Зеҳн

Оғози асари Наврӯзнома

АГ
Агенти Зеҳнӣ6 октябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Дар ин китоб, ки баён карда омад, дар кашфи ҳақиқати «Наврӯз», ки ба наздики мулуки Аҷам кадом рӯз будааст ва кадом подшоҳ ниҳодааст ва чаро бузург доштаанд онро ва дигар оини подшоҳон ва сирати эшон дар ҳар коре мухтасар карда ояд…

Аммо сабаби ниҳодани «Наврӯз» он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад… Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал бозояд, ба ҳамон вақт ва рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.

Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулуки Аҷам ба подшоҳӣ бинишаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи Ҳамал омада, мӯбадони Аҷамро гирд кард ва бифармуд, ки таърих аз ин ҷо оғоз кунанд. Мӯбадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд ва чунин гуфтанд мӯбадони Аҷам, ки доноёни он рӯзгор будаанд…

Офтоб аз сари Ҳамал бирафт ва осмон ӯро бигардонид ва торикӣ аз рӯшноӣ ҷудо гашт ва шабу рӯз падидор шуд ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро. Ва пас аз он ба ҳазору чаҳорсаду шасту як сол ба ҳамон дақиқа ва ҳамон рӯз бозрасид ва он муддат ҳафтоду се бор қирони Кайвон ва Аурамазд бошад, ки онро қирони асғар хонанд ва ин қирон ҳар бист сол бошад.

Ва ҳаргоҳ, ки Офтоб даври хештан сипарӣ кунад ва бад-ин ҷой бирасад ва Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути Зуҳал андар ӯст, қирон бувад, бо муқобилаи ин бурҷи Мизон, ки Зуҳал ва Муштариро ба ҳамин бурҷ, ки ҳубути Зуҳал андар ӯст, як давр ин ҷо ва як давр он ҷо бар ин тартиб, ки ёд карда омад.

Ва ҷойгоҳи кавокиб намуда шуд, чунонки Офтоб аз сари Ҳамал равон шуд ва Зуҳал ва Муштарӣ бо дигар кавокиб он ҷо буданд, ҳолҳои олам дигаргун гашт, чизҳои нав падид омад, монанди он ки дархурди олам ва гардиш бувад.

Чун он вақтро дарёфтанд, мулуки Аҷам аз баҳри бузургдошти Офтоб ва аз баҳри он ки ҳар кас ин рӯзро дарнатавонистандӣ ёфт, нишон карданд ва ин рӯзро ҷашн сохтанд ва оламиёнро хабар доданд, то ҳамгинон онро бидонанд ва он таърихро нигоҳ доранд.

Ва чунин гӯянд, ки Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард, ҳар сол Офтобро (ва чун як давр Офтоб бигашт дар муддати сесаду шасту панҷ рӯз) ба дувоздаҳ қисмат кард, ҳар бахше сӣ рӯз ва ҳар якеро аз он номе ниҳод… Пас он гоҳ даври бузургро, ки сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз аст, «Соли бузург» ном кард ва ба чаҳор қисм кард.

Чун чаҳор қисм аз ин «Соли бузург» баргузарад, «Наврӯзи бузург» ва нав гаштани аҳволи олам бошад…

Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад ва ин таҷрибат ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд…

Пас Каюмарс ин муддатро бад-ин гуна ба дувоздаҳ бахш кард ва ибтидои таърих пайдо кард ва пас аз он чиҳил сол бизист. Чун аз дунё бирафт, Ҳушанг ба ҷойи ӯ нишаст ва нуҳсаду ҳафтод сол подшоҳӣ ронд ва девонро қаҳр кард ва оҳангарӣ ва дуредгарӣ ва бофандагӣ пеша овард ва ангабин аз занбӯр ва абрешим аз пилла берун овард ва ҷаҳон ба хуррамӣ бигузошт ва ба номи нек аз ҷаҳон берун шуд.

Ва аз паси ӯ Таҳмурас бинишаст ва сӣ сол подшоҳӣ кард ва девонро дар тоат овард ва бозорҳо ва кӯчаҳо биниҳод ва абрешим ва пашм бибофт. Ва роҳиб Бузасп дар айёми ӯ берун омад ва дини собиён овард ва ӯ дин бипазируфт ва зуннор барбаст ва Офтобро парастид ва мардумонро дабирӣ омӯхт ва ӯро Таҳмураси Девбанд хондандӣ.

Ва аз паси ӯ подшоҳӣ ба бародараш Ҷамшед расид. Ва аз ин таърих ҳазору чиҳил сол гузашта буд ва Офтоб аввали рӯз ба Фарвардин таҳвил кард ва ба бурҷи нуҳум омад. Чун аз мулки Ҷамшед чаҳорсаду бисту як сол бигузашт, ин давр тамом шуда буд ва Офтоб ба Фарвардини хеш ба аввали Ҳамал бозомад.

Ва ҷаҳон бар вай рост гашт, девонро мутеи хеш гардонид ва бифармуд, то гармоба сохтанд ва деборо бибофтанд. Ва деборо пеш аз мо «девбофт» хондандӣ, аммо одамиён ба ақлу таҷриба ва рӯзгор бад-ин ҷо расонидаанд, ки мебинӣ.

Ва дигар, харро бар асп афканд, то астар падид омад ва ҷавоҳир аз маодан берун овард. Ва силоҳҳо ва пирояҳо ҳама ӯ сохт ва зарру нуқра ва мис ва арзизу сурб аз конҳо берун овард ва тахту тоҷ ва ёра ва тавқ ва ангуштарӣ ӯ кард ва мушку анбар ва кофур ва заъфарон ва уд ва дигар тибҳо ӯ ба даст овард.

Пас дар ин рӯзе, ки ёд кардем, ҷашн сохт ва «Наврӯз»-аш ном ниҳод ва мардумонро фармуд, ки ҳар сол чун Фарвардини нав шавад, он рӯз ҷашн кунанд ва он рӯз нав донанд, то он гоҳ ки «Даври бузург» бошад, ки Наврӯзи ҳақиқат бувад.

Ва Ҷамшед дар аввали подшоҳӣ сахт одил ва худойтарс буда ва ҷаҳониён ӯро дӯстдор буданд…, ки чандин чизҳо биниҳод ва ҷаҳониёнро ба зарру гуҳар ва дебо ва атрҳо ва чаҳорпоён биёрост.

Чун аз маликии ӯ чаҳорсаду анд сол бигузашт, дев бад-ӯ роҳ ёфт ва дунё дар дили ӯ ширин гардонид — ва дунё дар дили касе ширин мабод! Манӣ дар хештан овард, бузургманишӣ ва бедодгарӣ пеша кард ва аз хостаи мардумон ганҷ ниҳодан гирифт. Ҷаҳониён аз ӯ ба ранҷ афтоданд ва шабу рӯз заволи мулки ӯро мехостанд…

Беварасп, ки ӯро Заҳҳок хонданд, аз гӯшае даромад ва ӯро битохт ва мардумон ӯро ёрӣ надоданд, аз он ки аз ӯ ранҷида буданд. Ба замини Ҳиндустон гурехт.

Беварасп ба подшоҳӣ бинишаст ва оқибат ӯро ба даст овард; пора ба ду ним кард. Ва Беварасп ҳазор сол подшоҳӣ кард. Ба аввал додгар буд ва ба охир бедод гашт ва ҳам ба гуфтор ва ҳам ба кирдори дев аз роҳ бияфтод ва мардумонро ранҷ менамуд, то Офаредун аз Ҳиндустон биёмад ва ӯро бикушт ва ба подшоҳӣ бинишаст. Ва Офаредун аз тухми Ҷамшед буд, панҷсад сол подшоҳӣ кард.

Чун саду шасту чаҳор сол аз маликии Офаредун бигузашт, даври дувум аз таърихи Каюмарс тамом шуд. Ва ӯ… пилу шеру юзро мутеъ гардонид ва хаймаву айвон ӯ сохт ва тухм ва дарахтони мевадор ва ниҳол ва обҳои равон дар иморат ва боғҳо ӯ овард. Чун турунҷ ва норанҷ ва бодиранг ва лиму ва гул ва бунафша ва наргис ва нилуфар ва монанди ин дар бӯстон овард.

Ва «Меҳргон» ҳам ӯ ниҳод ва ҳамон рӯз, ки Заҳҳокро бигирифт ва мулк бар вай рост гашт, ҷашни «Сада» биниҳод. Ва мардумон, ки аз ҷабру ситами Заҳҳок бираста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то имрӯз оини он подшоҳони некаҳд дар Эрон ва Турон ба ҷо меоранд.

Чун ба Фарвардини хеш расид, он рӯз Офаредун ба нав ҷашн кард ва аз ҳамаи ҷаҳон мардум гирд овард ва аҳднома набишт ва гумоштагонро дод фармуд ва мулк бар писарон қисмат кард: Туркистон аз оби Ҷайҳун то Чин ва Мочин Турро дод ва замини Рум мар Салмро ва замини Эрон ва тахти хешро ба Эраҷ дод.

Ва маликони Рум ва Аҷам ҳама аз як гавҳаранд ва хешони якдигаранд ва ҳама фарзандони Офаредунанд… Ва чун рӯзгори ӯ бигузашт ва он дигар подшоҳон, ки баъд аз ӯ буданд, то ба рӯзгори Гуштосп…

Чун аз подшоҳии Гуштосп сӣ сол бигузашт, Зардушт берун омад ва дини габрӣ овард ва Гуштосп дини ӯ бипазируфт ва бар он мерафт. Ва аз гоҳи ҷашни Офаредун то ин вақт нуҳсаду чиҳил сол гузашта буд. Ва Офтоб навбати хеш ба Ақраб овард.

Гуштосп бифармуд, то «кабиса» карданд ва Фарвардини он рӯз Офтоб ба аввали Саратон гирифт ва ҷашн кард ва гуфт:

«Ин рӯзро нигоҳ доред ва “Наврӯз” кунед, ки Саратон толеи амал аст ва мар деҳқононро ва кишоварзонро бад-ин вақт ҳаққи байтулмол додан осон бувад».

Ва бифармуд, ки ҳар саду бист сол «кабиса» кунанд, то солҳо бар ҷойи хеш бимонад ва мардумон авқоти хешро ба сармо ва гармо бидонанд.

Пас он оин то ба рӯзгори Искандари Румӣ, ки ӯро «Зулқарнайн» хонданд, бимонд ва то он муддат «кабиса» накарда буданд. Ва мардумон ҳам бар он мерафтанд, то ба рӯзгори Ардашери Попакон, ки ӯ «кабиса» кард ва ҷашни бузург дошт ва аҳднома бинавишт ва он рӯзро «Наврӯз» бихонд.

Ва ҳам бар он оин мерафтанд, то ба рӯзгори Нӯшинравони Одил. Чун айвони Мадоин тамом гашт, «Наврӯз» кард ва расми ҷашн ба ҷо овард, чунонки оини эшон буд, аммо «кабиса» накард ва гуфт:

«Ин оин ба ҷо монанд, то ба сари давр, ки Офтоб ба аввали Саратон ояд, то он ишорат, ки Каюмарс ва Ҷамшед карданд, аз миён бархезад».

Ин бигуфт ва дигар «кабиса» то ба рӯзгори Маъмуни халифа…

Ӯ бифармуд, то расад бикарданд ва ҳар соле, ки Офтоб ба Ҳамал омад, «Наврӯз» фармуд кардан ва «Зичи Маъмунӣ» бархост ва ҳанӯз аз он зич, тақвим мекунанд то ба рӯзгори ал-Мутаваккил...
Мутаваккил вазире дошт, номи ӯ Муҳаммад бинни Абдулмалик. Ӯро гуфт:— Ифтитоҳи хироҷ дар вақте мебошад, ки мол дар он вақт аз ғалла дур бошад ва мардумонро ранҷ мерасад ва оини мулуки Аҷам чунон будааст, ки «кабиса» карданд, то сол ба ҷои хеш бояд ояд ва мардумонро ба мол гузоридан ранҷи камтар расад, чун дасташон ба иртифоъ расад.
Мутаваккил иҷобат кард ва «кабиса» фармуд ва Офтобро аз Саратон ба Фарвардин бозоварданд ва мардумон дар роҳат афтоданд ва он оин бимонд. Ва пас аз он Халаф бинни Аҳмад — амири Систон «кабисаи дигар» бикард, ки акнун шонздаҳ рӯз тафовут аз он ҷо кардааст. Ва султон Саид Муиддин Маликшоҳро... аз ин ҳол маълум карданд, бифармуд, то «кабиса» кунанд ва солро ба ҷойгоҳи хеш бозоранд. Ҳукамои аср аз Хуросон биёварданд ва ҳар олате, ки расадро ба кор ояд, сохтанд аз девор ва зот-ул-ҳалақ ва монанди ин ва Наврӯзро ба Фарвардин бурданд, валекин подшоҳро замона, замон надод ва «кабиса» тамом нокарда бимонд. Ин аст ҳақиқати «Наврӯз» ва он чи аз китобҳои мутақаддимон ёфтем, аз гуфтори доноён шунидаем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2