тааммуле дар маънӣ ва сурати шеъри Ҳофиз», 1382/ 2003), ҳайати муаллифони «Ҳофиз (зиндагӣ ва андеша)» (1391/ 2012) ва дигарон.
Бо баҳрабардорӣ аз эшон ва такя бар мушоҳида ва мулоҳизаҳои хеш мо ҳам мехоҳем ҷавобе ба он савол гуфта бошем, то ба алоқамандон ва хонандагони шеъри шоир барои шинохти бештари он мусоидат намояд. Агарчи аз пеши назари ин камина як гуфтаи ҳофизшиноси номии эронӣ Муҳаммадалӣ Исломии Надушан ҳаргиз дур намеравад: «Дар бораи ҳеч шоире ба андозаи Ҳофиз дар замони ҳозир китоб навишта нашудааст…Дар айни ҳол, ҳеч шоири дигаре ҳамчун ӯ дар забони форсӣ нест, ки маҷол дода бошад то он ҳама матолиби бепоя, сатҳӣ ва ҳошияӣ дар борааш ба қалам ояд».
Барои кашфи сирри шуҳрати беандозаи Ҳофиз ва шеъри ӯ бояд ба ду савол «Ҳофиз чӣ мегӯяд?» ва «Чӣ тавр мегӯяд?» ҷавоби дуруст гуфт.
Чӣ гуфтани Ҳофиз ба тарзи нигоҳи ӯ вобаста мебошад. Нигоҳи ӯ ба оламу одам, махлуқоту мавҷудот, кавну макон, Олами сағиру кабир, ҷомеа, дирӯз, имрӯз ва ояндаи зиндагӣ, зиндагӣ ва марг, хулоса ба ҳама чиз глобалӣ мебошад. Шоир ба ҳама чиз аз шаш ҷиҳат назар меандозад, бинобар ин аз доираи нигоҳи фарогири ӯ ҳеч чиз берун намемонад. Барои ҳамаи мардумони дунё, намояндагони қавму қабилаҳои мухталиф, пайравони дину мазҳабҳои гуногун, тоифаҳои гуногуни ҷомеа: дорову нодор шеъри ӯ яксон пазируфта мешавад.
Дар миёни ношир, тарҷумон ва пажӯҳишгарони шеъри Ҳофиз ҳамзамон бо шоирону адибон ва аҳли касб мавҷуд будани қозӣ, табиб, ҷарроҳ, муаллими мактаб, устоди донишгоҳ, дипломат, сиёсатмадор, деҳқон, косиб, кашиш, бозаргон, бонкдор, ҳисобдор, низомӣ ва дигарон далел бар он мебошад. Инъикоси ин гуна назари фарогири фавқулодаро пеш аз ӯ то як андоза дар рубоиёти Хайём ва ашъори орифи бузург Мавлоно мебинем. Аз ин рӯ тамоми кӯшишҳои онҳое, ки Ҳофизро аз рӯи андеша ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмиаш дар чорчӯбҳои муайяну маълум гунҷониданӣ шудаанд, беҳуда буда, барор нагирифтааст. Ҳофиз на шиаи мутаассиб, на суннӣ, на маломатӣ, на муътазила, на ашоъира, на аз фирқаи қаландария, на даҳрӣ (атеист, мулҳид), на ориф, на ҳакими хайёммашраб, на ринди хароботӣ, на шайх, на сӯфӣ ва на ғайра дар алоҳидагӣ мебошад. Ҳофиз ин ҳама ҳаст, вале дар як они воҳид, зеро, чунон ки гуфтем, назари шашҷиҳата дорад. Ҳақ ба ҷониби ҳофизшиноси номӣ Алии Даштӣ аст, ки навишта буд:
«Ҳофиз шиъа нест, суннӣ нест, маломатия нест, мутаддин нест, Ҳофиз Ҳофиз аст!» (Алии Даштӣ. Нақше аз Ҳофиз, Теҳрон, 1336/1957). Аз ин вижагии хоси андешаи шоир дар замонаи худи ӯ низ бохабар будаанд. Муҳаммади Гуландом дар «Муқаддимаи ҷомеи Девони Ҳофиз» бо сароҳат чунин навиштааст: «Ҳам асҳоби зоҳирро бад-ӯ абвоби ошноӣ гушуда ва ҳам арбоби ботинро аз ӯ маводи рўшноӣ афзуда. Дар ҳар боб сухани муносиби ҳол гуфта ва барои ҳар кас маънии ғариби латиф ангехта». Муҳаққиқони муосир низ, аз ҷумла Муҳаммадалӣ Исломии Надушан, ба мушоҳида гирифтаанд, ки: «Ҳофиз танҳо касе аст, ки таъоризҳоро оштӣ дода ва табоеъи мухолифро дар канори ҳам нишонида: бедин ва диндор, ориф ва омӣ, ситамгар ва ситамкаш, мард ва номард, ҳамагӣ даст ба сӯйи ӯ дароз карда ва аз ӯ тасаллӣ гирифтаанд. Ғазалҳои ӯ ҳам бар сари минбар хонда шудааст ва ҳам дар маҷолиси фисқ. Монанди ҳотифи маъбади Далфҳар ҳоҷатманде аз ӯ саволе кардааст, ба муқтазои ҳоли худ ҷавобе шунида. Шеъри ӯ, аз як сӯ, мавриди таъбирҳои мутазод ва гуногун қарор гирифта ва ҳар фард ё фирқае мувофиқи ҳоли хеш барои он мафҳуме ҷуста. Ва, аз сӯйи дигар, аксарияти бешумор бидуни кунҷковӣ ва чуну чаро бо сидқ ва эътимод худро ба мусиқии дилнавози афсункунандаи он супурдаанд, чи дар он маъное биёбанд ва чи наёбанд».
Шореҳон ва муҳаққиқоне, ки Ҳофизро дар қолаби муайяне ё ориф, ё сӯфӣ, ё шайх, ё даҳрӣ ва ғ. гунҷониданӣ шудаанд, натавонистаанд ва ба душвориҳо рӯбарӯ шудаанд, мисли соҳиби «Бадрушшуруҳ», «Шарҳи Судӣ» ва дигарон. Онҳо шакку шубҳа ва тазодҳои ба вуҷудомадаро хостаанд бо роҳи суолу ҷавоб ва таъвил рафъ намоянд, барояшон муяссар нагардидааст. Ҳақ ба ҷониби доктор Тақии Пурномдориён аст, ки навиштааст:
«Зеҳни Ҳофиз дар чорчӯби ҳеч андеша ва бовардоште асир намешавад» (Дуктур Тақии Пурномдориён. Гумшудаи лаби дарё, тааммуле дар маънӣ ва сурати шеъри Ҳофиз, Теҳрон, 1382/2003).
Доктор Асғари Додбеҳ, ҳофизшиноси номӣ, ки низоми фикрӣ, фалсафии Ҳофизро ба таври густурда ва амиқ таҳқиқ намудааст, ба хулосае омадааст, ки «мактаби Ҳофиз, мактаби риндӣ аст» (Дуктур Асғари Додбеҳ. Мактаби Ҳофиз, мактаби риндӣ// Ҳофиз (зиндагӣ ва андеша), Теҳрон, 1391/2012). Муаллифи «Мактаби Ҳофиз, мактаби риндӣ» пас аз таҳқиқи нуктасанҷонаи ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, аз он ҷумла аз ринд аз дидгоҳи вожашиносӣ ва истилоҳшиносӣ, низоми мактаби риндӣ (ҷаҳонбинии Ҳофиз), манбаъҳои мактаби риндӣ, ҷилвагоҳи фалсафаи риндӣ, забони риндона ва хиради риндона ва ғ. натиҷагирие кардааст, ки ба дарки дурусти Ҳофиз ва шеъри ӯ мусоидат менамояд...
Ҳофиз худ борҳо изҳор намудааст, ки тариқи (мазҳаби) риндиро ихтиёр кардааст ва бовар бар он доштааст, ки турбати ӯ рӯзе зиёратгаҳи риндони ҷаҳон хоҳад шуд:
Нифоқу зарқ набахшад сафои дил Ҳофиз,
Тариқи риндиву ишқ ихтиёр хоҳам кард.
Аз се «маҷмӯъаи муроди» Ҳофиз дар шеър агар яке риндӣ буд, дуи дигар ишқ ва шароб аст:
Ишқу шаробу риндӣ маҷмӯъаи мурод аст,
Чун ҷамъ шуд маонӣ, гӯйи баён тавон зад.
Ҳофиз ба ҳаққи Қуръон, к-аз зарқу шайд боз о,
Бошад, ки гӯйи айше дар ин миён тавон зад.
Вобаста ба мавзӯи ишқ Ҳофиз гуфтааст, ки:
Як қисса беш нест ғами ишқу ин аҷаб,
К-аз ҳар забон, ки мешунавам, номукаррар аст.
Қиссаи нотакрори ишқи шоир аз баёни ҷанбаҳои зерини ин мавзӯъ иборат мебошад:
А) Васфи «ҷамоли ёр», «рӯйи зебои» «сиҳиқадони сияҳчашми моҳсимо», «лутфи холу хату зулфу қомат», «ҳусни хулқу вафо», «ҳусну малоҳати» онҳо:
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо...
Б) Баёни ишқ (меҳр) ва хушиҳои он, шавқи лаъл ва вафои Ошиқ:
Ман дӯстдори рӯйи хушу мӯйи дилкашам,
Мадҳуши чашми масту майи софи беғашам...
В) Лаҳзаҳои айши васли Ошиқ ва Маъшуқа (Дӯст):
Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.
Г) Шарҳи сӯзи ғами ишқ, талхии фироқ, ҷабру ҷафо ва «қаҳти вафои» «бути сангиндили симинбаногӯш» ба Ошиқ:
Надонам аз чӣ сабаб ранги ошноӣ нест
Сиҳиқадони сияҳчашми моҳсиморо…
Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки вазъи меҳру вафо нест рӯйи зеборо...
Ишқ дар тафсири Ҳофиз аз зебоӣ, «партави ҳусн» пайдо мешавад, вале ҳамроҳ бо ғаму дард аст.
Дар ошиқӣ гузир набошад зи созу сӯз,
Истодаам чу шамъ, матарсон зи оташам...
Ишқи Ҳофиз чӣ ишқест ва Маъшуқа (Дӯст, Ҳабиб) ва Ошиқе, ки ӯ офаридааст, чӣ касоне мебошанд? Маҷозӣ ва ё ҳақиқӣ? Илоҳӣ ва ё заминӣ ё худ чизи дигар ва касони дигаранд ва аз ишқи шоирони дигар ва шахсиятҳои офаридаи онҳо фарқ мекунанд ё на? Ва азбаски Ҳофиз ҳам шеъри ошиқона ва ҳам шеъри орифона гуфтааст, дар шеъри ӯ табиист, ки ҳам ишқи маҷозӣ ва ҳам ҳақиқӣ вуҷуд доранд. Вале ғолибан онҳоро дар шеъри Ҳофиз аз ҳам ҷудо намудан номумкин аст, зеро шоир аз имтизоҷи шеърҳои ошиқонаву орифона шеъри риндона ва аз имтизоқи ишқи ҳақиқиву ишқи маҷозӣ ишқи риндона офаридааст. Ишқе, ки ба замин, замона ва муаммову мушкилиҳои онҳо наздиктар мебошад. Муҳаммадамини Риёҳӣ дар замина дуруст менависад, ки «Ҳофиз беш аз ҳар чиз шоир аст, шоири маҳз, на орифи маҳз ва мазомини ирфониро дар хидмати ҳунари ҷодуии шеъри худ гирифтааст»
(Муҳаммадамини Риёҳӣ. Гулгашт дар шеър ва андешаи Ҳофиз, Теҳрон, 1374/1995).
Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, дигар аз ҳофизшиносонии номӣ, ба мушоҳида гирифтааст, ки «дар ҷанби шеърҳои ирфонӣ ва осмонии Ҳофиз, ки ҳаҷми камтаре аз Девони ӯро дарбар мегирад, шеъри ошиқонаи заминӣ ва хокӣ ҳам дар Девони ӯ мавҷ мезанад… Мақоми шеърӣ ва ҳунарии Ҳофиз шомихтар аз мақоми ирфонии сирфи ӯст. Ҳофиз ғазали форсиро ба авҷи аълояш расондааст, на ирфони исломии эрониро» (Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ. Ҳофизнома, бахши аввал, Теҳрон, 1368/1989).
Май (бода, шароб, хамр, мул, оби тарабнок, ҷоми май ва ғайра) дар шеъри Ҳофиз, тавре ки ишора рафт, ҳамзамон бо риндиву ишқ аз мавзӯъҳои калидӣ ба шумор меравад. Шоир худро муриди ҷоми май ва ҷоми майро мазҳаби худ ва асоси ҳастиаш ва гӯшаи майхонаро хонақову дуои пири муғонро вирди субҳгоҳаш номидааст:
Ҳофиз муриди ҷоми май аст, эй сабо, бирав
В-аз банда бандагӣ бирасон шайхи ҷомро...
Шарифмурод Исрофилниё дар «Хамриёти Ҳофиз» пас аз баррасии назари ҳофизшиносон ба хулоса омадааст, ки дар шеъри шоир асосан аз се бода: ангурӣ, ирфонӣ ва адабӣ ё киноӣ сухан меравад. Ба сухани дигар, майи Ҳофиз ҳам ангурӣ, ҳам ирфонӣ ва ҳам адабию киноӣ мебошад. Шоир дар ин ҳар се навъи май шеър сурудааст, аммо бештар он серо дар ғазалҳояш, тавре ки ба ӯ хос аст, ба ҳам тазвиҷ додааст.
Ишқу шаробу риндӣ дар шеъри Ҳофиз ҳам мабдаи тасвир ва ҳам воситаи тасвир мебошанд. Аз мабдаи тасвир будани онҳо дар боло сухан рафт, ҳоло бубинем, ки шоир аз ин «маҷмӯъаи муроди» хеш ба хотири ифодаи кадом ҳадафҳои хеш истифода бурдааст.
Ишқ ба шоир барои баёни меҳру алоқаи худ ба Худованди бузург, ба соҳибони «рӯйи зебо», «сиҳиқадони сияҳчашми моҳсимо», ба зебоиҳои инсон, зиндагӣ ва ҷаҳон, даъват ба вафо, меҳру садоқат, дӯстӣ, лутфу марҳамат, хубӣ, покбозию покдилӣ, якрӯйиву якҷиҳативу ҳақгузорӣ, хушхулқӣ мусоидат намудааст. Ёри Ҳофиз маҳрами рози ӯ, ҳарифи ҳамдами ӯ дар маҷлисҳои унс ва дар рӯзҳои танҳоӣ ва фироқ мебошад.
Шароб (май) сарчашмаи шодию хушдилӣ, ҳаётбахш, розкушой, рамзи покию сафо, позаҳри риё, ғамзудой, воситаи бехудӣ, раҳоӣ аз шакку ҳайрат, тазкияи нафсу таҳзиби дил, воситаи фаромӯш кардани ғами айёму қасри амал мебошад.
Риндӣ дар шеъри Ҳофиз воситаи эътироз аст:
А) бар зидди аҳли рӯву риёву солусу нифоқу зарқу тазвир - зоҳидону сӯфиёну шайхону муфтиву воизону фақеҳону обидону муҳтасибони зоҳирпарасту хому худбину ҷоҳилу гумроҳи «даҷҷолфеъли мулҳидшакл» ва пур аз боди ғурур, ки Ҳофиз аз онҳо гоҳо бо номҳои «гурӯҳи азрақлибосу дилсияҳ», «афсурдагони хом» ва «зуҳдфурӯшон» ва ғолибан муддаиён ва мункироне, ки манъи ишқу маю риндӣ кунанд, ёд меоварад ва салоҳу тақвову тоати риёӣ, зуҳди хушк, зуҳди риё, низоъу душманӣ, фитна, тааллуқпазирӣ, дурӯягӣ, беномусиву бенангӣ, худфурӯшӣ, ҳуснфурӯшӣ, ҳасудӣ, пастӣ, ноҷинсиву нокасӣ ва ғайраро ба онҳо нисбат медиҳад...
Б) бар зидди фалаки ҳуққабоз, дунёи данӣ, гардуни дунпарвар, ғами замона, ғами рӯзгори дун, ҷаҳони пиру бебунёди фарҳодкуши афсунгари найрангбоз, дунёи бемеҳру вафо, ҷаври даврон ва зулми абнои замон...
В) ва ҳамчунин воситаи даъват ба ғанимат шуморидани вақт, вақтшиносӣ, айши нақд, хушбошию хушҳолӣ, хушдилӣ ва ишрат. Агар аз забони Абдулҳусайни Зарринкӯб бигӯем, Ҳофиз дар дунёи пур аз ваҳшат ва сукути замонааш, ки дар ҳоли фурӯрехтан буд, «нидои шодӣ, нидои нишот ва нидои зиндадилӣ дарафканд ва дар варои олому дардҳои зоҳир ишқҳо ва зебоиҳои ботинро нишон дод» (Дуктур Абдулҳусайни Зарринкӯб. Бо корвони ҳулла, маҷмӯаи нақди адабӣ, Теҳрон, 1374/1995)...
Г) воситаи даъват ба озодию озодандешӣ.
Айби Ҳофиз, гӯ, макун воиз, ки рафт аз хонақоҳ,
Пойи озоде чӣ бандӣ? Гар ба ҷойе рафт, рафт.
\\\*
Фош мегӯяму аз гуфтаи худ дилшодам,
Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам.
Ишқу шаробу риндӣ барои Ҳофиз, тавре ки худ мегӯяд, дар замонааш паноҳгоҳе ва ҳаволагоҳе буданд, ки дар канори онҳо ва дар ҳамроҳӣ бо онҳо аз дунёву шару шӯраш, офати айём ва аз гурӯҳи азрақлибос паноҳ меҷуст.
Ҷуз остони туам ба ҷаҳон паноҳе нест,
Сари маро ба ҷуз ин ҳаволагоҳе нест...
Ба ишқу шаробу риндӣ, яъне ба майкадаву майхона, харобот, дайр, кӯйи муғон, ҷоми май, суроҳӣ, бодаи ноб, оби харобот, бонги барбату наю чанг, кӯчаи риндон паноҳ овардани Ҳофиз ва дасти иродат додани ӯ ба пири майфурӯшон, пири майхона, пири майкада, пири харобот, пири дурдикашон ва муршид ва дар маҷлиси унс нишастан бо ориф, дарвешон, соқӣ, сабӯкаш, муғбачагон, майфурӯшон, дурдикашон, ҳарифи ҳамдам, шоҳиди латифу пок, дилбари моҳи тамом, санам, бути чинӣ, мутриб, риндону айёрон, аҳли розу аҳли дарду аҳли назар, ёри надим, дӯст, рафиқ, аҳбоб, ҳабиб, пӯшидани далқи айбпӯшу хирқаи майолуд, рафтан аз масҷиду савмааву хонақоҳу работ, дурӣ ҷустан аз аҳли нифоқу зарқу рӯю риё, абнои замон, аз шайху зоҳиду сӯфию воизу обиду фақеҳ, муддаӣ, муҳтасиб, имоми ҷамоъат, аҳли томоту шатҳу тасбеҳу тайласон, зуҳдфурӯшон, чӣ маънӣ дорад?
Аввал ин ки маломат, хӯрдагирӣ, айбҷӯйӣ кардан ба мафкурабардорони шариъати исломӣ ва ирфони амалӣ ва ситоиш намудани намояндагони дину оинҳои қадимӣ ҳаргиз маънои инкори яке ва ҳимоят ва ё тарғибу ташвиқи дигареро надорад. Танқид дар ин маврид танҳо маънои рафъи рӯю риёе мебошад, ки дар «рӯзгори фасод, рӯзгори дурӯғ, рӯзгори риёи» замони шоир (Дуктур Абдулҳусайни Зарринкӯб. Бо корвони ҳулла, маҷмӯаи нақди адабӣ, Теҳрон, 1374/1995) ва дар амалияи мафкурабардорони шариъати исломӣ ва ирфон вуҷуд дошт. Ҳофиз шайху сӯфию воизу зоҳиду обиду муфтию муҳтасибро барои рӯвуриё дар тоату ибодат, зуҳдфурӯшӣ, ҷоҳилӣ, гумроҳӣ, беҳудагӯӣ, хомию нодонӣ, бехирадӣ, дилсиёҳӣ, бефаҳмӣ, нифоқ, зоҳирпарастӣ, фисқ, тазвир, макру фиреб, нопокӣ, худфурӯшӣ, тундхӯию бадхӯӣ, беномунангӣ, ноҷинсӣ, белутфӣ, беҳунарию бехабарӣ, бадфеълӣ, тезӣ, ҳуққабозӣ ва дигар корҳои бад, ки дар шариъати исломӣ ва тариқати ирфон низ раво нестанд, маломат кардааст ва онҳоро аз ин ҷиҳат ба хотири ислоҳ ва ба роҳи рост дароварданашон фош намудааст.
«Танзи Ҳофиз, - навиштааст Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, - дар бораи муқаддасоте чун намоз ва рӯза ва ҳаҷ ва масҷид ва тасбеҳ ва саҷҷода ва хирқа ва хонақоҳ ҳокӣ аз ин аст, ки «дарди дин» дорад. Мекӯшад ба мадади танз ва дар камоли хушбошӣ ва каромати нафс ва азамати рӯҳ, бидуни талхзабонӣ ва ҳаҷв, арзишҳои таҳрифшударо аз таҳриф ва табоҳӣ биронад» (Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ. Ҳофизном, бахши аввал, Теҳрон, 1368/1989).
Ба гуфтаи Ҳофиз «ёрони шаҳр» - сӯфиву шайху воъизу муҳтасибу муфтӣ агарчи дар сухан иддаои риояти тоъату ибодат, тавба, тақво, зуҳд мекунанд ва аз дигарон нахӯрдани май ва нагаравидан ба риндӣ, андешаи табоҳ ва ба ҳарза умр нагузарониданро тақозо доранд ва онҳоро номасиёҳ меноманд, аммо дар амал худашон май мехуранду риндӣ мекунанд...
Шояд бисёриҳо бар асари мутолиаи аксари шарҳҳое, ки дар гузашта ва имрӯз ба шеъри Ҳофиз навиштаанд ва тасаввуре, ки аз суҳбат бо баъзе аз «донандагони» ин шоири бузург бардоштаанд ва ҳам бар асари бехабарӣ аз корҳои арзишманде, ки дар ҳофизшиносӣ ба вуҷуд омадаанд, гумон кунанд, ки маю ишқе, ки ӯ ба «ёрони шаҳр» нисбат медиҳад, майи ангурӣ ва маъшуқаи маҷозӣ (воқеъӣ) набуда, нӯшидани чунин май ва дилбастагӣ ба чунин маъшуқа равост ва маломату танзи Ҳофиз маъниҳои дигаре дорад.
Аввало ин ки, тавре ки дар боло ишора буд, чунин нест, яъне на ҳама вақт маю маъшуқае, ки Ҳофиз мегӯяд, ирфониву ҳақиқӣ (илоҳӣ) мебошанд, сониян, ошкор намудани рӯву риё, риёситезӣ дар шариату тариқат, на бадном намудани намояндагони масъули онҳо ва ё тавҳин ба дини мубини ислому ирфон аст. Ин тоифа бисёр мехоҳанд, ки ҳофизшиносон «симои фарзонаи Ҳофизро аз он мизоне, ки ба воқеъият ҳаст, динитар ё орифтар» (Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ. Ҳофизнома, бахши аввал, Теҳрон, 1368/1989) ҷилва диҳанд, ки дуруст нест. Ҳофиз ҳунари ринд, афзалияти риндиро бар шайху сӯфиву зоҳиду обиду муҳтасиб дар он дидааст, ки вай бархилофи онҳо бе рӯю риё, нифоқу зарқ, якранг, ҳушёру зирак, доно, баландназар, озодандеш, бо меҳру муҳаббат, хайрандешу некирасон, бохираду боҳикмат, беозор, бениёзу бетамаъ, поку соф, инсондӯст, вақтшинос, зиндагидӯст, дастгиру ҳимоятгари шикастадилон, тарафдори айши нақд буда, боданӯшиву ишқбозиро беҳтар аз рӯву риё, тоату ибодату зуҳди хушк ва золимон мешуморад.
Бар дари майхона рафтан кори якрангон бувад,
Худфурӯшонро ба кӯйи майфурӯшон роҳ нест...
Сониян, Ҳофиз як мусулмони комил ва ё ба қавли Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, «мусулмоне покэътиқод» буда, «имонаш омезае аз маънавият ва руҳонияти сегона ва дар айни замон ягона «шариат – тариқат – ҳақиқат» аст» (Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ. Ҳофизнома, бахши аввал, Теҳрон, 1368/1989) ва дар ин ҳеч ҷойи шакке нест. Худи шоир дар шеъраш борҳо ба ин ишора намудааст. Чунончи:
Фарзи Эзид бигузорему ба кас бад накунем
В-он чи гӯянд: «Раво нест». Нагӯем: «Равост»...
«Ишқу шаробу риндӣ» дар пайвастагӣ ба ҳам воситае шудаанд, ки шоир замонаи басо пурпечутоб ва пур аз зиддиятҳо ва фоҷеаҳоро бо тамоми мураккабиҳояш ошиқона, орифона ва риндона ба қалам диҳад. Ва силсилаи чеҳраҳои мондагори давронашро офарад, ки мавҷуди фарзӣ мебошанд, на вуҷуди хориҷӣ, монанди Ринд, Пири муғон, Муғбача, Харобот, Майкада, Мастаба, Майхона, Дайри муғон, Масҷид, Хонақоҳ, Савмиъа, Сӯфӣ, Зоҳид, Шайх, Шоҳид, Соқӣ, Маъшуқа, Турк, Ёр, Дӯст, Ҳабиб, Рақиб, Май, Ҷому Соғар, Мушку Нофа, Лаълу Гавҳар, Боди сабо ва ғ. Аксарияти ин чеҳраҳои адабӣ дар шеъри форсии тоҷикии пеш аз Ҳофиз ва баъд аз ӯ низ маъмул буданд ва ҳанӯз ҳам ҳастанд, аммо вақте ки хонанда ва ё шунаванда номи Ринд, Соқӣ, Шайх, Сӯфӣ, Зоҳид, Шоҳид, Соғар, Бода, Турк ва дигаронро мехонад ва ё мешунавад, пеш аз ҳама, ёди Ҳофиз мекунад.
Доктор Тақии Номдориён бар он бовар аст, ки шахсиятҳои офаридаи шоир дар ҷумлаи инсони табиӣ мебошанд, яъне инсоне, ки «ҳам воҳиди буъди модӣ ва ҷисмонӣ аст ва ҳам буъди илаҳӣ ва рӯҳонӣ. Ва чун инсони табиӣ истода дар барзахи миёни фаришта ва ҳайвон, ки гоҳе ба ин сӯ ва гоҳе ба он сӯ навсон дорад, на яксара аз мақоми эътидоли худ ба он сӯи ин мақом суъуд мекунад ва на ба ин сӯи ин мақом суқут». Аз ин рӯ ин чеҳраҳо, бино бар гуфтаи ин донишманд, барои «сухан ва одатҳои ғолиб» бегона менамоянд.
Агарчи «ҳар як метавонад дар шеъри Ҳофиз он рӯйи пинҳони чеҳраи худро ҳам бубинад».
Бо дарназардошти ин муаллиф шоирро аз «зиндатарин шоирони муосир» донистааст ва навиштааст: «Ҳофиз ҳатто дар асри мо бо тамоми дигаргунӣ ва истиҳолае, ки дар боварҳо ва писандҳо ҳодис шудааст, ҳанӯз зиндатарин шоири муосир аст» (Доктор Тақии Пурномдориён. Гумшудаи лаби дарё, тааммуле дар маънӣ ва сурати шеъри Ҳофиз, Теҳрон, 1382/2003).
Қаҳрамонони Ҳофиз дар «замонаи хунрези» ӯ хушбинтарин инсонҳо буданд, ҳеч гоҳ ноумед намешуданд ва бовар бар он доштанд, чархи гардун дар охир бар муроди онҳо низ хоҳад гашт. Ва шоир аз забони онҳо ва аз номашон мегуфт, ки:
Эй дил, сабур бошу махӯр ғам, ки оқибат
Ин шом субҳ гардаду ин шаб саҳар шавад.
\\\*
Бигзарад ин рӯзгори талхтар аз заҳр,
Бори дигар рӯзгори чун шакар ояд.
Булбули ошиқ, ту умр хоҳ, ки охир
Боғ шавад сабзу сурхгул бадар ояд.
Сабру зафар ҳар ду дӯстони қадиманд,
Сари сабр навбати зафар ояд.
\\\*
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нагашт,
Доимо яксон набошад ҳоли даврон ғам махӯр.
Онҳо заифону наҳифон, гадоёни раҳнишин, нотавонон, мискинон, беваю бечорагон, дармондагонро пуштибон, дастгиру мададгор буданд. Зеро бовар бар он доштанд, ки:
Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ!..
Вале вақте дидаанд, ки чархи гардуни гардон на ҳамеша бар муроди дили онҳо мегардад, хостаанд, ки онро барҳам зананд ва фалакро сақф бикшода, тарҳи нав дарандозанд:
Чарх барҳам занам, ар ғайри муродам гардад,
Ман на онам, ки забунӣ кашам аз чархи фалак!
\\\*
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Тавре ки дидем, Ҳофиз дар шеър андешаи худ, мавзӯъ, паём ва қаҳрамонони худро дошт.
Муайян намудани он ки шоир ин андеша ва паёмҳои худро ба алоқамандони осораш ба чӣ тарзу тариқ расондааст, ин мавзӯъҳоро ба кадом забон ва воситаҳо баён доштааст, қаҳрамонҳои худро чӣ тавр офаридааст, низ бағоят муҳим мебошад.
Мутолиаи Девони ин бузургтарин гӯяндаи ғазал ва садрнишини он дар тамоми давр ва замонҳо ва пеши ҳамаи миллатҳо ва қавмҳо моро ба ин натиҷа овард, ки сабке, ки дар ғазали форсии тоҷикӣ бо номи сабки Ҳофиз ё ғазали ҳофизвор шуҳрат дорад, дорои унсурҳои зерин аст:
1. Корбурди хуштарину зеботарин, поку беғаштарин, латифтарину дилкаштарин, ширинтарину мавзунтарин лафзу таркибу таъбир.
Ҳофизшиноси номӣ Муҳаммадалӣ Исломии Надушан мушоҳидаи аҷибе кардааст ва гуфтааст: «Ҳофиз… калимотро монанди ашк, қатра-қатра аз масомоти вуҷуд таровиш медиҳад… Калимоти Ҳофиз ҳамагӣ дастчин шудаанд» (Муҳаммадалии Исломии Надушан. Моҷарои поённопазири Ҳофиз. Теҳрон, 1368/1989). Дарвоқеъ, дар шеъри Ҳофиз лафзи нохуш, таркибу таъбири нохуше вуҷуд надорад. То ба андозае, ки лафзу таркибу таъбирҳои зоҳиран нохуш дар матну батни шеъри ӯ хушоянд ва писандида мегарданд. Чунонки лафзи «муҳаққар», ки зоҳиран нохуш, камистеъмол ва нописанд менамояд, дар байти маълуми шоир чунон гунҷидааст, ки хонанда ва шунаванда ҳаргиз нохушояндии онро эҳсос наменамояд:
Ҷон нақди муҳаққар аст, Ҳофиз,
Аз баҳри нисор хуш набошад.
Донишманди номии дигар Алии Даштӣ, ки дар таҳқиқ ва нашри осори шоир саҳми назаррасе гузоштааст, дар замина навиштааст, ки: «Дар қариб 5000 байти Ҳофиз ба як таъбири фурӯафтода ва бозорӣ ва ба як таркиби суст барнамехӯрем, шояд ин хусусият дар бисёре аз гӯяндагони дигар каму беш дида мешавад. Аммо ба навъе хос аз сухани одӣ бартар меравад» (Алии Даштӣ. Шеваи сухани Ҳофиз //Девони Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ба эҳтимоми Абулалои Анҷӯӣ, Теҳрон, 1344/1965).
Ҳофиз калимаву таркиб ва таъбирҳоро чунон ба ҳам мепайвадад ва паҳлуи ҳам меоварад, ки онҳо робитаи наве пайдо мекунанд, аз ин сабаб ҳатто маъмултарин ва куҳантарини онҳо «дар зери қалами ӯ чунон дурахшиши тозае ба худ мегиранд, ки гӯйӣ нахустин бор аст, ки мо бо онҳо бармехӯрем» (Муҳаммадалӣ Исломии Надушан. Моҷарои поённопазири Ҳофиз. Теҳрон, 1368/1989). Надушан ин тарзи баёнро дар шеър наздик ба ҷодугарӣ хонда, онро нишонаи нубуғи «истисноӣ ва хориқулода» донистааст (Муҳаммадалӣ Исломии Надушан. Чаҳор сухангӯйи виҷдони Эрон: Фирдавсӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Саъдӣ.- Теҳрон, 1381/2002).
Шоир ҳамзамон бо додани тобишу дурахши нав ба калимаву таркибу ибораҳои маъмули забони форсии тоҷикӣ силсилаи калимаву таркибу таъбирҳоеро офаридааст, ки дар шеър пеш аз ӯ маълум набуданд. Аз ин рӯ комилан ҳақ дошт бигӯяд, ки:
Манам он шоири соҳир, ки ба асрори сухан
Аз найи килк ҳама қанду шакар меборам.
\\\*
Нагуфтӣ кас ба ширинӣ чу Ҳофиз шеър дар олам,
Агар тӯтии табъашро зи лаъли ӯ шакар будӣ.
2. Унсури дигари барҷастаи сабки шеъри Ҳофиз истеҳком дар забон ва баён аст.
Шоир калима, таркиб ва таъбирҳои забонро чунон паҳлуи ҳам мегузорад, ки яке ба дигаре сахт мепайвандад ва миёнашон холигоҳе боқӣ нахоҳад монд. Дар ин маврид ӯ ба меъмори забардасте шабоҳат дорад, ки ҳар хишти иморати хешро аввал борҳо санҷида, баъд рӯйи хишти дигаре мегузорад, то дар он халале ва залале роҳ наёбад. Аз ин рӯ дар шеъри Ҳофиз, хосса дар ғазалиёти ӯ калимаву таркибу таъбири зиёда, ҳашвҳои қабеҳ ва айбҳои дигари шеърӣ ба назар намерасанд. Ин чизро на дар чанд ва ё дастаи ғазалиёти шоир, балки дар ҳамаи онҳо, бидуни истисно, метавон мушоҳида кард...
3. Ҳамаи воситаву васила, асбобу афзор ва санъатҳои бадеъие, ки Ҳофиз дар баёни хеш истифода бурдааст, муносибу мувофиқ ва табиӣ буда, ҳаргиз сунъӣ ва намоишӣ чун ибороти пурсанъати воизон (Ҳадиси ишқ зи Ҳофиз шунав, на аз воиз, Агарчи санъати бисёр дар иборот кард) намебошанд, мисли истеъмоли истиора ва ташбеҳе, ки дар ин байтҳои ӯ ба назар мерасанд:
Мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,
Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав...
4. Фаровонии тасвир, маънӣ ва нуктаҳои шоирона.
Ғазалиёти Ҳофиз ҳама, бидуни истисно, бар тасвир, маънӣ ва нуктаҳои шоирона устувор мебошанд. Ба ростӣ ҳам, «нуктадоне, базлагӯ чун Ҳофизи ширинсухан" беназир аст...
Муҳимтарин унсури шеъри Ҳофиз, ки ба он худи шоир ва бисёре аз ҳофизшиносон ишора ва таъкид намудаанд, «лутфи сухан», «лутфи табъу сухангуфтани дарӣ» мебошад.
Муаллиф дар замина фармудааст:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.
\\\*
Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм бар Ҳофиз,
Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст.
Ҳофизшинос ва ношири маъруф Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ вақте ки аз хусусиятҳои шеъри Ҳофиз сухан мекунад, таъкид менамояд, ки шеъри ӯ на танҳо «ғолибан дупаҳлӯ ва иҳомпарвард ва саршор аз ишорот ва талмеҳот аст», балки «дупаҳлӯӣ ва иҳомпарвардӣ аслан…дар тору пуди бофт ва сохти шеъри Ҳофиз аст» (Баҳоуддин Хуррамшоҳӣ. Ҳофиз ҳофизаи мост.-Теҳрон: нашри Қатра,1382/2003). Аз ҷумла танз дар шеъри Ҳофиз аз унсурҳои аслии «лутфи сухани» шоир мебошанд. Ба мушоҳидаи ҷолиби Муҳаммадалӣ Исломии Надушан, азбаски Ҳофиз «як равшанбини шаккок буда», «ҳеч нуктаеро бе як рашҳаи танз баён намекунад,… ҳама чизро то луоби танз надиҳад, ором намегирад» (Муҳаммадалӣ Исломии Надушан. Чаҳор сухангӯи виҷдони Эрон.-Теҳрон, 1381/2002).
Насиби мост биҳишт, эй худоношинос, бирав,
Ки мустаҳақи каромат гуноҳкоронанд.
\\\*
Риштаи тасбеҳ агар бигсаст, маъзурам бидор,
Дастам андар соиди соқии симинсоқ буд.
\\\*
Ба азми тавба саҳар гуфтам истихора кунам,
Баҳори тавбашикан мерасад чӣ чора кунам?
\\\*
Сӯфиён ҷумла ҳарифанду назарбоз, вале
З-ин миён Ҳофизи дилсӯхта бадном афтид.
\\\*
Ҳофиз ба худ бипӯшид ин хирқаи майолуд,
Эй шайхи покдоман, маъзур дор моро.
\\\*
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт,
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
\\\*
Ман ҳарчи ошиқаму ринду номасиёҳ,
Ҳазор шукр, ки ёрони шаҳр бегунаҳанд...
5. Шеъри Ҳофиз имтизоҷи беҳтарин дастовардҳои адабиёти форсии тоҷикӣ мебошад.
Бино бар гуфтаи Сируси Шамисо, ӯ «тавонист Саъдӣ ва Мавлоноро ба устодонатарин наҳве талфиқ кунад ва дар миёна албатта аз худ низ мояҳое бисёр гузошт…Дар ғазалиёти Ҳофиз яъс ва бадбинӣ ва танзи Хайём ва шӯру шавқ ва тасаввуфи Мавлоно ва ишқ ва сафо ва латофат ва хушоҳангии забони Саъдӣ дар ҳам омехта аст» (Дуктур Сируси Шамисо. Сайри ғазал дар шеъри форсӣ.-Теҳрон, чопи шашум, 1380 / 2001).
Хонандагони арҷманд ва дӯстдорони шеъри дилкаши Ҳофизи ширинсухан, он чи гуфта шуд, кӯшише буд барои мусоидат ба шинохти ин шоири шоирон ва шеъри оламгири ӯ.
Аммо беҳтарин ва озмудатарин роҳи шинохти ӯ ва шеъраш, чун ҳар вақти дигар, мутолиаи бевоситаи ин «беҳтарин Девон» дар адабиёти форсии тоҷикӣ ва дунё аст, чунонки бузургони мо устодон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода, Мӯмин Қаноат, зиндаёд Лоиқ, Фарзона ва дигарон кардаанд.
22 июн - 26 августи 2015.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё