Масъулияти аҳли сайёра
Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ огаҳӣ дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори як силсила тадбирҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ҳамчун муҳимтарин ва арзишмандтарин сарвати табиӣ мебошад.
Ин ҳама тадбирҳои башардўстона бо номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманданд. Инак, соли сеюм аст, ки ташаббуси дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар тамоми ҷаҳон татбиқ мешавад. Ин тадбири муҳим ба амалишавии барномаи Ҳадафҳои рушди устувор, ки низ дар миқёси олам эълон шудааст, мусоидат мекунад. Пўшида нест, ки Тоҷикистон дорои манбаъ ва захираҳои фаровони оби ширин мебошад ва кишвари мо аз ин лиҳоз, аслан, мушкилие надорад. Вале Ватани азизамон ҳамчун як ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба мушкилоти башарӣ ҳаргиз бетараф буда наметавонад. Устод Мирзо Турсунзода гуфта буданд, ки «Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре». Ҳамдарди ҷомеа будан, ғаму шодии онро бо ҳам дидан, дар вазъи гарон бетарафӣ зоҳир накардан созгор ба хилқати азалии халқи тоҷик аст. Тоҷикон обдиҳиро савоб медонанд ва обро эҳтиёт мекунанду арҷ мегузоранд. Суханрониҳои Сарвари кишвари мо аз минбарҳои ҷаҳонӣ вобаста ба истифодаи оқилонаи об ва корбасти сарфакоронаи захираҳои ҷаҳонии ин унсури муқаддас далели барҷастаю раднопазири мавқеи башардўстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мазкур мебошад. Президенти ҷумҳурии мо омилҳоеро шарҳ додаанд, ки вобаста ба масоили марбут ба об ҳамкории ҷомеаи ҷаҳониро тақозо доранд. Ба таъкиди Сарвари кишвари тоҷикон, тағйирёбии иқлим, ки ба миқдор ва сифати захираҳои об таъсиргузор аст, ба кўшишҳо баҳри ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор халал мерасонад. Гармшавии иқлим ва суръат гирифтани обшавии пиряхҳо вазъи ҷаҳонро дар иртибот ба захираҳои об ташвишовар месозад. Танҳо дар Тоҷикистон дар давоми даҳсолаҳои охир беш аз 30 дарсади пиряхҳо об шуданд ва ин ҳодисаи табиӣ, мутаассифона, ҳанўз идома дорад. Дигар ин ки аҳолии ҷаҳон мунтазам афзоиш меёбад ва дар иртибот ба ин талабот ба оби тозаи нўшиданӣ меафзояд. Шиддати рақобат барои дастрасии бештар ба об ва захирасозии он байни давлатҳо раванди ташвишовар аст ва тадбирҷўиҳои таъҷилии ҷомеаи ҷаҳониро тақозо дорад.
Ҷониби Тоҷикистон хоҳони он аст, ки бо масъалаи истифодаи оқилонаи об ва захираҳои он, ҳамчунин, ба кулли мушкилоти вобаста ба об дар арсаи олам бамиёномада ҳеҷ кишваре бетараф набошад.
Бо қатъият метавон гуфт, ки Тоҷикистони азизи мо ҳоло дар сафи пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба истифодаи оқилонаи об қарор дорад. Аз ин лиҳоз дар дохили мамлакат низ мунтазам чорабиниҳои гуногун амалӣ мешаванд. Аҳли маорифи ҷумҳурӣ дар масъалаи мазкур таваҷҷуҳи доимӣ доранд ва тавассути амалисозии тадбирҳои гуногун дар ҷараёни таълиму тарбия бар он мекўшанд, ки насли наврас аз моҳияту аҳамияти обу ободонӣ, истифодаи оқилонаи ин сарвати пурарзиши табиати диёр хуб огаҳ бошад ва дар оянда дар татбиқи ҳадафҳои башардўстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили об ҳиссагузорӣ намояд.
Дар зинаи аввали таҳсилот дар шумори як қатор фанҳои дигар омўзиши фанни табиатшиносӣ муқаррар карда шудааст. Ҳадафи асосӣ аз таълими ин фан шинос намудани хонандагон бо асосҳои дониш дар бораи табиат, ҳодисаву рўйдодҳои табиӣ ва манзараҳои муҳити зист мебошад.
Таълими табиатшиносӣ, ҳамчунин, ба тарбияи хонандагон дар рўҳияи зебоишиносӣ ва муҳаббат ба Ватани маҳбуб мусоидат мекунад. Бояд таъкид кард, ки муҳаббат ба табиат як ҷузъи ватандўстӣ мебошад. Ҳар шахси ватандўст нисбат ба табиати диёр меҳр мепарварад, онро дўст медораду эҳтиром менамояд. Барои тақвияти муҳаббати насли наврас нисбат ба табиат адабиёти бадеӣ низ мадад мерасонад ва аз ин рў, омўзгори синфҳои ибтидоиро мебояд, ки аз ин воситаи тарбия пурсамар истифода барад ва аз адабиёти бадеӣ огаҳии комил дошта бошад. Дар адабиёт тасвири манзараи табиатро пейзаж меноманд. Тавассути ин воситаи адабӣ адиб манзараи табиатро тасвир карда, ба ин васила муносибати худро ба табиат муайян менамояд, вазъу сатҳи зебоӣ, хислатҳои хоси табиии ин ё он мавзеъро тасвир месозад. Пейзаж аксаран хеле муассиру дилчасп мешаваду хонандаро мафтун менамояд, таваҷҷуҳи ўро ба табиат афзун мекунад. Масалан, дар ин шеъри устод Муъмин Қаноат манзараи кўҳсори Варзоб дар сатҳи баланд ва хеле устодона ба риштаи тасвир кашида шудааст, ба дараҷае ки он манзараро бевосита пеши назар падид меовараду хонандаро мафтун месозад, алоқамандии ўро, муҳаббаташро ба табиату манзараҳои он, ба зебоиҳои Ватани азиз дучанд менамояд:
Кўҳи Варзобро чӣ даврон аст,
Гўиё пири гулфурўшон аст:
Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,
Локии шоҳӣ дар камар дорад.
Саллаи суф гирди сар дорад,
Сабади гул ба пеши бар дорад.
Дар яке аз шеърҳои машҳури шоири шаҳири тоҷик Пайрав Сулаймонӣ, ки «Баҳори Тоҷикистон ва нолаи чўпонӣ» ном дорад, тасвири манзараи табиат хеле таъсирбахш ва дар сатҳи баланд аст.
Ин қитъаи шоири тавоно Мирсаид Миршакар хонандаро ба ваҷд меоварад:
Биё ба дашту саҳро,
Тамошо кун, ҷўраҷон.
Чӣ хел зебо, дилрабо
Баҳори Тоҷикистон!
Тасвири манзара дар наср низ мавқеи барҷаста дорад ва як намунаи марғуби он тасвири мавзеи Дараи ниҳон дар романи «Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ мебошад.
Пораҳои пейзажӣ мададгори тавонои омўзгоронанд зимни таълими фанни табиатшиносӣ дар синфҳои ибтидоӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё