Неруи боэътимоди Ватан
Ҷомеаи озоду демократии мо аз гурўҳҳову ниҳодҳои гуногун таркиб ёфтааст ва муҳим он аст, ки тамоми онҳо имрўз ҳадафи нек ва ягона доранд; тақвияти истиқлоли ҷумҳурӣ ва ривоҷбахшӣ ба созандагию ободонӣ дар Ватан. Дар ин миён яке аз тавонмандтарин неруҳои ҷомеаи кунунӣ ҷавонон маҳсуб мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо нисбат ба ҷавонон изҳори эътимодмандӣ намуда, онҳоро «неруи муқтадиру шарафманди ояндасози мамлакат» номидаанд ва ҳамчунин, бо камоли эътиқод зикр кардаанд, ки «мо дар ҳалли мушкилтарин масоили иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, дар бунёди иншооти азими кишвар ва дар таъмини суботу амнияти давлату миллат, пеш аз ҳама, ба ҷавонони бонангу номуси Ватан такя мекунему эътимод мебандем». Вобаста ба ин, ҷавонони саодатманди Тоҷикистонро мебояд, ки сазовори боварии Пешвои миллат амал намоянд, фаъолу бунёдкор бошанд ва ҳаргиз ҳушёрию бедориро аз даст надиҳанд. Дар ҷаҳони муосир, ки вазъи хеле мураккабу печида дорад, ин ҷиҳати масъала аҳамияти махсусро молик аст. Ҷавононро мебояд, ки пайваста ва амиқ биомўзанду ба равандҳои ҷаҳонӣ сарфаҳм рафта тавонанд. Бояд гуфт, ки дар саросари олам имрўз гурўҳҳои террористию экстремистӣ амалиёташонро вусъат бахшида, ҳар чӣ бештар ба ифротгароию тахриборӣ даст мезананд. Дар ин самт онҳо аз ҳама гуна васила кор мегиранд ва аз ҳама гуна бешарафӣ худдорӣ намекунанд.
Ифротиён ва хоинони Ватан мекўшанд, ки давра ба давра сафҳои худро бештар кунанд ва дар ин ҳадафи нопоки хеш асосан ба ҷавонон рўй меоранд. Онҳо хуб медонанд, ки ҷавонон, аз як тараф, неруи тозаву пуртавонанд, аз тарафи дигар, таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоранду фирефтану ба доми тазвир кашиданашон осонтар аст. Ҳарчанд аз ин ҷиҳат аксаран тири террористону экстремистон хок мехўрад ва ба муқовимати шадиди ҷавонон дучор меоянд, дар мавридҳои алоҳида ба мақсад расида, боиси бадбахтию каҷравии бархе аз ҷавонон мешаванд. Вобаста ба ин масъалаи доғи рўз Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид бинмудаву ҳушдор додаанд: «Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рў ба рў омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рўй намегардонад.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд». Дар Тоҷикистон барои муқовимат бо терроризму экстремизм ва пешгирии кирдорҳои манҳусонаи ифротиён тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» ба тасвиб расидааст, ки аз онҳо ҷавонон низ огаҳии комил доранд. Қонунҳои мазкур аҳдофи пурзиёну тахрибкоронаи ифротгароёну нотавонбинон ва душманони амнияту осоиштагии халқро ошкор сохта, донишҳои сиёсии ҷавононро вусъат мебахшанд.
Ҷавонони тоҷик бояд ба ғояҳои ватандўстонаву башарпарваронаи ниёгони барўманди худ содиқ бошанду пайваста донишҳои сиёсии хешро вусъат бахшанд, баҳри ҳиссагузории фаъолона ба ободии Ватани маҳбуб бикўшанд ва ҳаргиз фирефтаи ваъдаҳои бебунёду ҳавоии хоинону бадхоҳони халқу миллат нашаванд ва ҳаёти худро доғдор насозанд. Хушбахтона, ҷавонони мо имрўз пешрафтаву фаъоланду баду нек, сиёҳу сафедро хуб фарқ карда метавонанд ва барояшон арзишҳои миллӣ, номуси ватандорӣ ва амнияти халқи азиз аз ҳама болою волост. Онҳо, воқеан ҳам, неруи бишкасту боэътимоди ояндасози миллатанд.
Сарчашмаи ҳама гуна дороӣ ҳунар аст. Агар инсон асрори касбу кори гуногунро хуб омўзад, зиндагонии пур аз шодию фараҳ хоҳад дошт. Дар давоми садсолаҳои гузашта одамони соҳибистеъдод чизҳое офариданд, ки он ашё зиндагонии одамизодро ба куллӣ дигар кард.
Чун риштаҳои гуногун тайёр шуданд, бофидани матоъ, дўхтани гилему қолин ва либосҳои гуногунсохт расм шуд. Оҳиста оҳиста ин анъанаи нек ба ҳамаи минтақаҳои замин паҳн гашт. Либосҳои гарму нарм одамонро аз гармою сармо ҳифз карданд, гилему қолиҳои хушсохту гулдор зиндагониро зеботар сохтанд. Ба ҳамин минвол, пай дар пай касбу кори зиёде пайдо шуд. Одамон аз чўбу сангу оҳан ашёи зарурии рўзгор сохтанд. Бо мурури замон ва рушди илму техника асбобу анҷоми зеботару нозуктар ва бадошттар истеҳсол карда шуданд.
Ҷойи косаю табақ ва чумчаҳои чўбинро зарфҳои мисию оҳанӣ ва пластикӣ гирифтанд. Дар раванди ин дигаргуниҳо одамон саргарми таҳаввулот шуда, бисёр касбу ҳунари аҷдодиро фаромўш карданд. Ҳунарҳои хоси миллӣ, аз қабили дуктарошӣ, сўзангарӣ, қолибофӣ, риштаресӣ, осиёбсозӣ, аробасозӣ, хумгарӣ, танўрсозӣ, мисгарӣ ва ғайра аз байн рафтанд. Хушбахтона, бо пешниҳоди Сарвари давлат солҳои 2019 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуданд. Дар давоми ду сол бисёр ҳунарҳои аз байн рафта дубора зинда гашта, ҳунармандони асил аз имтиёзҳо бархурдор шуданд. Дар байни сокинони мамлакат як ҳаракати эҳёгарона пайдо шуд. Имрўз ҷавонони соҳибистеъдод дар паҳлуи ҳунармандони соҳибтаҷриба ҳунар омўхта, кори устодони худро давом медиҳанд.
Таърихи миллати тоҷик гувоҳи он аст, ки сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо марзи ҳунармандист. Дар ҳар оилаи тоҷик нафаре ба ҳунари авлодӣ дилбастагӣ дошта, дар вақтҳои фориғ аз кор рўй ба ин ҳунар меорад, маводе меофарад, ки дар рўзгори ҳаррўза лозим мешаванд.
Чўбтарошию, кулолгарӣ, кандакорӣ, сангтарошию оҳангарӣ, бофандагӣ ва заргарӣ аз ҳунарҳое ба шумор мераванд, ки ба соҳиби касбу ҳунар обрўю шараф меоранд. Асбобҳои сохтаи ин ҳунармандон аз дару тиреза, дарвоза, кати хоб, сандуқ, гаҳвора, лавҳ, косаю табақ, қошуқу кафлез, зин, гарданбандҳо, аз сангҳои ороишӣ, ҳунарҳои кашидадўзӣ, зардўзӣ, гулдўзӣ, шерозбофӣ, қолинбофӣ, кўзасозӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
Ба такя ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зарур аст, ки дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ ҳунарҳои мардумиро тарғиб ва ба шогирдон омўзонида шаванд.
Дар тарғибу муаррифии ҳунарҳои мардумӣ нақши ҷашнҳои миллӣ хеле калон аст. Масалан, дар арафаи ҷашни Наврўз ба хотири эҳёи оину суннатҳои миллӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил кардашуда, ин анъана дар идҳои Меҳргон, Сада ва озмунҳои ҳунарӣ байни шаҳру ноҳияҳо аз қабили “Бўстон”, “Андалеб” густариш ёфта, аз тарафи масъулин ҳунари ҳунармандон қадршиносӣ мегарданд, ки ин завқу ҳаваси ҳунармандонро ба касбу ҳунарҳои мардумӣ зиёд месозад. Бояд зикр кард, ки ҳунарҳои мардумӣ, нодиртарин навъҳои кашидадўзию чакандўзӣ, кандакорию қуроқдўзӣ ва дигар анъанаҳои миллӣ, инъикоскунандаи таърихи куҳани мардуми тоҷик ба шумор мераванд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё