Зеҳн

«Эҳтиёт – нисфи ҳаёт»

ВА
Валиев Султон25 октябри 2024 · 6 дақиқа хондан

Мақоле дар байни мардум машҳур аст: «Эҳтиёт – нисфи ҳаёт». Дар куҷо бояд эҳтиёт шуд? Дар ҳама ҷо ва ҳамеша – дар хона, мактаб, роҳ, нақлиёт... Инчунин, аз оташ, ҳангоми заминларза, раъду барқ, истифодаи асбобҳои барқӣ низ бояд эҳтиёт шуд. Эҳтиёт қоидаҳо дорад, муаллиф чанд қоидаи муҳимро барои бачаҳо дар ин китоб гирд оварда ҳушдор додааст. Мо онҳоро хонда, дар хотир гирифта, амал намуда аз бисёр нохушӣ ва фалокат эмин хоҳем монд.

Барои бехатар зистани одамон дар шаҳрҳо чанд хадамот амал мекунад: оташнишонӣ, милитсия ва ёрии таъҷилии тиббӣ.

Ҳар хадамот рақами телефон дорад. Ин рақамҳоро ҳамеша дар хотир доред!

ЭҲТИЁТ АЗ СӮХТОР

Инсон оташу барқро ҳар рӯз истифода мебарад. Мо хӯрок мепазем, либос мешӯем, телевизор тамошо мекунем, дарзмол мекунем,

гарм мешавем...

Аммо гоҳо беэҳтиётӣ мекунем ва сӯхтор сар мезанад. Сӯхтор дар хона хатари пурдаҳшат мебошад. Дар хотир доред: сӯхтор аз ҳама хатарҳо зиёдтар таҳдид мекунад.

Мана, ба расмҳо диққат диҳед. Ин асбоб ва ашёҳо дар хонаи мо чизҳои заруранд. Вале боиси сӯхтор ҳам мешаванд.

ЧӢ БОЯД КАРД?

Дар хона оташ аланга зад. Шахси калонсол нест. Чӣ бояд кард?

Дарҳол бо телефони «01» занг занед. Ба оташнишонҳо асосан се маълумот зарур аст:

– макони сӯхтор куҷост (кӯча, рақами бино, ошёна ва хона);

– сабаби сӯхтор;

– ному насаб ва рақами телефони шумо.

Пас, ба берун ё долон бароед, фарёд занед, ҳамаро ба ёрӣ даъват кунед.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Ба дарзмол, тоба, телевизор об напошед. Ноқили онҳоро аз васлак ҷудо кунед.

Бӯйи ноқили сӯхтаистода ҳис кардед ё паридани оташро дидед, ноқилро аз васлак ҷудо кунед.

Ҳарчӣ зудтар хонаро тарк кунед.

Дар хонаи пурдуд даҳону биниатонро бо матои тар пӯшед.

Дар вақти сӯхтор аз лифт истифода набаред.

ГАЗ

Газ заҳр аст, ранг надорад, аз ин рӯ онро дидан душвор аст. Аммо бӯйи газро ҳис кардан мумкин аст. Дар вақти аз газ заҳролуд шудан, сари одам дард мекунад, тоб мехӯрад, дар гӯш садо пайдо мешавад, пеши чашмро торикӣ мегирад, дил беҳузур мешавад. Вақте ин ҳолатро дар худ мушоҳида кардед, донед, ки хонаро газ фаро гирифтааст.

Сабабҳои ихроҷи газ асосан инҳо мебошанд: – вайрон будани қубур, тоба ё чобаи газ;

– дуруст маҳкам накардани ҷумаки газгузар;

– ба сархонаи газ рехтани оби ҷӯш ё вазидани шамол. Бӯйи газро ҳис карда, дарҳол ба калонсолон хабар диҳед. Зинҳор гӯгирд назанед ва чароғро фурӯзон накунед. Тирезаҳоро кушоед.

Аз хонаи ҳамсоя бо телефонии «04» занг бизанед.

ХАТАРИ ОБ

Бе об зистан душвор аст. Мо дар хона ҳар замон аз об истифода мебарем. Даст мешӯем, ба ҳаммом медароем, ҷомашӯйӣ мекунем, хӯрок мепазем.

Аммо гоҳо беэҳтиётӣ мекунем ва об боиси фалокат мешавад. Масалан, ҷумаки обро кушода мемонем ё қубур сӯрох мешавад. Он гоҳ хонаро об зер мекунад.

Агар ҷумаки об вайрон шуд ё қубуре кафид, чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама ба калонсолон бояд хабар дод. Агар дар хона калонсолон набошанд, ҳамсояро ба ёрӣ даъват кунед. Агар об ба қади девор шорад ё аз шифти хона бичакад, дарҳол асбобҳои барқро хомӯш кунед.

Дар ҳама ҳолат ба сӯхторнишонҳо занг занед. Рақами телефони онҳо «01» мебошад.

Дар хонаю ҳавлӣ танҳо барқу газу об хатарнок нестанд. Моддаҳои химиявӣ низ пурхатаранд. Онҳо хеле зиёданд. Масалан:

1. Хокаи ҷомашӯйӣ.

2. Атр ва хушбӯиҳои дигар.

3. Собун, хока ё моеъ, ки барои шустани дегу табақ истифода мешавад.

4. Ранг, ширеши хушку тар, сирко, атсетон, оҳак, алебастр, ҳароратсанҷ...

5. Заҳр барои нобуд кардани муш, нонхӯрак, магас, кайк...

ЭҲТИЁТ АЗ МОДДАҲОИ ХИМИЯВӢ

Қуттӣ ё сарпӯши онҳоро накушоед. Таъм ё мазаи онҳоро начашед.

Барои бозӣ ба додару хоҳари худ надиҳед.

Зарфи холишудаи онҳоро барои бозӣ ё об нӯшидан истифода набаред.

Барои шӯхӣ ба рӯй ва дасту либоси якдигар напошед...

Агар ҳароратсанҷ шикаст, симоби онро нағундоред. Симоб заҳр аст!

Агар фалокате рух дод, дарҳол ба «Ёрии таъҷилӣ» занг бизанед. Рақами телефони он «03» аст.

ДОРУВОРӢ

Дору барои шифо ёфтан аст. Ном, намуд ва зарфу қуттиҳои доруворӣ ба ҳазор-ҳазор мерасад. Бештарини онҳоро дар хона ё дорухонаҳо дидаед. Баъзе дорувориро дар радио ва телевизион ҳам намоиш медиҳанд.

Аммо бе зарурат ё надониста истеъмол карданаш басо хатар дорад. Баъзе доруҳо бадбӯй ва талханд, баъзе – хушбӯй ва ширин. Эҳтимоли заҳролуд шудан аз дору хеле зиёд аст.

ЭҲТИЁТ АЗ ДОРУ

Агар худро бетоб ҳис кунед, худсарона дору нахӯред.

Дору ва зарфу қуттии онро мавриди бозӣ қарор надиҳед.

Дору танҳо бо тавсияи духтур истеъмол мешавад.

Доруро ба додару хоҳаракони худ надиҳед. Агар онро дар дасти онҳо дидед, дарҳол бигиред.

Бо маслиҳат ва тависаи дигарон дору хӯрдан, ҳамеша хатарнок аст.

Агар надониста доруе хӯрдед, зуд ба калонсолон ё духтур хабар бидиҳед.

ЭҲТИЁТ ДАР РОҲ

Мо ҳар рӯз ба автобус, троллейбус, мошини сабукрав савор мешавем. Онҳо моро ба манзил зудтар мерасонанд. Мо ҳар замон аз як тараф ба тарафи дигари кӯча мегузарем. Дар як ҷой чароғаки роҳнамо ҳаст, ҷойи дигар – нест. Вале роҳҳо ҳамеша пурмошинанд.

Аз ин сабаб эҳтиёт дар роҳ шарт ва зарур аст. Нахуст қоидаҳои одии ҳаракат дар роҳҳоро бояд риоя кунем!

ҚОИДАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

– роҳро ҳамеша аз ҷое гузаред, ки чароғаки роҳнамо ё аломати гузаргоҳ дорад;

– ҳангоми гузаштан аввал ба чап, баъд ба рост бинигаред;

– дар кӯча бозӣ накунед;

– дар истгоҳ аз қафои автобусу троллейбус гузаред;

– танҳо аз роҳрав ва тарафе, ки нақлиёт аз рӯ ба рӯ меояд, қадам занед;

– аз роҳи мошинрав ҳамроҳи калонсолон бигузаред;

– ҳангоми аз роҳ гузаштан, ба хурдсолон ва калонсолон ёрӣ бирасонед.

ОДОБИ САВОР ШУДАН ДАР НАҚЛИЁТ

– дар автобус ба калонсол ҷой диҳед;

– баланд сухан нагӯед ва баланд нахандед;

– дар пеши дар наистед, аз тиреза дасту сар берун накунед;

– ҳамеша аз дари пеш савор шавед ва аз дарҳои дигар фуроед;

– андаруни нақлиёт надавед;

– дар миёни курсиҳо наистед;

– роҳравро барои гузаштани дигарон ҳамеша холӣ нигоҳ доред;

– туф накунед, яхмос нахӯред, об нанӯшед ва коғаз напартоед...

Хонандаи азиз!

Шодем, ки боз як асари тоза мутолиа кардӣ. Офарин! Умедворем, ин китоб ба ту писанд омад. Бовар дорем, ки пас аз хондан нуктаҳои муҳимми китобро баён карда метавонӣ:

1. Муаллифи асар кист?

2. Асар чӣ ном дорад?

3. Асар дар бораи чӣ маълумот медиҳад? 4. Кадом чизҳои муҳимро омӯхтӣ?

5. Кадом маълумот ба ту маъқул шуд?

6. Аз мазмуни асар чӣ хулоса баровардӣ? Бовар дорем, мазмуни китоби хондаатро ба ҳамсинфу ҳамсол, шиносу дӯст ва хоҳару бародаронат нақл кунӣ ё мутолиаи онро тавсия бидиҳӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба