Стресс ва зуҳуроти он
Стрессро метавон ҳамчун аксуламали организм ва психика ба тағйирот ва таҳдид дар муҳит баҳо. дод. Стресс ҷузъи таркибии ҳаёти инсон аст ва бе стресс зиндагӣ кардан ғайриимкон аст. Стресс ин аксуламали организм ба ҳама гуна талабот ба он аст.
Дараҷаи стрессе, ки одамон аз сар мегузаронанд, аз дараҷаи дарк кардани вазъияти стрессовар вобастагӣ дорад. Ҳамин тариқ, ҳамон як ҳодисаи стрессовар аз тарафи одамони гуногун баҳо дода мешавад. Ҳодисае, ки як нафарро ба ташвиш меоварад, метавонад барои нафари дигар муқаррарӣ бошад.
Барои он ки аксуламалҳои стрессиро дар наврасон дуруст фаҳмем, бояд, пеш аз ҳама, намудҳои стрессро баррасӣ намуд:
1. Стресси бунёдӣ ин стресси рўзмарра аст, ки ба рафтори ҷисмӣ, психикӣ ва эмотсионалӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани мушкилот, тағйирот ва душворӣ зоҳир мешавад. Стресс метавонад бо ҳодисаҳои мусбат (аустресс) ё манфӣ (дистресс) алоқаманд бошад. Ҳар ду намуди стресс одамро метавонанд беҳол кунанд. Стресси мусбат одатан одамро рўҳбаланд мекунад ва дар чунин мавридҳо ҳолати хуби равонӣ мушоҳида мешавад. Стресси манфӣ дар навбати худ, ба пессимизм ва муносибати манфӣ ба ҳодисаҳо мебарад ва имконият намедиҳад, ки онҳо бартараф карда шаванд.
2. Стресси кумулятивӣ (ҷамъшаванда) қатънашванда ва такрорёбанда аст. Ин намуди стресс тадриҷан зери таъсири стрессовари як омил ё як қатор омилҳои стрессзо ташаккул меёбад.
Чунин омилҳо одатан ба вуҷудоварандаи стресси кумулятивӣ дар наврасон мебошанд:
• Фишори таълимӣ – кўшиши танҳо бо баҳои «аъло» таҳсил намудан, ки сабабаш метавонад на танҳо худи наврас, балки волидайн ҳам бошанд. Дар баъзе ҳолатҳо талаботи волидайн ҷазодиҳии доимии ҷисмониро барои ба нишондоди аъло ноил нашудан дар бар мегирад. Ин дар интиҳо метавонад на танҳо ба ҷамъшавии стресс, балки ба осеби баъдистрессӣ бурда расонад;
• Талаботи перфексионӣ аз тарафи хешу табор, ки хоҳишашон на танҳо аълохон будани наврас, балки ноилшавӣ ба дастовардҳо беназир дар соҳаи мусиқӣ, варзиш, санъат ва ғайра мебошад. Дар чунин ҳолат наврасон аксар вақт нишонаҳои стресси ҷамъшаванда ва баъдан афсурдагии эмотсионалӣ мушоҳида мешавад;
• Тағйирёбии ҷисмонӣ, намуди зоҳирӣ ва системаи репродуктивӣ низ дар давраи ба балоғатрасӣ метавонанд ба стресс баранд, агар наврас барои ҳалли масъалаҳои нав омода набошад. Ин одат дар ҳолате ба вуҷуд меояд, ки агар бо наврас дар масъалаи маърифати нигоҳдории тандурустӣ ва шаҳвонӣ машғулият гузаронида шуда набошад.
• Мушкилоти оилавӣ ба монади низоъҳо байни волидайн, таъминоти нокифояи молиявӣ, камбизоатӣ, сўйистифодаи машрубот аз тарафи як ё ҳарду волидайн метавонанд сабаби стресси доимӣ бошанд;
• Фишори манфӣ аз тарафи ҳамсолон, масалан, риоя накардани қоидаҳои либоси мактабӣ, гурўҳбозӣ ё истифодаи моддаҳои нашъадор метавонанд сабаби стресси доимӣ бошад;
• Кўчидани оила аз як ҷой ба ҷои дигар ба наврасоне таъсири носозгор мерасонад, ки ҳангоми мутобиқшавӣ ба муҳити нав, мактаб ва ҳамсояҳо душворӣ мекашанд;
3. Стресси осебӣ (стресси лаҳзаҳои буҳронӣ). Механизмҳои муқаррарии инсон, ки тавассути онҳо мушкилиҳоро ҳал мекунанд, барои мубориза бурдан бо шиддатнокии мушкилоти зери таъсири стресси осебовар бавуҷудомада оҷизанд. Чунин мушкилот ногаҳон, яку якбора ва бошиддат ба вуҷуд омада, доимо ба некуаҳволии ҷисмонӣ ё психологии шахс таҳдид менамоянд. Чунин таҳдид қобилиятнокии одамро дар бартараф кардани мушкилоти ҳаётӣ зери фишор қарор медиҳад.
Сабабҳои нисбатан паҳнгардидаи стресси осебӣ дар наврасон: офатҳои табиӣ ва техногенӣ (заминҷунбӣ, тундбод, ҷанг, сўхтор, садамаҳо ва ғ.), бемории вазнини аъзои оила, аз даст додани аъзои оила ё рафиқи наздик, кандашавии муносибат бо шахси маҳбуб, зўроварии шаҳвонӣ ё таҷовуз, одамрабоӣ, муфлисшавии оила, амалҳои хушунатбор ё таҳкиромез, савдои одамон, ақди никоҳи маҷбурӣ мебошад.
Наврасони ба стресс гирифторшударо оқибати вайроншавии ҷараёни муқаррарии ҳодисаҳо ҳайратзада мекунад. Аксар вақт аксуламалҳои карахтшуда ё ба таъхирафтода мушоҳида карда мешаванд. Одамоне, ки ба бартараф намудани оқибатҳо тавассути дараҷаи баланди назорат кардани ҳодисаи осебовар даст меёбанд, аксар вақт бо ҳайрат аксуламалҳои худро ба ёд меоваранд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё